АСОСӢ / ГУНОГУН / Меҳмонхонаи Хуросон

Меҳмонхонаи Хуросон

Меҳмонхонаи ноҳияи Хуросон дар маркази маъмурии ноҳияи номбаршуда дар ш. Обикиик қарор дорад ва аз бинои ҳукумати ноҳияи Хуросон дар масофаи 150 метр ҷанубтар дар сари шоҳроҳи Душанбе – Бохтар ҷойгир шудааст. Меҳмонхона соли 2018- ба кор даромадааст ва он аз бинои 3 ошёна иборат мебошад.

Меҳмонхонаи Хуросон
Сурати бинои Меҳмонхонаи Хуросон (2020с.)

Дар ошёнаи якуми меҳмонхона дорухона, ошхона, мағозаҳо ҷойгиранд. Меҳмонхонаи ноҳиявӣ молики шахси воқеъӣ яъне ғайридавлатӣ мебошад. Дар он иборат а3 10 ҳуҷраи 2-нафара ва 1-нафара ҳаст. Ҳамаи утоқҳо бо телевизион, кондисионер, мизу курсӣ вар ахти хоб таъмин мебошанд. Арзиш барои як шабонарузии иҷорашинӣ аз 100 то 150 сомонӣ ё худ 10-15 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мизоҷони асосии меҳмонхона ин кормандони дар сафари хизматӣ аз пойтахти ҷумҳурӣ меомада ва сайёҳон мебошанд.

Телефон: +992
Агар ягон шарҳ ё пешниҳод бошад вобаста ба ин матн ба почтаи электронии мо бинавсед  info@ansor.info

Харитаи ҷойгиршавӣ:

Инчунин хонед инро

Таквими мохи Рамазон 2023

Рамазон 2023, таквими мохи шариф — Рузи Ид

Тақвими моҳи шарифи Рамазон: Моҳи Шарифи Рамазон соли ҷорӣ шоми 22-уми марти соли 2023 (1444 ҳиҷрӣ-қамарӣ) ки ба …