АСОСӢ / ГУНОГУН / Пасандоз аз амонат чи фарқ дорад?

Пасандоз аз амонат чи фарқ дорад?

ПАСАНДОЗ ЧИСТ?

ПАСАНДОЗ — ин маблағест, ки бо шарти пардохти фоизи муайян дар ташкилоти қарзӣ (бонк масалан) гузошта мешавад. Ташкилотхои қарзӣ бо максади пешниходи қарз бо фоизи баландтар аз аҳолӣ метавонанд Пасандоз ҷалб менамоянд.

Барои маълумот: Пасандоз амонат нест. Амонат маблғ ва ё дигар намуди сарват аст, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда мешавад. Пасандоз бошад, маблағест, ки истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қррзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст.

Пасандозхо дар ташкилотхои қарзӣ одатан ба чанд намуд тақсим мешаванд:

  • пуршаванда;
  • пурнашаванда.

amonatАз руи имконияти қисман ва ё пурра бозгардонидан:

  • дархостшаванда (яъне Пасандозгузор дар дилхоҳ вақт имконияти гирифтани маблағро дорад). Аммо андозаи меъёри фоизии ин намуди Пасандоз хеле паст мебошад ва ё умуман фоиз пардохт намешавад);
  • муҳлатнок (Пасандоз аз руи шартнома барои муҳлати муайян гузошта шуда, пеш аз муҳлат онро гирифта намешавад);
  • Пасандозҳое, ки бақияи маблағи онҳо коҳиш намеёбанд (якҷоя намудани ду намуди пештараи Пасандозҳо, ки як қисми онро Пасандозгузор дар вақти дилхоҳ гирифта метавонад ва қисми дигарашро имконияти гирифтан надорад).

Барои чойгир намудани Пасандози худ пеш аз интихоби ташкилоти қарзӣ Пасандозгузор бояд инро донад:

  1. Фоизи баланд аз руи Пасандозҳо ҳануз асос барои интихоби ташкилоти қарзӣ шуда наметавонад. Аз руи мушоҳида ташкилоти қарзӣ ҳар қадар боъэтимод бошад, ҳамон қадар меъёри фоизи Пасандозуҳи он паст мебошад. Аз ин ру, фоизуои баланди Пасандоз омили хурсандии муштариуо бояд нагардад, зеро ин омил метавонад яке аз аломатҳои мавҷуд будани муаммо дар фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва ё дар сатҳи паст карор доштани пардохтпазирии (норасоии маблағ) он бошад;
  2. Муштарӣ пеш аз гузоштани Пасандоз дар мавриди интихоби ташкилоти қарзӣ ба гапи дигарон бояд гуш надиҳад. Аксаран интихоби ташкилоти қарзӣ аз руи ду нишондиҳанда сурат мегирад: боъэтимод будани ташкилот ва пардохти фоизи бештар ба Пасандоз. Аз ин ру, пеш аз қабули қарори ниҳой дар мавриди ба кадом ташкилоти қарзӣ супоридани Пасандози худ , муштарӣ бояд хулоса барорад, ки кадоме аз нишондиуандаҳои дар боло овардашуда барои у муҳимтаранд;
  3. Пас аз интихоби ташкилоти қарзӣ, Пасандозгузор бояд намуди Пасандози барои худ мувофиқбударо интихоб намояд. Дар ин марҳила, муштарӣ ба ахбори эълону рекламауо дода нашуда, маълумот дар бораи шартҳои Пасандозро бояд бевосита аз ташкилоти қарзӣ дастрас намояд, зеро дар аксар маврид маълумотуое, ки дар реклама нишон дода мешаванд ба воқеият рост намеоянд.
  4. Пеш аз ба имзо расонидани шартномаи Пасандоз бояд ба тамоми шартҳо ва бандҳои он бо диққат аҳамият дод. Дар ҳолати нофаҳмо будани шартҳо ва бандҳои шартнома, муштарӣ ҳақ дорад, фаҳмондадиҳии онро аз корманди шуъбаи кор бо Пасандозуо талаб кунад. Пасандозгузор бояд мутмаин бошад, ки шартҳо ва бандҳои шартнома ба талаботи у мувофиқ аст;
  5. Пасандозгузор бояд намуди асъори Пасандозашро интихоб намояд. Ин амал бар иловаи он ки дар охири муҳлат Пасандозгузор маблағашро бо асъори дилхоҳаш мегирад, боз метавонад барои у фоида ҳам биорад. Яъне агар Пасандозгузор эҳтимолияти муътадил мондани қурби ин ё он асъори хориҷиро пешбинӣ карда тавонад ва ё донад, ки аз руи кадом намуди асъори хориҷӣ бештар фоида мегирад, у метавонад бо ҳамон асъори интихобкардааш (доллари ИМА, Евро, рубли Русия ва ғ.) Пасандозро гузорад.

Маблағи фоизи Пасандозҳо аз руи формулаҳои стандартӣ ҳисоб карда мешаванд. Аз ин ру, ҳангоми омузиши шарнома ба банде, ки усули ҳисобгирии фоизҳоро инъикос менамояд, диққат диҳед. Банди мазкур дар уамаи шартномауои Пасандозгузорӣ вучуд дорад.

Масалан, шумо дар бонк ба маблағи 25 000 сомонӣ ба муҳлати 6 моҳ бо 18%-и солона Пасандоз мегузоред. Инак, шумо бояд донед, ки ҳар моҳ чй қадар фоиз мегиред (фарз мекунем, ки як моҳ баробари 30 руз аст). Барои ин, онро аз руи формулаи зерин уисоб менамоем:

Ин маблағи даромади ҳармоҳаи шумо мебошад ва дар шаш моҳ он маблағи 369,86*6 = 2219,16 сомонӣ мешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки тибқи модаи 163 Кодекси андози Ҷумуурии Тоҷикистон, аз маблағи даромади Пасандоз ба андозаи 12 % андоз ситонида мешавад. Яъне маблағи андози шумо аз Пасандозатон 2219,16*12% = 266,3 сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷа, ташкилоти қарзӣ вазифадор аст, ба шумо ба маблағи 2219,16-266,3=1952,86 сомонӣ — даромади соф аз Пасандоз ва инчунин дар охири муҳлати шартнома маблағи асосии Пасандози гузошташудаатон 25 000 сомониро пардохт намояд.

Ба разами 365 (шумораи рузуо дар як сол) диққат диҳед. Дар шартномаи Пасандозгузорй, дар қисмати усули баҳисобгирии фоизҳо, шумораи рузҳои сол, барои ҳисоб намудани фоиз 360 ё 365 руз нишон дода мешавад. Вале ташкилотуҳои қарзӣ метавонанд онро танҳо аз руи 360 руз низ ҳисоб намоянд.

Бинобар ин, ҳар як Пасандозгузор ҳамавақт бояд аз руи усулҳои ҳисобкунии маблағ фоизи Пасандозро муайян намуда, натиҷаи маблағи даромади онҳоро байни ҳам муқоиса кунад ва интихоби дуруст намояд.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …