Мохи Сафар – ин 2-юмин моҳи солшумории моҳтобист (мусалмонӣ), ки пас аз моҳи Муҳаррам меояд. Моҳи сафар дар забони арабӣ моҳи зарин ва ҳамчунин моҳи ҳиҷрат шуморида шудааст. Хулас маънои моҳи сафарро ба 2 ақида ҷудо кардаанд:
- Моҳи сафар ки маънои ҳиҷрат (кучидан) дорад. Дар таърих ҳангоми ҳиҷрати халқи Мадина ҳамчун моҳи сафаркунӣ ба ёд оварда шудааст ва гӯй ин моҳи вазнинӣ будааст ва мардуми шаҳро маҷбур кардааст ки ба ҳичрат раванд.
- Моҳи тиллоӣ. Дар ин моҳ табиат ранги зардчаро ба худ касб кардааст ва барои ҳамин ҳам ин моҳро ба моҳи ҳосилғундорӣ ва омода ёфтан ба фарорасии сардиҳо ёдовар шудаанд.
Мутаасифона дар байни мардум чунин гапҳо ҳаст ки гӯё моҳи Сафар ин моҳест ки дар он ҳиҷрат (ҳаҷ) кардан ва ё гузаронидани ягон чорабиниҳои калон хавфнок аст. Лек Ал Бухороӣ дар ҳадиси худ (777 Ҳаҷ) қайд кардааст, ки ба сафар баромадан ва ҳаҷ кардан дар дилхоҳ моҳ иҷозат дода шудааст.
Абу Ҳурайра мегӯяд, ки Паёмбари Худо (Салалоҳу Алайҳи Васаллам) гуфтааст, ки «Моҳи бад вуҷуд надорад». Пас саволе ба миён меояд ки магар барои мусалмон ягон рӯзе ё моҳи бад (ганда – нофорам зарарнок) магар вуҷуд дорад?
Албата рӯз ва моҳи зарарнок мавҷуд аст агар мусалмон дар он давра ба гуноҳ намудан ҳаракати барқасд кунад.
Тақвими моҳи сафар дар солшумории қамарӣ (Моҳтобӣ-Мусалмонӣ)
Соли Мусалмонӣ | Рӯзи аввали моҳи Сафар дар солшумории мелодӣ | Рӯзи охирини моҳи Сафар дар солшумории мелодӣ |
1437 | 13 Ноябри 2015 | 11 декабри соли 2015 |
1438 | 1 Ноябри соли 2016 | 30 Ноябри соли 2016 |
1439 | 21 Октябри соли 2017 | 20 Ноябри соли 2017 |