Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар суханвари бомаҳорати адабиёти тоҷик дар асри XX мебошад. Шоир соли 1912 дар деҳаи Синдеви Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи чорводор ба дунё омадааст. «Деҳаи Синдев хеле хурд буд, — ба ёд овардааст адиб, — ҳамагӣ панҷ-шаш ҳавлй дошту халос, вале атрофи он харобаҳои чаҳор қалъа сар ба фалак афрохта буданд. Баъди вафоти падарам, ки ман он вақт 7-8 сол доштам, модарам ба Поршнев, ба назди хешовандонаш кӯчида омад».
Мирсаид Миршакар аввал дар мактаби деҳаи Поршнев ва баъд дар мактаб — интернати шаҳри Хоруғ таҳсил мекунад ва солҳои 1928 — 1930 дар мактаби ҳизбии шаҳри Душанбе таҳсилро идома медиҳад. Соли 1929 Мирсаид Миршакар дар қатори хонандагони пешқадами Тоҷикистон дар маҷлиси умумииттифоқии пионерон дар Маскав ширкат меварзад. Таассуроти неку фараҳбахши шоир дар ин сафар дар достони «Мо аз Помир омадем» тасвир ёфтааст.
Мирсаид Миршакар солҳои 1931 — 1934 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», кумитаи комсомоли ноҳияи Шӯрообод ҳоло ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва сохтмони Канали бузурги Вахш фаъолият менамояд ва соли 1934 ба хидмати Ватан даъват мешавад. Шоир соли 1937 муҳарири рӯзномаи «Васияти Ленин» таъйин мегардад.
Мирсаид Миршакар солҳои 1940 — 1960 дар вазифаҳои масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст ва як муддат раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Шоир аз соли 1966 то охири умр аввал ба сифати котиби масъул ва баъд чун раиси Кумитаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ фаъолият намуд. Суханвар соли 1993 дар Душанбе вафот кард ва ӯро дар мазори Лучоб ба хок супурданд.
Мирсаид Миршакар соли 1950 барои достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Панҷи ноором» ба Мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидааст. Суханвар соли 1964 ба Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ ва соли 1972 ба Мукофоти комсомоли Тоҷикистон сарфароз шудааст. Шоир, инчунин, ба як қатор ордену медалҳои ҳукуматӣ қадр шудааст.
Фаъолияти адабии Миршакар аз шеърнависӣ оғоз гардидааст ва аввалин шеъраш соли 1930 бо номи «Душманро кун торумор» ба табъ расидааст. Нахустин достони шоир «Ливои зафар» (1934) ном дошта, дар он меҳнати бунёдкоронаи халқи тоҷик дар водии Вахш ва дӯстии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ та- раннум мешаванд. Шеърҳои солҳои 30-юми шоир, ки рӯҳи замон ва афкори мардуми заҳматкашро таҷассум намудаанд, дар маҷмӯаи «Баҳори ҷавонӣ» (1940) фароҳам омадаанд. Шеъру манзумаҳои дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷодкардаи шоир дар маҷмӯаҳои «Шеърҳо ва поэмаҳо» (1945) ва «Даъвати Ватан» (1945) гирд омадаанд.
Дар солҳои баъдиҷангӣ эҷодиёти Мирсаид Миршакар аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво васеъ гардида, аз нигоҳи ҳунар такмил меёбад. Дар ин давра фаъолияти достонсароии шоир инкишоф меёбад. Баъди «Қишлоқи тиллоӣ» (1942) «Калиди бахт» (1947), «Панҷи ноором» (1949), «Ленин дар Помир» (1955), «Дашти ла- ванд» (1961), «Ишқи духтари кӯҳсор» (1962), «Одам — офаридгор» (1962) «Варақҳои муҳаббат» (1975), «Исёни хирад» (1979) барин достонҳои шоир пайдарпай таълиф мегарданд.
Дар эҷодиёти Мирсаид Миршакар драматургия низ мавқеи калон дорад. Дар драмаҳои «Муаллими ишқ» (1945), «Фоҷиаи Усмонов» (1957), «Задухӯрд дар биёбон» (1974), «Туҳматшоев» (1953), «Тошбек ва Гулқурбон» (1946) ва ғайра паҳлуҳои мухта- лифи зиндагии мардуми тоҷик бомаҳорат инъикос ёфтаанд. Аз Мирсаид Миршакар ҳамчунин китоби хотиравие бо номи «Ёди
ёри меҳрубон» (1979), қариб 40 адад мақолаи адабй ва танқидӣ ба мерос мондааст.
Мероси бою гуногунпаҳлуи Мирсаид Миршакар дар маҷмӯаҳои сершумори алоҳидаву дастҷамъӣ дастраси хонанда гардидааст. Солҳои 1970-1974 Куллиёти сеҷилдаи адиб (ҷилди сеюм дар ду китоб) аз чоп баромад. Соли 2002 мунтахаби ашъори шоир бо номи «Панҷи ноором» (Душанбе — Теҳрон, 2002) ба табъ расид. Ҳамчунин, қисмате аз мероси адабии Мирсаид Миршакар ба забони русӣ ва як қатор забонҳои дигари хориҷӣ тарҷума ва чоп гардидаанд.
Ашъори лирики |
Ашъори шоир асоси воқеӣ дошта, муҳим- тарин масъалаҳои давру замонро фаро гириф- таанд. Масалан, ӯ дар рӯзи дувуми оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеъри «Таронаи уқоби озод»-ро менависад. Дар ин шеър ватандорон ба уқоби озод ва ҷангҷӯён ба шағоли мурдахӯр монанд гардида, бо баҳои ҷон ҳифз намудани Ватан таъкид меёбад:
Бале! Ман ҳам яке аз он уқобон, Ки озодӣ ба онон беҳтар аз ҷон. Сарамро медиҳам бо фахр, аммо Нахоҳам дод озодии худро!
Баъзе шеърҳои шоир ҳаҷман кӯтоҳ буда, ҳамагӣ чанд мисраъ мебошанд ва ягон ҳикмати зиндагиро талқин менамоянд. Аз ин ҷиҳат, шеъри «Чаро чун шамъ месӯзӣ?» ҷолиби диққат аст:
Чаро чун шамъ сӯзӣ?
Бебақо ӯст,
Ки андар оташаш маргаш ниҳон аст.
Ту аз хуршед омӯз ин ҳунарро, Ки месӯзад, валекин ҷовидон аст.
Ташбеҳи чун шамъ сӯхтани қаҳрамони лирикӣ дар назми тоҷик фаровон истифода шудааст. Аз нигоҳи Мирсаид Мирша- кар ин ташбеҳ ноқис аст, зеро сӯзиш шамъро ба нестӣ мебарад. Инсон агар ҷовид мондан хоҳад, бояд ҳунари сӯхтанро аз хуршед омӯзад. Шоир ҳолатҳои рӯҳии инсонро ба сӯзиши шамъу хуршед монанд карда, оид ба аҳамияти кӯшишу талош дар зиндагӣ хуло- саи ҳикматомезе баровардааст.
Дар шеъри «Чун уқоби тезпарвоз» низ фикр ба воситаи ташбеҳу тазод ифода гардидааст. Шоир ҷавониро ба уқоб ва рақиби ҷавонӣ — пириро ба каргас монанд мекунад ва ба воси- таи муқобил гузоштани хислатҳои ду паранда ба ҷавонон панд медиҳад:
Ҷавонӣ,
Чун уқоби тезпарвоз, Ҷасур ҳастиву чусту зӯрбозӯй, Рақибат назди ту чун каргаси пир, Сари хам дораду аз тарс хушгӯй. Машав мағрур, мағрурӣ шикаст аст, Макун бовар ба гуфтору ба кораш. Туро дар пеш пирӣ интизор аст, Ки беандоза вазнин аст бораш…
Уқоби тезпарвозу сахтчангол аз мағрурии худ оқибат ши- каст хӯрда, туъмаи каргас мегардад. Модом ки чунин аст, бояд ҷавонон аз ҷасуриву далерии худ мағрур набошанд. Онҳо бояд қувваву ғайрати ҷавониро оқилонаву дурандешона истифода ба- ранд, то дар пирӣ афсӯс нахӯранд.
Дар шеърҳои «Кавкаби ишқу умед», «Савори корвони орзу- ям», «Даъват», «Гуфтугӯ бо дил», «Роҳи зиндагӣ», «Одам», «Ин- сон» инсони озод ва бошараф васф мешавад. Қаҳрамони лирикии шоир зиндагиро дӯст медорад, ба сулҳу дӯстӣ эътиқод дорад ва худро дар ҳаёт масъул мешуморад.
Мирсаид Миршакар ба ашъори Рӯдакӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Муҳаммад Иқбол, Турсунзода барин суханварони машҳур ҷавобияҳо гуфта, ба комёбиҳо ноил гардидааст. Байтҳои зерин гувоҳи хаёлоти рангин ва ҳунари нигорандагии шоир мебошанд:
Хор гардад гул,
агар булбул фаромӯшаш кунад,
Хор гардад гул
даме, ки булбул оғӯшаш кунад.
* * *
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Айёми тифлй ва мактабхонии Мирсаид Миршакар чӣ гуна гузаш- тааст ?
- Фаъолияти меҳнатии Мирсаид Миршакар дар кадом муассисаҳо су- рат гирифтааст ?
- Шоир боз кадом маҷмӯаҳоро ба табъ расондааст ?
- Шеърҳои лирикии шоир кадом хусусиятро доро мебошанд?
- Чаро шоир дар шеъри «Чун уқоби тезпарвоз» ҷавониро ба уқоб ва пириро ба каргас ташбеҳ додааст ?
- Ҳикматҳои шоирро аз ёд кунед ва аз таркиби хор гардад гул таҷнис ва задаи мантиқиро муайян намоед.