АСОСӢ / ГУНОГУН / ПАЙРАВ СУЛАЙМОНИ

ПАЙРАВ СУЛАЙМОНИ

Отаҷон Пайрав Сулаймонӣ ((1899 —1933)) адиби навовар ва бомаҳорати нимаи аввали садаи ХХ ба шумор меравад. Ӯ 15 апрели соли 1899 дар кӯчаи Ҳавзи Рашиди шаҳри Бухоро дар оилаи

пайрав сулаймони

Отаҷон дар синни 5-солагӣ ба мактаб меравад. Аз соли 1911 то соли 1914 дар мадрасаи ибтидоии форсии шаҳри Марв ба омӯзиш машғул мешавад. Ӯ солҳои 1914 1916 дар назди муалли- мони хусусӣ

Абдукаримҷон ном савдогари машҳур ба дунё омадааст. Навзод- ро ба хотири бобояш Сулаймон ном мегузоранд. Бинобар ин, ӯро Отаҷон низ меномиданд    забони русӣ меомӯзад ва солҳои 1916 — 1918 дар мак- таби русии Когон таҳсил менамояд. Дар ҳамин солҳо забонҳои ӯзбекӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ ва тоториро низ аз худ карда буд.

Баъди воқеаи Колесов Пайрав дар муддати якуним сол ба таври махфӣ хонанишин буд. Дар ин муддат ба омӯхтани меро- си бойи адибони классикии форсу тоҷик, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯали ибни Сино, Низомӣ, Умари Хайём, Саъдӣ ва Ҳофиз ҷиддан машғул шуда, худ ба шеърнависӣ мепардозад.

Пайрав соли 1920 шоҳиди инқилоби Бухоро гардида, соли 1921 ҳамроҳи тағояш — Ҳошим Шоиқ[1] ба Афғонистон сафар на- муд. Солҳои 1923-1924 шоир дар Машҳад буд ва баъд ба Бухоро баргашта, ба кори эҷодӣ машғул гардид. Соли 1930 ба Сталин- обод омада, дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба кор даромад. Шоир соли 1931 ба Самарқанд рахти сафар баст ва дар ҳамон ҷо 9-уми июни соли 1933 ин ҷаҳонро падруд гуфт. Ҷасади шоири ҷавонмаргро дар мазори Шоҳи Зинда ба хок супурданд. Марсияи устод Айнӣ дар вафоти Пайрав ҷонгудоз ва дардовар аст:

Пайрав, ки яке шоири шӯроии мо буд, Сад ҳайф, ки дар айни ҷавонӣ зи миён рафт. Дар даҳр баҳор асту хазон аст, валекин, Афсӯс тавон хӯрд бар он гул, ки ҷавон рафт. Аз маҳфили аҳбоб дар ин мотами ҷонсӯз, То абри сияҳ дудсифат оҳу фиғон рафт… Сад Пайрави комил ивази он бирасонем, Як Пайрави наврастаи мо гар зи миён рафт.

Фаъолияти эҷодии Пайрав кам давом кар- да бошад ҳам, аз шоир мероси гаронбаҳо ба ёдгор мондааст. Яке аз аввалин шеърҳои шоир бо номи «Бародари ҷонӣ» соли 1916 эҷод гардида, ба духтури чех Йозеф Аул (1894-1956) бахшида шу- дааст. Аз мақтаи ин ғазал бармеояд, ки шоир тахаллуси худро ҳанӯз айёми ҷавонӣ интихоб намудааст:

Гӯ, ки Пайрави бедил, монда пойи ӯ дар гил,

Мисли мурғи нимбисмил монда дар қафас нолон.

Дар давраи зиндагии шоир ду маҷмӯааш бо номҳои «Шуку- фаи адабиёт» (1931), «Шеърҳо» (1932) ва достони «Тахти хунин» (1931) ба табъ расидаанд. Баъди вафоти Пайрав маҷмӯаҳои ӯ бо номҳои «Қадам ба панҷсолаи дувум» (1934), «Маҷмӯаи шеърҳо» (1934, 1941, 1949), «Ба зарбдор» (1936), «Асарҳои мунтахаб» (1954), «Маҷмӯаи осор» (1959), Девон (1971) чоп гардидаанд. Соли 2006 Куллиёти Пайрав (тартибдиҳанда Хуршеда Отахонова) ба табъ расид, ки эҷодиёти адибро ба таври мукаммал фаро гирифтааст. Дар Куллиёт 122 шеър, 3 достон, намунаҳои наср (ҳикояи «Гулан- дом», порча аз «Ишқи духтари Чингиз»), номаҳо ва тарҷумаҳои адиб ҷойгир шудаанд.

Ашъори Пайрав Сулаймониро ба ду дав-

Муҳтавои ра ҷудо кардан мумкин аст. Давраи аввал ашъор шеърҳои шоирро то соли 1924 дар бар мегирад.

Ашъори ин давраи суханвар ба жанрҳои сун- натии ғазал, қасида, мустазод ва қитъа тааллуқ дошта, асосан ба мавзӯи ишқ бахшида шудаанд. Шоири ошиқ дар шеърҳои «Бок нест», «То кай», «Шаби ҳиҷрон бо хаёли ҷонон», «Чӣ шуд, ки?..», «Фироқнома» моҷарои ишқи инсониро табиӣ ва дилкаш ифода на- мудааст. Дар шеъри «Фироқнома», ки аз 37 байт иборат аст, ҳусну ҷамоли маҳбубаи сарбаланд ва ҳолати ногувори ошиқи хастадил бо тамоми рангомезй тасвир ёфтааст. Забони ширадор, вазну қофияи солим, санъатҳои ташбеҳу истиора, талмеҳу муболиға ва тавсиф ба матн қувваи баланди ифоданокӣ ато намудаанд:

Оҳу фиғон кашидаму гуфтам, ки дӯстон, Ҳастам асири духтари Чингизи хунхор.[2] Фарёд аз он ду наргиси ҷодуи дилфиреб, Эй вой аз он карашмаи чашмони пурхумор!

Абрӯйи теғдораш бар қалб ҷойгир, Мижгони обдораш бар сина ҷойдор.

Пайрав чашмони ёрашро ба ду наргиси ҷодуи дилфиреб мо- нанд мекунад, абрӯйи дилдорро теғдору мижгони ӯро обдор ме- номад ва хеле муболиғаомез қувваи сеҳрноки нигоҳи маҳбубаро васф менамояд. Дар тасвири шоир нигоҳи ҳазор ғизоли зебо- чашм қувваи як нигоҳи сеҳрангези маҳбубаро надорад. Чунин тавсифҳои дилнишину мафтункунанда дар дигар шеърҳои давраи аввали эҷодиёти шоир фаровон мушоҳида мешаванд.

Давраи дуюми эҷодиёти Пайрав ба солҳои 1925 ва минбаъ- да тааллуқ дорад. Дар ин давра дар мавзӯъ, мундариҷа ва услуби баёни ашъори шоир тағйироти куллӣ ба амал омад. Дар шеърҳои лирикӣ, чунонки аз шеъри «Интихоби маъшуқ» (1925) бармеояд, қаҳрамони лирикӣ болидахотиру қаноатманд аст:

Шӯхам ба қасди қатли асирон итоб кард, Қурбони ӯ шавам, ки маро интихоб кард.

Дар ашъори ин давраи Пайрав вобаста ба талаботи замон мавзӯъҳои танқиди замони амирӣ, озодии занон, байналхалқӣ, муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа, табиати пурсахои Ватан мавқеъ пайдо мекунанд. Шоир дар баробари жанрҳои суннатӣ аз шаклҳои нави шеърӣ истифода мекунад ва ба таълифи чанд дос- тон низ муваффақ мешавад.

Шеърҳои «Шукуфаи ирфон ё худ озодии занони Шарқ», «Ба шарафи қиёми занони Шарқ», «Асира ё худ исён» ба занон ва мавқеи иҷтимоии онҳо бахшида шудаанд. Шеъри «Асира ё худ исён» аз нуҳ банди чаҳормисрай иборат буда, дар он тарзи қофияи аз назми русй омада (абба, аабб) истифода шудааст. Дар ин шеър як лавҳаи фоҷиавии занону духтарони тоҷик дар даврони амирӣ ба воситаи оҳангу задаҳои мантиқӣ, ифоданокии таркибҳои забонӣ, нидоҳои хитобию саволӣ ва пасту баланд шудани овоз манзури хонанда мегардад:

Раъша дар ҷисму пайкарам афтод…

Аҷабо!

Ин чӣ саҳнаи мудҳиш?

Чист афтода?

Духтаре мадҳуш…

Ҳамла оварда кист, ҳон?

Эй дод!!!

Дев!

Ифрит!

Ваҳшии хунхор!..

Чеҳраашро ба хок мемолид,

Бо садои гирифта менолид:

— Ку даҳо?!

Ку ҳимоя?!

Ку имдод?!

Ку тараҳҳум?

Хароб шав!
Барбод!

Чунин навпардозӣ ва тозакориҳо дар дигар навъҳои ашъори шоир ҳам бармало мушоҳида мешавад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Пайрав Сулаймонӣ кай, дар куҷо ва дар чӣ гуна муҳити хонаводагӣ ба дунё омадааст ?
  2. Пайрав дар кадом мактабҳо таҳсил намуд ва чанд забонро медонист ?
  3. Оид ба зиндагии минбаъдаи шоир чӣ медонед?
  4. Марсияи устод Айниро ба марги Пайрав аз ёд кунед.
  5. Кадом маҷмӯаҳои адибро медонед ?
  6. Чаро ашъори Пайрав ба ду давра ҷудо мешавад ?
  7. Шеърҳои ба жанрҳои суннати навиштаи шоирро ном баред.
  8. Дар шеъри «Асира ё худ исён» чИ навигарИ мушоҳида мешавад ?

[1] Ҳошим Шоиқ (1886-1954) — шоири хуштабъ ва бофазли замони худ буд.

[2] Духтари Чингиз — ишора ба Нина ном тотордухтар аст, ки шоир ба ӯ ошиқ буд.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …