АСОСӢ / Маориф / НАҚИБХОНИ ТУҒРАЛ — ШОИР

НАҚИБХОНИ ТУҒРАЛ — ШОИР

Дар сухан, Туғрал, тариқи пухтагонро пеша кун, Меваат гар хом бошад, нест дар дандон лазиз.

naqibxon_tuqralНақибхони Туғрал аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валй[1] буда, яке аз шоирони боистеъдод ва рангинхаёли охири асри Х1Х ва ибтидои асри XX ба шумор меравад. Нақибхон соли 1865 дар деҳаи Зосуни тумани Фалғар (ноҳияи Айнӣ) дар хонаводаи шахси давлатманду бомаърифат ба дунё омадааст. Айёми кӯдакӣ ва наврасии шоир дар зодгоҳаш гузашта, хатту саводи ибтидоиро аз муаллимони маҳаллӣ омӯхтааст.

Нақибхони Туғрал баъд дар мадрасаи Тилокории Самарқанд ва як муддат дар шаҳри Бухоро дониши худро такмил медиҳад ва аз илмҳои ҳисобу ҳандаса, тиб, фиқҳ, таърих, сарфу наҳви забони арабӣ бархурдор мегардад. Дар ҳамин муддат ба омӯхтани забо- ни русӣ машғул мешавад.

Туғрал ба суханшиносон ва шахсони бомаърифату ҳунарман- ди замонаш, аз ҷумла ба Шамсиддин Шоҳин (1859 — 1894) ва Гул- шании Бухороӣ дӯстӣ ва ҳамкорӣ доштааст ва Шоҳинро ҳамчун устод мепарастидааст.

Баъди такмили илм ба зодгоҳаш бармегардад. Ба гуфти устод Айнӣ, Туғрал «дар охирҳои ҳол обу ҳавои тозаи кӯҳистонро аз зиндагонии шаъшаадори пурташвиши шаҳрҳо тарҷеҳ[2] карда». Аммо шоир алоқаашро бо ҳаммаслакони шаҳриаш қатъ намеку-
над. Дар маснавии нотамоми «Лайлӣ ва Маҷнун» ба васфи устод ва мавлои[3] худ Шамсиддин Шоҳин боби махсус ҷудо намудааст, ки чунин оғоз меёбад:

Он к-ӯ ба камол шамси дин аст,

Бо ҳотами илм ӯ нигин аст. Ништарзане дар раги маъонӣ, Ғаввоси ями[4] гуҳарфишонӣ. Ганҷури дури ҳадиси рангин, Дар авҷи ғазалсароӣ шоҳин…

Туғрал дар деҳаи Зосун як муддат ба деҳқониву чорводорӣ машғул мешавад ва баробари барқарор шудани Ҳукумати Шӯравӣ дар водии Зарафшон ба хидмати ҳукумати нав мепардо- зад. Шоир дар миёни муаллимону талабагони мактабҳои навташ- кили шӯравӣ суханрониҳо карда, онҳоро ба омӯхтан ва андӯхтани илму дониш ҳидоят менамояд.

Шоир солҳои 1918-1919 аскарони сурхро ҳамроҳӣ ва роҳбаладӣ мекунад. Яке аз муҳорибаҳои аскарони сурх барои ишғоли деҳаи Вешаб бебарор анҷом меёбад ва Туғрал ба туҳмат гирифтор шуда, 28-уми июни соли 1919 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Фалғар ба қатл мерасад.

Ба ин марги нобаҳангом шоирону эътиқодмандони Туғрал қитъаву марсияҳо сурудаанд. Аз ҷумла, Файёзи Хуҷандӣ фармудааст:

Дуболо шуд зи саҳбои шаҳидон Ба базми ҷовидонӣ кайфи Туғрал. Хирад фармуд бо Файёз: «Баргӯ, Ба таърихи вафоташ: Ҳайфи Туғрал».

Таркиби «Ҳайфи Туғрал» аз рӯйи ҳисоби абҷад ба соли 1337 ҳиҷрӣ (соли 1919 мелодӣ) баробар аст.

Аз Нақибхони Туғрал осори зиёди гуно- гунжанру гуногунмавзӯъ ба мерос мондааст. Девони Туғрали Аҳрорӣ соли 1916 дар мат- бааи Когони Бухоро нашр гардидааст. Он 303

ғазал, 9 мухаммас, 3 мусаддас, 8 қасида, як мустазод, як тарҷеъбанд ва чанд маснавиро (чун «Соқинома» ва «Наврӯзнома») дар ҳаҷми 7385 мисраъ фароҳам овардааст. Ҳамчунин, аз Туғрал як қатор асарҳои дигар низ дастрас шудаанд, ки дар қолабҳои маснавӣ, қасида, ғазал, мусаммат, рубоӣ ва фард эҷод гардидаанд. Аз ҷумла, дар пайравии «Лайливу Маҷнун»-и Шоҳин достони «Лай- ливу Маҷнун» офаридааст, ки он нотамом буда, 219 байтро дар бар мегирад. Асари Туғрал дар адабиёти классикии тоҷик охирин намунаи «Лайливу Маҷнун» мебошад. «Лайливу Маҷнун»- и Туғрал чун дигар достонҳои ҳамном дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи маҳзуф ва мақсур суруда шудааст:

Қуфли дари назм боз кардам, Зеру бами шавқ соз кардам.

— -V / V — V — / V- —

Адиб дар охирҳои умр дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ «Боғистон» ном асари манзуму мансури фалсафию ахлоқӣ низ на- виштааст. Вале ин асар ва як қатор шеърҳое, ки дар поёни умри Туғрал эҷод гардидаанд, то ҳол дастрас нестанд. Шоир дар эҷодиёташ ак- саран «Туғрал» ва баъзан «Нақиб» ва «Туғрали Аҳрорӣ» тахаллус карда, дар сухангустарӣ маҳорат нишон додааст:

Дар сухан, Туғрал, тариқи пухтагонро пеша кун, Меваат гар хом бошад, нест дар дандон лазиз.

Дар эҷодиёти Туғрал жанри ғазал мавқеи муайян дорад. Дар байни дигар шаклҳои шеърӣ мухаммасҳои шоир қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Дар ашъори шоир ҳар ду навъи мухаммас — ҳам му- хаммаси таълифӣ ва ҳам мухаммаси тазминӣ мушоҳида мешавад. Аз мухаммасҳои Туғрал ба ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ, Бедил, Шоҳин, Гулшании Бухороӣ, Нозими Ҳиротӣ маълум мешавад, ки ҳунари мухаммасбандии шоир ба дараҷаи баланд расида будааст. Мисраъҳои Туғрал ба мисраъҳои шоирони пешин аз ҷиҳати маз- муну муҳтаво ва услуби баён мувофиқати комил доранд. Мисол аз матлаи мухаммаси Туғрал бар ғазали Камол:

Чанд теғи зулмро аз куштанам хунин кунӣ, Дам барои қатлам оиву даме тамкин кунӣ. Аз чӣ мурғи дил ба доми турраи мушкин кунӣ, «То кай, эй дилбар, дилам бе муҷибе ғамгин кунӣ, Гиряҳои талхи ман биниву лаб ширин кунӣ!»

Беилтифотиҳои маҳбуба ва номуродиҳои ошиқ ба воситаи та- носуби калом ва саволу хитобаҳо хеле хуб ифода ёфтааст. Се мис- раи аввал мазмуни байти Камолро басо мувофиқ тақвият медиҳад.

Дар шакли мустазод Туғрал ғазали мустазод ва рубоии мус- тазод эҷод кардааст. Мустазодҳои шоир мазмунан баланд ва дил- кашу хушоҳанг мебошанд. мисраҳои иловагӣ мазмуни умумии шеърро тақвият бахшида, боиси ифодаи образноки фикр мегар- данд:

Ойина ба базми дилкушои ту расад,

Эй ҷон, нигоҳ,

Ҳам шона ба зулфи мушксои ту расад,

Моро чӣ гуноҳ?!

Мо хок шавему сурма манзур афтад,

Мурдем зи рашк,

Дил хун шаваду ҳино ба пойи ту расад, Субҳоналлоҳ![5]

Дар ин рубоии мустазод ранҷурии ошиқи ноком аз дастнора- сии васли маҳбуба баён ёфтааст. Қаҳрамони лирикии шоир аз он озурда аст, ки ойина, шона, сурма ва ҳино барин асбобҳо аз васли ёри ӯ баҳра мебардоранд. Аммо худи ӯ бо ҳама сӯзу гудоз аз висо- ли маҳбуба бенасиб мондааст. Ҳолатҳои рӯҳӣ, гилагузорӣ, рашку ҳасади қаҳрамони лирикӣ маҳз ба воситаи фиқраҳои иловагӣ таъ- мин гардидаанд.

Умуман, дар ҳар як шакли шеърӣ Туғрал маҳорати баланд нишон дода, хусусияти жанрии шеърҳоро ба эътибор гирифтааст. Чи навъе ки аз муфрадоти Туғрал бармеояд, шоир метавонад дар як байт як мавзӯи мукаммалро ба хонанда пешкаш намояд:

То кушодам чашму дидам орази некӯйи ту,

Риштаи уммед бастам бар сари ҳар мӯйи ту.

Дар ин байт муҳаббату садоқати ошиқ ба маъшуқа басо сода, самимӣ ва дилкаш баён гардидааст. Ба сари ҳар мӯйи ёр риштаи уммеД бастани ошик, нишонаест аз ишқи поку беолоиши фарзанди инсон.

Туғрал ба наср низ майл доштааст. Вале насри Туғрал ҳанӯз дастраси хонанда нагардидааст. Чунонки Муштарии Истаравшанӣ гуфтааст:

Дар гулситони маънӣ мебуд ҳамчу булбул, Аз андалеби килкаш мекард саҳфаҳо гул. Номаш Нақибхону з-авлоди Хоҷа Аҳрор, Ӯро лақаб ҳамебуд дар назму наср Туғрул[6].

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Нақибхони Туғрал кай ва дар куҷо ба дунё омадааст ?
  2. Шоир дар куҷо таҳсил ва кадом илмҳоро аз худ кардааст?
  3. Дар бораи муносибати Туғрал бо Шамсиддин Шоҳин маълумот диҳед.
  4. Чаро Туғрал ба қатл мерасад ?
  5. Девони Туғрал кадом асарҳои ӯро фаро гирифтааст ?
  6. Кадом офаридаҳои адиб аз девони ӯ берун мондаанд ?
  7. Тахаллусҳои адибро ном баред.

[1]   Хоҷа Аҳрори Валӣ (1404 -1490) — намояндаи машҳури силсилаи нақшбандия мебошад.

[2]   Тарҷеҳ — бартарӣ, афзалӣ, беҳтар шумурдан.

[3]   Мавло — соҳиб, молик, сарвар.

[4]   Ям — баҳр.

[5]   Субҳоналлоҳ — 1. Ҳамду сано ба Худо; 2. Аҷабо!

[6]   Туғрал ё Туғрул — навъе аз парандагони соҳибчангол

МУНДАРИҶАИ АШЪОРИ ЛИРИКӢ

Туғрал эътиқодманди анъанаҳои ғании шеъри классикии тоҷик, махсусан жанри ғазал мебошад. Шоир ғазалиёти Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Бедил, Нозим ва Шоҳин барин суханварони бузургро мавриди баҳрабардорӣ ва пайравӣ қарор додааст. Махсусан, тарзи ифода ва услуби нигориши Мирзо Абдулқодири Бедил ба Туғрал басо писанд афтодааст. Ӯ эътиқоду самимияти худро ба ин суханвари воломақом чунин баён намудааст:

Баланд аст аз фалак маъвои Бедил, Набошад ҳеҷ касро ҷойи Бедил. Намоям тӯтиёи дидаи хеш, Агар ёбам ғубори пойи Бедил. Надидам аз сухангӯёни олам, Касеро дар ҷаҳон ҳамтои Бедил… Ба рафъат бартар аз кӯҳ аст, Туғрал, Ҷаноби ҳазрати Мирзои Бедил.

Шоир дар васфи пири рӯҳонии худ ифодаҳои сода, вазни са- бук (рукнҳои маъруфи баҳри ҳазаҷ: мафоӣлун/мафоӣлун/ фаӯлун), қофияи солим (калимаҳои ҷойӣ, пойӣ, савдойӣ, Мирзойй…) ва радифи мувофиқро (такрори калимаи Бедил) интихоб намуда- аст, аз санъатҳои бадеӣ чун муболиға, тавсиф, маҷоз ва ташбеҳ мӯшикофона истифода кардааст ва ба ин восита дараҷаи баланди муҳаббату садоқати шогирдонаашро самимона иброз доштааст.

Умуман, Нақибхони Туғрал ба мутафаккирони бузурги гу- зашта садоқату самимияти зиёд дошта ва дар «Қасидаи бузургон» ном асараш баҳри офаридани симои ҳақиқии қисмате аз суханва- рони адабиёти классикии тоҷик кӯшиш намудааст:

Унсурию Асҷадию Фаррухӣ:

Нағмаи ҳар се ҳама аз як садост. Хоҷа Ҷамол аст агар муддаӣ, Даъвии ӯ дур аз ин муддаост. У кию бо Саъдӣ муқобил шудан? Бин, тафовут зи куҷо то куҷост! Нағмасаро Булҳасани Рӯдакӣ, Гунбази чарх аз суханаш пурсадост…

Мавзӯи марказии ғазал дар адабиёти классикии тоҷик ишқ аст. Туғрал ҳам ин мавзӯъро асоси ашъори лирикии худ қарор додааст ва кулли масъалаҳои фалсафиву ахлоқӣ, фарҳангиву иҷтимоиро ба мавзӯи ишқу муҳаббат вобаста кардааст. Бинобар ин, вожаи ишқ ва муродифҳои он дар ғазалиёти шоир бо тамоми тобишҳои маъноӣ ба ҷилва омадаанд. Туғрал, одатан, як мисраъ- ро аз ашъори Бедил чун тазмин[1] интихоб намуда, дар партави он тасвиргарӣ ва суханварӣ мекунад. Аз ҷумла, «Ҳайф бошад ҷуз дили ошиқ ба дасти ёр гул» ном мисраи Бедил боиси эҷоди ғазали дилошӯбе гардидааст, ки матлааш ин аст:

Эй зи субҳи оразат шарманда дар гулзор гул,

Пеши рухсорат бувад имрӯз ҷойи хор гул.

Дар ғазал аз аввал то охир чеҳраи маҳбуба васф мешавад ва ин тавсиф ба воситаи ташбеҳкунандаи гул сурат мегирад. Дар тасвири шоир гул бо ин ҳама рангу бӯй ва зебоиву раъноӣ наз- ди орази маҳбуба дар хиҷолат аст, зеро аз он рузе, ки маҳбуба чеҳраашро намоён кардааст, бозори гул касод шудааст:

Кас намебинад кунун дар чорсуйи эътибор

Ҷуз ҳадиси[2] он гули руйи ту дар бозор гул. Гар зи миръоти[3] рухат аксе фитад ногаҳ дар об, Сарв ҷойи барг орад бар лаби ҷубор гул.

Дар ин ғазал калимаву таркибҳои ҳамнисбати ораз, гул, гул- зор, баҳор, гулшан, гулистон, сарв, ҷамоли ёр, дили ошиқ хонанда- ро ба маърифати олами зебой ҳидоят менамояд.

Дар ғазалҳои давраи аввал Туғрал ба тавсифҳои ҷилодор ва баёни рангоранги шоирони пешин таваҷҷуҳ мекунад. Дар ба- робари ин, истифодаи моҳиронаи воситаҳои тасвир аз равонии табъи шоир гувоҳй медиҳад. Дар васфи ҳусну ҷамоли маҳбуба санъатҳои тавсиф, муболиға, тафсир ва ташхис мусоидат наму- даанд:

Яди байзо[4] агар аз остини худ бурун орад, Ҷаҳонро нур афзояд, шавад шаб дур аз куяш. Чаман аз эътидоли қоматаш мегуфт бо наргис: Саропо дида шав в-он гаҳ назар кун қадди дилҷуяш! Асири як нигоҳаш гаштам, аз ишқаш чӣ мепурсӣ, Сукуни сабру тоқатро рабуда чашми ҷодуяш.

Тавсифҳои қадди дилҷӯ, чашми ҷоду, зулфи суманбӯ, тоқи абрӯ хонандаро водор мекунад, ки ба ҳусни худододи дилбар зи- ёда мутаваҷҷеҳ шавад. Махсусан, муболиға сафедию сеҳрнокии дасти маҳбубаро хеле ҷолиб ифода намудааст. Дасти ӯ агар аз остин бурун ояд, ҷаҳонро нур медиҳад. Чунин тасвирҳо ба хонан- да завқ бахшида, ҳиссиёти зебопарастии уро афзун мегардонад.

Қаҳрамони лирикии ғазалҳои Туғрал худро подшоҳи ошиқон медонад ва чун симоҳои ҷовидонии адабиёт аз ишқ ёдгор гузош- танро орзу дорад. Дар ин ҳолат шоир аз санъати талмеҳ бамаврид истифода кардааст:

Шуҳраи офоқ шуд аз ишқи Ширин Куҳкан, Номи Маҷнун аст аз савдои Лайлй ёдгор.

Умуман, дар ашъори лирикии Туғрал таъбирҳои дарди ишқ, китоби ишқ, дардманди ишқ, дарси ишқ фаровон истифода шу- даанд ва ҳар кадом дар баёни ақидаҳои шоир саҳм доранд. Дар ашъори ғиноии шоир дигар мавзӯъҳо, аз ҷумла мавзӯи шикоят аз муҳити носозгор низ мушоҳида мешавад. Замона, ба қавли шоир, сифлапарвар аст ва ба қадри аҳли донишу фарҳанг намерасад. Дар ин ҳолат Туғрал ба мавқеъ ва манзалати худ ишора карда, ба тафохури шоирона мепардозад:

Маро хонанд халлоқулмаонӣ[5], Набудам қабл аз ин, аммо кунунам… Агар бо фазл гаштӣ рутба ҳосил, Дар оғӯши қамар будӣ сукунам. Валекин чарх бошад сифлапарвар, Асири қайди ин гардуни дунам.

Лирикаи Туғрал моҳияти некбинона дорад. Шоир инсон- ро ба бедории шуур, адолат ва ҳақталошӣ водор мекунад ва андешаҳояшро бо далелҳои мантиқӣ тақвият медиҳад. Инсон бояд ба ҳама душвориҳои зиндагӣ омода бошад ва «киштии мақсуд»-ро бофаросат ба соҳил расонда тавонад:

Ҳеҷ мумкин нест дар гирдоби ин амвоҷи ғам Киштии мақсудро бе нохудо[6] рафтан дар об.

Шоир ба воситаи рамзу киноя (амвочи гам киноя аз ноба- сомониҳои рӯзгор, нохуДо киноя аз одамон, киштии мацсуД киноя аз марому мақсад) моҳияти зиндагии бошууронаро нишон медиҳад.

Умуман, забони ашъори Туғрал моломоли санъатҳои дил- нишини бадеӣ, забони содаву равон, вазну қофияи солим ва оҳанги дилкашу гӯшнавоз мебошад ва гоҳо услуби баёни лирикаи шифоҳиро ба хотир меорад:

Аз рухат ойина то лаззати дидор гирифт В-аз нигоҳи дигарон ҷониби худ ор гирифт,

Хоки раҳ аз қадамат рутбаи гулзор гирифт, Аз ту гулҳои чаман зинати дастор гирифт, Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт, Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?!

Дар ин порча низ маҳбуба васф мегардад. Зебоии рухи маҳбуба ба ойина лаззат мебахшад, ба дараҷае ки минбаъд аз нигоҳи дигарон ор мекунад. Ёр сар то по латофат аст, ба ҳадде ки хоки роҳ аз қадамаш ба гулзор табдил меёбад. Ифоданокии фикрро байти тарҷеъ[7], ки дар шакли пурсиш истифода шудааст, боз ҳам меафзояд.

Устод Айнӣ гуфтааст: «Истеъдоди Туғрал бисёр комил ва хаёлаш мустаъиди[8] болоравӣ буд». Дар ҳақиқат, шеърҳое, ки ба ҳунари шоирӣ ва услуби хоси эҷодии Туғрал ишора мекунанд, бисёранд. Як қатор порчаҳои шеърии шоир маънои баланди ҷамъбасткунанда доранд:

Ҳеҷ нахле нест андар боғи имкон бесамар, Шуҳрати Рустам намояд зинда рӯҳи Сомро!

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Мавқеи ғазалро дар эҷодиёти шоир муайян кунед.
  2. Чаро Туғрал Бедилро ба дараҷаи аъло васф менамояд?
  3. Тазмини Туғралро ба мисраи Бедил («Ҳайф бошад ҷуз дили ошиқ ба дасти ёр гул») шарҳ диҳед.
  4. Чанд байти ҳикматноки шоирро аз ёд кунед.

САВОЛИ ТЕСТӢ

  1. Дар байти зерини Нақибхони Туғрал кадом санъати бадеӣ истифо- да шудааст?

Шуҳраи офоқ шуд аз ишқи Ширин Кӯҳкан, Номи Маҷнун аст аз савдои Лайлӣ ёдгор.

  1. Ташбеҳ;

Б) Такрор;

  1. Тавсиф;

Г) Талмеҳ;

ғ) Ташхис.

[1] Тазмин — мисраъ ё байти шоиреро гирифта, дар ҳамон мазмун ва шакл шеър эҷод кардан.

[2]   Ҳадис — гуфтугу, тавсиф.

[3]   Миръот — ойина.

[4]   Яди байзо — киноя аз дасти сафеди ёр.

[5]   Халлоқулмаонӣ — офарандаи маъниҳои нав.

[6]   Нохудо — ронандаи киштӣ.

[7]   Байти тарҷеъ — байте, ки дар охири ҳар банд айнан такрор мешавад.

[8]   Мустаъид — омода будан, тайёр будан.

Инчунин хонед инро

bonk

«ИСЁНИ ХИРАД» ВА АШЪОРИ БАЧАГОНА

Достони «Исёни хирад» ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва файласуфи асри XI тоҷик Носири …