Ровии радиои «Лав» ҷаноби Мубориз Усмонов ба сарояндагӣ қадамҳои нахустини худро мегузорад ва алакай дилҳои зиёда аз миллион одамонро дар шабакаи интернет тасхир кардааст. Дар сурудуи «Дуст надорӣ» ки моҳи октябри соли 2020 дар Ютюбу пайдо шуд дар давоми 2 моҳ зиёда аз миллион нигоришро ба даст овард.
Мубориз Усмонов асосан бо барономаи «Ногуфтаҳо» ба мардум шинос аст ва дар чорабиниҳои марбут ба кушодашавии ягон корхонаҳо иштирок менамояд ва ба ин васила миёни мардум шуҳрат пайдо мекунад. Вале соли 2020 у қадами навихудро дар ҷодаи санъат дар бахши хондани суруд ва номишҳои клипӣ ҳавасу ғайрати худро равона намуда истодааст.
МАТНИ СУРУД
Диламро агар шикастӣ , меойи боз,
Ҳаме зи пеши роҳам бо созу ноз
Ба дил ҳазорон, баҳона дорӣ,
Дубора мехоҳи шавӣ ба дил ҳамовоз
Ҷойи ту дар дили зорам афсус холист,
Лаҳза ба лаҳза хобу хаёлист,
Касе бипурсад, агар зи ҳолам,
Ҳоли диламро бигуям, дуруғ холист,
Дуст надорӣ чаро сангам мезанӣ?
Пеши ҳар кас чи мегуи аз манӣ,
Дил надорад мадори ҷудоӣ,
Кош биёӣ, кош биёӣ!