АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Каҳрабо — ва табобат бо вай

Каҳрабо — ва табобат бо вай

Каҳрабо —  ин ҳам монанди сандарус шилми дарахтест, ки ҳангоми гарм шудан хасҳои майдаро ба худ мекашад. Агар каҳраборо бисӯзанд, бӯйи бад, яъне бӯйи шохи ҳайвон аз он шамида мешавад. Каҳраборо чун бо даст бимоланд, бӯйи оби лиму аз он дарёфта мегардад. Сандарус назар ба каҳрабо мулоимтар ва бӯйи оби лиму аз он намеояд, вале каҳрабо сахт аст. Вақте ки каҳраборо бисӯзанд, бӯйи мустако аз он ба машом мерасад.

каҳрабо

Мизоҷи каҳрабо дар гармиву сардӣ мӯътадил аст ва дар дараҷаи дувум хушк, ба қавли баъзеҳо, дар дараҷаи якум хунук аст.

  Хислатҳои шифобахши он Каҳрабо: агар инро ос карда бихӯранд, назлаҳо ва хуни биниро манъ мекунад ва намегузорад, ки аз майна ба шуш рутубат резон шавад: Худашро танҳо бихӯранд, хун қай карданро аз узвҳои даруни сина ва шуш қать мекунад. 2,25 грамми онро бо

оби хунук биёшоманд, низ хунеро, ки аз даридан ё канда шӯдани раге аз рагҳои узвҳои даруни сина меомада бошад, мебандад. Ин микдорро бо гулоб ё бо об биёшоманд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки аз бисёр ҷамъ шудани сафро ва вобастагии дил ба меъда бошад, шифо мебахшад.

  Хӯрдани ин қай ва исҳоли хунинро дафъ мекунад ва моддаҳои зарарнокро аз рехта шудан ба меъда манъ менамояд; хунравиро аа мақъад, бавосир, бачадон, ҷигар, роҳҳои пешоб ва ҳатто хуни ҳайзро ҳам банд мегардонад; барои зардпарвин, сӯзиши пешоб (сӯзок), сустии меъда ва гурда даво мешавад, санги хичакро майда карда мерезонад. Агар инро бо мустако би- хӯранд, меъдаро кувват мебахшад, душвор шошиданро дафъ мекунад, барои исҳоли дамодам даво мешавад.

  Каҳраборо ос карда, бо сабир (алоэ) даромехта бимоланд, донаи бавосирро меафтонад.

  Соидаи каҳраборо бипошанд, хунашро баста ва даҳани ҷароҳатҳоро ба ҳам меоварад. Соидаи инро бо об сиришта бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад, ҷоҳои латхӯрдаи баданро ислоҳ медиҳад, узвҳои шикастаро ба ҳам мепайвандад. Агар инро бо мӯрд даромехта бимоланд, арақи одамони заифро катъ месозад.

  Агар каҳраборо бо худ овезанд, хуни биниро манъ мекунад, дил ва меъдаро қувват мебахшад; дар меъда ҳазм наёфта дафъ гаштани таомро ислоҳ мекунад.

  Агар каҳрабррр бо: худ доранд, хавф, тоун ва зардпарвинро дафъ мекунад, бачаи занони ҳомиларо аз афтодан нигоҳ медорад.

  Мегӯянд, ки хӯрдани каҳрабо ба сар зарар дорад, агар инро аз ҳад зиёд истеъмол намоянд, дарди сар мекунад. Давои ин зиёнаш бунафша хӯрдан аст.

  Миқдори як бор хӯрдан аз қаҳрабо дар як рӯз 2,25 грамм аст.

  Ба ҷойи каҳрабо сандарусро истифода баранд, равост.

  Равғани каҳраборо бо оби райҳони гӯши муш биёшоманд, саръ (припадка), сакта (мурда барин беҳаракат мондан) ва фолиҷро, ки шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ мебошад, бомуваффақият шифо мебахшад.

  Агар ин равғанро бимоланд, тоун ва ҷингак шудани аъзоро шифо мебахшад. Ва агар бо равғани савсани кӯҳӣ ё бо равгани пиёзи ансул даромехта бимоланд, низ фолиҷро ба ибро меоварад.

  Равғани инро бо оби бӯймодарони дуруштбарг бихӯранд, душвории зоиданро осон мекунад. Агар ин равғанро бибӯянд ва бинӯшанд, хафа (бурма) шудани гулӯгоҳи бачадонро, ки беҳушӣ меоварад, шифо мебахшад; бо оби коснӣ бинӯшанд, зардпарвинро дафъ мекунад; барои равон кардани ҳайзи бандшуда бо оби бӯймодаро ки дуруштбарг меошоманд ва ин низ барои ислоҳи душвории шошидан шифо мебахшад; бо шароб бинӯшанд, хун қай карданро манъ мекунад.

  Агар ин равғанро бо оби арпабодиён даромехта ба чашм бикашанд, чашмро пурқувват месозад. Инро бо оби барги зуф даромехта, дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

  Як роҳи тайёр кардани равғани каҳрабо чунин аст. Ҳар қадар, ки хоҳанд, каҳраборо кӯфта, баробари вазни он сангрезаи кӯфтагиро ҳамроҳ намуда, дар шишаи гардан ҳам дар оташ муқаттар (дистилляция) мекунанд. Баъд ба он сирко биёмезанду боз муқаттар намоянд, яъне аз тагаш оташ расонида, онро ба бухор табдил дода, дар даруни каҷи шиша, ки дар миёни оби хунук бошад ва бухори сирко, ки дар он ҷо сард гашта, ба қатраҳо табдил меёбаду он қатраҳо мечаканд. Дар таҳти он шишаи гарданкаҷ равған мемонад. Ин роҳи осони гирифтани равғани каҳрабост ва дар ин амал равған бисёр ҳосил мегардад, масалан, аз 250 грамм каҳрабо 125 грамм равған гирифта мешавад. Навъи дигари гирифтани равғани он ин тавр аст. Каҳраборо кӯфта, чанд рӯз дар шароб тар мекунанд. Баъд онро ба шишаи гарданкаҷ андохта, бо ҳамон усуле, ки дар боло гуфтем, муқаттар мекунанд. Он чӣ аз бухори он ба гардани хунуки шиша расида, қатраҳо гашта мечакад, ба рӯй меояд ва он чӣ ба қатраҳо табдил наёфтааст, дар таги он мемонад. Он чиро, ки муқаттар нагашта бошад, дувумбора аз тагаш оташ дода, муқаттар мекунанд, то он ки ҳамаи чизҳои ғайриаш бухор об гашта парида раваду равғани матлуб дар таги колба (шиша)-и гарданкаҷ қарор монад. Ин роҳи беҳтар ва осонтарин усули тақтири равғани он аст ва дар ин амал равған бештар ҳосил мегардад, масалан, аз 250 грамм каҳрабо 125 грамм равғани он ҳосил мешавад.

  Ин равған ҳамаи бемориҳои вобасга ба майна ва асабҳо, аз чумла: саръ, ҷингак шудани аъзо, караҳтӣ ва фолиҷро шифо мебахшад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз ин равған дар як рӯз аз як то ду қатрааст.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …