Райҳони гӯши муш — Ин аз намуди райҳонҳои резабарг аст, ки баргҳояш монанди гӯши муш мебошанд, яъне баргаш монанди гӯши муш дарозак, гулаш сафеди пуштиранг, тухмаш монанди тухми райҳони расмӣ мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: дар бобати давогӣ ин райҳон қавитар аз ҷамилак аст.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, гиреҳи майна ва бастагии сурохи биниро мекушояд; дарди сареро, ки аз сардӣ, тарӣ, балғамӣ, савдовӣ ва бодӣ бошад, дафъ мекунад; молихулиёро, ки вобаста ба пардаҳои шикам бошад ва каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад, зукомро банд менамояд, зеро ки таҳлилдиҳандаи рутубат ва бодҳои майна аст.
Агар инро бибӯянд, майнаро кувват мебахшад, мастии шароб ва хуморро манъ мекунад, бастагии сурохҳои биниро мекушояд. Хушки ин навъи райҳонро кӯфта дар бинӣ бирезанд ё обашро чунин кунанд, майнаро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад, каҷ шудани рӯй ва саръро шифо мебахшад. Агар инро бо ҳино якҷо кӯфта, дар ҳаммом ба сар бимоланд, дарди сареро, ки аз хунукӣ бошад, дафъ мекунад.
Равғани инро бимоланд, фолиҷ ва бемориҳои асабро, ки аз сардӣ бошанд, монанди: кузоз (столбняк), карахтӣ, каҷ шудани рӯй ва ғайраро ба ибро меоварад. Ва агар инро ба чашм кашанд, фуромадани зардобро ба гавҳараки чашм, ки дар давраи ибтидо бошад, дафъ мекунад, чашми заифро қавӣ мегардонад.
Хушкашро кӯфта, бо асал хамир сохта бимоланд, кабудии зери чашмро, ки аз шах шудани хун дар зери пуст бошад, дафъ мекунад. Райҳони гӯши мушро хоида, обашро фурӯ баранд, обравии даҳанро манъ мекунад.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди гӯшро таскин медиҳад. Обашро ё равғани онро нимгарм дар гӯш чаконанд ё латтаро дар равғани он тар карда дар гӯш гузоранд, гирҳҳои даруни онро мекушояд.
Ин райҳонро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, фараҳ мебахшад, дарди узвҳои даруни сина, сурфа, зиқ-ун-нафас (астма), дилтапак (дилбозӣ) ва дард кардани дилро ба ибро меоварад; узвҳои ботиниро гарм мекунад, бодҳои сипурзро таҳлил медиҳад; дарди рӯдаҳо, истисқо ва душвории шошиданро шифо мебахшад; ҳайзи бандшудаи занонро мекушояд, қулинҷ (колит)-и бодиро таҳлил медиҳад.
Агар инро хуб кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандшударо равон месозад. Миқдори як бор хӯрдан аз райҳони гӯши муши хушк дар як рӯз то 9 грамм аст ва агар дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 32 грамми онро дар об андозанд.
Вале ба дарун истеъмол кардани ин райҳон ба гурда ва хичак зарар дорад. Давои ин зарарҳояш коснӣ ё тухми чилмангӯштак (семизут) хӯрдан аст. Тару тозаи инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои балғамӣ, яъне варамҳои сарди мулоимро таҳлил медиҳад; бо тухми банг (кирмрезонак) даромехта гузошта банданд, варами хояҳоро мегардонад.
Агар ин райҳонро бо мумравған даромехта гузошта банданд, печиши асаб, дарди пушт ва дарди шушро ба ибро меоварад; аммо бо асал сиришта бимоланд, мондагиро дафъ мекунад. Инчунин чанд бор равғанашро бимоланд ҳам, мондагиро аз бадан бармеоварад.
Ин райҳонро бо сирко соида бимоланд, доғҳои кунҷидак ва бадбӯйии арақро дафъ мекунад. Ва ба он ҷойи бадан, ки хун гирифта бошад, инро бимоланд, асари захми онро нест мекунад. Агар инро ба сирко даромехта гузошта банданд, заҳри каждумро аз бадан хориҷ месозад. Хушки инро дуд кунанд, ҷонварони заҳрнок аз он ҷо мегурезанд ва инчунин зарарҳои ҳавои вабоиро дафъ мекунад.
Аз райҳони гӯши муш равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Кӯфтаи тару тозаи онро фишурда, обашро дар зарфе рехта, аз болояш ҳамон миқдор равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим то обаш батамом бухор гаштан меҷӯшонанд. Равғани боқимонда — равғани райҳони гӯши муш ҳисоб меёбад. Ин равғанро бимоланд, барои фолиҷ, каҷ шудани рӯй, кузоз (столбняк), ларзак, дарди нимсар ва дарди сари аз хунукӣ баҳамрасида даво мебошад. Ва агар инро нимгарм чаконанд, гиреҳи даруни гӯшро мекушояд, гаронии гӯш ва бодҳои даруни онро дафъ мекунад.