АСОСӢ / ГУНОГУН / ОСОРИ САДРИДДИН АЙНӢ

ОСОРИ САДРИДДИН АЙНӢ

Фаъолияти омӯзгории С. Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст.

1. Таълим дар мактабҳои усули нав.

2. Таълифи китобҳои дарси.

Соли 1906 дар Бухоро Абдурраҳмон Саъиди ном тотор на хустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мак- таб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, АйнИ дарсҳои Саъидиро барои талабагони тоҷикзабон тарҷума менамуд. Вақте ки 8 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Абдулвоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикИ таъсис ёфт, фаъолияти омӯзгории С.Айни боз ҳам васеътар гардид.

sadriddin_aini-maksim_gorki

Садриддин Айни аз таҷрибаи дар мактабҳои Абдурраҳмон СаъидИ, Абдулвоҳиди Мунзим ва Абдулқодир ШакурИ андӯхтааш ис- тифода карда, барои толибилмони мактаби нав се китоби дарсИ навишт: «Тартил-ул-қуръон» (1909), «Зарурийёти динийя» (1914) ва «Таҳзиб-ус-сибён» (1910; 1917). Ҳар кадом аз нигоҳи илмиву усулИ, забону тарзи нигориш ва фарогирии маводди таълими- ву тарбиявИ ҷолибанд. Аксари ҳикояҳои «Таҳзиб-ус-сибён», аз ҷумла «Одами боақл ва соҳиби бахти баланд», «Одами бадбахт», «Бачаи боақл», «Ҳикоят», бо порчаҳои шеърИ тақвият ёфтаанд.

Аз ин ҷиҳат, ҳикояте, ки дар он исрофкори ва ҳар чи беҳуда мазаммат гардида, натиҷаи неки сарфакорИ таъкид меёбад, ҷолиби диққат аст. Дар мамлакатҳои Ғарб шаҳре месӯзад. Иморатҳо ҳама корношоям гардида ва аҳолии шаҳр бехонаву ҷой мемонад. Ода- мони хайрхоҳ ба касони ба бадбахти дучоромада ёри расондан хоста, сандуқи хайрия мекушоянд. Ҳангоми ҷамъ кардани хайрия ба назди тоҷире мераванд, ки барои сарфи беҳудаи як дона гӯгирд хидматгори худро коҳиш карда истодааст. Тоҷири номбурда ба мутасаддиёни хайрия даҳ ҳазор тилло ионатона дода, онҳоро дар тааҷҷуб мегузорад: «Гуфтанд: «Дар як дона гӯгирд он қадар коҳиш
карда, дар иона[1] ин қадар маблағ додан барои чист?»

Тоҷир гуфт: «Агар ба як дона гӯгирд саҳл мегирифтам ва ба муфт сӯхтани он розй мешудам, дар ин маврид аз куҷо пул ёфта иона мекардам?»

Байт:

Ба ҷойи зарурат бидеҳ, то тавонӣ, Ки дасти ту гирад гаҳи нотавонӣ. Ва лекин ба ҷое, ки нафъаш набошад, Хирадманд як дона арзан напошад.

Фаъолияти рӯзноманигорӣ ва публитсистии устод Айнӣ ҳангоми дар Самарқанд зиндагӣ ихтиёр кардани ӯ оғоз ёфта, то охири умраш давом мекунад. Айнӣ дар рӯзномаҳои «Шуълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» ба сифати муҳаррири адабӣ ва мушовир фаъолият доштааст.

Устод ҳанӯз аз солҳои 1919 — 1920 дар рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» бо имзоҳои мустаорӣ[2] «С.М.», «С.Х.», «Қ.А.», «С.Қ.», «С.А.», «М.» ва дар маҷаллаҳои ҳаҷвии ӯзбекии «Таёқ», «Маш- раб» бо имзоҳои «Бир кечалик футурист», «Сарсон», «Баттол» мақола, фелетон ва шеърҳои ҳаҷвӣ менавишт. Баъдтар дар рӯзномаи ӯзбекии «Меҳнаткашлар товушӣ» ва «Овози тоҷик» фаъолияти публитсистии С.Айнӣ инкишоф ёфт.

Мақолаҳои публитсистии С.Айнӣ, чун жанри фаврӣ ва рӯзмарра, муносибати нависандаро ба муҳимтарин воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давр ба таври возеҳ ифода менамо- янд.

Муҳимтарин воқеаи сиёсие, ки соли 1924 дар ҳаёти сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯй дода буд, ин тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна буд. Ба ин муносибат пантуркистону миллатгароён, ки халқи тоҷикро аз мактабу маориф ва матбуот бебаҳра кардан мехостанд, муборизаро ба муқобили ин қавми куҳанбунёд аз нав авҷ доданд. Дар ҳамин давраи тақдирсоз дар матбуот «Қавми тоҷик ва рӯзнома» (1924), «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик» (1924), «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» (1924), «Тоҷикони кӯҳистон» (1924), «Қобилияти ташкилотчигӣ
дар тоҷикон» (1924), «Матбуоти тоҷик» (1926) ном мақолаҳои публитсистии С.Айнӣ чоп шуданд. Устод дар ин мақолаҳо таъри- ху адабиёти бой ва фарҳанги куҳан доштани қавми тоҷикро бата- мом собит месозад. «Дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон, — ёдовар мешавад Айнӣ дар мақолаи «Матбуоти тоҷик», — ба будани як қавми бузурге бо номи «тоҷик» бояд касе инкор надошта бошад».

Мақолаҳои дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ навиштаи С.Айнӣ, аз ҷумла «Деви ҳафтсар», «Хари бедум», «Талвосаи ҷонкании даррандаи захмдор», «Ҳар зараррасонандаи ба одам- ро нест кардан даркор аст», хонандаро ба шуҷоат, мардонагӣ ва ҷоннисорӣ дар роҳи ҳимояи Ватан водор мекунанд.

Устод Айнӣ низ тамоми эҷодиёти давраи ҷангии худро ба ҳимояи Ватани азиз аз фашистони истилогар равона намуд. Ин ҳолатро аз очеркҳои «Исёни Муқаннаъ» (1944) ва «Қаҳрамони халқи тоҷик — Темурмалик» (1944) бармало мушоҳида кар- дан мумкин аст. Агар дар «Исёни Муқаннаъ» муборизаи ниё- гони мо ба муқобили арабҳои истилогар (асри VIII) нишон дода шавад, пас, дар «Қаҳрамони халқи тоҷик — Темурмалик» муқовимати халқи тоҷик бар алайҳи муғулони хунхор тасвир ме- ёбад. Вале масъалаҳои асарҳои мазкур ба мавзӯи асосии адабиёти давраиҷангӣ муносибати қавӣ доранд. Нависанда корномаҳои Муқаннаъ ва Темурмаликро ба муқобили аҷнабиёни истилогар ба тасвир гирифта, бо ҳамин ба ҳамватанони замони худ дарси мардонагию далерӣ ва душманбадбинӣ меомӯзад.

Мақолаҳои оид ба забон таълифнамудаи С.Айнӣ фарогири масъалаҳои назариявии                    забоншиносӣ нестанд. Онҳо ба вазифаҳои

амалии забони тоҷикӣ, беҳтар шудани сифати забони адабии тоҷикӣ, саҳеҳтар ва ғанитар шудани қоидаву меъё- ри забони адабӣ, хубтар гардидани забону услуби адабиёти садаи ХХ-и тоҷик бахшида шудаанд.

Дар солҳои 1928-1930 масъалаи забони тоҷикии муосир дар маркази таваҷҷуҳи аҳли зиёи тоҷик қарор гирифт. Дар ин давра мақолаҳои С. Айнӣ «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» (1928), «Масъалаи таърихӣ дар гирди алифбои нави тоҷикӣ» (1928), «За- бони тоҷикӣ» (1928), «Ҷавоби ман» (1929) ва ғ. ба табъ мерасанд. Муаллиф дар онҳо асоси миллии забони тоҷикӣ ва инкишофи минбаъдаи забони адабии тоҷикиро ошкор менамояд.

Фаъолияти забоншиносии С. Айнӣ, инчунин, дар асарҳои таҳриркарда ва мактубҳояш низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин ҷиҳат, қайдҳои С.Айнӣ “Оид ба забон ва услуби асарҳои нависан- дагон” ва «Кори наку кардан аз пур кардан аст» (1934), «Макту- би кушода ба рафиқ Толис» (1948), «Баъзе қайдҳо оид ба аҳволи забоншиносӣ дар Тоҷикистон» барин мақолаву мактубҳои устод ҷолиби диққат аст.

Мулоҳизаҳои С.Айнӣ тамоми қисматҳои забоншиносӣ, чун овозҳои нутқ, имло, луғат, калимасозӣ, сарфу наҳб ва услуби ба- ёнро фаро гирифтаанд ва бо рӯҳи пурқуввати амалӣ ва назарии худ ҳоло ҳам ба тозагӣ ва асолати забони тоҷикӣ саҳмгузор ме- бошанд.

С. Айнӣ фаъолияти илмии худро аз асарҳои таърихӣ оғоз ме- намояд. Дар «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (соли 1918) ва «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1923) ном асарҳои устод ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик дар асрҳои XVIII, XIX ва ибтидои асри ХХ мавриди таҳлили муфассал қарор гирифта- аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Фаъолияти омӯзгории С. Айнӣ кай оғоз гардида, дар кадом самтҳо идома ёфтааст?
  2. Кадом китобҳои Айниро медонед?
  3. Ҳикояеро аз “Таҳзиб-ус-сибён” нақл кунед.
  4. С. Айнӣ дар кадом рӯзнома ва маҷаллаҳо кор мекард?
  5. Чанд мақолаи публитсистии нависандаро номбар кунед.
  6. Чаро С. Айнӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ очеркҳои «Исёни

Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик — Темурмалик»-ро навишт?

  1. Кадом мақолаҳои забоншиносии Айниро медонед?
  2. Оё устод асарҳои таърихӣ низ навиштааст?

[1]   Иона — ёрӣ додан, мадад кардан.

[2]   Имзои мустаор — имзои пӯшида ва муваққатӣ.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …