АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Пойи зоғ дар Канзи Шифо (Китоб)

Пойи зоғ дар Канзи Шифо (Китоб)

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони арабӣ отрилол мегӯянд ва дар тиб маҳз тухми он ба кор меравад. Ин гиёҳ дар ҳамаи кӯҳистон ва минтақаҳои доманакӯҳӣ мерӯяд. Растаниаш каме ба шибит монанд, гулаш сафед, баргаш пошхӯрдаи пароканда, пояаш чорпаҳлӯ, дар охири фасли баҳор мерасад. Тухмаш бисёр реза, рангаш тираи моил  ба кабудӣ, дарозак, хеле талх ва тунд, забонро мегазад ва сахт аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.

 Хислатҳои шифобахши он: тухми инро бихӯранд, бодҳои дарунро таҳлил медиҳад ва нест мекунад, баданро аз моддаҳои бегона пок месозад, ахлоти нодаркорро ба воситаи пешоб дафъ мекунад, гиреҳхои дохили баданро мекушояд, гурда ва хичакро аз олоишҳо пок ва тоза мегардонад.

Инро бо шиша якҷо сӯхта, бо асал якҷо карда бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.  3,5 грамм аз тухми он боа сал бихӯранд, бодҳои иловусро, ки рӯдаи борики болоиро ба дард меоваранд ва варам мекунонанд, ба ғояти хубӣ таҳлил медиҳад.

    Агар тухми инро кӯфта гузошта банданд, решҳоро хушк ва доғҳои пӯстро нест мекунад. Онро дар найча андохта, ба даруни бинии занҳои ҳомила пуф кунанд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад.

        Чун 3,5 грамми онро нокӯфта, дар айёми гармои тобистон бо оқирқирҳо, турбуд ва занҷабил – аз ҳар яке ним грамм кӯфта дохил намуда, бо асал сиришта, баъди баданро аз балғам танкия кардан бихӯранд ва дар офтоб нишаста, мавзеъи доғи песро ба офтоб бидоранд, то он ки арақ кунад; ва агар ташнагӣ ғолиб ояд, об бинӯшад, дар рӯзи аввал ниҳоят рӯзи севум ҷойи доғи пес обила мекунад ва баъд аз дафъ гаштани зардоб аз он ҷо, пес батамам сиҳат меёбад. Дар ин бобоат табиби ҳозиқи машҳур Ибни Байтор ва муаллифи китоби «Ихтиёроти бадеӣ» навиштанд, ки батакрор имтиҳон карда шуда, ин сирри аҷиб аст, аммо шарташ ҳамин, ки аввал бо давоҳои покунандаи бадан танқия кардан даркор аст. Инчунин гуфтанд, ки ҳар рӯз фақат аз тухми он 10,5 грамм бо асал то 15 рӯз пай дар ҳам бихӯранд ё аз мураккаби он ва ё худи онро бо оқирқирҳо муддати понздаҳ рӯз истеъмол намоянд, ҳатман доғи песро дафъ мекунад. Агар доғи пес дар ҷоҳои гӯштдори бадан бошад, аз инҳам зудтар сиҳат меёбад.

         Баъзе табибони корозмуда гуфтаанд, ки худи тухмашро танҳо истеъмол кунанд ҳам кифоя мебошад, ки доғи пес нест гардад ва баъзеи дигарҳо тасдиқ мекунанд, ки агар якуним миқдор аз тухми пойи зоғ; аз пӯсти мор, барги судоб аз ҳар як миқдор ҳамаро кӯфта, бехта то панҷ рӯз ҳар рӯз 10,5 грамми онро бо шароби ангурӣ биёшоманду дар офтоб нишинанд, аз ин иллат наҷот меёбанд.

        Миқдори як бор хӯрдан аз тухми ин гиёҳ дар як рӯз аз 3,5 то 10,5 грамм аст, бояд ки бо асал ё бо шароб бихӯранд.

        Агар инро аз ҳад бисёр ё давомнок бихӯранд, ба ҷигар зарар мекунад дар ин ҳолат сиканҷабин биёшоманд, зиёни онро  ислоҳ мебахшад ва агар ба гурда офат расонад, катиро бояд бихӯранд.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …