АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / УМУМИЯТИ ҲИНДУЭРОНӢ. ОРИЁИҲО

УМУМИЯТИ ҲИНДУЭРОНӢ. ОРИЁИҲО

Протсессҳои этникие, ки дар Осиёи Миёнаи аҳди биринҷӣ ба амал меомаданд, ҳам барои тараққиёти ояндаи худи ин сарзамин ва ҳам барои таърихи як қатор кишварҳои ҳамсоя, ки аз ҳиндустон то Аврупои ҷануби шарқӣ масоҳати бузургеро ишғол кардаанд, аҳамияти хеле калон доштанд.

Мавҷуд набудани манбаъҳои хаттӣ ва ҳанӯз ба як маънӣ тавзеҳ наёфтани бозёфтҳои археологӣ боиси ба миён омадани душвориҳо дар таҳқиқи таърихи этникии Осиёи Миёнаи онвақта гардидааст. Бо вуҷуди ин, маълумоти аз оғози давраи таърих дар сарзамини Осиёи Миёна ва кишварҳои ҳамсоя сукунат доштани қавму тоифаҳои мухталиф ва ҳамчунин мадракҳои қиёсии таърихию забоншиносӣ дар баробари таҳқиқ ва ҷамъбасти материалҳои беш аз пеш афзояндаи археологӣ ба баровардани чанде аз хулосаҳои муҳим ва ба ҳақиқат наздик имкон медиҳанд.

Нахустин сарчашмаҳои хаттии санавӣ, ки дар бораи Осиёи Миёна маълумот медиҳанд, дар асрҳои VII–VI пеш аз милод дар ин сарзамин сукунат доштани қавму тоифаҳои эронинажод – суғдиён, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиҳо, портҳо, қабилаҳои мухталифи сакоӣ ва ғайраро хотирнишон намудаанд.

Ҳоло дар натиҷаи кофтуков ва бозёфтҳои ҷудогонаи археологӣ ба дасти олимон матнҳои ба чандин забонҳои эронӣ навишташуда расидаанд, ки ин забонҳо дар давраҳои қадим ва аввали асри миёна дар Осиёи Миёна ва ноҳияҳои сарҳадии он паҳн гардида буданд. Инҳо забонҳои бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва хутану сакоӣ[1] буданд, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ дохил мешуданд. Забони портӣ ба гурӯҳи забонҳои ғарбиэронӣ дохил шавад ҳам, вале бештар таҳти таъсири забонҳои шарқиэронӣ қарор гирифта буд, низ аз ҳамин қабил забонҳои қадимии Осиёи Миёна ҳисоб меёфт[2]. Дар нимаи аввали ҳазораи якуми қабл аз милод дар яке аз вилоятҳои Осиёи Миёна ва атрофи он лаҳҷае мустаъмал буд, ки асоси забони китоби муқаддаси оини зардуштӣ – «Авесто» аз он фароҳам омадааст.

Ба гурӯҳи забонҳои эронӣ забони форсӣ (ба се марҳилаи маълуми тараққиёти худ: форсии қадим, форсии миёна ва форсии нав), забонҳои тоҷикӣ, курдӣ, балуҷӣ ва дигар забонҳои ғарбиэронӣ, забонҳои афғонӣ (пашту), осетӣ, помирӣ ва як идда забону лаҳҷаҳои шарқиэронӣ дохил мешаванд. Забонҳои эронӣ ба гурӯҳи забонҳои ҳиндӣ ё худ ҳиндуориёӣ[3], ки ғайр аз забону лаҳҷаҳои мустаъмали имрӯза лаҳҷаи ведӣ, санскрит ва палии дар матнҳои қадима боқимондаро дар бар мегирад, алоқаи хеле наздик доранд.

Ин аст, ки забонҳои эронӣ, якҷоя бо забонҳои ҳиндуориёӣ шохаи ҳиндуэронӣ, ё худ ориёии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил менамоянд. Ба ин ҳамчунин забонҳои славянӣ, германӣ, келтӣ, романӣ, юнонӣ, арманӣ ва як қатор забонҳои дигар низ дохил мешаванд. Қаробати ҳамаи ин забонҳо, ки хусусан дар замонҳои қадим ва қисман имрӯз ҳам дар бисёр бобат мушоҳида мешавад, аз ҷиҳати асли пайдоиши худ ба як оила тааллуқ доштани онҳоро нишон медиҳад.

oriyoiОлимони ҳозиразамон маҳалли ташаккули ин оилаи забонҳоро ба ин ва ё он ноҳияи минтақаи байни Аврупои Марказӣ ва Балкан дар ғарб ва даштҳои паҳновари Евросиё дар шарқ нисбат додаанд. Албатта, дар ин маврид сухан аз замонҳои хеле қадим меравад. Баъдтар дар давраи ба худ шакли муайян гирифтани лаҳҷаҳо, ки пешгузаштаи бевоситаи забонҳои «таърихии» ҳиндуаврупоӣ (ба мисли юнонӣ, славянӣ, германӣ ва ғайра) ҳисоб меёбанд, қабилаҳои ба ин лаҳҷаҳо гапзананда дар хиттаи васеъ зиндагонӣ карда, вале бо ҳам робитаи бисёр наздик доштаанд. Тафовути гузаштагони қавму забонҳои ҳиндуориёӣ ва эронӣ аз пешгузаштагони дигар гурӯҳҳои забонҳои «таърихии» ҳиндуаврупоӣ дар он аст, ки онҳо дар марҳилаҳои аввал як гурӯҳи воҳиди забониро ташкил мекарданд[4].

Хешӣ ва қаробати гузаштагони тоифаҳои эронӣ ва ҳиндуориёиро, пеш аз ҳама, наздикии забонҳои онҳо нишон медиҳад. Омӯзиш ва муқоисаи забонҳои гуногуни эронӣ ва ҳиндуориёӣ, алалхусус забонҳои авестоию форсии қадим, аз як тараф, ва ведию санскрит, аз тарафи дигар, метавонад ба таври равшан далолат кунад, ки забонҳои эронӣ ва ҳиндуориёй дар замонҳои кадим ҳам аз ҷиҳати сохти грамматикӣ ва ҳам аз ҷиҳати захираи асосии луғавӣ, то чӣ андоза умумият доштаанд. Дар воқеъ, аз ин забонҳо ба тариқи намуна бисёр калимотеро овардан мумкин аст, ки дар сохт ва маъно тафовуте надошта, фақат бо баъзе хусусиятҳои фонетикии худ фарқ мекунанд. Масалан, об дар забонҳои эронии қадим ап, дар ҳиндии қадим ҳам ап; замин, мутобиқан буми ва бҳуми— бод – вата ва вата; тан – тану ва тану; даст – заста (ё даста) ва ҳаста; калима, овоз – ваҷаҳ ва вачас; ном – наман ва наман; либос –вастра ва вастра; падар – питар ва питар; бародар – братар ва бҳаратар; андар – антар; ду – два ва два; чаҳор – чатвар ва чатвар; панҷ – панча ва паньча, ҳафт – ҳапта ва сапта; ҳашт – ашта ва ҳашта; даҳ– даса ва даща, дувоздаҳ – двадаса ва двадаща; сад– сата ва щата ва ғайра.

Аксари ин калимаҳо бо баъзе тағйироти фонетикӣ мавҷудияти худро дар забонҳои ҳозираи эронӣ низ давом медиҳанд. Чунончи, дар забони тоҷикӣ калимаҳои об, бод, тан, даст, ном, падар, бародар, андар, ду, чаҳор, панҷ, ҳафт, сад ва амсоли инҳо то имрӯз мустаъмал аст.

Мутобиқати устувор ҳамчунин дар грамматика, дар системаи тасриф ба назар мерасад. Масалан, дар эронии қадим калимаи тану дар ҳолати фоилӣ (именительный падеж) шакли тануш, танум, танва ва ҳоказо. Дар эронии қадим барои тасрифи феъли бар (бурдан) чунин шаклҳои замони ҳозираи он вуҷуд дошт: шахси якуми танҳо – барамӣ, шахси дувуми танҳо – бараҳӣ, шахси севуми танҳо – баратӣ ва ғайра; дар ҳиндии қадим барои тасрифи ҳамин феъл, яъне браҳ мутобиқан чунин шаклҳо мавҷуд буд: бҳарами, бҳараси, бҳарата ва ғайра[5].

Чунин далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки забонҳои ҳиндӣ ва эронӣ аз як мабдаи забонӣ ба вуҷуд омада, асосҳои сохти грамматикӣ ва луғавии худро аз он мерос гирифтаанд. Инро ҳам бояд гуфт, ки забонҳои нави дар ҷараёни тараққиёти мустақил инкишоф ёфтаи эронӣ (ва ҳамчунин ҳиндуориёӣ), чи навъе ки забоншиносон хотирнишон менамоянд, назар ба забонҳои қадими эронӣ ва ҳиндӣ аз якдигар тафовути бештар доранд.

greco-persian-wars-1Дар миёни ҳиндуён ва эрониёни қадим аз ҷиҳати дину мазҳаб ва тасаввуроти ҳамосиву асотирӣ низ ҳамрангӣ ва шабоҳати зиёде мавҷуд будааст. Ин наздикӣ ҳатто дар хусусият, вазну оҳанг ва сохти луғавии чанде аз фиқраҳои ба мо расидаи «Авесто» ва «Вед» мушоҳида гардида, умумияти дар забон ва осори динию ҳамосӣ доштаи ин мардумонро нишон медиҳад.

Таҳқиқи қиёсии оинҳои қадими эронӣ ва ведӣ ҳамгунӣ ва монандии тасаввуроти динии аҷдоди халқҳои эронӣ ва ҳиндуориёиро собит намуд. Маълум гардид, ки расму оин ва урфу одатҳои ин мардумон аз қадимулайём бо ҳам хеле наздик ва шабеҳ будаанд. Онҳо дар парастиши оташ, дар таҳияи нӯшобаи муқаддаси хавма (ба ҳиндӣ сома), дар эътиқод ба сухани ҳакимона ва сеҳромези мантра аз якдигар қариб ҳеҷ тафовуте надоштаанд.

Исми бисёр худоҳо ва қаҳрамонҳо, ки эрониёну ҳиндуёни қадим ононро парастида ва дар китобҳои динию ҳамосӣ сутудаанд, дар ҳар ду забон як будааст. Митра аз худоҳои асосии ҳам тоифаҳои қадимаи ведӣ ва ҳам эрониён ҳисоб меёфтааст. Худои боду чанг Вайу ва дигар худои бод Ватаро ҳар ду тоифа баробар мепарастидаанд. Подшоҳ ва қаҳрамони авестоӣ – Йима, писари қаҳрамони меҳрсон Виваҳвонт, бо қаҳрамони ведӣ – Йама, писари Вивасвонт мутобиқати комил дорад.

Мафҳуми «арта» ба маънии «ҳақиқат» ва «адлу инсоф», ки аксари қавоиди муҳими динӣ ва умуман тасаввуроти васеътари мафкуравиро муайян мекард, барои ҳам эрониён ва ҳам ҳиндувон муштарак будааст. Ин мафҳум бо худо – бо асура Варунаи «Ригведӣ» ва Аҳура Маздои эрониён марбут аст (асура мутобиқи аҳура аст, ки ҳар ду маънии «соҳиб» ва «ҳукмрон»-ро ифода менамоянд).

Тасаввуроти онҳо дар бораи пайдоиши олам низ бо ҳам хеле наздик аст. Чунончи, дар навиштаҷоти қадимаи ҳиндувон ва эрониён доир ба се муҳити коинот – осмон, фазои байни замину осмон ва замин сухан ронда мешавад. Нишонаҳои ҳар як муҳит ва худоёни мансуб ба онҳо, аз қабили худоёни осмонхудоёни боду бӯрону ҷанг ва худоёни нашву ҳосил дар байни ин тоифаҳо яксон будаанд.

Муҳаққиқони таърихи тамаддуни ҳиндувон ва эрониён аз осори қадимаи динӣ ва адабии онҳо бисёр қиссаҳои ба якдигар монанди асотирӣ ва ҳамосиро кашф намудаанд. Ин навъ мушобиҳатҳоро дар дигар соҳаҳои маданияти маънавии эрониёну ҳиндуориёиҳои қадим низ метавон пайдо кард.

Аз таҳлили қиссаҳои асотирии тоҷик маълум мегардад, ки дар онҳо бисёр падидаҳои тасаввуроти даврони умумияти ҳиндуориёӣ мавҷуданд. Инак, як-ду мисол барои тасдиқи ин иддао. Чунон ки М.С.Андреев менависад, асотири Падар –Осмон ва Модар – Замин, «ду волидаи бузург»-и «Ригведа» то ҳол дар тасаввуроти тоҷикон боқӣ мондааст. Аз ҷумла, дар Язғулом осмонро ҳоло ҳам дед – падар, заминро нан– модар меноманд. Ба фаслҳои мардона ва занона ҷудо кардани сол низ бо ҳамин алоқаманд аст. Фаслҳои солро низ бо ҳамин тасаввурот тақсим намудаанд. Чунончи, тирамоҳу зимистонро, ки айёми боришот ва борваршавии замин аст, фаслҳои мардона ва баҳору тобистонро, ки дар ин айём табиат бор меорад, фаслҳои занона донистаанд.

Дар «Ригведа» ҳам Замин ва Осмон ҳамчун Модар ва Падар, ҳамчун ҷуфти ҷудоинопазир тасвир мешавад. Падидаҳои чунин тасаввур ва эътиқодотро метавон дар осори қадимии юнониён ва дигар халқҳои Европа низ пайдо намуд. Аз ин рӯ, онҳоро нафақат ҳиндуэронӣ, балки ҳиндуаврупоӣ ҳам донистан мумкин аст. Силсилаи эътиқоди ба бузи кӯҳӣ алоқаманди тоҷикони кӯҳистон қариб бе ҳеҷ тафовут дар байни мардуми дардӣ машҳур аст[6].

Дигар наздикӣ ва шабоҳатҳое, ки умумияти мерос ва анъанаҳоро дар риштаҳои иқтисодиёт ва тарзи зиндагӣ, дар ташкили ҷамъият ва сохти иҷтимоию сиёсӣ нишон медиҳанд, ҳамчунин аҳамияти калоне доранд. Аз маълумот ва мадракҳои қиёсӣ чунин бармеояд, ки тарзи зиндагии аҷдоди тоифаҳои ҳиндуориёӣ ва эронӣ ба ҳам монанд будааст. Онҳо як хел зиндагонии муқимӣ ва ниммуқимиро ба сар бурда, ба зироат ва чорводорӣ машғул будаанд. Бояд қайд кард, ки ҳарчанд чорводорӣ аз ҷиҳати аҳамияти худ мавқеи дараҷаи аввалро ишғол намуда, доштани чорво меъёри асосии сарват ва нашъунамо ҳисоб меёфт, ҳамоно зироат соҳаи доимии хоҷагии ориёиҳои қадим буд[7]. Бисёр калимоти ба забонҳои қадими эронӣ ва ҳиндӣ умумӣ мав-ҷуданд, ки номи ҳайвоноти хонагӣ, ғалла, олоти чорводорӣ ва киштукорро ифода менамоянд. Чунончи: гав ва гав – гов; аспа ва ашва – асп; уштра ва уштра – уштур; қаршӣ ва кршӣ – ҷӯяк ва шудгор; йава ва йава – ғалладона ва ғ.

Дар «аҳди ориёӣ» аҷдоди тоифаҳои ҳиндӣ ва эронӣ аз металлургия ба хубӣ огоҳ будаанд. Дар забонҳои эронӣ ва ҳиндӣ як идда номҳои фулузот боқӣ мондаанд, ки ба ҳам наздиканд, аз қабили айах (эронӣ) ва айас (ҳиндӣ) – умуман фулуз ё худ мис, биринҷ, дертар оҳан; зараня ё дараня (эронӣ) ва хираня (ҳиндӣ)– тилло; аршата (эронӣ) ва раҷата (ҳиндӣ)- нуқра ва ғ. Бештарини олоти меҳнат (аз ҷумла, олоти фулузӣ (ва аслиҳаҷот) (мисли найза, камон ва ғ.), инчунин калимаҳое, ки онҳоро ифода мекунанд, барои ин ду тоифа яксонанд. Мадракҳое мавҷуданд, ки ҳанӯз дар «аҳди ориёӣ» аз тарафи ҳиндуэрониҳо истифода шудани дучархаҳои ҳарбӣ (бо эронӣ рата ва ба ҳиндӣ ратҳ), ҳамчунин дар байни ин тоифаҳо ба таври васеъ ривоҷ доштани асппарвариро собит менамоянд. Ин тоифаҳо дар созмони ҳарбӣ ва тарзу тариқи бурдани ҷанг ҳам аз якдигар фарқи казоӣ надоштаанд.

Ташкилоти хонаводагӣ, қавмӣ ва қабилавии ҷамъият ба шабоҳати тамоми ҷузъиёти созмонҳои ҷудогона, урфу одат ва истилоҳоти мутобиқи онҳо (масалан, ба эронӣ вис ва ба ҳиндӣ виш – хонавода, деҳа, ҷамоа ва ғ.) барои ҳиндувон ва эрониён як хел буд. Муқоисаи анъана ва луғатҳои эронӣ ба ҳиндӣ яқинан гувоҳӣ медиҳанд, ки оилаву хонаводаҳои ориёӣ кайҳо дар асоси усули падаршоҳӣ ташаккул ёфта будаанд. Яке аз муҳимтарин гурӯҳҳои ташкилоти ҷамъияти ориёӣ гурӯҳи аз алоқаи хешутаборӣ (аз тарафи мард) ва аслу насаб фароҳамомада мебошад, ки аъзоёни як қатор оилаҳои ба ин хонадон тааллуқдоштаро муттаҳид намуда, ҳамроҳи дигар ҳамин қабил гурӯҳҳо ба воҳиди бузургтари ҷамъиятӣ– қавм (ё ҷамоа) ва қабила (ё иттиҳодияи ҷамоа) дохил мешуд. Дар эрониён ва ҳиндувони қадим аъзоёни гурӯҳи ақрабоӣ дорои як хел ҳуқуқ ва вазифаҳои молумулкӣ, мазҳабӣ ва ғ. буда, дар ҳудуди ин гурӯҳ принсипҳои умумии варосат амал мекард ва суннати ягонаи бахшиш ба аъзои болиғи гурӯҳ вуҷуд дошт. Дар ҳиндустон чунин гурӯҳро «готра» (ба ориёӣ гавтра) меномиданд; ин истилоҳ дар Эрон низ мустаъмал буд (ба форсии миёна гӯҳр, гӯҳрак аз калимаи эронии қадим гавтра)[8].

Муносибатҳои иҷтимоӣ ниҳоятдараҷа мураккаб буданд. Гурӯҳҳои аҳолии ноқисулҳуқуқ ва мутеъ вуҷуд доштанд.

Аҳолии озоди комилҳукуқ ба се гурӯҳ тақсим мешуд: коҳинҳо, ашрофи ҳарбӣ ва аҳли соҳибихтиёри ҷамоа, ки аз чорводорону барзгарон иборат буданд. Маълумоти роҷеъ ба чунин тақсимоти иҷтимоиро дар «Ригведа» ва ҳамчунин дар қадимтарин қисматҳои «Авесто» ва осори ҳамосии дигар қавмҳои эронӣ, аз ҷумла скифҳо ва осетинҳо метавон дучор омад. Ягонагии пайдоиши ин тартиботи ҷамъиятии ҳиндӣ ва эрониро мутобиқати комили тасаввуроти идеологие, ки ба ҳамон тақсимоти сегона алоқаманд аст, низ нишон медиҳад. Дар анъанаҳои қадимаи ҳам ҳиндӣ ва ҳам эронӣ ҳар яке аз ин гурӯҳҳои иҷтимоӣ бо яке аз табақаҳои коинот (чунончи, коҳинҳо бо осмон, ашрофи ҳарбӣ бо фазои байни замину осмон, яъне муҳити худои ҷанг ва аҳли ҷамоа бо замин ва муҳити нашву ҳосил) марбут гардида, дар айни замон ҳар яке ранги муайянеро (масалан, коҳинҳо ранги сафед, ашрофи ҳарбӣ ранги сурх ва ғайра) ба худ гирифтаанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки номи ин гурӯҳҳои иҷтимоӣ бо ранг – ба ҳиндӣ варна ва ба эронӣ пиштра (ҳар ду ҳам маънии «ранг»-ро дорад) алоқа пайдо кардааст75а.

Намояндагони ашрофи ҳарбии эронӣ ва ҳиндии аҳди қадим ҳамчун ҷанговарони дучархасавор тавсиф ёфтаанд. Инро номи авестоии ин гурӯҳ ратайштар – дучархагӣ, айнан «дар дучарха ростистода» низ собит менамояд. Калимаи ба ҳамин маънӣ мутобиқи ҳиндӣ ратхештҳа дар шумори варнҳо барои ифодаи ин гурӯҳ баробари истилоҳи муқаррарии кшатрийа истифода мегардид. (Дар навиштаҷоти эронӣ ҳам ба ҳамин маънӣ гоҳо хшатря, хшатра ба кор бурда мешуд). Ин далелу мадракҳо дар баробари нишон додани истифодаи васеи дучархаҳои ҷангӣ (ратха, ба эронӣ рата) барои баровардани баъзе хулосаҳои умумӣ роҷеъ ба ҷиҳатҳои иҷтимоию иқтисодӣ имкон медиҳанд. Худи мавҷудияти дучархаҳои ҷангӣ шоҳиди дар истифода будани олоти фулузӣ ва инкишофи касбу ҳунар буда, ҷанговарони дучархасавори касбӣ, дар воқеъ, вуҷуд доштани ашрофи ҳарбиро, ки қисман аз меҳнати истеҳсолкунанда озод буда, манбаи даромади ғайримеҳнатӣ доштанд, ба субут мерасонанд[9]. Ин ҳам мавҷуд будани гурӯҳи мутеи аҳолиро бори дигар тасдиқ менамояд.

Дар сари қабилаҳои ориёӣ пешвоён ё худ «подшоҳон»-е меистоданд, ки аз байни ашрофи ҳарбӣ баромада буданд. Барои ишорати онҳо дар навиштаҷоти эронӣ ва ҳиндӣ истилоҳоти мухталиф, аз ҷумла калимаи эронии қадим хшай (ки калимаи «шоҳ» аз он баромадааст) ва калимаи ҳиндии қадим кшай (ҳукм рондан, ҳукмфармоӣ кардан) ба кор бурда мешуд. Калимаи эронии хшатра ва ҳиндии кшатра – ҳокимият, ҳукмронӣ, подшоҳӣ низ бо ин алоқа дорад.

Тартиботи ҳокимияти ин қабил пешвоён, баъдтар подшоҳон, мисли баъзе дигар созмонҳои идоравии қабилаҳои ҳиндувон ва эрониёни қадим аз ҷиҳати пайдоиш ба «аҳди ориёӣ» рафта мерасад.

Наздикӣ ва ягонагии аҷдоди қабилаҳои гуногуни эронии қадим аз номи умумии онҳо «орё» низ пайдост[10]. Ин ном чи дар матнҳои қадими эронӣ ва ҳиндӣ ва чи дар сарчашмаҳои дигар ба таври васеъ кор фармуда шудааст. «Эрон»-и имрӯза ҳам аз ҳамин ном, яъне аз шакли қадимаи «Арянам» («Кишвари ориёно») ба вуҷуд омадааст. Калимаи ҳиндии «Аряварта» («Кишвари ориёно») – ҳиндустони шимолӣ ё як қисми он бо маркази байни наҳрҳои Ҷамна ва Ганга, яъне аз қадимтарин марказҳои ориёиҳои ҳиндустон); истилоҳи авестоии «Аирянам вайҷаҳ» («Паҳнои ориёно») – диёри афсонавии эрониён; номи як қатор қабила ва гурӯҳҳои қабилавии эронӣ: қабилаи мидии аризонтҳо (айнан «қабилаи ориён»), қабилаи сармати орӣ, иттиҳодияи қабилавии аллонҳо (номи аслии осетинҳо дар ҳамосаи қадимаи онҳо, ки аз калимаи эронии орёно аст)[11] ва амсоли инҳо низ ба ҳамин ном нисбат пайдо кардаанд.

