АСОСӢ / ГУНОГУН / Романтизм чист?

Романтизм чист?

Романтизм ва реализм чун истилоҳҳои  адабй нимаи аввали асри Х1Х дар Аврупо  пайдо шудаанд. Вале тасвирҳои романтикӣ ва реалистӣ диққати мутафаккирони ҷаҳонро аз давраҳои қадим ба худ ҷалб намудаанд.

Романтизм (фаронсавӣ — роман) чунин методи эҷоди бадеист, ки мувофиқи он ҳаёти воқеӣ дар асар ба таъбири файласуфи не- мис В. Шеллинг (1755-1854), «на чунонки ҳаст, балки чунонки ме- бояд» тасвир мешавад.

Тасвирҳои романтикӣ дар осори адибони классикии фор- су тоҷик ба воситаи ифодаи ғояҳои халқпарварона, шоҳи одилу афсонавӣ, асотир, ҳаёти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва ғайра фароҳам омадаанд. Баёни рамзиву тамсилӣ ва муболиғаомез чун усули истифодаи асарҳои романтикӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик ҳам мавқеи муносиб дорад.

Дар достонҳои Низомӣ («Искандарнома»), Амир Хус- рав («Ойинаи Искандарӣ»), Ҷомӣ («Хирадномаи Искандарӣ») образҳои подшоҳони одилу некукирдор ва халқпарвару хирад- манд офарида шудаанд. Дар охири ин асарҳо мамлакати обод ва мардумони озод ба тасвир омадааст, ки дар ҷомеаи инсонӣ то ҳол чунин мамлакати идеалӣ вуҷуд надорад.

Дар образҳои Лайлӣ ва Маҷнун ахлоқи неку сидқу сафои қаҳрамонон ба таври романтикӣ тасвир ёфтааст. Дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ чунин лаҳзаҳои хаёлие, ки ба хо- нанда таъсири амиқ мерасонад, бисёранд. Маҷнуни шӯридадил, баъди он ки ҳама кӯшишҳои ӯ дар роҳи васли ёр бенатиҷа анҷом меёбад, рӯ ба саҳро меорад. Ӯ дар роҳ бо парандаҳо сухан гуф- та, гавазну оҳувонро ба ивази аспу дигар дороияш аз банд озод мекунад. Дар ин тасвирҳо симои Маҷнун чун ошиқи содиқу ин- сони комил бо тамоми барҷастагӣ намоён мешавад. Барои ӯ озо- дии тамоми мавҷудоти зинда муқаддас аст. Маҷнун ба сайёде, ки оҳувонро дар банд карда буд, мегӯяд:

…Беҷон чӣ кунӣ рамидаеро?

Ҷонест ҳар офаридаеро!..

Дил чун диҳадат, ки барситезӣ, Хуни ду-се бегунаҳ бирезӣ?

Он кас, ки на одамист, гург аст,

Оҳукуши оҳуе[1] бузург аст…

Гардан назанаш, ки бевафо нест, Дар гардани ӯ расан[2] раво нест…

Маҷнун дар симои оҳу Лайлиро пеши назар меорад ва ин офаридаи зебои табиатро чун маҳбубааш самимона васф мена- мояд. Ғайр аз ин, тамоми воситаҳои тасвир барои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва маҳкуми беадолативу беинсофй равона гардидааст. Дар ҳар як байт зиндагӣ ба марг муқобил гузошта шудааст. Сайёҳи бераҳм ба гурги дарранда ташбеҳ шудааст. Саволҳои пайдарпай, ташбеҳу истиора, таҷнису тавсиф барин санъатҳои бадеӣ ба хо- нанда дар маърифати зиндагӣ таъсири амиқ мерасонад.

Ҷанбаи романтикии достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ дар боби «Унси Маҷнун бо вуҳуш ва сибоъ»[3] басо амиқ ба на- зар мерасад. Ҷавҳари баёнро дар ин боб тасвирҳои тамсилӣ ва ташхисӣ ташкил медиҳанд. Маҷнун баъди зиёрати гӯри падар боз рӯ ба саҳро мениҳад ва бо ваҳшиён ҳаёт ба сар мебарад. Ӯ бо ваҳшиён ошноӣ пайдо мекунад. Чун Сулаймон[4] ҳама фармонбар- дораш шуда, хислати даррандагиашонро фаромӯш мекунанд:

Шоҳиш ба ғояте расида, К-аз хӯйи дадон дадӣ бурида. Афтода зи меш[5] гургро зӯр, Бардошта шер панҷа аз гӯр. Саг бо харгӯш сулҳ карда, Оҳубара шири шер хӯрда… Аз хобгаҳаш гаҳе, ки хуфтӣ, Рӯбоҳ ба дум замин бируфтӣ…

Мусофирон барои Маҷнун хӯрока меоварданд ва ӯ анвои хӯрокаро низ ба дӯстонаш қисмат мекард:

Як зарра аз он навола карди,
Боқӣ ба дадон ҳавола кардИ.

Маҷнун ба оҳуи майдаяке таваҷҷуҳи бештар дошт ва онро на- возиш мекарду аз чашмонаш мебӯсид ва дар ин ҳолат аз чашми Лайли ёд меовард. Низоми таъкид мекунад, ки хислатҳои неку амалҳои муносиби Маҷнун боиси ба вуҷуд омадани ҷомеаи на- мунавии ваҳшиён гардид. Аҳамияти маърифатии ин тасвири романтики ҳам дар ҳамин аст.

Моҳияти тасвирҳои романтикӣ

Тасвирҳои романтики хонандаро ба шавқу завқ оварда, диққати ӯро ба мундариҷаи асар бештар ҷалб мекунад. Бинобар ин, гоҳо ади- бон асарҳояшонро бо манзараҳои табиат ва

дигар тасвирҳои ҷолиби романтикӣ ҳусни оғоз мебахшанд. Аз ин ҷиҳат, боби аввали романи «Дохунда»-и С. Айнӣ — «Дараи ниҳон» бисёр муассир аст. Дар ин боб манзараи табиии яке аз дараҳои кӯҳистони Ҳисори Шодмон, ки ишқи Ёдгору Гулнор аз он сар- чашма мегирад, тасвир ёфтааст. Махсусан, тасвири чашмаҳои кӯҳии Дараи ниҳон дар фасли баҳор назаррабо ва мафтункунанда мебошад. Нависанда шаффофии ҷӯйчаҳоро ба ойина ва софии оби ҷӯйчаҳоро ба алмоспора монанд мекунад ва сабаби ин софко- риро муболиғаомез «аз санг гузаронида» меномад: «Оби ин ҷӯйҳо чунон соф аст, ки гӯё аз санг гузаронида софкориаш карда бо- шанд, монанди алмоспора беғубор менамояд… Канор ва замини ин ҷӯйча аз сангпораҳо бино ёфтааст, ки ба сабаби шустушӯйи ҳамешагии об монанди ойина шаффоф шудааст».

Тасвирҳои бадеӣ ба хонанда завқи бадеӣ ва лаззати эстетикӣ бахшида, ӯро ба дарки амиқи фалсафаи зиндагӣ раҳнамун месозад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Оид ба тасвирҳои романтикӣ ва реалистӣ маълумот диҳед.
  2. Романтизм чун методи адабӣ кай пайдо шудааст?
  3. Дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ кадом лаҳзаҳои хаёлӣ тасвир ёфтаанд ?
  4. Мавқеи тасвирҳои тамсилиро дар боби «Унси Маҷнун бо вуҳуш ва сибоъ» нишон диҳед.
  5. Чаро Маҷнун ба оҳуи майдаяке таваҷҷуҳи бештаре дошт ?
  6. Барои чӣ устод Айнӣ романи «Дохунда»-ро бо тасвири

чашмаҳои кӯҳистон сар кардааст ?

[1]   Оҳу — айб, нуқсон, хато.

[2]   Расан — таноб, ресмон.

[3]   Сибоъ — хайвони даранда, дад.

[4]   Сулаймон — шоҳ ва пайғамбар дар аҳди қадим, ки тамоми дарандагону парандагон мутеи ӯ будаанд.

[5]   Меш — гӯсфанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

1xbet-28-09-2021

На сайте 1xBet лучшие котировки на игры Вольфсбург

Начал о игр в Бундеслиге дало довольно неожиданные результаты, так как появилось сразу несколько команд, которые …