АСОСӢ / ГУНОГУН / Маркази савдои «Муниса» дар ш. Душанде

Маркази савдои «Муниса» дар ш. Душанде

Маркази савдои «Муниса» дар пойтахти Тоҷикистон солҳои 2014-2016 сохта шудааст ва дар суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, 3/1 ҷойгир аст. Хонаи савдои Муниса иборат аз бинои 14 ошёна аст ва бинои хеле зебои замонави аст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюм нуқтаҳои савдо ва марказҳои хидматрасонӣ ҷойгиранд. Аз 3 то 14 ошёна, биноҳои истиқоматӣ, ки нархи он барои як кв. 1000-1500 доллар мебошад вобаста аз ошёнааш ва сифати таъмир нарх дорад.

Дар таҳхонаи бино мағозаҳо низ ҳастанд. Нархи иҷораи биноҳо дар ин марказ тақрибан 7-10 доллар барои як метри мураббаъ аст (вобаста аз ошёна).

munisa (1)

Маркази савдои Муниса дар Душанбе аз ҷиҳати маъруфият ва зебоӣ яке аз ТОП 10 нуқтаи машҳуртарин ба шумор меравад. Одатан дар ин ҷо либосҳои  қимматбаҳо дар ошёнаҳои якум ва дуюм фурӯхта мешаванд, ки нархҳояш мутаносибан нисбат ба бозори Корвон гаронтаранд. Дар ин бино инчунин офисҳои чунин ширкатҳо, ба монанди Profi Print (ширкати таблиғотӣ), Матин, CD дискфуруш ҷойгиранд.

Умуман, бинои MUNISA MALL хеле хуб ҷойгир аст, зеро дар паҳлӯи он иншооти хеле муҳим, аз қабили мактаби миёнаи №8, бинои маъмурияти Ҳукумати Тоҷикистон, меҳмонхонаи «Шумон», маркази савдои «ЦУМ», Қаҳвахонаи Wild West Cafe Bar, Тарабхонаи «Ҷопонӣ», филиалҳои бонкҳо мавҷуданд. Ба ибораи дигар, Муниса дар худи маркази Душанбе ҷойгир аст.

Телефон: +992985050001

ХАРИТАИ ҶОЙГИРШАВӢ

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …