АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Об ва хислатҳои шифобахшии вай

Об ва хислатҳои шифобахшии вай

Об — моҳияти об ва хизмати он дар табиат, ҳаёти растаниҳо, ҳайвонот, аз ҷумла дар узвҳои бадани инсон ба мо маълум ва равшан аст.

  1. Оби баҳр.

 Таъмаш талху шӯру тунд аст.

  Мизоҷи ин об гарм ва хушк асг.

  Хислатҳои шифобахши он: ин об хусусияти поккунандагӣ ва таҳлилдиҳандагӣ дорад, моддаҳоро аз дарун ба рӯйи пӯст мекашад, сафро ва балғамро бо исҳол дафъ мекунад, рутубатҳои нодаркори баданро хушк мегардонад, вале хунро вайрон мекунад.

ob-suratash

  Инро гарм карда, кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди асабҳоро таскин медиҳад, ҷоҳои аз сармо кафидаро ба ибро меоварад; хориш, қӯтур ва шукуфаи пӯстро шифо мебахшад. Сари качал (кал)-ро бо ин об бо мудовамат бишӯянд, сиҳат мекунад.

  Дар ин об даромада нишинанд, заҳри мор ва каждумро аз бадан дафъ мекунад, бемориҳои аз сардй суратгирифта ва истисқоро шифо мебахшад.

  Вале оби баҳр ба меъда зарар дорад, дарунро мебандад, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад ва захмин мекунад, ба сӯзиши пешоб (сӯзок) гирифтор менамояд. Давои ҳамаи ин зарарҳояш шӯрбои гӯшти мурғ, моҳишӯрбо, гизоҳои тари равғандор, шилми бодомҳо ва ғайра хӯрдан аст.

  1. Оби гарм.

  Мизоҷи ҳамаи обҳои гарм моил ба гармӣ ва хушкӣ мебошад.

  Хислатҳои шифобахши онҳо: хусусияти башиддат таҳлилдиҳандагӣ доранд, қабзиятовар, вале пайдо шудани шапушро манъ мекунанд.

  Камтареро аз онҳо бинӯшанд, қайро манъ мекунад. Масалан, оби зокдор барои хун қай кардан, хунравӣ аз бавосир   моддаҳои бо ҳайз равоншаванда ва ғайра фоида дорад.

  Агар обҳои гармро бисёр бинӯшанд, бағоят зарар дорад ва табҳоро дар бадан ба хурӯш меоварад.

  Агар ин обҳо зарар кунанд, низ шӯрбои гӯшти мурғ, моҳишӯрбо, ғизоҳои тари равғандор, шилми бодомҳо ва ғайра хӯрдан даркор аст.

  1. Оби хокистар.

  Ин обест, ки хокистарро дар об ҷӯшонида, се-чор бор таҳшин карда, оби софи онро бигиранд, ҳамин оби софи хокистар ба шумор меравад.

  Мизоҷи оби хокистар вобаста ба асли дарахт, гиёҳ ва самари он аст. Яъне хокистарро аз дарахт ва гиёҳҳои гарммизоҷ ҳосил карда бошанд, мизоҷаш гарм мегардад ва ғайра.

  Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумии он: поккунанда, бадбӯсозанда ва несткунандаи чиркҳо (дар ин бобат беҳтар аз собун аст).

  Оби хокистари бисёр софро ба микдори 2,25 грамм бинӯшанд, даруни шикамро дағал мегардонад, вале қасабаи шуш (роҳи нафас) ва меъдаро аз моддаҳои часпак пок месозад; қай, беҳузур (беҷо) шудани дил ва исҳолро манъ мекунад.

  Ҳангоми инро нӯшидан дарунро дағал гардонад, давояш равғани бодоми ширин хӯрдан аст.

  12,5 грамм аз оби софи хокистар бинӯшанд, хуни дар шикам шахшударо таҳлил медиҳад, яъне мегудозад ва заҳри гундаро аз бадан дафъ мекунад.

  Оби хокистарро кам-кам ва бардавом бирезанд, барои фолиҷ ва дарди асаб дору мешавад.

  Бо оби хокистар ҳуқна (клизма) кунанд, захми рудаҳоро шифо мебахшад.

  Агар ин обро, ба захмҳо бимоланд ё бичаконанд, гӯшти ҳароми онҳоро хӯрда нест мекунад ва захмҳоро хушк мегардонад.

  1. Оби гӯгирднок, яъне обе, ки аз қонҳои гӯгирд низ

бармеояд.

  Мизоҷи ин об гарм ,ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: бо нн об бишӯянд, бемориҳои савдовӣ ва раддии бадфиоли монанди: қӯтур, шукуфаи пӯст, доғи сафеди пӯст, пӯстпартойӣ, дарди буғумҳои аз сардӣ суратгирифта, шах шудани асабҳо, бодҳои хунук, ҷароҳати ҷонварони даррандагазида, ширинча ва качалӣ (каляра); дардҳои ҷигар, бачадон, зону ва амсоли инҳоро шифо мебахшад.

 Зарарҳояш: агар инро бинӯшанд, чашм, меъда ва рӯдаҳоро заиф мегардонад, ҷигарро гарм мекунад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш шӯрбои равғандор, чизҳои тармизоҷ ва хунукмизоҷ ошомидан аст.

  1. Оби маъдан, яъне обе, ки аз конҳои фулуззот барояд, монанди: кони мис, оҳан, сурб (қӯрғошим), калъагӣ ва амсоли инҳо.

Мизоҷи ҳар як аз ин обҳо ба мизоҷи маъданаш наздик аст.

  Хислатҳои шифобахши он: агар ин обро, ки хоҳ аз маъданаш барояд ё миси тафсонро дар об хунук карда бошанд, дар даҳан гардонанд, ҷӯшиш (пухтани) даҳанро шифо мебахшад, варами забончаи ҳалқро таҳлил медиҳад. Агар инро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро сокин менамояд. Бо ин об баданро бишӯянд, мизоҷи вайроншударо ислоҳ мекунад ва узвҳои сустгаштаи баданро қувват мебахшад.

  Вале агар инро бинӯшанд, хатарнок аст ва ба узвҳои дохили бадан зарар дорад.

  Оби оҳанро, ки хоҳ аз конаш барояд ё оҳани тафсонро дар он хунук карда бошанд, бинӯшанд, барои бемориҳои сипурз ва истисқо (ворянка) шифо мебахшад, иштиҳоро қавӣ мегардонад, қуввати боҳро (пушти камарро) афзун месозад ва барои аксари бемориҳои сардмизоҷ фоида дорад. Агар бо ин об худро шустушӯ диҳанд, низ иллатҳои мазкурро, ки дар оби гӯгирд овардем, шифо мебахшад.

  Оби расос, яъне обе, ки аз кони сурб ва қалъагӣ барояд ё он обесг, ки сурби (қӯрғошими) гудохта ва қалъагии тафсонро дар он андозанд — ин зарарнок аст; иллати қулинҷ (колит)-ро пайдо мекунад, пешобро мебандад ва зарари оби сурб зиёда аз оби қальагӣ мебошад.

  Оби тилло ва оби нуқраро бинӯшанд, дил, майна, меъда, ҷигар ва боҳро қувват мебахшад, бемориҳои молихулиё, дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад, барои ба ҳаракат овардани олати мардӣ мадад мерасонад, дарунро мебандад.

   Хуллас, обҳои маъданӣ пайдокунандаи душвории шошидан аст.

  1. Оби шӯр, яъне намакоб.

Ин об хоҳ аз конаш барояд, хоҳ дар оби ширин намак андохта, шӯр гардонанд ва хоҳ аз чашмаи шӯр барояд.

  Мизоҷи оби шӯр гарм ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: зарарҳои ин ба зиёнҳои оби баҳр наздик аст, ки дар боло зикр ёфт.

  Фоидаҳояш: дастбаҳол хуб исҳоловар, вале агар инро бардавом бинӯшанд, қабзият меоварад, зеро хусусияти рутубатҳоро ба худ кашандангӣ дорад.

  Давои ин зарарҳояш шириниҳо, чизҳои чарбнок хӯрдан аст ва инчунин бо орди ҷави тафсонида даромехта ях ва хоки холис андохтан аст.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …