АСОСӢ / ГУНОГУН / Организм ва хосиятҳои асосии он

Организм ва хосиятҳои асосии он

Инсон ва табиат. Мувофиқи гуфтаи падари физиологияи рус,олими бузург И.М.Сеченов, мавҷудияти организм бе муҳити беруна ғайриимкон аст. Барои он ки дар байни организм ва муҳит мунтазам мубодилаи моддаҳо ба амал оянд, организм бояд аз муҳит оксиген ва моддаҳои ғизоӣ гирад. Аз ҳисоби онҳо ҳуҷайраҳои нав ба вуҷуд меоянд, ки кори узвҳо, масалан мушакҳоро таъмин менамоянд. Дар баробари ин организм ба муҳити беруна маҳсулоти нодаркор, моддаҳо ва гармии зиёдатиро хориҷ мекунад.

organ

Ба организм инчунин омилҳои гуногуни табиӣ: тағйирёбии ҳарорати ҳаво, намнокӣ, нурҳои радиоактивӣ – нурҳои офтоб, боридани барфу борон, тўфон, тундбод, сўхтор, заминҷунбӣ таъсир мерасонанд. Ҳангоми каме тағйир ёфтани ҷои зист организм кори худро тағйир дода, ба шароити нав мутобиқ мешавад. Масалан, ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво нафаскашӣ ва кори дил тез шуда, аз бадан бештар арақ ҷудо мешавад.

Одам бо баробари ба вуҷуд овардани шароити хуби зиндагӣ (манбаи доимии гармӣ, об, нерў, манзил, асбобҳои гуногуни меҳнат, сарулибос, дору, нақлиёт) нисбат ба дигар организмҳои зинда метавонад худро ба омилҳои номусоиди муҳити табиӣ бештар одат кунонида, воситаҳои аз он муҳофизаткуниро ба вуҷуд орад.

Ҳамаи ин шароити мусоид дар натиҷаи фаъолияти мақсадноки тамоми ҷамъияти инсонӣ дар давоми ҳазорсолаҳо ба вуҷуд оварда шуд. Ба туфайли ин одам тавонист, ки дар ҳар хел  интақаҳои ҷуғрофии Замин: дар Шимоли Дур ва биёбонҳо, дар рўи замин ва зери об, дар водиҳо ва ноҳияҳои баландкўҳ, дар зери замин ва коинот зиндагӣ кунад. Одам бе ягон тайёрии махсус дар ҳарорати ҳавое, ки то ба 60° (аз +50°С то +70°С) тағйир меёбад, зиндагӣ карда метавонад. Дар чунин ҳолат одам на танҳо зиндагӣ мекунад, балки дар шароити табии барояш ғайримуқаррарӣ босамар кор ҳам карда метавонад.

Одам чун як ҷузъи зинда бо табиат ҳамкорӣ мекунад. Аз табиат нафту газ, маъдану масолеҳи бинокорӣ гирифта, онҳоро чун маҳсули меҳнати худ истифода мебарад. Барои ҳаёти одамон инчунин маҳсулоти наботот ва ҳайвонот зарур аст. Ҳамин тавр, одам нисбат ба муҳити табиӣ истеъмолкунанда мебошад. Дар айни ҳол одам заминҳоро обёрӣ карда, дар пеши роҳи маҷроҳои харобиовар бандҳо месозад, баҳрҳои сунъӣ ба вуҷуд оварда, табиатро тағйир медиҳад.

Муносибати тарафайни одаму табиат масъалаи нисбатан изтиробовари ҷамъияти имрўза мебошад. Ин маълум аст – табиат муҳити сукунати одам мебошад. Ба он на танҳо ҳолати саломатии имрўзаи аҳолии рўи замин, балки ояндаи инсоният вобаста аст. Муносибати тарафайни одаму табиат бояд ба қоидаҳои оқилона ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва беҳтар кардани муҳит асос ёбад. Амалиёти тарафайни табиату одам бояд на номуташаккилона, балки бо раванди назорати ҷиддӣ ба амал бароварда шавад. Одам барои пурра нигоҳ доштани муҳити табиат, мақсаднок тағйир додани он масъул аст. Дар мамлакати мо муҳофизати табиат кори умумихалқӣ буда, онро қонун муайян кардааст. Тадбирҳои муҳофизати табиат ба таври илмӣ асоснок ва амалӣ гардонида мешаванд. Нигоҳ доштани тозагии ҳаво, захираҳои об, хок, олами набототу ҳайвонот гарави саломатии ҷисмонӣ ва маънавии насли инсоният аст. 

Табиати биоиҷтимоии одам. Одам зери назорати ду барнома – биологӣ ва иҷтимоӣ ба камол мерасад. Барномаи биологӣ хусусияти сохт ва физиологияи организми одамро муайян мекунад. Вай дар раванди таҳаввулоти дуру дароз ба миён омадааст. Хромосомаҳо ирсияти биологӣ буда, ба одам аз волидайнаш мегузаранд. Барномаи иҷтимоӣ аз таъсири муҳит ва одамони гирду атроф ташаккул ёфтани шахсияти одам вобаста мебошад. Моҳиятииҷтимоии одам аз чунин сифатҳо, ба монанди ахлоқ, виҷдон, ватандўстӣ, маълумот, фарҳанг ва ғайра иборат аст. Барномаи иҷтимоиро тамоми инкишофи ҷамъиятию таърихии инсоният ба миён оварда, он аз насл ба насл намегузарад. Ҳар як одам дар давоми умри худ дар байни одамони ба худ монанд, яъне ҷамъияти одамон зиндагӣ карда, онро тадриҷан меомўзад.

Ҳар насли калонсол дар ташаккул ёфтани шахсияти насли хурдсол саҳм мегузорад. Дар ҷараёни ин зуҳуроти ботинии одам муносибати ў ба таъсири шароити беруна низ ташаккул меёбад. Дар корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ иштирок кардани одам дар ташаккул ёфтани шахсияти ў нақши ҳалкунанда мебозад. Вазифаи ҳар як ҷамъияти пешқадам аз тарбия намудани насли солим, аз ҷиҳати эҷодӣ ва маънавӣ ғанӣ гаштани инсони ҳақиқӣ иборат мебошад. Ташаккул ёфтани чунин шахсият раванди дуру дароз ва мураккаб аст.

Саволҳо

  1. Амалиёти тарафайни организм бо муҳити беруна аз чӣ иборат аст?
  2. Омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар ташаккул ёфтани одам чун шахсият чӣ аҳамият доранд?

Инчунин хонед инро

Намози иди курбон 2017

Иди Қурбон 2023, табрикот ва намози идона

Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст. Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Шумо …