Ҳамин тариқа, мадракҳои забони ҳиндӣ ва эронӣ, ки аз як манбаи умумӣ пайдо шудани ин забонҳоро нишон медиҳанд, шабоҳат ва қаробати амиқ дар дину маданият, ташкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, хоҷагидорӣ ва тарзи зиндагии тоифаҳои эронӣ ва ҳиндӣ дар саргаҳи таърихи хаттии онҳо ва ниҳоят номи ас-лии ягонаи ҳар ду тоифа ба умумияти аҷдоди эрониён ва ҳиндувон дар «аҳди ориёӣ» далолат мекунанд. Пас, ваҳдати ҳиндуэронӣ нафақат як ҳодисаи забо-нӣ, балки ваҳдати воқеии таърихист, ки дар як давраи муайян ва дар як сарза-мин мавҷудияти худро нигоҳ доштааст. Дар ин давра ба тавассути тараққиёти хоҷагӣ ва иҷтимоӣ паҳншавии тоифаҳои ориёӣ ба дигар маҳалҳо шурӯъ шуда, боиси ба эрониён ва ҳиндуориёиҳо ҷудо шуда рафтани онҳо гардид.

[1] Осори он дар Туркистони шарrӣ ёфт шудааст; аз забонҳои ҳозираи эронӣ забони вахонӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ дохил мешавад, ба забони хутанӣ наздик аст; ниг.: Герценберг Л.Г., 1965, с. 31 ва мобаъд; Ӣailӯy H.W.1968, р. 157–159.

[2] Доир ба мавrеи забони портӣ дар байни забонҳои эронӣ ва калимаҳои аз забонҳои шарrиэронии Осиёи Миёна ба он дохилшуда ниг: Hӯnning W.Ӣ., 1958, s. 92–97.

[3] Истилоҳи «ҳиндуориёӣ» ба маънии ҳамон забонҳои {индустон аст, ки аз забонҳои uайриҳиндуаврупоии ин кишвар, аз rабили дравидӣ ва мунда фарr мекунанд.

[4] Муrоиса кунед: Иванов В.В. ва Топоров В.Н., 1960, с. 12; Грантовский Э.А., 1970, с. 346, 350.

[5] Мисолҳои мутобиrати байни забонҳои rадими эронӣ ва ҳиндӣ аз китоби Оранский И.М., 1960, с.44-48 оварда шуд.

[6] Андреев М.С., 1927, с. 77–78; Литвинский Б.А., 1964, с. 147–150. Rиёси эътиrоди оид ба Падар-Осмон ва Модар-Замин ниг.: Schroӯdӯr L., 1923, s. 582–583; Gonda J., 1960, s. 95, 99; Campӣӯll L.A., 1968, р. 152, 156-157; Огибенин Б.Л., 1968, с. 13.

[7] Грантовский Э.А., 1967, с. 346–347, 377–378.

[8] Периханян А.Г., 1968, с. 28–53.

75а Dumӯzil G., 1930, р. 109–130; 1958; Ӣӯnvӯnistӯ Ӯ., 1932, р. 117–134; 1938, р. 629–650; Грантовский Э. А., 1960; 1970, с. 158, 208–209, 348 ва мобаъд; Бонгард-Левин Г.М., Ильин Г.Ф., 1969, с. 164–166.

[9] Муrоиса кунед: Грантовский Э.А., с. 350.

[10] Дар бораи шарҳи маънии аввалаи этимологии ин калима, ки баъдтар ба маънии умумии «наҷиб», «озод» низ истеъмол гардид, ниг.: Thiӯmӯ Р., 1938; Абаев В.И., 1958 а; Мауrhоfеr М., 1961, s,. 179 ff.

[11] Муrоиса кунед: Абаев В.И., 1958, с. 47.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …