АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Мустамликадории Суғдиён

Мустамликадории Суғдиён

Мустамликадории суғдиён дар ин давра, аз як тараф, ба ҳаёти тиҷоратию иқтисодӣ ва, аз дигар тараф, ба протсессҳои умумии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ вобаста буд, ки дар дохили худи ҷамъияти суғдиён ҷараён дошт.

Яке аз самтҳои мустамликадории суғдиён ҳафтруд буд. Дар миёнаҳои асри VII Сюан-сзан ҳафтрудро аллакай кишвари Су-ли, яъне Суғд номидааст.[1] Наршахӣ вақте дар бораи шӯриши Абрӯй ҳикоят мекунад, баъзе воқеаҳоеро низ меорад, ки каму беш бо мустамликадории суғдиён алоқаманд мебошад. Дар асри ХI Маҳмуди Кошғарӣ дар бораи Суғд бисёр маълумоти гаронбаҳо овардааст. Вай мардуми ин ноҳияро «суғдак» номида, менависад, ки «мардуми сокини Баласоғун аз он Суғде омадаанд, ки байни Бухоро ва Самарқанд ҷой дорад, вале либосу кирдори онҳо туркӣ шудааст». Дар асрҳои Х–ХI дар топонимияи ҳафтруд бисёр номҳо суғдӣ буд.[2]

А.Н. Бернштам маълумоти маъхазҳои хаттӣ ва мадракоти археологиро муқоиса намуда, ақидае пеш ниҳод, ки ҳафтрудро мустамлика кардани суғдиён ду марҳала дошт – марҳалаи аввал дар асрҳои III–V (ё IV) ва марҳалаи дувум аз асри VII ва зимнан марҳалаи дувум боз чанд давраҳо дошт, ки ба истилои арабҳо ва тохтутозҳои Сосониён алоқаманд мебошад. Вай ба пайвасти маданияти муҳоҷирони суғдӣ ва маданияти кӯчманчиён диққати калои додааст.[3] Дарвоқеъ, ҳафриёти минбаъдаи археологӣ нишон дод, ки дар водии Чу осори ҳаёти мутараққии муқимӣ аз асрҳои V–VI пайдо шудаанд.[4] Бешакку шубҳа, дар ин бобат хизмати суғдиён калон аст, зеро маҳз онҳо дар шаҳрҳо косибӣ ва тиҷорат мекарданду зоҳиран бо киштукор ҳам машғул буданд. Он кӯчманчиёне, ки ба ҳаёти муқимӣ мегузаштанд, низ дар шаҳрҳо маскан мегирифтанд.

sugdiyon -2

Мисли давраҳои пешина мустамликаҳои Суғд дур аз ҳудуди худи Суғд ҳам мавҷуд буданд. Э.Г.Пуллейблэнк, ки ин масъаларо хуб тадқиқ кардааст, ба масъалаи мазкур чунин тавсиф медиҳад ва мо (қариб комилан) ба фикрҳои вай розӣ ҳастем: «Суғдиён, ки на фақат савдогарони абҷиру кордон, балки ҳунарманду косибони гулдаст низ буданду динҳои навро тарғиб мекарданд, ҳам қад-қади роҳҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ, ҳам дар ноҳияҳои дурдасти Хитой ва ҳам дар байни кӯчманчиён дар дашту саҳроҳо саёҳат мекарданду маскун мешуданд. Натиҷаи ин, масалан, ба туркҳо таъсири маданӣ расондани суғдиён, аллакай маълум шудааст». Сипас, муҳаққиқ нишон медиҳад, ки суғдиён нисбат ба ӯйғурҳо низ чунин ролро иҷро карда буданд. Баъди Осиёи Миёнаро ишғол кардани туркҳо муносибати байни онҳо ва суғдиён, ки пеш аз ин ҳам вуҷуд дошт[5], хеле наздиктар шуд. Дар зимни ин муносибат на фақат бо туркҳои ғарб мустаҳкам гардид. Дар боргоҳи хоқони туркони шарқ, дар Муғулистони ҳозира бисёр суғдиён зиндагонӣ мекарданд. Зиёда аз ин маълум шуд, ки суғдиён баъди заволи Оли Суй ба ноҳияи ҳом ҳатто соҳиб ҳам шудаанд. Онҳо ба туркони шарқ итоат доштанду дар давраҳои сонитар ҳам дар ин ноҳия ҳукмронӣ мекарданд. Дар чоряки дувуми асри VII зери роҳбарии Кан Ян-тян ном самарқандӣ суғдиён маконеро дар Лоб Нор обод карда нишастаанд ва дар ин ҷо, дар шаҳре, ки аҳли он кайҳо онро тарк карда будааст, маскун шудаанд ва дар ҳамин ҷо се деҳа ҳам сохтаанд.[6] Яке аз ин деҳаҳо «Токзор» (Путаочэн) ном доштааст ва дар он токи бисёре будааст.[7] Мувофиқи рӯйхати аҳолӣ, ки дар миёнаҳои асри VIII тартиб дода шуда буд, дар ноҳияи Дунхуан дар қарияҳои суғдиён самарқандиҳо аз ҳама зиёдтар будаанд, баъди онҳо миқдори аҳли дигар шаҳрҳо ба тартиби зерин будааст – Бухоро, Тошканд, Сао (ду Сао буд –яке Кабудон ва дигаре Истаравшан), Тахористон, Кушония, Моймурғ ва Кеш.[8]

Тоҷирон, ҳунарманду косибон, рӯҳониёну воизон, сарбозу лашкаркашон ва ғайраи Суғд дар таърихи Осиёи Марказӣ – аз Тибету Ладак (дар ин ҷо катибаи суғдии Нӯшофарин ном самарқандие ёфт шуд, ки, ба қавли вай, азми Тибет доштааст) сар карда, то худи Муғулистон роли муҳим мебозиданд. Дар бобати Туркистони шарқӣ, гуфтан лозим, ки аз ин ҷо ҳам бисёр осори катиба ҳои суғдӣ ба даст омада, далолат намуд, ки суғдиён дар таърихи ин кишвар мақоми намоён доранд ва таъсири онҳо ба тамоми ҷанбаҳои маданияти ин сарзамин, алалхусус, ба санъати он ниҳоят калон аст.

[1] Веаl S., 1906, I, р. 26.

[2] Дар ин бора ниг.: Бартольд В. В., 1964, с. 466–467.

[3] Бернштам А. Н., 1940, с. 34-43.

[4] Кожемяко П. Н., 1959, с. 168–169.

[5] Кляшторный С.Г., 1955, с. 278–281; Кляшторный С.Г., Лившиц В.А.,1971, с.143-144.

[6] Pulleyblank Е.G., 1952, р. 317–354.

[7] Реlliot Р., 1916, р. 122.

[8] Чугуевский Л.И., 1971.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …