АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / МУРҒОБӢ дар Канзи Шифо (Китоб)
Мургоби

МУРҒОБӢ дар Канзи Шифо (Китоб)

Мафҳуми калимаи «мурғобӣ» ҳамаи паранда ва мурғҳои шинокунандаро мефаҳмонад, масалан; ғоз, ӯрдак, чирак ва ғайра. Лекин мо дар ин ҷо ӯрдакро, ки фақат як қисми тоҷикон мурғобӣ меноманд, дар мадди назар дорем. Ин ба ҳама маълум аст, ки ин мурғ навъҳои аҳлӣ ва ваҳшӣ низ дорад. Мизоҷи мурғобии аҳлӣ, яъне хонагӣ гармтар аст аз ҳамаи парандаҳои хонагӣ умуман.

Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ серғизо, дерҳазм ва бодҳоро аз бадан дур мекунад, вале бинобар бадҳазм буданаш шикамро дам менамояд. Хӯрдани бозуҳои он баданро фарбеҳ мегардонад, равғани гурдаро меафзояд, яъне гурдаро фарбеҳ мекунад; зимнан, қайд намоем, ки агар гурда фарбеҳ бошад, дар он санг пайдо намешавад; қуввати боҳро зиёда месозад, вале хуни ғафс пайдо мекунад, зуд бадбӯ мешавад. Дар одамони фишори хунашон баланд дарди сар меоварад; агар ҳазм гардад, дар бобати барангехтани қуввати боҳ беҳтарини гӯштҳост, моддаҳои маниро афзун месозад ва қувватҳои дигари баданро меафзояд. Агар ҷигарашро, хусусан бозуҳояшро бихӯранд, хуни солим пайдо мекунад, дилтапак (дилбозӣ)-ро фоида мебахшад, овозро соф мегардонад.

Агар гӯшташро бо намак кӯфта, гузошта банданд, озахро хупгк карда меафтонад. Равғанаш беҳтарини равғанҳост. Мизоҷаш гарм, форам, варамҳоро таҳлил медиҳад ва зуд таъсир мебахшад. Мағзи сарашро гузошта банданд, варамҳои мақъадро мегардонад. Агар инро бо орди боқило хамир карда, аз рӯ бар дил гузошта банданд, тапидани дилро ислоҳ месозад; ба пистон гузошта банданд, варами онро таҳлил медиҳад, низ ба варамҳои дигари сард гузошта банданд, дарди онҳоро сокин мегардонад. Агар инро бихӯранд, барои бемориҳои зикрёфта фоида дорад; сурфа, хушкии узвҳои даруни сина, дағалии овоз, сӯзиши рӯдаҳо ва дардҳои онҳо ва дигар дардҳоеро, ки дар рагҳои борики бадан пайдо шуда бошанд, ҳамаашро дафъ мекунад. Инчунин, молидани он ва бо гудохтаи он дар равғанҳо ҳуқна (клизма) кардан барои бемориҳои мазкур фоидабахш аст.

Тухми он ғализ, дерҳазм ва ҳамчун ғизо заифтар аз тухми мурғ аст. Аммо барои ислоҳи лоғарии бадан, сурфа ва дарди узвҳои даруни сина давои хубест; агар онро бо кӯфтаи қаҳрабо сиришта бихӯранд, рафтани хунро аз дарун ва рафтани дарунро умуман манъ мекунад. Бирёнкардаи инро бо судоб ва равғани зайтун даромехта, ба кӯдак бихӯронанд, зуд ба забон меояд, яъне ба зудӣ забонаш бармеояд. Пӯсти тухмашро бо марворид, шакар ва навшодир монанди гард ос карда, ба чашм бипошанд, барои дур кардани гули чашм хуб таъсир мебахшад.

МургобиСангдони мургобиро дерҳазм ва аз бадбӯ шудан дур аст, вале агар ҳазм ёбад, меъда ва дигар узвҳои дарунро қувват мебахшад. Хокистари пару боли онро гузошта банданд, ханозерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад. Мизоҷи саргинаш бисёр гарм аст ва барои дафъ кардани доғҳои кунҷидак ва ханозер даво мебошад.

Гӯшти мурғобӣ дерҳазм аст, дар одамони фишори хунашон баланд дарди сар меоварад. Агар онро бо сирко, занҷабил, сиканҷабин ва давоҳои гарми монанди судоб, карафс ва пудина пухта бихӯранд, форам мешавад. Ва агар бирён карданӣ бошанд, дар миёни он пиёз ва дигар давоҳои номбурда ҷо кунанду бо равғани зайтун ва дигар равғанҳо сиришта созанд, хуб аст. Ва агар аз он шӯрбо тайёр карданӣ бошанд, дар даруни он кашниз, карафс, судоб, пиёз ва як-ду дона сири хушк гузоранду бо нахӯд, гандано ва дорчинӣ бипазанд, хуш аст. Ба ҳар ҳол агар хуб ва муҳарро пухта шавад, бӯйи ботлоқу лой аз он дур мегардад. Равғани мурғобӣ барои дардҳои буғумҳо фоида дорад.

Азбаски гӯшти ин мурғ бӯйи нохуш дорад, баъди куштан бо пару болҳояш ду-се соат дар замин гӯр кунанд ва баъд бароварда аз пару бол ва дигар чизҳои нодаркораш пок намоянд, пас гӯшташро ду-се ҷӯш дода, он обро рехта партоянду андак пиёзро варақ-варақ реза карда дохил намоянд ва бо хӯришҳои дигар ва ғайра бипазанд, мувофиқи табъ мегардад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …