АСОСӢ / ГУНОГУН / СУЛҲУ ДУСТИ

СУЛҲУ ДУСТИ

Мавзӯи байналхалқӣ таваччуҳи Турсун- зодаро ҳанӯз аз солҳои 30-юм чалб намуда буд. Агар дар шеъри «Зафари халқ» (1937) сиёсати иртичоии фашизм ва муборизаи мардуми Испа- ния бар зидди ин вабои аср мавриди тасвир қарор гирифта бошад, пас, дар шеъри «Ба духтари Астурия» (1938) ҷасорати ватанхоҳии Долорес Ибаррурй ном духтари испанӣ васф гардидааст.

Фаъолияти ҷаҳонгардии М. Турсунзода боиси дар эҷодиёти адиб беш аз пеш инкишоф ёфтани мавзӯи байналхалқӣ гардид. Аввалин сафари Турсунзода ба хориҷи кишвар тирамоҳи соли 1941 ба Эрон рух дода буд. Вале сафари шоир ба Ҳиндустон (1947) ба эҷодиёти ӯ тағйироти ҷиддӣ ворид намуд ва ин таҳаввулоти[1] услубӣ ва бадеиву мундариҷавӣ боиси шуҳрати ҷаҳонии шоир гардид. Аз нахустин шеъри силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» сар карда, тамоми ашъори ба мавзӯи байналхалқӣ бахшидаи шоир маънӣ ва ғояи умумиинсонӣ касб карданд. Шоир дар шеъри «Боз- гашт», аз ҷумла, гуфтааст:

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре, Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре. Халқи ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом, Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳам болу паре!

Дар ҳақиқат, ашъори ба сулҳу дӯстӣ ва озодиву истиқлоли халқҳои мазлуми ҷаҳон бахшидаи М. Турсунзода ҳамроҳи муал- лифи худ ба масал кабӯтари тезпарвозанд, ки ба воситаи кӯҳҳои Ҳимолой ва Карпат аз баҳрҳои Сиёҳу Миёназамин, аз уқёнусҳои Ором ва Ҳинд гузар карда, то тавонистанд дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ғояи сулҳро паҳн карданд. Дар ин гуна ашъори шоир калимаҳои сулҳ, озоДӣ, Дӯстӣ, амонӣ, хушбахтӣ ва бароДарӣ бо хатти заррин сабт шудаанд.

Дар шеърҳои минбаъдаи ин силсила чун «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара- Чандрӣ», «Дар ёди кас», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледианӣ», «Ду роҳ» ҳисси баланди инсондӯстӣ ва барода- рию муттафиқии қаҳрамони лирикӣ беш аз пеш инъикос меё- бад. Мушоҳидаҳои амиқ, муҳокимарониҳои мантиқӣ шоири воқеънигорро водор мекунад, ки ба тору пуди зиндагии мар- дум дохил шавад ва решаҳои иҷтимоии қашшоқиву беқадрии меҳнаткашони ин сарзаминро ҷустуҷӯ намояд.

Таваҷҷуҳи шоири инсонпарварро, пеш аз ҳама, гурӯҳи беҳуқуқтарини мардуми Ҳиндустон — кастаи[2] «нафратзадагон», ки ба 60 миллион нафар мерасидааст, ҷалб менамояд. Дар шеъри дуюми силсила — «Қиссаи Ҳиндустон» ҳамин нобаробарии нан- говари ҷомеаи инсонӣ мавриди тасвири бадей қарор гирифтааст. Ин шеър бо чунин ҳикояти воқеӣ оғоз меёбад:

Маро рӯзе ҳикоят кард бобо, Ки бишнав, ҷони бобо, қиссаеро: «Замоне буд берун аз Самарканд, Ба чашми кас намоён кулбае чанд. Дар он манзил, ки дур аз дигарон буд, Махавҳоро[3] ҷудоӣ як макон буд. Намеафтод онҳоро гузоре, На аз ёре, на аз хешу таборе…»

Хуб аст, ки мафҳуми «махав» дар Ватани шоир барҳам хӯрдааст, вале боз аҳволи бади кастаи «нафратзадагони» Ҳиндустон қалби ӯро озурда месозад. Ин эҳсосоти қалбии шоири башардӯст ба воситаи санъати таҷоҳули ориф[4] барҷаста ва ҷолиб ифода ёфтааст:

Магар ин каста авлоди башар нест, Ки аз ӯ дигаронро ҷуз ҳазар нест? Магар ин расм як расми қадим аст? Магар чухра гунаҳкори азим аст?…

Ҳамин тариқ, дар ҳар як шеъри «Қиссаи Ҳиндустон» масъа- лаи инсони озод, инсони соҳибҳуқуқ, ки дар ҳама ҳолат шарафи инсонии худро муҳофизат карда тавонад, ба миён гузошта шуда- аст. Дӯстӣ ва ҳамраъйии шоири тоҷик ба мардуми меҳнатқарини ҳинд фаъол аст ва он дар мақтаи шеъри «Рӯди Ганг» чунин садо медиҳад:

Ҳар чӣ бошад, бузургрӯд астӣ, Ҳиссаи баҳри беҳудуд астӣ.

Рудворона зиндагони кун! Ҷӯш зан,

Ҷуш зан,

Ҷавони кун!

М. Турсунзода дар дигар асарҳояш, аз ҷумла дар достони «Садои Осиё (1956) ва манзумаи «Хоҳари мубориз, Африқо» (1961) низ ба мавзӯи байналхалқи муроҷиат намудааст. Ин асарҳо маҳсули сафарҳои пайдарпайи М. Турсунзода ба кишварҳои гу- ногуни дунё ва фаъолияти бардавоми шоир ба сифати раиси Ку- митаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо мебошанд.

Чунонки аз шеърҳои «Ду даструмол» (1949), «Суруди сулҳ» (1950), «Нону намак» (1962), «Дил барнагашт» (1962), «Дустонро гум макун» (1975) маълум мешавад, мавзуи сулҳу амони ва ҳамраъйи яке аз рукнҳои асосии эҷодиёти М. Тур- сунзода мегардад. Сулҳу амони, дар тасвири шоир, асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии инсонҳо мебошад. Бинобар ин, ҳастии он дар ҳама қувваҳои некии табиат эҳсос мешавад. Сулҳ монанди офтоб ё баҳор, ё худ замин азизу шафиқи[5] ҳамагон аст:

Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,

Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.

Дар суруди аллаву бедор чашми модарон, Хоби орому табассумҳои хуррам кудакон…

Сулҳро дар чашми бедори модарон ва хоби ороми кӯдакон мушоҳида кардан тасвири тазодии хубест. Дар ҳақиқат, оромиву осудаҳолии кудакон натиҷаи заҳмату бедорхобиҳои модарон аст. Пас, сулҳу амони худ аз худ ва ба осони ба даст намеояд. Шоир барои он ки душвории ғалабаи сулҳпарваронро бар ҷангҷӯён нишон диҳад, дар шеъри «Суруди сулҳ» таркибҳои хуни дил ва тапиданҳои рӯзафзуни дилро истифода кардааст:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил, Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил, То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон, Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯйи ҷаҳон.

усти — неъмат
бебаҳо

Дар ашъори устод Турсунзода мавзӯъҳои сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат чун гӯшту но- хун ба ҳам пайвастанд. Ин маънӣ дар шеъри «Дӯстонро гум макун» сода ва самимӣ таъкид гардидааст:

То тавонӣ, дӯстонро гум макун, Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст, Мушкилосон кун касонро гум макун… Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир, Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Шеъри «Дӯстонро гум макун» аз силсилаи шеърҳои «Даст- овез» аст ва ин силсила аз 17 шеър иборат буда, дар моҳҳои июн- июли соли 1975 дар бемористони Кунсевои Маскав эҷод гардида- аст. Бинобар ин, шеъри мазкур як навъ васияти шоири бемор ба мардуми тоҷик мебошад.

Умуман, шоир дар шеърҳои сулҳхоҳона ва ба дӯстиву рафоқат бахшидааш тавонист, ки ҳам ҳунари нигорандагӣ, ҳам ҷаҳонбиниву мавқеи иҷтимоӣ, ҳам таҷрибаи аз ҷаҳонгардӣ андӯхтаи худро дар либоси сухани бадеӣ ба ҷилва орад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Мавзӯи байналхалқӣ дар эҷодиёти шоир кай мавқеъ пайдо намуд?
  2. Кадом асарҳои дар мавзӯи хориҷӣ бахшидаи Турсунзодаро медонед?
  3. Дар бораи силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» маълумот диҳед.
  4. Шоирони ҳамсафи М. Турсунзодаро, ки сулҳу дӯстиро тараннум на- мудаанд, номбар кунед.
  5. Кадом шеърҳои ба сулҳу дӯстӣ бахшидаи шоирро медонед?
  6. Чаро шеъри «Дӯстонро гум макун»-ро васиятномаи шоир мегӯянд?

[1]   Таҳаввулот — ҷамъи таҳаввул, тағйирот, дигаргунӣ.

[2]   Каста — табақа. Дар Ҳиндустон аҳолӣ ба кастаҳои бараҳманҳо (ходимони дин), кшатрия (ҳарбиҳо), вайся (савдогарон), шудра (деҳқонон, ҳунармандон, коргарон), чухра ва чамар (“нафратзадагон”) ҷудо мешавад.

[3]   Махав — касе, ки ба бемории махавӣ гирифтор аст. Махавҳо алоҳида зиндагӣ мекарданд ва ҳуқуқи наздик шудан ба дигар гурӯҳҳои аҳолиро надош- танд.

[4]   Санъати бадеие, ки эҳсосоти адибро ба воситаи саволгузориҳо ифода меку- над, таҷоҳули ориф (дониста худро ба нодони зад) ном дорад.

[5] Шафиқ — меҳрубон, мушфиқ, дилсӯз.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …