Дар Осиёи Миёна аз марҳилаи баъди ҳаёти башари аввалия – палеолити миёна ёдгориҳои фаровон боқӣ мондааст. Ин замони нашъунамои маданияти мусте, замони мавҷудияти неандерталҳо буд, ки дар ҳудуди палеолити миёна ва боло аз онҳо инсони навъи имрӯза ташаккул ёфтааст.
Дар ин давр қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият нисбат ба давраи палеолити поин тезтар ба дигаргунӣ рӯ ниҳоданд: техникаи тайёр кардани олот зудтар такмил ёфт, шакли олатҳо нав ва вазифаи онҳо гуногун гардид. Одамон натанҳо нигоҳ доштани оташ, балки гирондани онро ёд гирифтанд. Навтарин усулҳои статистикӣ имкон медиҳад, ки дар ноҳияҳои мухталиф, аз ҷумла дар Осиёи Миёна чанд маҳалли маскуни асрисангии миёна, ки мумкин аст мавҷудияти ягон иттиҳодияи калони ҷамоатиро инъикос гардонанд, ошкор карда шавад.
Масканҳои саркушода ва ғори мустйе дар бисёр ҷойҳои Осиёи Миёна, чи дар қисмҳои кӯҳсор ва чи дар дашту воҳаҳо ёфт шуданд. Чунончи, ин қабил иқоматгоҳҳо дар Туркманистон – дар нимҷазираи Красноводск ва Кӯпетдоғи Марказӣ, ғорҳои қадима дар Ўзбекистон – дар наздикии Тошканд ва Самарқанд, масканҳои саркушодаи зиёд дар Тоҷикистон – дар Фарғонаи ғарбӣ, ноҳияи Ўротеппа, водиҳои ҳисор ва Вахш, ноҳияи Данғара ва ниҳоят, дар солҳои охир осори маданияти мустйе дар Қирғизистони шимолӣ низ кашф гардиданд.
Мағоки Тешиктош дар Иттифоқи Советӣ ва хориҷа шӯҳрати зиёд пайдо намуд[1]. Вай дар наздикии шаҳри Тирмиз, дар воҳаи Тургондарё, дар кӯҳсори Бойсун воқеъ гардидааст. Дар ин мағок панҷ табақаи маскун, ки неандерталҳои чандин бор ба манзили кӯҳнаи худ бозгашт намуда боқӣ гузоштаанд, мушоҳида шудааст. Аз ин ҷо қариб 3 ҳазор маснуоти сангӣ пайдо гардид, ки 339-тои он олоти комия мебошад. Дар байни онҳо ду навъи олоти хеле маъмул – корд ва белчаи сангӣ мавҷуд аст. Корд ҳамчун олоти бурранда ва силоҳи шикорӣ хизмат мекард. Белчаро барои сохту пардохти дарахт, пӯст истифода менамуданд. Олатҳои дигар хеле каманд. Сайди асосии шикорчиёни тешиктошӣ бузи кӯҳии сибирӣ буд, ки дар кӯҳистони Осиёи Миёна бисёр дучор меомад. Ғайр аз ин гавазн, хирс, паланг ва дигар ҳайвонҳои хурдтарро низ шикор мекарданд.
Тасодуфан пайдо шудани ҷасади одами аҳди мустйе – писарбачаи 8–9-сола воқеаи дорои аҳамияти ҷаҳонӣ гардид. Аз вақти ин бозёфт наздик чил сол гузашта бошад ҳам, бостоншиносон ба ёфтани дигар косаи сари одами неандертал муваффақ нашудаанд, ҳарчанд ки ҳоло дар мамлакати мо даҳҳо макони мустеӣ маълум аст. Дар гирди ҷасад (косаи сар ва баъзе устухонҳои скелети писарбача) шохҳои бузи кӯҳӣ ба шакли ҳалқа гузошта шудаанд, ки аз ин метавон бо нияти муайян ба хок супурда шудани онро тахмин кард.
Коллексияи олоти сангии Тешиктош бо осори дигар мағораҳо пурратар гардид. Аз байни онҳо мағоки ба қарибӣ ёфташудаи Обираҳматро, ки дар масофаи 100 км дуртар аз Тошканд воқеъ аст, ном бурдан мумкин аст. Материалҳои ҳафриёти ин ёдгории хеле ҷолиб ҳанӯз муфассалан интишор наёфтааст. Аз ин мағок бештар аз 30 ҳазор маснуоти давраи мустйе пайдо шуд.
Дар водии Сирдарё, дар байни Ленинобод ва Навкати Қайроққум бисёр материалҳои муҳим ба даст расид. Олоти ду марҳилаи давраи мустйе дар ин ноҳия бо бақияи суфаҳои қадимаи Сирдарё алоқаманд аст. Ин олатҳо дар регҳои обшустаи суфаҳо ҷамъ шудаанд. Дар ин ҷо ҳам ба мисли Тешиктош аксари олотро белча ва кордҳои сангӣ ташкил мекунанд, фақат фарқ дар ин аст, ки онҳо на аз оҳаксанги чахмоқии зудшикан, балки аз санги сахти сумоқ (порфирит) сохта шудаанд.
ҳамаи ин ёдгориҳо мутааллиқи маданияти ба «истилоҳ леваллуаю мустйе» буда, бо ёдгориҳои давраи мустйеи шарқи Наздик шабоҳат доранд[2].
Вале дар ҷануби Тоҷикистон якчанд ёдгориҳои давраи мустйе пайдо шуданд, ки тамоман хусусияти дигар дошта, бо тамаддуни ҳиндустон ва соири кишварҳои дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъгардида наздиканд. Калонтарин маҳалли ин навъи осори қадима Қаробӯра, воқеъ дар водии Вахш (наздики Ҷилликӯл) аз ҷониби В.А. Ранов тадқиқ шудааст. Вай аз силсилаи дунгиҳои на он қадар баланди регӣ иборат аст, ки рӯи онҳоро ба ғафсии ду метр сангрезаҳо пӯшидаанд. Маснуоти қадима маҳз аз байни ҳамин сангрезаҳо ёфт шудаанд. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин маҳал дар қатори олоти муқаррарии мустйе маснуоти махсуси сангӣ – олоти ҳақиқии қайроқсанг – чоппер ва чоппинг низ пайдо гардид, ки бо ҳамин қабил маснуоти давраҳои баъдинаи маданияти Суои ҳиндустон бисёр монанд аст.
ҳафриёти майдончаи назди ғори Оғзикичики райони Данғара барои тадқиқи маданияти мустйе материали фаровон дод. Аз ин ҷо даҳҳо олатҳои гуногуни сангӣ, аз ҷумла, белчаву кордҳои гуногун ба даст омад, ки хеле хуб сохта шудаанд. Инчунин бисёр устухони ҳайвон низ ёфт шуд, ки неандерталиҳо сайд карда будаанд. Дар қатори устухони ҳайвонҳои маълуме, ки то ба ҳол вуҷуд доранд, устухони карки дарозпашм ва асп барин ҳайвонҳое низ ёфт шуданд, ки то ба рӯзҳои мо омада нарасидаанд.
Қисми болоии табақаи маскуни (табақаи археологии) ин ҷо дар ҷои дигар вонамехӯрад ва иборат аз пораҳои ба лой часпидаи резаи устухони сангпуштҳои даштиву дигар ҳайвонҳо мебошад. Аксари устухонпораҳо сӯхтагианд ва ин далолат мекунад, ки мардуми Оғзикичик дар ҳамон давраҳо асосан гӯшти сангпуштро истеъмол мекардаанд[3].
Ба ин тариқа, аз давраи мустйе сар карда, дар маданияти асри сангии Осиёи Миёна мушобиҳати ду минтақаи бузурги палеолит – Осиёи шарқӣ ва Миёнаро метавон мушоҳида намуд. Чунин наздикии маданиятҳоро дертар, дар давраи неолит ҳам дидан мумкин аст[4]. Мутобиқи мадракҳои навтарин, синни осори асосии давраи мустйе дар Осиёи Миёна 50–40 ҳазор сол мебошад.[5]
[1] Окладников А.П., 1949.
[2] Окладников А. П., 1966 б, с. 48–49.
[3] Ранов В. А., 1975.
[4] Ранов В. А., 1965 6.
[5] Окладников А. П., 1966 6, с. 45–46; инчунин Иванов И. К., 1965.