АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Давлати Порт

Давлати Порт

Агар бо санаҳои ин фасл маҳдуд нашавем ва материалҳои давраи сонитарро ба назар гирем, маълумот дар бораи сохти дохилии давлати Порт нисбат ба Юнону Бохтар бештар аст. Баъзе маълумотҳои муаллифони атиқа дастраси мо гардидаанд, ёдгориҳои эпиграфӣ бисёр маълумот медиҳанд ва ғ. Дар яке аз калонтарин марказҳои давлати Порт — Нисо (қарибии Ашхобод) архиви калони ҳуҷҷатҳои хаттӣ ёфт шуд, ки он аҳамияти махсус дорад.

Дар давлати Порт ҳокимияти подшоҳро ду шӯро – шӯрои ашроф ва шӯрои коҳинон ба андозае маҳдуд мекарданд. Ба шӯрои ашроф ғайр аз намояндагони сулолаи ашконӣ, аз афти кор, намояндагони боз шаш хонаводаи ашроф дохил мешуданд. Подшоҳро аз байни хонадони ҳукмрони ҳамин ду шӯро интихоб карда, васияти подшоҳи марҳумро ҳам ба эътибор мегирифтанд.

Ба ҳайъати Порт дигар давлатчаҳои тобеъ (масалан, Гиркония ва Сакистон), ки волии онҳо баъзан ба номи худ сикка мезад (масалан, Алам ва Персида), инчунин сатрапияҳо, ки нисбатан хурд буданд, бо сардории сатрап (ҳшаҳрап ё наҳводор) дохил мешуданд. Сатрапияҳо ба гипархияҳо ва гипархияҳо ба статмаҳо тақсим мешуданд. Марзбонҳо аз сатрапҳо болотар меистоданд, зеро ба онҳо якчанд сатрапияҳо тобеъ буданд[1].

Ба туфайли тадқиқ ва кушодани рамзи архиви Насои кӯҳна И.М.Дяконов ва В.А.Лившитс барои муайян намудани тартиби маъмурияти маҳаллие, ки дар Порти шимолу шарқӣ амал мекард, материали пурқимат ба даст оварданд. Дар маҳалҳо идораҳои сершабакаи маъмурӣ вуҷуд доштааст. Воҳиди хурдтарини маъмурӣ — диз, яъне деҳаи ҳисорӣ будааст, ки ба он дизпат сардорӣ мекард. Дизпат ба сатрап тобеъ буд. Солҳои 20-уми асри II пеш аз милод дар ин ноҳия Кофизод ном шахсе сатрап будааст. Номи сардори дастаи лашкари саворагон ҳам ба мо маълум – ӯро Тиридот меномидаанд, боз номи чанд «хазинадорон» ва «аспакӣ Сосон» то ба мо омада расидаанд.

Дар ғун кардани хироҷу андоз ва андӯхтани маҳсулот як гурӯҳ амалдорон машғул будаанд. Масалан, барои кашондани шароб ба анбори подшоҳ, ки мадустон ном дошт, амалдороне мутасаддӣ буданд, ки унвонҳои зерин доштанд: «шаробкаш», «мӯҳрдор», «котиб», «муҳосиб», «дастархончӣ». «Муғҳо» низ табақаи боимтиёз буданд ва Спосак ном муғ номбар шудааст, ки унвони атуршпат («омири оташ») доштааст[2]. Вазифаи амалдорони маҳаллӣ, пеш аз ҳама, ҳамин буд, ки аз мардум ҳар чӣ бештар хироҷу андоз ситонанд ва ӯро мутеъ нигоҳ доранд.

ҳуҷҷатҳои архиви Насо далолат мекунанд, ки дар заминҳои ҳосилхези ҷануби Туркманистон «мулкҳое» вуҷуд доштаанд, ки аз «токзор» иборат будаанд. Моликияти замин чанд намуд дошт ва вобаста ба ҳар як намуди моликияти замин барои подшоҳ андоз мегирифтанд. Андози махсус, ки (қисман ба намуди мол ва қисман ба пули нақд) барои хомӯш нашудани оташи муқаддас ситонда мешуд, гуё як навъ ушри динӣ буд.

Scythia-Parthia_100_BC

Дар марказ, дар қалъаи Меҳрдодкирд (алҳол димнаи Насои кӯҳна) анборҳои бузурги шаробнигоҳдории шоҳ воқеъ буд. Ба ин ҷо шароб оварда, ба хумҳои калон мерехтанд ва ба ҳуҷҷати дахл менавиштанд. Барои навиштани ҳуҷҷат тани хумҳо истифода мешуд. Дар як пораи он гапҳои лозимаро навишта мемонданд (масалан, «турш шудагӣ», «ба хуми дигар рехта шудагӣ» ва ғ.) Дар ин ҳуҷҷатҳо миқдори шароб, номи токзору номи мулк, ному унвони шаробкаш, санаи овардани шароб, навъи шароб ва ғ. нишон дода мешуд. Ин гуна ҳуҷҷатҳои муфассал дар давоми 70 сол тартиб дода мешуд. Ғайр аз ин ҳисоботи умумӣ, рӯйхатҳо ва барои шаробгирӣ талабномаҳо ёфт шудаанд.[3]

То ба қарибӣ фақат шаҳрҳои Порти ғарбӣ, санъати шаҳрсозӣ ва маданияти он омӯхта шуда буд. Аз ҳуҷҷатҳои бадастомада маълум буд, ки шаҳрҳо, ба ҳар ҳол шаҳрҳои калон, органҳои худидоракунӣ доштанд, ба шаҳр як ноҳияи хоҷагии қишлоқ вобаста буд ва баъзе шаҳрҳо аз номи худ ҳатто сикка мезаданд.

Ба шарофати ҳафриёти археологҳои советӣ бори нахуст шаҳру деҳаҳои Порти шимолу шарқӣ ҳам маълум шуданд. Масалан, дар ду димнаи ҳамшафати Насо, ки дар деҳаи Боғир (қарибии Ашхобод) воқеъ аст, чандин сол ҳафриёт канда шуд. Димнаи Насои кӯҳна қуруқи подшоҳ будааст. Насои нав бошад, боқимондаи шаҳри Порт.

Қалъаи Насои кӯҳна қасрҳои подшоҳ (аз ҷумла, иморатҳои хоҷагӣ) ибодатгоҳҳо, бинои сарбозон ва манзили ашрофонро дар бар мегирад. Тарҳи қалъа панҷгӯша буда, дар атрофаш девори мустаҳкаме дошт, ки ғафсии пояи он ба 9 м мерасид. Дар гӯшаи ҷанубӣ гулдастаи азиме буд, ки вусъати болои он 35х35 м буд. Худи ҳамин гулдаста истеҳкоми мукаммал – яке аз қисмҳои асосии мудофиаи қалъа буд. Девору бурҷҳо аз похса ва хишти хом мебошанд. Тахмин мекунанд, ки ба қалъа фақат бо як роҳрави дарози моил (пандус), ки тактаки девори қалъа тӯл мекашид, даромадан мумкин буд.

Дар миёнҷои қалъа толори ниҳоят бузурги чоркунҷае буд, ки 400 метри мураббаъ вусъат дошт. Дар мобайни толор чор сутуни хиштӣ меистод, ки танаи ҳар яки онҳо гӯё аз чор нимасутун таркиб ёфта буд. Дар гирду атрофи девори толор қатори нимасутунҳо менамуд. Қабати дувуми девори толор низ нимасутунҳо дошту дар мобайни ҳар як ду нимасутун дар тоқчаҳо ҳайкалҳои калони (аз қади одам болотар) гилӣ меистоданд. Қабати дувуми девор бо ранги сурхи баланд андова карда шуда, нақшу нигори бисёр дорад ва зарҳалкорӣ карда шудааст. Фарши толор гаҷӣ, сақфаш тахтагин, дар мобайн равзан дорад, ки ягона манбаи равшанӣ мебошад. ҳар касе, ки ба ин толор медаромад, сутунҳои босалобат гӯё ба фалак саркашида, муҷассамаҳои назаррабои ба дил ҳаросандозанда, шавкату шукӯҳи нақшунигору рангубори онро дида, моту мабҳут мешуд. Дар байни меъморон ва археологҳо мубоҳиса меравад, ки ин толор чӣ буд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин толори азим қабулгоҳи подшоҳони Порт мебошад, дигар гурӯҳ мутахассисон тарафдори чунин ақидаи ба ҳақиқат наздиктаре мебошанд, ки толори мазкур маъбади азими оташ аст, ки ба ёдбуди аҷдодони худогашта сохта шудааст, яъне як навъ осори меъмории динӣ мебошад.

Дар Меҳрдодкирд ғайр аз ин ибодатгоҳ дигар иморатҳо, аз ҷумла, анбори калони шароб, ки зиёда аз ним миллион литр шароб мебурд ва хазинаи подшоҳ ёфт шуд, ки он як бинои калони сарбастаест (60х60). Дар яке аз хонаҳо бисёр ашёи оҷӣ, асосан ритонҳо – ҷомҳои шохшакл ёфт шуданд. Лаби ритонҳо изорае дорад, ки дар он бо усули мунаббат лавҳаҳои Дионисий, худоҳо ва ғ. тасвир ёфтаанд. Поёнтари изораи аксари ритонҳо ба шакли муҷассамае сохта шудаанд. Инчунин ҳайкалҳои гилӣ (аз ҷумла, ҳайкалҳои гилии зарандуд), биринҷӣ, мармарӣ ва нуқра ёфт шуданд–масалан, ҳайкалчаи нуқрагини зарандуди олиҳаи Порт, ҳайкалчаи нуқрагини Эрот ном бут, ки дастпонаҳои тиллоӣ дорад ва ғ. Осори портии Насо, ки ба қавли Г.А.Кошеленко, «таркиботи узвии ду «мабдаъ» – мабдаи маҳаллӣ, мабдаи бисёрасраи анъанаҳои мадании халқҳои эронинажоди Шарқи Наздику Осиёи Миёна ва мабдаи эллинӣ мебошад».[4]

Дар байни бозёфтҳои Насои кӯҳна ҳуҷҷатҳои сершумори Порт, ки дар боло ном бурдем, мақоми махсус дорад. Ин ҳуҷҷатҳо асосан санадҳои андозу хироҷ буда, дар остраконҳо, яъне дар порчаҳои сафолӣ сабт шудаанд.

Дар димнаи дигар – дар Насои нав боқимондаҳои маъбад ва сағонаҳо ёфт шуданд.[5]

Архиви Насо имкон дод, ки на фақат тартиботи маъмурию андозгирӣ, балки инчунин маданияти маънавии шимолу шарқи Порт амиқтар дарк карда шавад. Худи ҳуҷҷатҳо бо хати оромӣ навишта шудаанд. Бояд хотирнишон намуд, ки хати оромӣ ҳанӯз дар девони ҳахоманишиҳо кор фармуда мешуд. М.М.Дяконов, И.М.Дяконов ва В.А.Лившитс рамзи ин хатро кушода истода, дар ибтидои кор диданд, ки як қисми калимаҳо оромию қисми дигар портӣ мебошанду зимнан худи ҳамон як мафҳум гоҳ бо калимаҳои оромӣ ва гоҳ бо портӣ шарҳ дода шудаанд. Синтаксиси ҳуҷҷатҳо на оромӣ, балки портӣ – калимаҳои портӣ мувофиқи қоидаҳои грамматикаи забони оромӣ не, балки мувофиқи қоидаҳои грамматикаи забони портӣ навишта шудаанд. ҳамаи ин муҳаққиқонро ба ақидае водор сохт, ки дар он давра калимаҳои оромӣ фақат як навъ мифтоҳи махсус (гетерограмма) буданд, яъне ба оромӣ навишта шуда бошанд ҳам, ба оромӣ хонда намешуданд ва котиб маҷмӯи ин ё он ҳуруфотро дида, ин ё он калимаи портиро ба забон меоварду бас. Аз худ намудани чунин хат кори осон набуд. Пеш аз он ки талабаҳо ба ҳуҷҷатнависӣ ҳуқуқ пайдо кунанд, бояд дурудароз машқ мекарданд. Хатҳои машқ низ ёфт шудаанд, ки дар порчаҳои сафолӣ навишта шудаанд (дигар масолеҳи хатнависӣ – чарм чизи арзоне набуд, ки барои хатмашқкунӣ истифода шавад).

Дар давлати Порт динҳои ниҳоят гуногун вуҷуд доштанд. Ғайр аз динҳои маҳаллӣ парастиши худои офтоб — Митра ва асосгузори сулола — Аршак дар ин ҷо мазҳабҳои юнонӣ, зардуштия, яҳудия ва баъдтар насрония мавҷуд буданд. Дини зардуштия мақоми асосӣ дошт.

Дар ҳуҷҷатҳои Насо 200 ном зикр шудааст, ки ҳар яки он аз они зардуштии мутаассиб буданаш мумкин, бисёр номҳо соф зардуштӣ. Тақвим ҳам зардуштӣ буд.

Дар боло Спосак ном муғеро ном бурда будем, ки унвони «омири оташ» доштааст, инчунин бисёр дигар муғҳои қаторӣ зикр шудаанд. Дар ҳуҷҷатҳо бисёр маъбадҳои беном, инчунин маъбадҳои Фраат ва Нанайя сабт гардидаанд. Эҳтимол меравад, ки хоҷагиҳои маъбадӣ низ буданд. Синкретизми дини Порт инчунин аз ҳамин ҳам зоҳир аст, ки ба зумраи худоёни Порт бисёр худоёни аҷнабӣ дохил карда шудаанд.

Масалан, Нанайя худои қадимии Моҳ дар Байнаннаҳрайн буда, ҳанӯз аз давраҳои Шумер маълум аст. Баъд он ба Ошур роҳ ёфт, сипас ба Эрон, Арманистон, Сурия, Миср ва ҳатто ба Юнон гузашт. Дар ғарб бо баъзе худоён, масалан, бо олиҳа Артемидаи юнониён як шуда рафт. Нанайя (Анаҳито) баъдтар дар зумраи худоёни Кушон ва Суғд ба назар мерасад. Номи ин худо баъдҳо ба забони шуғнонӣ гузашт ва ҳоло ҳам дар ин забон «модар»-ро «нана» мегӯянд.

Ба муносибати ҳуҷҷатҳои Насо масъалаи тақвими Порт пеш омад. Оғози тақвим солест, ки ба соли 247 пеш аз милод рост меояд. Дар ҳуҷҷатҳои Насо санаҳои мувофиқи тақвими зардуштӣ (ё худ ҷавонавестоӣ) дарҷ гардидаанд. Чи тавре ки маълум аст, тақвим дар Эрон аз нимаи дувуми асри V пеш аз милод ҷорӣ шуда, ба тимсоли тақвими шамсии мисрӣ тартиб ёфтааст. Сол аз 365 рӯз, 12 моҳ (ҳар яке 30 рӯзӣ) иборат буда, ба он боз панҷ рӯз илова мешуд. Номи рӯзу моҳҳои ин тақвим талаффузи портии номи худоёни зардуштӣ мебошад[6].

Солноманависони асримиёнагии Эрон тамоми давраи бисёрасраи давлати Портро аз эътибор соқит сохта, онро ноҳақ чун давраи ҳокимияти мустабидаи пурҷаҳолат ба қалам додаанд.

Вале ёди ин давра дар хотири халқ ба шакли аҷиб маҳфуз мондааст – калимаи «паҳлавон» исми ом шуда, ибораи «ривояти паҳлавӣ», «суруди замони паҳлавӣ» маънои достону ривояти қадимаро гирифтааст. Номи адабиёти форсизабони асрҳои III–VII ҳам адабиёти паҳлавӣ шудааст.

Таърихи давлати Порт, ки ҳамагӣ 500 сол тӯл дорад, дар нимаи дувуми мавҷудияти худ асосан дар хоки Эрон ва Байнаннаҳрайн ҷараён гирифта, аз доираи таърихи аҷдоди халқҳои Осиёи Миёна қисман берун мемонад.

[1] Периханян А. Г., 1956, с. 50–51; Дьяконов М.М., 1961, с. 194–197.

[2] Дьяконов И.М. ва Лившиц В.А., 1960, с. 22–23; 1966, с. 141–143, 146.

[3] Дьяконов И.М. ва Лившиц В.А., 1960, с. 16–20; 1966, с. 134–136.

[4] Кошеленко Г.А., 1966, с. 40.

[5] Оид ба нашри осори портии Туркманистони ҷанубӣ ниг.: «Труды ЮТАКЭ»;Массон М.Е. ва Пугаченкова Г.А., 1959, с. 22–117.

[6] Оид ба ҳуҷҷатҳои Насо ниг.: Дьяконов И.М., Дьяконов М.М., Лившиц В.А., 1951 ва асарҳои дар фавr зикршудаи И.М. Дьяконов ва В.А. Лившиц. Оид ба тавсифи умумии дини Порт дар асоси маъхазҳои хаттӣ ниг.: Unvala G. M, 1925. Оид ба парастиши Нанайя дар шарr ниг.: Ingholt Н., 1954, р. 12–14.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …