АСОСӢ / ГУНОГУН / Писари Ватан — Достон аз Мирзо Турсунзода

Писари Ватан — Достон аз Мирзо Турсунзода

Калонтарин асари дар мавзӯи Ҷанги Бу- зурги Ватанӣ навиштаи М. Турсунзода «Писари Ватан» мебошад. Мундариҷаи достон дар асоси роҳи ҷангии фарзандони халқи тоҷик ва дӯстиву рафоқати онҳо ба фарзандони халқи украин фароҳам омадааст. Дар ёздаҳ боби достон Қодир, падари ӯ, Сао- дат, Микола, Марина ва духтур амал мекунанд.

Достон аз панди падари Қодир оғоз мешавад. Симои падар чун шахси ватандӯст, ҳалолкор, таҷрибадида ва соҳиби рӯҳи қавиву орзую омоли наҷиб намоён мешавад. Вақте ки ҷанги хонумонсӯз оғоз меёбад, пеш аз ҳама, писарашро ба ҳимояи Ва- тан бармехезонад:

vv

Ту ҳам бо дӯстонат рав ба майдон, Нишон деҳ қудрати худро, писарҷон! Далери ман, сазовори падар бош, Чу шамшери падар соҳибзафар бош!

Мирзо Турсунзода ба воситаи образҳои Қодир ва Микола ҷавонони ватандӯсти Иттиҳоди Шӯравиро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасвир намудааст, ки барои онҳо тамоми хоки паҳновари Давлати Шӯравӣ азизу муқаддас буд. Маҳз дӯстиву муттафиқии[1] онҳо ғалабаи халқҳои Шӯравиро бар Германияи фашистӣ таъмин намуд.

Қодир бо хешу табор ва ёру диёр видоъ карда, ба майдони ҷанг меравад ва дар бешазорҳои Украина ҳангоми набард Мико- ларо аз марг наҷот дода, ба ӯ аҳди дӯстӣ мебандад. Дар боби VIII фаъолияти ҷангӣ ва муносибату дӯстии Қодиру Микола равшану возеҳ тасвир гардидааст. Микола ҳам мисли Қодир аз хатари ба сари Ватан омада ниҳоят озурда аст ва барои ҳимояи он ҷонро дареғ намедорад:

Ту бингар Украини меҳрубонро, Рухи зарду дили пурхуни онро. Ба роҳаш не ҳарос аз тир дорам, На тарсе аз дами шамшер дорам.

Ба Қодир суханҳои Микола ва нидоҳои пуртаъсиру рӯҳбахши ёри меҳрубони ӯ — Марина, ки ҳангоми гусели ҷавон садо дода буд, таассуроти бузург мебахшад:

Микола, рав, ҳимоят кун Ватанро,

Ки бе он ту нахоҳӣ ёфт манро. Агар ту ишқро дорӣ муқаддас, Агар онро нигаҳ дорӣ зи нокас, Бирав, нобуд кун яғмогаронро — Фашистон — душманони молу ҷонро…

Тасвири ҷанг ҳангоми озод кардани деҳаи Микола басо пурқувват ва ҷолиб аст. Қодир «заминро бо сару тани душман пур карда» ва Микола «аспи ҳамчун шер ронда», деҳаи Миколаро
озод мекунанд. Онҳо назди қабри Марина, ки аз дасти фашистон ба хорй кушта шуда буд, қасам ёд карда, аз пайи интиқоми куш- таю қурбоншудагон мешаванд.

Дар боби Х симои Қодир чун ҷанговари шуҷоъ ва чун ватан- дори асил боз ҳам равшантар намудор мешавад. Ӯ дар устуворй ба кӯҳ монанд шудааст. Қодир ҳангоми озод кардани яке аз деҳаҳо нобино шуда ба беморхона меафтад.

Дар боби Х1 вазъияти Қодир дар беморхона тасвир меёбад. Ӯ аввал афсӯс мехӯрад, ки аз наззораи олами беруна маҳрум гарди- да, душмани чун даррандаи захмдорро то охир саркӯб накардааст. Вале иродаи қавӣ, дили саршори орзуҳо, ҳунари беҳамтои табиби меҳрубон ва суханҳои тасаллобахши маҳбубааш — Саодат (ба воситаи мактуб) боиси пурра табобат ёфтани Қодир мегардад ва қаҳрамон роҳи ҷангии худро давом медиҳад. Махсусан, аз мактуби ҷавобии Саодат муносибати самимона ва ғамхоронаи ҷавондухтарони тоҷик дар давраи ҷанги Германияи фашистӣ хуб эҳсос мешавад:

Ту даъвои маро исбот кардӣ, Ба аспат шоҳи душман мот кардӣ. Машав навмед аз бедида гаштан, Ки ҷояшро бигирад дидаи ман.

Таркибҳои «ба аспат шоҳи душман мот кардӣ» ва «ҷояшро бигирад дидаи ман» бо маънои маҷозии худ тасвирро хотирмон намудаанд. Тасвирҳои тамсилӣ низ боиси ташаккули хусуси- яти бадеии асар гардидаанд. Шоир дар боби VI замин, кӯҳ, об, осмон ва офтобро ба сухан дароварда, пайванди ногусастании соҳибватанонро ба Ватан таъкид намудааст:

Ба одам гуфт хоки кишвари бахт, Ки: «Гар ту дӯст медорӣ маро сахт, Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез! Бидон инро фақат тадбиру бархез!»

Пӯшт, машкоб!

Бохабар, мардум!

Ба қафоят нигаҳ кун, нонвой!

[1] Муттафиқ — якдилу якзабон.

Назди admin

Инчунин хонед инро

nedovolnaya

Занҳои имрузаи норозиву ношукрубанда

Дар ҷомеаи имрӯза як мушкилии бузурге ба миён омадааст, ки ба муносибати зану шавҳар таъсири …