АСОСӢ / ГУНОГУН / Ойинадорӣ

Ойинадорӣ

Баҳор ойинадори рӯзгор аст,
Шикасти ранг ҳам худ як баҳор аст.
Парафшони ҳавои нестӣ бош,
Замин бо лолазорон доғдор аст.

Муаммо дар муаммоям, чӣ пурсӣ,
Дарахти нотавониро чӣ бор аст?
На оҳанге маро буду на чанге,
Гувоҳи ҳол дар роҳам ғубор аст.

duxtarСаҳар афсона, шаб фарёд дорам,
Маҳу хуршедро ҳам ошкор аст.
Дилогоҳӣ ба ранге сӯхтан дошт,
Ҷаҳон аз миннаташ дар эътибор аст.
Хаёлам мебарад ҷое, ки ҷо нест,
Чи медонад, ки олам шармсор аст.

Инчунин хонед инро

Таквими мохи Рамазон 2023

Рамазон 2023, таквими мохи шариф — Рузи Ид

Тақвими моҳи шарифи Рамазон: Моҳи Шарифи Рамазон соли ҷорӣ шоми 22-уми марти соли 2023 (1444 ҳиҷрӣ-қамарӣ) ки ба …