Пудина

Пудина

Пудина се намуд дорад: пудинаи даштӣ, пудинаи наҳрӣ ва пудинаи кӯҳӣ, ки ба забони ӯзбекӣ кийикутӣ меноманд ва дар байни тоҷикони шимолӣ бо ҳамин ном иштихор дорад. Пудинаидаштиробаргҳояшреза, нарм, нозук, бӯяштундибоатрият, таъмвабӯйиоибапудинаинахрӣназдиктар. валеазонтезтарваталхтараст, тухмашмонандитухмирайҳонмебошад. Мизоҷаш дар аввали дараҷаи севум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он барои кузоз (столбняк) дору мебошад, моддаҳои бегонаи узвҳои даруни сина ва меъдаро пок мегардонад, сӯзиши меъдаро таскин медиҳад, оруғ ва беҳузур (беҷо) шудани дилро ба ибро меоварад; бодҳоро пароканда менамояд, ҳамроҳаки (ёраки) бачаро аз шиками зан меафтонад; арақ, пешоб ва ҳайзро равон менамояд, моддаи савдоро бо исҳол дафъ мекунад, бачаро дар шиками ҳомила мекушад, бар зидди заҳрҳои ҷонварон тарёқ мешавад.

Онро кӯфта, занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаро аз шиками онҳо меафтонад. Пудинаи даштиро дар об ҷӯшонида, ба таги шикам кам-кам ва бардавом бирезанд, хориши бачадон (бешеная матка), бодҳои бачадон ва сахтии онро, ки дар тибби ҳозира ноболигии бачадон меноманд — ҳамаашро дафъ мекунад.

Инро сӯхта ба дандон бимоланд, милки онро мустаҳкам мегардонад. Инро бӯй кунанд, иллати беҳушшавиро дафъ мекунад. Вале нстеъмоли ин ба дарун барои рӯдаҳо зарарнок аст. Давои ин зиёнаш катиро хӯрдан мебошад. Микдори як бор хӯрдан аз пудинаи даштӣ дар як рӯз то 7 грамм аст.

Пудинаи кӯҳӣ, яъне кийикутӣ. Баргҳои ин анбӯҳ, бузургтар аз баргҳои пудинаи даштӣ ва гирдак аст. Агар инро гусфанд бихӯрад, шираш ба хун табдил меёбад. Бӯйи ин пудина тунд. Барои даво назар ба дигар пудинаҳо қавитар аст.

Мизоҷаш дар охири дараҷаи севум гарм ва дар миёнаи ҳамин дараҷа хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар ннро биёшоманд, рӯтубатҳои ғафсро аз узвҳои даруни сина, шуш, бачадон дафъ мекунад, иштиҳоро афзун менамояд: қулинҷро, ки варами рӯдаҳои ғафс аст, мекушояд, беҳушӣ ва ғамгиниро барҳам медиҳад, пешоб ва ҳайзро башиддат равон мекунад; бачаро дар шиками занони ҳомила мекушад ва онро аз шикам меафтонад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Агар касе аз шаҳвати худ маҳрум гашта бошад, чун дар ҳар се рӯз як мартаба 1,75 грамм хушки онро соида, бо 10,5 грамм тухми харбуза, 35 грамм маскаи гӯсфанд ва 70 грамм асал бихӯрад, шаҳваташ на танҳо барқарор мегардад, балки зиёд мешавад.

Шароби онро бинӯшанд, ҳузн ва иллати беҳушшавиро дафъ мекунад, ҳайзи занҳоро равон менамояд. Ин гиёҳро сӯхта, дудашро занҳои ҳомила ба миёни поҳои худ бигиранд, бачаро аз шиками онҳо меафтонад. Ним грами инро бо равғани баласон даромехта, занҳо аз таг бардоранд, дарди бачадонро таскин медиҳад. Хӯрдани пудинаи кӯҳӣ ба мақъад зарар дорад. Зиёни ин бо сирко хӯрдан ислоҳ меёбад.

Гули пудтинаПудинаи наҳрӣ, ки пудинаи обӣ низ меноманд. Ин ба ҳама шинос мебошад. Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шафобахши он: хӯрдани ин бар зидди заҳрҳо тарёқ мешавад. Оби пудинаи тару тозаи онро нимгарм дар гӯш чаконанд, кариро, ки сабабаш дар даруни гӯш бошад, сиҳат мекунад.

Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, иллати роснафасро, ки гирифтораш хобида ва дароз кашида, нафас гирифта наметавонад, балки рост истода ё нишаста сар боло дошта, нафас гирифта метавонад, шифо мебахшад, инчунин бемории филпо, табҳои балғамӣ ва савдовиро дафъ мекунад. Барои иллати махав дору мешавад.

Ё оби пудинаи тару тоза ё худи пудинаро бо асал бихӯранд, арақ меоварад, пешобро меронад; агар инро бо шароб биёшоманд, даридани мушакҳо ва рафтани дарун, яъне исҳолро ба ибро меоварад; агар бо сиканҷабин ё бо шарбати анор биёшоманд, беҷо (беҳузур) шудани дил, қайи сафровӣ ва оруғро дафъ мекунад; агар онро бо асал ва намак бихӯранд, кирми меъда ва рӯдаҳо, ҳатто кирми кадудонаро мерезонад.

Баргашро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бастаи онҳоро мекушояд, бачаро дар шиками занони ҳомила мекушад. Пудинаро дар шароб пухта гузошта банданд, доғи сиёҳи пӯст ва ирқуннасо (радикулит)-ро дафъ мекунад. Пудина ё оби онро бо шароб биёшоманд, заҳрҳоро аз бадан хориҷ мегардонад. Пудинаи хушкро ба ҷойи газидаи ҷонварони заҳрнок гузошта банданд, он ҷоро реш мегардонад ва заҳрро ба худ мекашад.

Пудинаи хушкро кӯфта ба ҷое, ки кирм карда бошад, бипошанд, кирмҳоро дафъ мекунад. Ба дарун истеъмол кардани пудинаи наҳрӣ барои боҳ ва гурда зарарнок аст. Дар ин ҳолат катиро бихӯранд, ислоҳи зарари он мекунад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …