АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Осори палеолити боло

Осори палеолити боло

Тахминан 40–35 ҳазор сол пеш ташаккули навъи имрӯзаи башар Homo sapiӯns сурат мегирад.

Дар ин давра асбобу олоти сангӣ босуръат такмил меёбад. Ба ивази се-чор намуди асосии олатҳои замони мустйе асбобу абзорҳои гуногуни сангӣ ба вуҷуд меоянд. Бо такмили асбобу олот ҳаҷми онҳо хурдтар ва василаҳои шикор низ беҳтар мегардад.

Дар давраи палеолити боло ташаккули қабилаҳо шурӯъ мешавад: қавми модарӣ, ки аз гурӯҳи экзогамии одамони бо риштаҳои хешӣ ва умумияти насаби модарӣ баҳампайваста фароҳам омада буданд, дар ҳамин давра ба дараҷаи рушду такомули худ мерасад.

Палеолити болои Осиёи Миёна кам тадқиқ шудааст. Зоҳиран, баръакси давраи мустйе, шароити табиӣ на дар ҳамаи ноҳияҳои Осиёи Миёна барои зиндагонии одамони он давр мусоид буд. Муҳимтарин ёдгории палеолити боло қароргоҳи Самарқанд мебошад, ки дар даруни худи шаҳр воқеъ гардидааст. Дар байни ҳазорон маснуоти аз се табақаи маскунӣ бадастомада абзорҳои мухталиф, аз қабили белча, корд, асбобҳои тарошанда, буранда ва ғайра мавҷуданд. Соли 1964 аз ин ҷо ҷоғи одами палеолити боло ёфт шуд. Сардори ҳафриёт Д.Н. Лев чунин тахмин дорад, ки одамони ин қароргоҳ дар манзилҳои аз гил ва қамиш сохташуда мезистаанд. Ғанимати шикори онҳо асосан асп, хар, гови ваҳшӣ, шутур, оҳуи даштӣ, гӯсфанди ваҳшӣ ва гавазн будааст[1].

paleolit-2Дигар ёдгории палеолити боло маҳаллест, ки бо номи «Хоҷағор» машҳур буда, дар водии хурди силсилакӯҳи Туркистон, дар наздикии деҳаи Чоркӯҳ воқеъ аст[2]. Ин ёдгорӣ ба охири палеолити боло тааллуқ дорад; эҳтимол меравад, ки одамон дар ин ҷо 15–12 ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар аҳди кунунии геологӣ зиндагонӣ кардаанд. Табақаи маскуни ин ҷо маҳфуз намондааст, олатҳои аз санги чахмоқ сохташударо сел рӯфта бурдааст[3]. Вале ин ёдгорӣ аз ҷиҳати фаровонии анвои олоти чахмоқсанг, ки бо шакл ва сохту пардохти худ аз олоти бошишгоҳи Самарқанд фарқ мекунад, ҷолиби диққат аст.

Солҳои 1969–1970 дар бошишгоҳи Шуғнов, ки дар болооби Яхсу воқеъ аст, чанд табақаи маскунӣ кашф шуд. Дар ин маҳал дар мағзи зардхоки ҷарии панҷоҳметраи соҳили дарё дар вусъати калони майдон 4 табақаи маскуни палеолити боло кофта шуд. Синни табақаи қадимтарин, мувофиқи мадракоти геологию археологӣ 35–30 ҳазор сол ва синни табақаи навтарин, мувофиқи усули радиокарбонии муайян кардани сана, 1050 сол мебошад. Аз ду табақаи аз ҳама боло бештар аз ҳама олоти меҳнат ёфта шуд. Табақаҳои маскуни бошишгоҳи Шуғнов чунон ҷойгир шудаанд, ки ҷиҳати стратиграфии онҳо возеҳ ба назар мерасад ва ин ба археологҳо имкон медиҳад, ки инкишофи тадриҷии маданияти палеолити болои Тоҷикистонро равшан тасаввур намоянд[4].

Ба мадракҳои дигар низ истинод намуда, мумкин аст гуфт, ки дар Осиёи Миёнаи аҳди палеолити боло ду анъанаи техникӣ мавҷудияти худро давом медод, ки яке бо палеолити Осиёи шарқӣ ва Сибир (қароргоҳи Самарқанд) ва дигаре бо палеолити Осиёи Пеш (Хоҷағор) алоқаманд буд.

[1] Лев Д. Н., 1965.

[2] Окладников А. П., 1964, с. 170.

[3] Несмеянов С. А., Ранов В. А., 1964.

[4] Ранов В. А., Никонов А. А., Пахомов М. М., 1976.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …