АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ҚАРОХОНИЁН

ҚАРОХОНИЁН

Таърихи Осиёи Миёнаи аҳди Қарохониён ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудааст. Манбаъҳои хаттӣ доир ба ҷараёни вуқуоти сиёсӣ ва низоми дохилии давлати Қарохониён фақат маълумоти ҷузъӣ медиҳанд. Муаррихон ҳамеша ба умеди таҳқиқи сиккаҳои қарохонӣ буданд. Вале сиккаҳои қарохонӣ ҳамчун манбаи таърих хеле мураккаб ва барои омӯзиш ниҳоят душворанд ва аз муҳаққиқ эҳтиёт ва диққати ҷиддиро талаб менамоянд. Дар давоми даҳсолаҳои охир илми сиккашиносӣ роҷеъ ба таҳқиқи аҳди Қарохониён муваффақиятҳои муҳим ба даст овард, алалхусус, ҳалли як силсила масъалаҳои баҳснок ва, ҳатто тамоман омӯхтанашудаи таърихи Осиёи Миёнаи асрҳои ХI–ХII муяссар гардид. Бо вуҷуди ин, на ҳамаи хулоса ва тахминҳои муаррихон ва сиккашиносон ба як дараҷа боварибахш ва тамоман исботшуда ба шумор мераванд, дар ин бобат ҳоло корҳои бузург, бисёр кашфиётҳои тоза ва таҷдиди назари баъзе ақидаҳо дар пешанд.

Дар байни таърихи сиёсии Қарохониён мо ба асарҳои машҳури В.В.Бартолд, ки беҳтарин намунаи таҳлили интиқодии ахбору маълумоти номуназзам ва зидди якдигари сарчашмаҳои хаттӣ мебошанд, истинод намудем. ҳамчунин баъзе хулосаҳои эътимодбахши сиккашиносон, ки ба саҳеҳ ва мукаммал шудани мадракҳои манобеи хаттӣ имкон медод, мавриди истифодаи мо буд.

Пайдоиши худи сулола маълум нест, номи дар илм қабулшудаи он (Қарохониён ва гоҳо Илокҳо) тамоман шартӣ буда, муаррихони асри ХI аз ду унвони маъруф: қарохон ва илок гирифтаанд. Зоҳиран, ҳастии асосии давлати Қарохониёнро қабилаҳои туркии яғмо ва чигилӣ ташкил мекарданд, ки дар ному лақабҳои давраи зуҳури қарохонӣ бештар дучор меоянд. Аввалҳо лақаби аз ҳама олӣ Арслонхон («арслон» – шер – нишони қабилавии чигилӣ) ва Буғрохон («буғро» – шутурнишони қабилавии яғмо) ҳисоб мешуд.[1] Тахминан аз миёнаҳои асри Х ислом дини давлатии Қарохониён гардид. Дар вақти оғози истилои Осиёи Миёна мақоми асосиро дар байни Қарохониён Алӣ ва ҳасани Буғрохон ишғол мекарданд; чунон ки дар боло зикр карда шуд, ҳасани Буғрохон соли 992 ба юриши Мовароуннаҳр сардорӣ карда, сипас, Наср ибни Алӣ ин вилоятро комилан тасарруф намуда буд. Ин ду хонадон, яке авлоди Алӣ («Алиён») ва дигаре авлоди ҳасан («ҳасаниён»), ҳанӯз дар охири асри Х нуфуз ва иқтидори зиёде пайдо намуда, мулкҳои калонеро соҳибӣ мекарданд.

Дар ин давра умуман давлати Қарохониён ба чандин амлок тақсим шуда, ҳудуди онҳо ҳамеша тағйир ёфта меистод. Соҳибони амлок ҳуқуқ ва имтиёзҳои калоне доштанд, онҳо метавонистанд ҳатто ба номи худ пул бароранд. Мулкдорони хурд ҳам амлок ва ҳам амлокдорро иваз менамуданд. Алоқаи тобеият серзина буд. Таърихи сиёсии ин давра пур аз ҳаводиси ҷангу талошҳои байнихудӣ мебошад.[2]

qarakhoniyonДар вақтҳои аввал имтиёзи сиёсӣ ба ҷониби авлоди Алӣ – «Алиён» буд. Пас аз истилои Мовароуннаҳр онҳо ба сарзамини бузурге соҳиб гардиданд, ки дар ғарбу ҷануб қад-қади Амударё бо ҳудуди давлати ғазнавӣ тӯл мекашид, дар шарқ бародари Наср-Тӯганхон Қошғарро ба даст даровард. Дар ин овон сардорони сулола гоҳо аз байни намояндагони гуногуни хонадони «Алиён» ҳам хоста шудаанд.[3]

Вале дере нагузашта кори хонадони дигар, яъне «ҳасаниён» низ боло гирифт. Онҳо аз тарафи шарқ ба «Алиён» фишор оварданд. Бар тибқи маълумоти сиккаҳо, писари ҳасани Буғрохон – Юсуфи Қадархон дар соли 1005 Тӯганхонро ронда, Кошғарро соҳибӣ кард.[4]

Тадриҷан хонадони «ҳасаниён» чунон иқтидор пайдо кард, ки пас аз фавти писарони Алӣ унвони ифтихорӣ ва лақабҳои олии сардори сулола ба онҳо насиб гардид. Аз соли 1026/27 сардори Қарохониён Юсуфи Қадархон буд ва дар муносибатҳои дипломатӣ бо дигар давлатҳо низ ӯ бо ҳамин сифат баромад мекард. Пас аз марги ӯ (с.1032) писараш — Сулаймон лақаби «Арслонхон»-ро гирифта ба сари ҳокимият омад ва сардори Қарохониён гардид. Маркази амлоки хусусии ӯ шаҳрҳои Баласоғун ва Қошғар буданд. Бародари ӯ — Муҳаммад бо номи «Буғрохон», ки лақаби аҳамиятан дувум ба шумор мерафт, ҳокимияти худро дар Исфиҷоб ва Тироз барқарор намуд.[5] Пас, муваффақияти ин хонадон фақат дар эътирофи зоҳирии сулоладории онҳо ифода намеёфт. Онҳо ба тадриҷ «Алиён»-ро торафт бештар танг карда бароварда, вилоятҳои нав ба навро соҳиб мешуданд. ҳатто Фарғона, ки мулки аслии «Алиён» буда, шаҳри Ўзганди он пойтахти фотеҳи Мовароуннаҳр — Наср ибни Алӣ ҳисоб мешуд, ба таҳти тасарруфи Юсуфи Қадархон ва хусусан ду писари ӯ – Сулаймони Арслонхон ва Муҳаммади Буғрохон дохил гардид.[6]

Мовароуннаҳри фатҳкардаи Наср ибни Алӣ ҳам ба ихтиёри «ҳасаниён» гузашт. Бухоро ва умуман тамоми Мавороуннаҳри марказиро ҳанӯз соли 1025 Алитегин, бародари Юсуфи Қадархон, зери даст карда буд.[7] ҳар ду бародарон бо ҳам муросо намекарданд. Қадархон, зоҳиран, аз афзудани нуфузи Алитегин метарсид. Подшоҳи ғазнавӣ — султон Маҳмуд ҳам аз ӯ хавф мебурд. Бинобар ин онҳо бо ҳам забон як карда, соли 1025 якҷоя ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карданд.[8] Мулоқотҳои ду подшоҳи маъруфи онвақта, ки бо зиёфатҳои бошукӯҳ ва инъомҳои гаронбаҳо сурат меёфт, бо қарори аз Алитегин (ба фоидаи Қадархон) кашида гирифтани Мовароуннаҳр ва пайвастани риштаи ақрабоӣ анҷом пазируфт. Вале ин ҳар ду қарор ҳам амалӣ нагардид. Султон Маҳмуд он қадар кувват гирифтани Қадархонро ҳам намехост. Алитегин боз солҳои дароз дар Мовароуннаҳр ҳукм ронда, унвони бодабдабаи «Тамғоч Буғрохон»-ро қабул намуд[9] ва нисбат ба хешовандони худ тамоман мустақил гардид. Аҷибаш ин ки Ғазнавиён дар давраҳои минбаъда ҳам аз Алитегин хеле дар хавф буданд. Дар доираҳои дарбори ғазнавӣ ӯро душмани хатарнок, маккор ва ҳилагар мешумурданд ва зарурати аз ӯ хеле ҳушёрона муҳофизат кардани вилоятҳои сарҳадии давлатро таъкид менамуданд. Ин буд, ки Масъуди Ғазнавӣ бо нияти халос шудан аз Алитегин дар соли 1032 Олтунтоши Хоразмшоҳро ба муқобили ӯ ба Мовароуннаҳр равона кард. Алитегин бо мулоҳизаи тактикӣ Бухороро тарк намуд. Олтунтош шаҳрро ишғол карда бошад ҳам, муҳорибаи асосӣ дар ҷои дигар ба вуқӯъ пайваст. Ба Олтунтош захми марговар расид. Маҷбур шуданд, ки бо Алитегин муоҳида баста, қӯшуни хоразмиро аз Мовароуннаҳр бароваранд.

Алитегин ҳамеша дар дили худ нияти аз Ғазнавиён зада гирифтани баъзе мулкҳои соҳили Амударёро мепарварид. Ў дар шахси ҳоруни Хоразмшоҳ, ки аз Ғазнавиён ранҷиш дошт, иттифоқчии худро пайдо намуд. Вале ба амал овардани ин ният ба Алитегин муяссар нашуд. Дере нагузашта, соли 1034 ӯ вафот кард. ҳуҷуми муттафиқонаро писарони ӯ ба амал оварданд. Онҳо вилояти Чағониёнро забт намуда, Тирмизро ба муҳосира гирифтанд. Аммо ба сабаби кушта шудани ҳорун аз тарафи қӯшуни хоразмӣ ҳимоят надида, маҷбуран пас гаштанд. Пас аз ин муносибати байни фарзандони Алитегин ва Масъуди Ғазнавӣ дар зоҳир гӯё дуруст шуд.

Дар тамоми ин давраи тӯлонии пирӯзиҳои бузурги сиёсии «ҳасаниён», ки аз шарқ то ғарб саросари сарзаминҳои давлати қарохониро ба зери фармони худ дароварда буданд, дар манбаъҳои хаттӣ роҷеъ ба «Алиён» тақрибан чизе ба назар намерасад. Чунон ки аз сиккаҳо маълум мегардад, ду писари Насри фотеҳи Мовароуннаҳр — Муҳаммад ва Иброҳим фақат соҳибмулки ноҳияҳои хурде буда, дар айни замон ба кадом як узви олимақоми сулола нисбати тобеият ҳам доштаанд. Аввалҳо вазъияти Муҳаммад ибни Наср, ки дар манбаъҳои хаттӣ бо номи «Айн-уд-Давла» машҳур аст, хеле беҳтар буд. Ў чанде аз шаҳру ноҳияҳои Фарғона, бештар Ўзганд  (собиқ пойтахти падараш), баъзан Ахсикат, Хуҷанд ва баъд Қубаро соҳибӣ мекард. Вале қариб ҳама вақт дар сикка номи соҳибдавлати худро сабт менамуд.[10]

Дар солҳои 40-уми асри ХI мақоми намоёнеро дар арсаи сиёсат Иброҳим ибни Наср ишғол менамояд. Ў дар овони ҷавонӣ лақаби хоксоронаи «Бӯритегин»-ро гирифта,  мулки  майдае дошт ва як вақт, ҳатто ба дасти писарони Алитегин асир ҳам афтода буд. Аз асирӣ фирор карда, назди бародараш ба Ўзганд рафт, вале бо вай муросо карда натавонист. Ниҳоят, соли  1038 қӯшун ҷамъ карда, ба вилоятҳои Хатлон, Вахш ва баъдтар ба Чағониён ҳамлавар шуд. ҳарчанд ин вилоятҳо дар доираи нуфузи Масъуди Ғазнавӣ воқеъ гардида буданд, ба сабаби андармонӣ ба муборизаи зидди Салҷуқиҳо маҷбур шуд, ки ба тохтутози Бӯритегин дар вилоятҳои худ тан диҳад. Ғайр аз ин, ӯ ҳаминро ҳам ба назар мегирифт, ки адовати байни Бӯритегин ва Қарохониёни Мовароуннаҳр (писарони Алитегин) аз ин сӯ ӯро хотирҷамъ карда, зарурати дар ду ҷабҳа мубориза бурданашро аз байн мебардорад.

Вале вилоятҳои назди дарёи Аму барои Бӯритегин фақат ҳамчун мавзеи мувофиқи амалиётҳои ояндаи ӯ хизмат мекарданд. Ў аз ҳамин ҷо истилои Мовароуннаҳрро сар карда, бо суръати тамом ба ҳусули мақсад муваффақ мешуд. Бесабаб набуд, ки баъди пирӯзии нахустин дар муборизаи зидди писарони Алитегин ӯ лақаби худро иваз карда, ба ҷои Бӯритегин унвони дабдабаноки «Тамғоч Буғрохон»-ро гирифт,[11] ки онро пештар дар Мовароуннаҳр Алитегин дошт. Ғайр аз ин, ӯ унвони ифтихории «Муаййид-ул-Адл»-ро ҳам, ки падар ва бародараш доштанд, соҳиб шуд. То соли 1041 тамоми Мовароуннаҳр ба қаламрави ӯ даромад. Масъуди Ғазнавӣ, ки дар муҳорибаи наздики Дандонақон (с.1040) аз салҷуқиҳо зарбаи сахт хӯрда буд, ба ин ҳама болоравиҳои Иброҳим ибни Наср розӣ шуда, ҳатто бо мақсади дилгарм кардани он ва дар шахси ӯ пайдо кардани иттифоқчии хуб барояш тӯҳфаву инъомҳо фиристод.

Иброҳими Тамғочхон сиёсати мустақили хориҷии худро ҷорӣ намуд ва соҳибдавлатии Қарохониёни шарқиро эътироф накард. Дар аҳди ӯ дар Мовароуннаҳр давлати мустақили Қарохониён комилан ташаккул ёфт, ки марказаш Самарқанд буд.[12] Дере нагузашта, дар оғози нимаи дувуми асри ХI Иброҳим ибни Наср Фарғонаро ҳам, ки дар таҳти тасарруфи Қарохониёни шарқӣ буд, ишғол намуд.

Сиёсати дохилии Иброҳими Тамғочхон низ хеле шоёни диққат аст. Агар ба ривоятҳои дар сарчашмаҳо овардашуда бовар кунем, Иброҳими Тамғочхон то як дараҷа мувозиби амният, оромиш ва эҳтиёҷоти раияи худ буд ва аз ин лиҳоз дар байни мардум шӯҳрат дошт. Хусусан касони ба моликият даст дарозкардаро беамон ҷазо медод. Дар ин бобат манбаъҳо як силсила ҳикоятҳо доранд. Рӯзе роҳзанҳо рӯи дарвозаҳои қалъаи Самарқанд навиштанд: «Мо мисли пиёзем: чи қадре ки бидраванд, ҳамон қадар мерасем». Иброҳим Тамғочхон амр кардааст, ки ҷавобан чунин нависанд: «Ман ин ҷо мисли боғбон ҳастам, чи қадре ки сабзед, ҳамон қадар медаравам!» Ӯ гӯё муваффақ шудааст, ки дуздиро дар қаламрави худ барҳам диҳад. Вай нарху навои бозорро ҳам назорат мекардааст ва ба қиматфурӯшӣ роҳ намедодааст. Чунин ҳикояти аҷибе оварда мешавад: рӯзе қассобҳо баландтар кардани нархи гӯштро хоҳиш карда, ваъда додаанд, ки ба хазина ҳазор динор тақдим мекунанд. Хон розӣ шуда, пул гирифтааст, вале харидани гӯштро ба аҳолӣ манъ кардааст. Қассобҳо маҷбур шудаанд боз ҳамон қадар пул дода, нархи пештараро барқарор кунонанд.[13]

Аз рӯи мадракҳои сиккашиносӣ маълум шуд,[14] ки ӯ дигар чораҳои беҳтар намудани шароити тиҷорат ва бозаргониро пешбинӣ кардааст. Чунончи, дар Фарғона то аҳди ӯ асоси муомилоти пулиро дирҳам ташкил медод, вале он аз сурбу мис буда, дар таркиби худ ҳеҷ нуқра надошт. Илова бар ин, ҳаҷму вазни ин қабил тангаҳо гуногун буда, барои муомила дар тарозу баркашида мешуд, ҳар яке ба таври ҷудогона арзише надошт, ки ин кори тиҷорати пулиро душвор мегардонид. Иброҳим ин пулҳоро бекор карда, дар Фарғона дирҳамҳои гирдаи нуқрагӣ ва мисиро ҷорӣ намуд: ин пулҳо ба таври ҷудогона ва донагӣ ба муомила даромада, барои пешрафти тиҷорати пулӣ шароити мусоид фароҳам оварданд.

Ин қабил тадбирот зулми феодалиро камтар накарда бошанд ҳам, вале пеши зиёд шудани онро гирифтанд. Инак, дар шароити давлати феодалӣ худи ҳамин ҳам як ҳодисаи прогрессивӣ ба шумор меравад.

Чунин сиёсати Иброҳими Тамғочхонро ду писар ва набераи ӯ Шамс-ул-мулк Наср, Хизр ва Аҳмад то як андоза давом доданд.

Муносибати байни ин подшоҳони қарохонӣ ва рӯҳониён саҳифаи хеле ҷолиб ва ҳанӯз кам таҳқиқшудаи таърихи Осиёи Миёнаро ташкил менамояд. Ин масъаларо бояд ҳамчун қисмате аз сиёсати дохилии онҳо баррасӣ намуд. Манбаъҳо, ҳам Иброҳими Тамғочхон ва ҳам подшоҳони дигарро мусулмонони комил, мардони порсо номида, нисбат ба рӯҳониён ва хусусан баъзе намояндагони онҳо бо эҳтироми бузург муносибат доштани ононро хотирнишон намудаанд. Бо вуҷуди ин дар аҳди ҳукмронии ҳар яке аз ин подшоҳон маҳз бо рӯҳониён зиддиятҳои тунду тезе ба амал омада, кор то ба қатлу куштор мерасид.

О.Г.Болшаков дарёфт, ки «табааҳои» аз тарафи Аҳмад таъқибдида ва ба мусодираи молу мулк маҳкумшуда табақаи болоии ҷамъияти феодалӣ буданд. Ин нуқта низ муҳим аст, ки ашрофи феодалии тоифаҳои бодиянишин ҳамроҳи рӯҳониён баромад мекарданд.[15]

Барои идеализатсияи муқаррарӣ ҳисоб кардани иддаои манбаъҳо роҷеъ ба шӯҳрати зиёди баъзе аз ин хонҳо дар байни мардум ва ҳамчун подшоҳи одил ном баровардани онҳо ҳеҷ як асос мавҷуд нест.

Дар паси ин ҳама далелу мадракҳои пароканда сиёсати дохилии собитқадамонае намоён аст. Зоҳиран ин хонҳои қарохонӣ ба марказият додани давлати Қарохониёни Осиёи Миёна саъю кӯшиш доштанд. Табиист, ки дар ин кор душмани онҳо феодалони бодиянишин ва рӯҳониёни аз қувватгирии ҳокимияти хонӣ норозӣ буданд. Мусодираи молу мулк дар шароити чунин мубориза яке аз василаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф гардонидани душмани сиёсӣ ба шумор мерафт.

Агар Иброҳими Тамғочхон бо роҳи ишғол намудани баъзе вилоятҳо ҳудуди давлати худро васеътар карда бошад, ворисони ӯ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва ҳунари ҳарбӣ ба чизе муваффақ шуда натавонистанд. ҳанӯз дар аҳди Шамс-ул-Мулк Наср онҳо ба фишори Қарохониёни шарқӣ дучор гардиданд. Фарғона аз даст рафт. ҳудуди байни ду давлати Қарохониён аз болои Хуҷанд муқаррар шуд. Аз тарафи дигар, маҳз дар замони ҳукмронии ин подшоҳони қарохонӣ Салҷуқиён аввал ба ноҳияҳои ҷудогонаи канории давлати Қарохониён ва баъдтар ба Мовароуннаҳри Марказӣ тохтутози худро сар карданд.[16] Дар охири охирон, соли 1089 Маликшоҳи Салҷуқӣ Бухоро ва андаке дертар шаҳри пойтахтии Самарқандро забт намуд. Бо вуҷуди ин, Салҷуқиён сулолаи Қарохониёнро барҳам надоданд; онҳо бо он қаноат карданд, ки метавонанд ба кори онон мудохила кунанд ва хонҳоро аз байни аъзоёни сулолаи қарохонӣ худашон таъин намоянд. Ягона низои ҷиддӣ соли 1130 дар миёни Арслонхони Қарохонӣ ва султон Санҷари Салҷуқӣ рӯй дод. Тақрибан 30 сол қабл аз ин, дар соли 1102 яке аз Қарохониёни шарқӣ Мовароуннаҳрро ба даст дароварда, ҳатто то ҳудуди мулки Салҷуқиён расид, аммо дар муҳорибаи зидди султон Санҷар кушта шуд. Пас аз ин султон Санҷар абераи Иброҳими Тамғочхон Муҳаммади Сонии Арслонхонро ба тахт нишонд. Муҳаммад қариб 30 сол ҳукмронӣ намуд ва бо фаъолияти бинокории худ шӯҳрат ёфт. Ба вай мисли гузаштагонаш бо рӯҳониён мубориза бурдан лозим омад. Пас аз он ки дар натиҷаи сӯиқасди рӯҳониён писари валиаҳдаш ба қатл расид, ӯ барои кӯмак ба султон Санҷар муроҷиат намуд. Султон Санҷар бо қувваи зиёди аскарӣ ба Самарқанд омад, вале Арслонхон, ки худ душманонашро мағлуб карда буд, дигар ба кӯмак эҳтиёҷ надошт. Аз рӯи шаҳодати баъзе сарчашмаҳо вай, ҳатто барои куштани Санҷар қотиле фиристод. Дар ҳар сурат Санҷар Самарқандро гирифта, Арслонхонро аз тахт фуровард ва дар оянда низ ононеро, ки фақат дар умури дохилӣ соҳибихтиёр буда, аз рӯи садоқат ба ӯ итоат мекарданд, ба тахти хонӣ менишонд.

[1] Тавсифи фарзияҳои оид ба пайдоиши ин сулоларо ниг.: Pritsak O., 1953, р. 21–22

[2] Масъалаи ному лаrаб ва силсилаи маротиби феодалӣ, ҳамчунин тамоми дигар мадракҳои сиккашиносии марҳалаи аввали таърихи Rарохониён муфассалан дар ин асарҳо мавриди баррасӣ rарор гирифтаанд: Vasmӯr R. 1930; Pritsak O., 1950; Pritsak О., 1953; Федоров М. Н., 1965.

[3] Аммо дар байни олимон аrидаи ягонае нест, ки кадоме аз писарони Алӣ ва кай сардори сулола ва дорандаи унвонҳои олӣ гардидааст. Душвории ҳалли ин масъала, бешак, боз дар он аст, ки маrоми зоҳирӣ дар силсилаи маротиби феодалӣ аксаран бо ҳокимият ва нуфузи амалӣ мувофиrат намекунад, ки баъзе муҳаrrиrон инро фаромӯш мекунанд.

[4]Vasmӯr R., 1930, с. 93–94; Давидович Е.А., 1968 а, с. 70, 71; В.В. Бартольд (1963 б, с. 343) аз ин сиккаҳо хабар надошт, бинобар ин санаҳои ӯ дигар, яъне нисбатан дертар аст.

[5]Бартольд В. В., 1963 б, с. 357.

[6] Марков А. К., 1896, с. 246, 256, № 348, 401; Vasmӯr R., 1930, с. 95; Давидович Е.А., 1968 б, с. 69–74 ва табл. 1–2.

[7] Ба хонадони «{асаниён» нисбат доштани Алитегинро О. Притсак муrаррар намуд (Pritsak О., 1950, с. 216–224).

[8] Барои донистани тафсили ин юриш ва оrибатҳои сиёсии он ниг.: Бартольд В. В., 1963 б, с. 344 ва мобаъд.

[9] Нисбати ин унвонро ба Алитегин (на ба хоҷаи ӯ, чунон ки В.В.Бартолд гумон дошт, Р. Фасмер ба таври боварибахш исбот намуд (Ниг.:Vasmӯr R., 1939, с. 96-97).

[10] Давидович Е.А., 1968 с.67-74.

[11] Масъалаи ба ин овон тааллуr доштани унвони Тамuоч Буuрохон аҳамияти на зоҳирӣ, балки хеле ҷиддӣ дорад: ин масъалаест дар бораи замон ва роҳҳои rарор гирифтани давлати мустаrили rарохонӣ дар Мовароуннаҳр. В.В.Бартольд (1963 б, с. 367) ва Р.Фасмер (Vasmӯr R., 1930, с. 97–98) гумон доштанд, ки ин унвон ба соҳибдавлатони Бӯритегин тааллуr дорад (онҳо ба сифати соҳибдавлат ду шахси тамоман гуногунро ном мебаранд). О.Притсак (Pritsak O., 1950, с. 222, 224) тахмин мекард ва Давидович Е.А. (1970 б) исбот намуд, ки ин унвон ба худи Бӯритегин тааллуr дорад (ӯ худро ҳеҷ гоҳ мутеи Rарохониёни шарrӣ эътироф накардааст) ва онро на дертар аз соли 1040, яъне то истилои тамоми Мовароуннаҳр rабул кардааст.

[12] Фикру аrидаи зоҳиран мураттаби О.Притсак (Pritsak O., 1950, с.227-228) доир ба Фарuонаи мустаrил бо сарварии Муҳаммад ибни Наср, ваrт ва тариrи таъсири ду давлати rарохонӣ – яке uарбӣ, бо маркази Ӯзганд ва дигаре шарrӣ бо маркази Бала-соuун комилан мухолифи факту далелҳост (ниг.: Давидович Е.А., 1968 б, с. 67–75).

[13] Бартольд В.В., 1963 б, с. 374–376.

[14] Давидович Е.А., 1968 6, с. 76.

[15] ИТН, II, I, с. 239.

[16] Барои тафсили ин воrеаҳо ниг.: Бартольд В.В., 1963 б, с. 379 ва мобаъд.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …