АСОСӢ / ГУНОГУН / Мушакҳо ва вазифаи онҳо

Мушакҳо ва вазифаи онҳо

Аз рўи нахи худ бофтаи мушак 3 хел мешавад:

  1. бофтаи кўндаланграхи мушаки скелетӣ;
  2. бофтаи кўндаланграхи мушаки дил;
  3. бофтаи мушаки суфта.

Ба ҳар як намуди ин бофтаҳо ҳуҷайраҳои шаклан тағйирёфтаи хосияти нахи мушакро дошта мансуб аст. Мушакҳои скелет аз бофтаҳои мушакии кўндаланграх аркиб ёфтаанд. Торҳои мушакии он ба намуди даста ҷамъ шудаанд. Аз дохили торҳои мушакӣ риштаҳои борики сафедаҳо мегузаранд, ки қобилияти кўтоҳшавӣ, кашишхўрии мушакро ба амал меоранд.

mushakho-

Мушакҳои дил ҳам монанди мушакҳои скелет аз бофтаҳои мушакии кўндаланграх иборатанд. Ин нахҳо дар ҷойҳои муайян ба ҳам пайваст мешаванд ва ин таври пайвастшавӣ имкон медиҳад, ки мушакҳои дил тез кашиш хўранд. Мушакҳои суфтаро фақат дар узвҳои дохилӣ: рагҳоихун, рўда, масона ва ғайраҳо дидан мумкин аст.

Хосияти бофтаҳои суфтаи мушак дар он аст, ки онҳо суст кашиш мехўранд. Сохти мушакҳо. Мушакҳои скелет аз бандчаи нахҳои кўндаланграхи мушак иборатанд. Ба ҳар кадом мушак рагҳои хунгард ва асаб ҳамроҳ мешаванд. Бо лифофаҳои бофтаи пайвасткунанда пўшонида шуда, ба воситаи пайҳо ба устухон часпидаанд. Мушакҳои асосии бадани одам аз қисми пеш ва ақиб дар расмҳои 33 ва 33а нишон дода шудаанд.

Нақши системаи асаб дар танзими фаъолияти мушак. Ҳамаи мушакҳои бадан 3 хосиятро дороанд:
1) мутаассиршавӣ;
2) гузаронидани ҳаяҷон;
3) кашишхўрӣ.

Дар мушакҳои бадан торҳои асабҳои ҳиссиёт ва ҳаракат мавҷуданд. Хабарҳо тавассути торҳои асаби ҳиссиёт аз ретсепторҳои пўст, мушакҳо, пайҳо, буғумҳо ба системаи марказии асаб меоянд. Хабарҳо инчунин ба воситаи нейронҳои ҳаракат аз ҳароммағз ба мушакҳо мегузаранд ва дар натиҷа мушакҳо кашиш мехўранд. Ҳамин тавр, кашишхўрии мушакҳо дар организм ба таври рефлекторӣ анҷом меёбад. Ба нейронҳои ҳаракати ҳароммағз хабарҳои мағзи сар, аз он ҷумла, қисми нимкураҳои калон таъсир мерасонад. Ин ҳаракатро ғайриихтиёрӣ мекунад. Мушакҳои кашишхўрда қисмҳои гуногуни баданро ба ҳаракат медароранд ва сабаби ҷойивазкунии организм ё нигоҳ доштани ҳолати муайяни он дар фазо мегарданд.
Мушакҳои қаткунанда, росткунанда ва мувофиқати онҳо. Дар вақти ягон хел ҳаракат кардани одам ду гурўҳи ба ҳам муқобили мушакҳо – мушакҳои қаткунанда ва мушакҳои росткунандаи буғумҳо амал мекунанд.

Ҳангоми кашиш хўрдани мушакҳои қаткунанда ва дар як вақт суст шудани мушакҳои росткунанда қатшавии бандҳо ба амал меояд. Ба ҳамдигар мувофиқат кардани кори мушакҳои қаткунанда ва росткунанда дар натиҷаи дар ҳароммағз ба навбат ба вуҷуд омадани ҷараёни ба ҳаяҷоноӣ ва боздорӣ имконпазир мегардад. Масалан, мушакҳои қаткунандаи даст дар натиҷаи ба ҳаяҷон омадани нейронҳои ҳаракати ҳароммағз кашиш мехўранд. Дар як вақт мушакҳои росткунанда суст мешаванд.

mushakho

Ин ба боздории нейронҳои ҳаракат вобаста аст. Мушакҳои қаткунандаю росткунандаи буғумҳо мумкин аст дар як вақт дар ҳолати сустӣ бошанд. Чунончи, мушакҳои дасте, ки ба қад озод партофта шудааст, суст мебошанд. Ҳангоми бардоштани ягон бор ё машқ кардан кашишхўрии ҳарду намуди мушакҳоро мушоҳида намудан мумкин аст.

Кори мушак. Мушакҳо кашиш хўрда, ба устухон чун фишанг таъсир мерасонанд ва кори механикиро иҷро мекунанд. Ҳар як кашишхўрии мушак бо саршавии нерў (энергия) вобаста аст. Манбаи ин нерў таҷзия ва оксидшавии моддаҳои органикӣ (карбогидратҳо, чарбҳо, кислотаи нуклеинат) мебошанд.
Моддаҳои органикӣ дар нахҳои мушак ба тағйирёбии кимиёвӣ дучор меоянд, ки он бо иштироки оксиген сурат мегирад. Дар натиҷа маҳсулоти таҷзия, хусусан гази карбонат ва об ҳосил шуда, нерў хориҷ мегардад. Аз байни нахҳои мушак рагҳои хун мегузаранд, ки организмро аз моддаҳои ғизоӣ ва оксиген мунтазам таъмин намуда, моддаҳои нодаркории ҳосилшуда ва дуоксиди карбонро ба узвҳои ихроҷ мебаранд.

Мондашавии мушак. Дар вақти дуру дароз, бетанаффус кори ҷисмонӣ кардан қобилияти кории мушакҳо оҳиста-оҳиста кам мешаванд. Муваққатан суст шудани қобилияти кори мушакҳоро мондашавӣ меноманд. Баъди каме дам гирифтан қобилияти кории мушакҳо аз нав барқарор мешавад. Дар вақти машқҳои мунтазами ҷисмонӣ мушакҳо дертар монда мешаванд, зеро дар фосилаи байни кашишхўрии мушакҳо қобилияти кории онҳо қисман барқарор мегардад. Чӣ қадаре ки мушакҳо тез-тез кашиш хўранд, ҳамон қадар тез монда мешаванд. Қобилияти кории мушакҳо инчунин аз ҳаҷми кор вобаста аст. Чӣ қадаре ки кор бисёр бошад, ҳамон қадар мушакҳо тезтар монда мешаванд.

Мондашавии мушакҳо, ба қобилияти кории онҳо таъсир кардани суръати кашишхўрӣ ва андозаи корро физиологи рус И.М.Сеченов омўхтааст. Вай муайян кардааст, ки ҳангоми кори ҷисмонӣ суръати миёнаи кашишхўрӣ ва андозаи миёнаи корро интихоб кардан муҳим аст. Дар ин сурат маҳсулнокӣ зиёд шуда, мондашавӣ дертар оғоз меёбад. Ақидае маълум аст, ки гўё оромии мутлақ тарзи беҳтарини барқарор кардани қобилияти кор мебошад. И.М.Сеченов нодурустии чунин ақидаро исбот кард. Ў дар шароити истироҳати беҳаракат ва дар вақти як корро ба кори дигар иваз кардан, яъне ҳангоми истироҳати фаъол чӣ тавр барқарор шудани фаъолияти меҳнатиро муқоиса кард. Маълум шуд, ки дар вақти истироҳати фаъол мондашавӣ тез бартараф ва фаъолияти корӣ барвақттар барқарор мешавад.

Савол

1. Кадом намуди мушакҳоро медонед?
2. Мушакҳо кадом вазифаро иҷро мекунанд?
3. Мувофиқатии мушакҳои қаткунанда ва росткунанда дар чист?
4. Дар вақти кори мушакҳо чӣ хел моддаҳо ва равандҳо манбаи нерўӣ мебошанд?
5. Суръати кашишхўрӣ ва кор ба қобилияти кори мушакҳо ва мондашавии онҳо чӣ таъсир мерасонанд?
6. Истироҳати фаъол чист?
7. Асосгузори физиологияи меҳнат кадом олим аст?

Инчунин хонед инро

Намози иди курбон 2017

Иди Қурбон 2023, табрикот ва намози идона

Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст. Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Шумо …