Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои ин давра ба адабиёт роҳ ёфтани ғояҳои тасаввуф мебошад. «Тасаввуф», ки дар адабиёти илмии ба забонҳои аврупоӣ бо номи «суфизм» маълум аст, ҷараён ва назарияҳои идеологии аз ҷиҳати синфӣ гуногуни дар тамоми масоҳати интишори дини ислом вуҷуддоштаро дарбар мегирад.
Тасаввуф дар заминаи дини ислом нумӯ карда аз Қуръон, ҳадис ва дигар унсурҳои он баҳра бурд. Бо вуҷуди ин, бисёр шаклҳои тасаввуф, хусусан дар марҳилаҳои аввали тараққии он, ба сабаби дигар навъ тавзеҳ додани аҳкоми ислом, як андоза ифодакунандаи афкори мухолифи ин усули динӣ гардид. Бинобар ин ҳокимони феодалӣ ва рӯҳониёни мутаассиб бисёре аз аҳли тасаввуфро таҳти таъқиби бераҳмона қарор медоданд (ин буд, ки дар соли 922 ҳусайн ибни Мансури ҳаллоҷ дар як сурати ваҳшиёна кушта шуд ва соли 1191 Шиҳобиддини Сӯҳравардӣ дар зиндон ба қатл расид).
Тасаввуф аввалин мартаба дар асрҳои VI–IХ дар Ироқ ба вуҷуд омад. Вай дар қадамҳои нахустин ҳамчун маслаки мухолиф зуҳур намуда, ба муқобили таҷаммул ва риёкории аъёну ашроф равона гардида буд. Он вақтҳо дар таблиғоти сӯфиёнаи даст кашидан аз суруру нишоти зиндагӣ ва рӯ ниҳодан ба риёзат эътирози беш аз пеш қувватгирандаи ҳунармандон ва табақаҳои поини шаҳру деҳот бар зидди зулму тааддии феодалон, бар зидди тақсимоти беинсофонаи неъматҳо[1] ифода меёфт. Дар таълимоти сӯфиёни аввала таъкид мешуд, ки моликияти хусусӣ, сарват, ҷоҳу ҷалол, таносоӣ ва нозпарвардиро қувваҳои аҳриманӣ ба миён овардаанд. Аҳли ин тариқат гӯшанишинӣ ихтиёр карда, ба тан либоси оддӣ аз пашми гӯсфанд мепӯшиданд, ки онро «хирқа» ё худ «суф» меномиданд. Тахмин мекунанд, ки номи сӯфиро гирифтани онҳо низ шояд аз ҳамин ҷо бошад.
Дар асри ХI тасаввуф ба тамоми Хуросон ва Мовароуннаҳр паҳн гардид. Шайх Абӯсаид (ваф. соли 1049) ба мақсади дар байни омма ҷорӣ кардани тасаввуф дар Нишопур хонақоҳ сохт, ба минбар баромада вазъ гуфт, бо уламои динӣ ва аҳли ҳикмат мубоҳисаҳо ташкил кард. Шайх Абулқосими Қушайрӣ (ваф. соли 1073) доир ба асосҳои тасаввуф рисолаи махсус таълиф намуд.
Бо таъсири рӯҳониён ва феодалон як шакли нави тасаввуф пайдо мешавад, ки аҳли он мардумро фақат ба зӯҳду тақво, итоаткорӣ ва риояи шариат даъват мекарданд. Дар роҳи бо мазҳаби ислом омехтани тасаввуф ва мувофиқи манфиатҳои феодалон ба вуҷуд овардани силки нави он махсусан фақеҳ ва файласуфи маъруф Муҳаммади Ғазолӣ (1058–1111) роли калоне бозидааст.
Бар тибқи таълимоти пантеистии тасаввуф, тамоми анвои табиати зинда ва мурда зуҳури Худо ва ё ба истилоҳи сӯфиён таҷаллии ҳақ мебошад. ҳамаи мавҷудоти дунёи моддӣ гӯё инъикоси дунёи ухравист. Инсон, ки охирин офаридаи ҳақиқати мутлақ аст, бояд дар роҳи илҳоқ ба ҳақ саъй намояд. Барои ин бояд кас аз тамоми неъматҳои зиндагӣ даст кашида, дар нафси худ, ғайр аз кӯшиши илҳоқ ба ҳақ, ҳама гуна орзу ва ҳадафҳоро фурӯ нишонда бошад. Барои он ки инсон бо роҳи тариқат ба ҳақ мулҳақ шавад, ӯро лозим аст, ки ба худ раҳнамое пайдо карда, дар ҳар кор ба он раҳнамо сари итоат фуруд орад ва ҳар як амру фармони вайро, бидуни шакку тардид, иҷро намояд. Чунон ки дар кутуби сӯфиён хотирнишон гардидааст, ҳар як мурид дар назди шайх бояд мисли мурдае дар дасти мурдашӯй бошад.
Шайхони сӯфия, пирони тариқат тадриҷан эътибори хеле зиёд ва қувваи бузурги сиёсӣ пайдо карда, ба хидмати худ садҳо муридони фармонбардорро ҷалб менамоянд. Синфҳои ҳукмрон аҳамияти ниҳоят калони ба тарафи худ кашидани ин шайхҳоро зуд фаҳмида, дар ин бобат чораҳо меандешанд. ҳамин тариқа, бисёр шайхон ба надимони ҳокимон мубаддал мешаванд. Бо вуҷуди ин, дар байни шайхон касоне ҳам ёфт мешуданд, ки ҳанӯз ҳам бо табақаи ҳунармандон алоқаи хеле наздик доштанд. Онҳо бо қувваи ҳунармандон ба тимсоли ташкилотҳои тасаввуфӣ бо номи футувват иттиҳодияҳое ба вуҷуд оварда буданд. Дар заминаи ин иттиҳодияҳо тариқатҳои махсуси ҷавонмардӣ пайдо шуда, бар зидди «кофирон» ҷиҳод менамоянд (дар Гурҷистон, Кавкази шимолӣ, ҳиндустон). Пас аз асри ХI аксари шайхони бо ҳокимон алоқаманд худ ба заминдорони калон табдил меёбанд. Чунончи, Хоҷа Аҳрор, ки дар асри ХV умр ба сар бурда, дар Самарқанд дафн шудааст, ҳамчун соҳиби мулку сарвати аз ҳад зиёд ном бароварда буд.
Аммо баъзе шайхон, баръакс, бо қувваи ташкилотӣ ва ҳарбии худ мардуми бар зидди феодалон сар бардоштаро тарафдорӣ мекарданд. Онҳо баробарии молу мулкро боисрор талаб намуда, гоҳо қисман ва дар як муддати муайяне ба мақсади худ ноил ҳам мешуданд, чи навъе ки ҳасани Ҷурӣ дар асри ХIV ҳангоми шӯриши сарбадорон ба ин кор муваффақ гардид.
ҳамин тариқа, дар давоми тамоми асрҳои миёна тасаввуф дорои ду ҷараёни зидди якдигар – феодалӣ ва халқӣ буд. Ҷараёни халқии тасаввуф бо доираи ҳунармандони шаҳр алоқаманд гардида, эътирози оммаро бар алайҳи зулму ситами феодалон ифода менамуд. Аҳли тасаввуф дар баробари тарки дунё кардан ва даст кашидан аз нозу неъмат, ки шарти асосии аксари тариқатҳои равияи тахайюлии ғайрифаъол ва аз лузумоти давраи аввали аз шайх сабақ гирифтани мурид ба шумор мерафт, ғояи муҳаббат ба инсонро таблиғ карда, дар роҳи ҳусули мақсади худ аз муборизаи мусаллаҳона низ худдорӣ намекарданд. Албатта, аз ин чунин барнамеояд, ки ҳамаи сӯфиёни дар даст силоҳ ба муқобили феодалон ва истилогарони аҷнабӣ сар бардошта, гӯё аз тасаввуфи риёзатии «аслӣ» тамоман қатъи алоқа карда бошанд.
Дар соҳаи идеология эътирози сӯфиён, сарфи назар аз бисёр ҷиҳатҳои пурарзиши он, таҳти таъсири шаклҳои динию мистикии тасаввуф, ки муносибатҳои воқеии ҷамъиятиро вайрон ва хаёлӣ инъикос мекард, хеле маҳдуд гардида буд. Ба ин нигоҳ накарда, дар бисёр давраҳои таърих баъзе ҷараёнҳои тасаввуфие, ки алоқаи худро аз доираи ҳунармандон ва табақаҳои поини ҷамъиятии шаҳр наканда буданд, бо вуҷуди маҳдудиятҳои таърихии худ равияҳои нисбатан пешрави ҳаёти ҷамъиятии давраҳои муайяни таърихиро ташкил медоданд. Ин буд, ки фаъолияти аксари адибон ва мутафаккирони гузашта, аз қабили Бобо Кӯҳӣ, Ансории ҳиротӣ, Саноӣ, Фаридаддини Аттор, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ бо тасаввуф робитаи қавӣ пайдо намудааст. Баъзе аз онҳо, мисли Абдуллоҳи Ансорӣ, бо ҷараёни феодалии тасаввуф алоқаманд бошанд ҳам, вале аз таъсири анъанаи умумии адабиёти тасаввуфӣ бебаҳра намонда буданд ва дар эҷодиёти худ бештар сабки соддаву равон, ибороту таркибот ва тамсилоту зарбулмасалҳои халқиро ба кор бурда, ба идеалҳои ҷавонмардӣ ва башардӯстӣ пайравӣ мекарданд. Ин ҷиҳатҳо арзиши асосии назми тасаввуфиро фароҳам овардаанд.
Чунин ақидае, ки шоирони бузурги асри миёна гӯё ҳамеша фақат аз тарси таассуб ва бо мақсади пинҳон доштани озодфикрии худ истилоҳоту ибороти сӯфияро истифода карда бошанд, нодуруст аст (мо ин гуна истилоҳоту иборотро дар офаридаҳои Ибни Сино ҳам дучор мешавем). В.И.Ленин дар хусуси файласуфони қадим сухан ронда, ба тарафдории он баромад мекард, ки «таърихи философия ба фактҳои таърихӣ қатъиян мувофиқ бошад, то ки ба философҳои қадим чунон «такмили» идеяҳояшон нисбат дода нашавад, ки он ба мо маҳфум асту вале дар асл ҳанӯз дар философҳои қадим мавҷуд набуд».[2] Мутафаккирони гузаштаро ба таври куллӣ аз ҳаракатҳои ҷамъиятии замони онҳо ҷудо кардан амали ғайритаърихист. Маҳдудиятҳои таърихии ҳар як мутафаккири асримиёнагиро, ки побанди тасаввуроти динии ҳукмрони онвақта буданд, фаромӯш накарда, хусусиятҳои нисбат ба он замон прогрессивии эҷодиёти ӯро бояд намуд.
Идеологияи сӯфия дар ҳаёти ҷамъиятии Осиёи Миёна ба дараҷае васеъ паҳн гардида буд, ки ҷараёни иртиҷоии феодалии тасаввуф тадриҷан, алалхусус дар охирҳои асри миёна, дар қатори ҷараёни дини ҳанафияи ислом мавқеи дувумин ҷараёни асосиро ишғол кард.
Аз гуфтаҳои боло чунин бармеояд, ки ба таълимоти тасаввуф аз аввалин марҳилаҳои интишории худ ҷиҳатҳоеро, ки ба равнақи илми дунявӣ ва фалсафаи ратсионалистӣ мамониат мекарданд, дар худ нуҳуфта буд. Баъдҳо, дар аҳди Темуриён ва хонии Бухоро, тасаввуфи феодалӣ дар сари муборизаи зидди ҳама гуна афкори озод қарор гирифт. Дар айни замон, дар назми тасаввуфии давраҳои гуногун тазоҳури ғояҳои мухолифаткоронаю инсонпарвариро мушоҳида накардан мумкин нест. Парастиши инсони комил ва Худо шумурдани он дар назми тасаввуфӣ аксар вақт дар шакли мистикӣ ба дараҷаи олӣ фаҳмидани барозандагӣ ва қадру қимати инсонро ифода менамуд.
Дар ин давра чунин назариётчиёни бузурги тасаввуф, монанди Муҳаммади Ғазолӣ ва бародари ӯ — Аҳмади Ғазолӣ, ки назарияи махсуси тасаввуфи ишқи ирфониро ба миён гузоштааст, инчунин шоирони баргузидаи мутасаввиф — Абдуллоҳи Ансорӣ (1006-1077), Абулмаҷди Саноӣ (1050-1131), Фаридаддини Аттор (1142-1220) ба майдон омаданд.
Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ (1056-1111) дар шаҳри Тӯс таваллуд ёфта, аз овони ҷавонӣ бо таълимоти аҳли тасаввуф шиносоӣ пайдо намуд. Сипас, дар Нишопур ба таҳсили илм шуғл варзида, махсусан дар соҳаи фиқҳ дониши мукаммал ҳосил кард ва аз ин ҷиҳат дар байни рӯҳониён эътибори калоне ёфт. Дере нагузашта шӯҳрати ӯ то ба дарбори султон Маликшоҳи Салҷуқӣ расид ва соли 1091 мувофиқи даъвати вазир Низомулмулк ба Бағдод рафта, дар мадрасаи «Низомия» ба дарсгӯӣ машғул шуд. Дар ин ҷо ба Ғазолӣ супориш доданд, ки бо исмоилиён — душманони ашаддии Салҷуқиён мунозира карда, носозгории таълимоти онҳоро бо мазҳаби ҳанафияи ислом собит намояд. Вале Ғазолӣ фақат ба ин кор маҳдуд нашуда, ҷиддан ба омӯзиши фалсафа, алалхусус осори Форобӣ ва Ибни Сино камар баст. Ў дар шароити мухолифатҳои тундутези синфӣ ва сиёсӣ, ки ифодаи мафкуравии худро дар муборизаи фирқаҳои гуногуни динӣ ёфта буданд (ва ин умуман хоси асри миёна аст), зиндагонӣ карда, ҳамчун тарафдори сиёсати марказиятбахши Низомулмулк, дар роҳи оштӣ додани илоҳиёт ва фалсафаи ратсионалистӣ, ки аҳамияти бузурги онро ба хубӣ медонист, саъю кӯшиши зиёде ба харҷ дод. Аммо ӯ дар ин роҳ ба чизе муваффақ нагардид ва, табиист, ки муваффақ шуда ҳам наметавонист. Пас аз ин, Ғазолӣ бӯҳрони сахти маънавиро аз сар гузаронид ва соли 1095 аз дарси мадраса даст кашида, ба аҳли тасаввуф пайваст.
Ғазолӣ аз ҳаёт канора ҷуста, тасаввур кард, ки дар риёзат ва тарки дунё, ба қавли худаш, «итминон ва осоиш» хоҳад ёфт. Дар солҳои баъдина ӯ бисёр саёҳат карда, ба Сурия ва Макка низ сафар намуд. Ин мусофират кайфияти сӯфиёнаи ӯро боз ҳам қувват дод. Асари муҳими вай «Эҳё-ул-улум-ад-дин», ки ба забони арабӣ навишта шуда, эҳсоси суфиёнаи ирфониро асоси маърифат ва ишқи илоҳиро асоси дину мазҳаб донистааст, маҳсули ин мусофират мебошад.
Ғазолӣ баъди баргаштан аз сафари Сурия дар солҳои охири ҳаёташ якчанд вақт дар мадрасаи Нишопур дарсгӯӣ кард. Пас аз он ба Тӯс рафта, хонақоҳро маскан намуд ва бақияи умри худро дар ҳалқаи шогирдон ба сар бурд.
Чунон ки аз таҳқиқоти мавҷуда маълум мегардад, Ғазолӣ дар таълифоти худ ба василаи ғояҳои сӯфиёна «фалсафаи ратсионалистиро дар кишварҳои мутасаррифи ислом хароб намуда», мабдаъҳои тасаввуфӣ ва фиқҳии дини исломро айёрона ба ҳам пайваст ва бо ин тариқа илоҳиётро аз беэътиборӣ ва кӯчаи сарбастаи фалсафӣ раҳо намуд. Дар ҳақиқат ҳам, Ғазолӣ аз нуқтаи назари ислом муҳокимаҳои соф фалсафиро маҳкум намуда, таълимоти пайравони фалсафаи машшоия, аз ҷумла Форобӣ ва Ибни Синоро, ки инкишофдиҳандаи ғояҳои Арасту ҳисоб меёфтанд, мухолифи дин эълон кард ва ба маъниҳои тасаввуф либоси зӯҳду тақво пӯшонида, бо ҳамин дар таърихи афкори ҷамъиятии аксари халқҳои Шарқи Наздик роли иртиҷоӣ бозид. Ин аст, ки китобҳои ӯ дар давоми бисёр асрҳои пас аз вафоташ дар байни аҳли тасаввуфи равияи феодалӣ ва қисман ҳокимони ба таассуби сӯфиёна майл дошта шӯҳрати зиёд пайдо карда буданд.
Чун Ғазолӣ шахси хеле боқареҳа ва истеъдоднок буда, дар соҳаи фалсафа маърифати комил дошт, асарҳои вай дар баъзе бобатҳо роли мусбат низ бозӣ кардаанд. Чунончи, ӯ дар китоби «Мақосид-ул-фалосифа» ба нияти рад кардани таълимоти пайравони фалсафаи машшоия нуктаҳои асосии ин таълимотро чунон аниқ ва дақиқ баён намуд, ки он бар хилофи хоҳиши муаллиф, муддатҳои дуру дароз ҳамчун беҳтарин васоити омӯзиши асосҳои ин фалсафа истифода гардид ва холисона ба интишори ратсионализм кӯмак расонид. Ин китоб ба лотинӣ тарҷума гардида, як вақтҳо дар Аврупои асри миёна беҳтарин нақли мухтасари ғояҳои фалсафаи машшоия дониста мешуд.
Ғазолӣ дар асари баъдтар таълифкардаи худ «Ал-Мунқиз мин аз-залол», зоҳиран, хавфи таассуби динӣ ва умуман манъи тамоми илмҳоро, ки намояндагони иртиҷоии рӯҳониёни ислом исрор мекарданд, дарк намуда, ақидаҳои ниҳоят мухолифатомезро баён мекунад. Масалан, ӯ Арасту, Форобӣ ва Ибни Синоро аз нуқтаи назари ислом «кофир» эълон карда, дар айни замон хидмати бузурги онҳоро дар бобати инкишофи мантиқи ратсионалистӣ хотирнишон менамояд; инчунин аз мавқеи атеистӣ рад кардани динро ҳамчун як амри муболиғаи роли улуми дақиқ сарзаниш намуда, дар айни ҳол мутаассибони ҷоҳили мусулмонро, ки бо роҳи манъи тамоми илму фанни марбут ба фалсафаи мухолифи ваҳйи Қуръон «тозагии» мазҳаби ҳанафияи исломро нигоҳ доштанӣ мешуданд, маҳкум месозад. Ў ҳуқуқи олимонро барои аниқ ҳисоб кардан ва пешгӯӣ қардани вақти гирифтани офтобу моҳ (дар тасаввури рӯҳониён «каромоти илоҳӣ»), ҳуқуқи инкишофи риёзиёт, татбиқи мантиқ ва истифодаи тибби амалиро аз қувваҳои иртиҷоӣ ҳимоя мекунад. Ғазолӣ изҳор менамуд, ки дини исломро ба ҷаҳолат асосёфта набояд пиндошт, зеро ҷаҳолат бар зидди худи дин ҷиноят аст. Ў ба воситаи чунин сафсатта, зоҳиран, мехост соҳаҳои ба худаш наздики илмро аз ҳамлаҳои аҳли таассуб наҷот бидиҳад. Вале ӯ дар охири китоб худро ба оғӯши таассуб андохта, таъкид мекунад, ки табиат на ин ки худ ба худ, балки фақат ба иродаи Худо амал менамояд.
Тамоми роҳи фаъолияти эҷодии Ғазолӣ фоҷиаи мутафаккири боистеъдодеро пеши назар меорад, ки дар ҳолати заъфу нотавонӣ мавқеи афкори ратсионалистиро бо таъсири фишори торафт афзояндаи рӯҳониёни иртиҷоӣ аз даст додааст.
Дар эҷодиёти Ансорӣ, ҳатто дар наср, шакли мунозираро, ки аввалин мартаба ӯ ба кор бурдааст, метавон мушоҳида намуд. Ин шакл бо ҳикоятҳои тамсилии халқӣ омезиш ёфта, баъдтар дар такмили сохти достонҳои ахлоқӣ (офаридаҳои Аттор, Низомӣ, Ҷомӣ ва шоирони дигар) роли калон бозид. Рубоиёти ӯ, ки баъзан эҷоди халқиро ба хотир меоранд, низ хеле ҷолиби диққатанд.
Саноӣ ҳарчанд то охир чун шоири мутасаввиф монд, вале дар баъзе мавридҳо аз доираи мавзӯоти маъмулӣ ва маҳдудияти динии эҷодиёти худ берун мебаромад ва он гоҳ дар назми мутаноқизи ӯ кайфияти ҳоли оммаи халқ низ ба як тарзи махсус мунъакис мегардид. Ба тариқи намуна аз достони «ҳадиқат-ул-ҳақоиқ» суханони ғазаболуди пиразани гадоро, ки ба султон Маҳмуд хитоб мекунад, овардан мумкин аст. Пиразан ба суоли султон, ки аз ӯ чӣ мехоҳад, чунин ҷавоб медиҳад:
Оби ҳасрат зи дида карда равон.
Гуфт: «Золе заифу дарвешам,
Кас наёзорад аз каму бешам.
Писаре дораму ду духтари хурд,
Падари ҳар се шуд ду сол, ки мурд.
Аз ғами нону ҷомаи эшон,
Медавам бар тариқи дарвешон.
Хӯшачинам ба вақти кишту дарав,
Арзану боқилаву гандуму ҷав.
Сол то сол аз он бувад нонам,
То нагӯӣ, ки ман таносонам.
Бар ман аз чист ҷаври ту пайдо,
Охир, ин рӯзро бувад фардо?
Чанд зулму раият озурдан,
Молу мулки ятимагон хӯрдан?
Будам андар деҳе маҳе муздур,
Аз барои яке сабад ангур.
Дӣ сари моҳ буду ман зи нишот,
Бистидам музд то равам ба работ.
Панҷ турк омад аз қаҳр пешам,
Хонд аз эшон яке бар пешам.
Бигрифт он сабад зи гардани ман,
Ман баровардам аз ано шеван.
Дигаре омаду задам чӯбе,
То зи ман барнахезад ошӯбе».
Гуфт: «Ин кисту ин кӣ шояд буд,
К-ӯ баровард аз тани ман дуд?»
Гуфт: «Ҷондори шоҳ Маҳмуд аст,
З-ин ҷазаъ мар туро чӣ мақсуд аст.
Бар худу ҷони худ махӯр зинҳор,
Роҳро пеш гиру бонг мадор».
Ман зи гуфтори вай битарсидам,
Роҳи шикори ту бипурсидам.
Ман туро ҳоли хеш кардам дарс,
Аз дуои мани заиф битарс!
Гар наёбам зи назди ту ман дод,
Дар саҳар назди ӯ кунам фарёд.
Оҳи мазлум дар саҳар бе яқин,
Батар аз тиру новаку зубин.
Дар саҳаргоҳ дуои мазлумон,
Нолаи зору оҳи маҳрумон.
Бишканад шери шарзаро гардан,
Даркаш аз зулм, хисраво, доман![3]
Ин қабил маъниҳоро дар эҷодиёти Аттор ҳам, ки ислоҳоти дар тасаввуф баамаловардаи Ғазолиро қабул надошт, дучор омадан мумкин аст. Дар яке аз аввалин достонҳои ӯ «Хусрав ва Гул», ки қиссаи ошиқонаи қадимаи юнонӣ нақл гардидааст, фақат баъзе падидаҳои тасаввуф ба назар мерасад. «Мантиқ-ут-тайр»-и ӯ, сарфи назар аз он ки дар тариқи ҳикоябандии асарҳои тасаввуфӣ навишта шудааст, аз беҳтарин достонҳои тамсилии ахлоқӣ ба шумор меравад. Дар ин достон шакли қисса дар қисса бо омезиши масалҳои шавқангез ба кор бурда шуда, мазмуни баъзе аз онҳоро танқиди хулқу атвори феодалӣ ташкил намудааст. Маҳорати достонсароии Аттор, чунон ки аз дигар офаридаҳои ӯ низ ҳувайдост, аз маҳорати Саноӣ ҳам баландтар аст. Азбаски Аттор доруфурӯширо пеша намуда, шеъргӯиро мояи маош қарор надода буд, девони ашъори ӯ аз қасидаҳои мадҳия тамоман холист. Ўро дар шарҳи ҳоли аҳли тасаввуф бо номи «Тазкират-ул-авлиё» асарест, ки бо насри олӣ таълиф ёфтааст.
Дар инкишофи ғояҳои инсониятпарваронаи ин давр шоири бузурги форсизабони Озарбойҷон Низомии Ганҷавӣ (ваф. соли 1209) роли бағоят калон бозид. Ӯ офаринандаи асари безаволи «Хамса» аст, ки даҳҳо шоирон ба забонҳои форсӣ, ӯзбекӣ, туркӣ, озарӣ ва ғайра онро пайравӣ кардаанд.
Дар ин мусобиқаи хамсанависӣ, ки асрҳои зиёде давом намуд, чунин шоирони маъруф, аз қабили Амир Хусрави Деҳлавӣ, Алишер Навоӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ ширкат варзида, ҳар яке асарҳои барҷастае ба вуҷуд оварданд ва дар тақвияти ин равия саҳми пурарзиши худро гузоштанд.
Дар ҳамин давра ба ҷои «сабки хуросонӣ» услуби нави адабие, ки бо номи «сабки ироқӣ» машҳур аст, ба зуҳур меояд. Агар баёни содда ва ба забони гуфтугӯ наздик хусусияти асосии сабки хуросонӣ ё худ «туркистонӣ» бошад, барои сабки ироқӣ суханбозиҳои печ дар печ ва ташбеҳу истиораҳои мураккаб хос аст. Ин хусусият, ки ҷиҳати асосии назми давраи тараққиёти феодализм мебошад, алалхусус, дар ашъори мадеҳавии дарборӣ тазоҳуроти худро пайдо намудааст.
[1] К. Маркс ва Ф. Энгельс. Асарҳо, ҷилди 7, с. 378.
[2] В.И. Ленин. Асарҳо, ҷилди 38, с. 256.
[3] Саноӣ, Теҳрон, 1329, с. 557–560.