Қӯнок — ин растании зироатист ва донҳои он дар сараш, ки ғӯлашакл ва бо ғафсии калтаки чӯпонон, дарозиаш то 20 сантиметр аст. Майсааш гӯё ба қилҳои кӯтоҳак мемонад, ранги хӯшаи сараш сурхи ҷигарӣ, пӯсти донҳояш ҳам бо чунин ранг аст. Андозаи донҳояш аз арзан майдатар, ялаққосӣ ва сахт мебошад. Ҳамчун ғизо ин назар ба арзан беҳтар аст, низ некӯст барои даво истеъмол намоянд.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи якум хунук ва дар дувум хушк, хушкиаш аз арзан камтар аст. Хислатҳои шифобахши он: ин ҳамчун ғизо камқувват, вале хушккунандаи рутубатҳои бадан аст, дарунро мебандад, пешобро меронад, аз меъда дер мефурояд. Агар муқашшари инро бо шири навдӯшида ва бо равғани тоза пухта бихӯранд, ғизои солим мешавад; узвҳои даруни синаро мулоим мегардонад, манӣ пайдо мекунад. Вале дар узвҳои бадан гиреҳҳо ва дар хичак санг пайдо менамояд. Агар аз болои он асал ё шакар бихӯранд ё бо яке аз ин ҳар ду истеъмол намоянд, ду зарари мазкураш ислоҳ мегарданд.