Оё парҳезкунӣ кӯмак расонида метавонад? Вайроншавии бардошткунии (толерантност) глюкоза дар байни ҳомиладорон – ҳодисаи камчин нест. Аз сабаби зиёдшавии ҳаҷми миқдори хун сарбории ғадуди зери меъда низ зиёд мешавад. Агар он аз ӯҳдаи вазифаҳои функсионалии худ набарояд (коркард карда баровардани миқдори басандаи инсулин), дараҷаи глюкоза баланд мешавад ва ба зани ҳомиладор ташхиси «диабети гестатсионӣ» гузошта мешавад.
Парҳезкуниро яке аз чораҳои раҳмдилонаи бисёр бемориҳо ҳисобидан мумкин аст. Оё он ба модарони оянда ҳангоми диабети гестатсионӣ доштанашон, кӯмак расонида метавонад?
Ба сифати чораи пешгирикунандаи (профилактикаи) диабети гестатсионӣ, шумо метавонед ягон парҳезкунии муайянеро риоя намоед, ки имкон медиҳад дараҷаи глюкоза дар зинаи барои саломатӣ бехатар нигоҳ дошта шавад. Ин парҳезкунӣ (диета) метавонад ба он занҳое низ, ки аллакай бо ин мушкилот рӯ ба рӯ гаштаанд, кӯмак расонад.
Қоиадҳои (принсипҳои) асосии хӯрокхӯрӣ ҳангоми гирифтор будан ба диабети гестатсионӣ:
- Кӯшиш кунед, ки дар хӯрокҳоятон чӣ шакар ва чӣ маҳсулотҳои дар таркибашон миқдори зиёди глкоза доштаро истеъмол накунед. Дар давраи ҳомиладорӣ глюкоза хеле зуд ба хун ворид мешавад ва миқдори зиёди инсулин зарур меояд, то ин ки дараҷаи глюкоза дар хун дар зинаи меъёрӣ нигоҳ дошта шавад. Шакар ба бисёр маҳсулотҳо илова карда мешавад, аз ин рӯ этикеткаҳоро бодиққат хонда бароед ва агар шакар дар рӯйхати ингридентҳо яке аз аввалинҳо бошад, ин маҳсулотро дар хӯрокатон истифода набаред. Ба ғайр аз ин он маҳсулотҳоеро, ки дар таркибашон ингредиентҳои бо суффикси «-оза» тамомшаванда доранд (сукроза, декстроза ва ғайра), низ истеъмол накунед. Ба ҷойи афшураҳои мевагӣ афшураҳои сабзавотӣ нӯшед ё ҳадди аққал афшураҳои мевагиро фақат дар вақти хӯрокхӯрӣ нӯшед (он қадар тез ба таркиби хун намеафтанд). Меваҳои коркарднашуда аз афшураҳои мевагӣ беҳтар мебошанд, чунки аз нахҳое иборат ҳастанд, ки раванди ҷаббидашавиро суст мегардонанд.
- Ба истеъмоли карбогидратҳои (углеводҳои) мураккаб бештар аҳамият диҳед. Сабзавотҳо, ғалладонагиҳои коркарднашуда, нон, лӯбиёгиҳоро истеъмол намоед. Карбогидратҳои ин маҳсулотҳо ба шумо миқдори кифояи энергияро медиҳанд. Онҳо дурудароз ҳазм мешаванд ва ин маънои онро дорад, ки ғадуди зери меъдаи шумо барои коркард карда баровардани миқдори зарурии инсулин, вақти басанда хоҳад дошт.
- Ба ратсиони худ хӯрокиҳои нахдорро дохил кунед, ки аз ҳуҷайраҳо бой мебошанд. Парҳезкунии (диетаи) худро бо маҳсулотҳое, аз қабили сабзавотҳо, донагиҳо, ғалладонагиҳои коркарднашуда, донагиҳо, чормағз, лӯбиёгиҳо ва меваҳо ғанӣ гардонед. Онҳо талаботи организмро барои инсулин камтар менамоянд.
- Истеъмоли ғизоҳои чарбудорро ба меъёр дароред. Ҳангоми аз ҳад зиёд дар ғизоҳо истеъмол кардани чарбуҳо, ки дар таркиби гӯшти серчарбу, равған, қаймоқ, саршир, кулчақандҳо мавҷуд мебошанд, самаранокии инсулин камтар мегардад. Дар айни замон онҳоро аз ратсиони худ комилан бартараф кардан ҳам мумкин нест, чунки бисёр витаминҳое ки барои сабзиши муқаррарӣ ва афзоишёбии ҷанин заруранд, дар чарбуҳо ҳалшаванда мебошанд. Дар ратсиони худ моҳӣ ва равғанҳои растанигиро боқӣ гузоред.
- Ҳар рӯз 3 маротиба бо ҳиссаҳои (порсияҳои) на он қадар калон ва 3 маротиба газидан хӯрок хӯред. Хӯрокхӯри касрӣ (ҷудогона/зуд-зуд) барои ғадуди зери меъда он қадар мушкилиовар нест ва дараҷаи глюкоза дар хун зиёд нахоҳад гашт.
- Пеш аз хӯрок фақат хӯрдани маҳсулотҳое, ки аз сафеда ва карбогидратҳои мураккаб бой мебошанд, мумкин мебошад. Варианти беҳтарин — себ, нон аз ғаллагиҳои холис (коркарднашуда) бо буридаи панири беравған мебошад.