АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / МӮРЧА (МУР) дар Канзи Шифо (Китоб)
Мурча

МӮРЧА (МУР) дар Канзи Шифо (Китоб)

Мӯрча (Мурча ё мур) ин як намуди ҳашарот аст, дар ҳаҷм гуногун: калон, миёна ва реза мебошад, баъзеаш пар дорад ва парвоз карда метавонад. Навъи бузургаш баъзе почадарозу чаққон дар роҳгардӣ, ки ин навъашро мӯрчаи аспак меноманд. Мизоҷи мӯрча дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хислати часпонандагӣ ва хусусан навъи калони он. Табиб Маҳрёрис гуфтааст: «Чун мӯрро дар равғани зайтун биҷӯшонанд ва он равғанро дар гӯш чаконанд, карӣ, ҷаранг ва бодҳои даруни гӯшро дафъ мекунад». Чун сад адад мӯрчаи калон-калонро дар 12,5 грамм равғани савсани сафед ё равғани савсани кӯҳӣ андохта, се ҳафта дар офтоб бигузоранд, баъд он равғанро ба закар ва атрофи он бимоланд, боҳи касонеро, ки аз хислати мардии худ маҳрум гашта бошанд, бағоят аз нав ба ҳаракат меоварад, номардро тамоман мард мегардонад, олати мардиро сахт ва калон месозад.

Мӯрчаи калонро бо сирко соида бимоланд, ханозерро (хукгарданро) шифо мебахшад. Мӯйро канда, ба он ҷо мӯрчаро кӯфта бимоланд, дигар мӯй намебарояд ва ҳоҷат ба такрори молидан нест. Баданро аз моддаи балғам бо давоҳои танқия пок карда, мӯрчаи сиёҳи калон-калонро кӯфта гузошта банданд, песро шифо мебахшад. Тухми мӯрчаро бо ҳар як равған, ки бошад, даромехта бимоланд, мӯйро мерезонад ва дигар баромадани онро манъ мекунад, гуфтаанд.

Вале мӯрча зарар ҳам дорад. Агар онро бихӯранд, рӯдаҳоро ба дард меоварад, ғамгин мекунад, бод ва қароқурро дар шикам ба амал меоварад. Давои ин зарараш асал ва зира хӯрдан аст. Чун мӯрчаи даштӣ касеро бигазад, сӯзиш, хориши шадид ва варам ба ҳам мерасад. Давои ин молидани оҳани сӯҳонкарда бо сирко ва равғани талх аст. Чун тухми онро бихӯранд, бодҳои шикамро ба тарафи поён чунон ба ҳаракат меоварад, ки нигоҳ доштани он ҳеҷ имкон надорад. Даво ва ислоҳи ин зираи сиёҳ хӯрдан аст.

Гуфтаанд, ки чун касе чизеро ба ягон ҷое гузорад ва хохад, ки ба он мӯрча нарасад, ҳангоми гузоштан дам ба дарун гирад, яъне нафас накашад, мӯрча ба он ҷо намеравад. Агар дасти каси дигар ба он чиз бирасад, баъд аз он рафтани мӯрча бар он мумкин аст. Мӯрчагон аз дуди гӯгирд, заҳраи гови нар, қатрон ва ҳилтит мегурезанд.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …