АСОСӢ / ГУНОГУН / Роман чист ва намудҳои он

Роман чист ва намудҳои он

Роман (аз калимаи фаронсавӣ — roman) жанри маъруфи ҷинси ҳамоса (эпикӣ) мебошад ва аз дигар жанрҳои ҳамосӣ, чун қисса, достон, ёддошт, ҳикоя, новелла, афсона фарқ мекунад.

Роман асосан ба наср ва баъзан ба назм навишта шуда, дорои имконияти васеи тасвир мебошад.

marjonaЗамону макон дар роман васеъ ва пурвусъат мебошад ва воқеаҳо дар чанд маҳал рӯй медиҳанд. Агар воқеаҳои «Дохунда» дар минтақаҳои Бухорои Шарқӣ ва Бухоро 30 сол давом ёбанд, пас, ҳодисаҳои «Ғуломон» дар маҳалҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон зиёда аз 100 солро фаро мегиранд.

Вобаста ба ҳудуду моҳияти воқеаҳо ва масъалаҳои тасвир- шаванда дар ҳалли низоъҳои романҳои «Ғуломон»-и С. Айнӣ, «Шӯроб»-и Р. Ҷалил, «Духтари оташ»-и Ҷ. Икромӣ зиёда аз 100 персонаж ширкат доранд. Асарҳои калонҳаҷми манзуму мансу- ре, ки дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои зиёд бо тамоми мураккабӣ ва печдарпечиашон тасвир меёбанд, эпопея ном доранд. Романҳои калонҳаҷми «Ҷанг ва сулҳ»-и Л.Н. Толстой, «Зиндагии Клим Сангин»-и М. Горкий, «Дони ором»- и М. Шолохов, «Ғуломон»-и С. Айнӣ, «Абай»-и М. Авезовро эпопея мегӯянд.

Баъзан, мавзӯъ ва персонажҳои як роман дар романҳои мин- баъдаи нависанда идома ёфта, боиси муттаҳидии сохту сужети асарҳо мегарданд. Романҳои дорои мавзӯъ ва образҳои ягона агар аз ду китоб иборат бошанд, дугона (ё диалогия), аз се китоб — сегона (ё трилогия), аз чор китоб — чоргона (ё тетралогия) ном мегиранд. Дар адабиёти тоҷик мисоли романи дугона «Ситорае дар тирашаб» ва «На, ситораҳо мерезанд»-и Расул Ҳодизода ва намунаи романи сегона «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бу- хоро» ва «Тахти вожгун»-и Икромӣ мебошанд. Образҳои «Дух- тари оташ» чун Фирӯза, Ҳайдарқул, Асо дар асарҳои дувум ва сеюм низ ширкат варзиданд. Чанд романеро, ки мавзӯи умумӣ ва персонажҳои ягона доранд, силсилаи романҳо меноманд. «Мазҳакаи инсонӣ»-и нависандаи фаронсавӣ Оноре де Балзак, ки зиёда аз 20 ҷилдро дар бар кардааст, мисоли барҷастаи силсилаи романҳо мебошад.

Пайдоиш ва инкишофи роман

Роман ҳамчун истилоҳи адабй дар Авру- пои асрҳои миёна пайдо шуда бошад ҳам, таъ- рихи қадим ва бой дорад. Асарҳои ба роман монандро дар адабиёти қадими Юнон,

Ҳиндустон, Чин, Япония пайдо кардан мумкин аст.

Пайдоиши романро дар адабиёти форсу тоҷик ба асрҳои 4-5 мелодй («Корномаи Ардашери Бобакон») нисбат додаанд.

Асарҳои машҳури асримиёнагӣ, аз ҷумла «Абӯмуслимнома», «Доробнома», «Самаки айёр», «Қиссаи Амир Ҳамза», «Замчи- нома», «Баҳром ва Гуландом», «Саргузашти Ҳотами Той», «Чор дарвеш»-ро, ки ба талаботи асосии жанри мазкур ҷавоб дода ме- тавонанд, роман номидан мумкин аст.

Дар адабиёти давраи нави тоҷик роман дар асоси анъанаҳои насри бадеии гузаштаи тоҷик ва адабиёти русу халқҳои дигари олам инкишоф ёфт. Нахустин романи адабиёти давраи нави тоҷик «Дохунда» мебошад, ки ба қалами Садриддин Айнӣ тааллуқ до- рад. Баъдҳо наслҳои гуногуни нависандагон ба таълифи роман рӯ оварда, ба комёбиҳо ноил гардидаанд.

Навъҳои роман: Роман дар ҷараёни таърихи пайдоиш, та- шаккул ва такомули худ аз ҷиҳати мавзӯъ ва услуби баён беш аз пеш васеъ ва доманадор гардида, паҳлуҳои гуногуни зиндагию фаъо- лияти ҷомеаи инсониро фаро гирифт. Вобаста ба ҳамин роман ба навъҳои гуногун тақсим шудааст, ки маъмултаринашон инҳо ме- бошанд: романи иҷтимоию оилавӣ, романи фалсафӣ, романи таърихӣ, романи таърихию инқилобӣ, романи тарҷумаиҳолӣ, ро- мани асотирӣ, романи моҷароӣ, романи ҳаҷвӣ ва ғайра. Дар ада- биёти давраи нави тоҷик романҳои иҷтимоиву оилавӣ, таърихӣ, таърихию инқилобӣ, тарҷумаиҳолӣ ва саргузаштӣ бештар мушоҳида мешаванд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Роман чист ва аз дигар жанрҳои эпикӣ чӣ фарқ дорад ?
  2. Хусусияти асосии романро номбар кунед.
  3. Дар бораи эпопея маълумот диҳед.
  4. Кадом асарҳоро дугона, сегона, чоргона ва силсила меноманд ?
  5. Дар бораи таърихи роман чӣ гуфта метавонед ?
  6. Роман дар адабиёти давраи нави тоҷик кай ва чӣ хел пайдо шуд?

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …