Рими оҳан — инро чирки оҳан низ меноманд, ин чизест, дар вақти гудохтани оҳан ё сахт тафсонидан аз он ҷудо ва дар таги кӯра шах шуда мемонад. Инро дажғоли оҳан ҳам мегӯянд ва ба русӣ шлак мехонанд. Ин беҳтарини римҳои фулуззот аст. Инро дар сирко парварда, яъне як шабонарӯз дар он тар карда, баъд хушк намуда, шуста ва хеле маҳин ос карда сонӣ истеъмол мекунанд.
Дар ос кардани он ҳар чӣ қадар бисёр бикӯшанд, ҳамон кадар сифатноктар мегардад. Вале агар барои бемориҳои чашм ва гӯш истифода карданаш лозим бошад, бояд ки бе сирко бошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар севум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин доруи бисёр қавӣ мебошад, хусусияти хушккунандагӣ дорад. Ахар бихӯранд, меъда, дил ва майнаро пурқувват мегардонад, хунравиҳои гуногун ва беҷо равон шудани ҳайзро манъ менамояд, инчунин ҳомила шуданро манъ месозад; бавосир ва бемориҳои сипурзи тармизоҷро даво мешавад, рутубатҳои дохилиро хушк мегардонад, захми рӯдаҳо ва хичакро шифо мебахшад, сустии мақъадро ислоҳ мекунад, беихтиёр равон шудани пешобро ба ибро меоварад, варамҳоро таҳлил медиҳад.
Соидаи инро чун сурма ба чашм кашанд, дағалии пилкҳои чашмро ислоҳ менамояд. Инро бо об даромехта, дар гӯш чаконанд, гӯшро аз чирк пок мекунад. Вале бо асал даромехта бихӯранд, овозро соф мегардонад. Ним граммашро бо зардии тухми мурғ бихӯранд, қуввати боҳи одамони тармизоҷро ба ҳаракат меоварад ва инчунин аз хислати мардӣ маҳрум гашта бошанд, аз нав барқарор мекунад. Агар инро бо сиканҷабин бихӯранд, азият ва газанди давоҳои қаттолро нест месозад; бо шароби кӯҳна бихӯранд, хуни равони бавосирро қатъ мекунад.
Пашмпораеро ба он олонда, занҳо аз таг бардоранд, хунравиро аз бачадон қатъ мегардонад. Худи инро батанҳоӣ гузошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад, шири дар пистон шахшударо мегудозад ва равон мекунад.
Чун инро бист бор бо обу асал бисоянд, хушк кунанд, баъд дар равғани зайтун ба миқдоре ки се ангушт аз он боло бошад, биҷӯшонанд, ба ҳадде ки сеяки равған аз доғ парида равад. Баъд онро бо тухми индов ва асал даромехта лесиданӣ созанду ҳар рӯз ду бор ангуштпеч гирифта тановул намоянд, барои соф кардани овоз, некӯии ранги рухсор, дафъ кардани моддаҳои нодаркори бадан давои бемисл аст. Ё ки чун бо равғани зайтун биҷӯшонанду бо асал даромехта, ҳар рӯз кам-кам аз он бихӯранд, низ овозро соф ва ранги рӯйро некӯ мегардонад.
Вале хӯрдани рими оҳан ба шуш зарар дорад. Дар ин маврид катиро ё асал бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад. Миқдори як бор хӯрдан аз рими оҳан дар як рӯз аз 0,5 то 1 грамм аст. Зиёда аз ин ба дарун истеъмолаш ҷоиз нест. Зеро оқибатҳои бадро ба амал меоварад.