АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Наргис дар Канзи Шифо (Китоб)
Наргис

Наргис дар Канзи Шифо (Китоб)

Наргис — Ин гули хушбӯй ду навъ мебошад: яке қадаҳӣ, дигараш дутубақа. Гули навъи қадаҳии онро дар мобайнаш ба шакли қадаҳе ё пиёлачае, зардранг, баргҳои гулаш шаш адад, сафед ва моил ба гирдак. Инро наргиси нар ҳам мегӯянд ва навъи дутубақаро наргиси мода мехонанд. Баргҳои он зиёда ва бо рангҳои гуногун, аз ҷумла, бунафш. Бехреша, поя, барг ва тухмаш ба пиёзча монанд аст.

Пиёзаки наргиси қадаҳиро ба шакли салиб бурида, яъне каме чок карда бишинонанд, наргиси дутубақа мерӯяд. Мизоҷи гул ва пиёзаки он дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, як қатор табибон инро мӯътадил дар гармию хушкӣ ва баъзеи дигарон дар дараҷаи дувум гарм ва хушк гуфтаанд.

Хислатҳои шифобахши он: гулашро бибӯянд, дарди сари балғамӣ ва савдовиро таскин медиҳад, гиреҳи майнаро мекушояд, инчунин назла ва зукомро, ки аз сардӣ бошанд, дафъ мекунад. Табиби номӣ Ҷабраили Бахтищуъ гуфтааст, ки ҳар кӣ хоҳад, ки дар зимистон зуком пайдо кунад, наргисро бардавом бибӯяд.

Агар инро кӯфта гузошта банданд, ширинчаро сиҳат мекунад ва назларо манъ месозад. Пиёзаки хушки онро маҳин соида бипошанд, пардаи дудмонанди ба чашм афтода ва нохунаки ин узвро дафъ мекунад.

Пиёзаки онро кӯфта, бо асал сиришта гузошта банданд, ҷингак шудани асабҳои чашмро ба ибро меоварад.

Ин пиёзакро хоида ё пухта бихӯранд, бағоят поккунандаи бадан мебошад, хусусан бо асал бихӯранд, таъсираш зиёдтар мегардад ва ҳар чӣ дар меъда ҷамъ шуда бошад, хориҷ менамояд, бачадонро аз моддаҳои зарарнок пок мекунад; бачаи занони ҳомиларо хоҳ зинда бошад ва хоҳ мурда, аз шикам меафтонад, инчунин захмҳои берунӣ ва ботиниро ба ҳам меоварад. 14 грамм пиёзаки онро бо шаҳдоб (асалоб) бихӯранд, ҳамаи намудҳои кирмҳои меъдаро ихроҷ мекунад, дардҳои гуногуни хичак ва бачадонро таскин медиҳад.

Ин пиёзакро се рӯз дар шир тар намуда, баъд хушконида, соида, ба закар гузошта банданд, боҳро қувват мебахшад, закарро ҳам калон мегардонад; бар поёнтари, яъне бехи закар гузошта банданд, агар аз қобилияти мардӣ нотавон гашта бошанд, ин хислати мардиро барқарор мекунад. Пиёзаки онро ба танҳоӣ гузошта банданд, боҳро қувват мебахшад ва закарро калон мегардонад.

Пиёзаки хушкро кӯфта бипошанд, хуни ҷароҳатро манъ мекунад ва худи ҷароҳатро ба ҳам оварда сиҳат менамояд. Кӯфтаи онро бо сирко ва асал хамир сохта гузошта банданд, захмҳоро пок месозад ва дубайла, яъне кӯряраҳои калонро, ки пухта шудани онҳо хеле душвор аст, мекафонад; инро бо орди гандум ё бо орди гандуми девона ва асал хамир карда гузошта банданд, тир, хор ва монанди инҳоро, ки ба ягон ҷойи бадан даромада бошанд, берун меоварад; варами асабҳоро таҳлил медиҳад. Пиёзаки онро кӯфта, бо сирко ва асал даромехта гузошта банданд, реш ва ҷароҳатҳои калон ва чуқурро аз риму чирк пок мекунад ва даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад ва торҳои гусастаи асабро ба ҳам пайваст менамояд.

Наргисро кӯфта, бо асал сиришта гузошта банданд, дарди кӯҳнаи асабҳо, пайвандҳо (буғумҳо) ва ниқрисро, ки дард ва варами ангӯштони дасту поҳо мебошад, ба ибро меоварад, инчунин шикастагии узвҳоро ба ҳам пайваст менамояд. Агар худашро танҳо кӯфта, гузошта банданд, ҷароҳатҳои узвҳои асабониро ба ҳам мечаспонад. Агар инро бо асал сиришта гузошта банданд, сӯхтагии оташро сиҳат мекунад. Агар кӯфтаи инро бо сирко сиришта гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад; доғҳои сафеди пӯст ва дигар доғҳои ин узвро дафъ мекунад.

nargis_

Истеъмол кардани наргис барои одамони гарммизоҷ зарар дорад: онҳоро дарди сар мекунад. Давои ин зиёнаш бунафша ва кофур хӯрдан аст. Хислати гули он дар ҳама бобатҳои тиббӣ монанди пиёзаки он аст. Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз 7,5 грамм аст.

Аз гули наргис равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар шиша то нима равғани кунҷиди тоза андохта, даруни онро аз гули наргиси тару тоза пур мекунанду ба офтоб мегузоранд. Дар панҷ-шаш рӯз бӯй ва ранги гулҳо ба равған мегузарад. Он гоҳ гулҳоро фишурда аз равған дур мекунанду гулҳои нав дохил менамоянд ва ҳамин тариқ, то чил рӯз дар офтоб нигоҳ медоранд. Баъд гули охирин дохил кардашударо ҳам фишурда дур месозанд, ки ин равған равғани наргис ҳисоб меёбад.

Молидани ин равған дардҳои савдовӣ ва бодиро дафъ мекунад, инчунин дарди сарро, ки аз ҷамъ шудани бод ва дарди сари аз тарӣ ва савдовиро, инчунин ҳамаи дардҳоро, ки сабабашон сардӣ бошад, дафъ мекунад; барои бемориҳои асаб мувофиқ аст, даҳани бандгаштаи бачадонро мекушояд ва дарди онро ҳам таскин медиҳад. Вале одамони гарммизоҷро дарди сар мекунад.

Мизоҷи тухмаш то дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: 1,75 грамм тухми наргисро кӯфта, бо шири нандӯшида биёшоманд, боҳро (пушти камарро) бағоят ба ҳаракат меоварад. Кӯфтаи онро бо сирко сиришта гузошта банданд, доғи кунҷидак, доғи сафеди пӯст ва доғҳои сиёҳро аз пӯсти бадан дафъ мекунад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …