Сабир

Сабир

Сабир — Ин растаниро ба русӣ алоэ меноманд. Дар сарзамини мо гиёҳи инро аксар ҳангоми зимистон дар тубакҳо ҷо дода, дар хонаҳо парвариш мекунанд ва дар фаслҳои дигар мумкин аст дар берун, ҳатто дар заминҳо нашъунамо диҳанд. Инро баргаш ғафс, шахшӯл, дароз ва нӯгтез, қисми поёни барги он сербар, бисёр обдор, часпак ва каме хор ҳам дорад. Таъмаш талх аст. Оби онро фишурда гирифта, дар зарфҳои кушода хушк месозанд. Сабир се қисм мебошад: 1. Сабири арабӣ, ки беҳтаринаш дар ҷазираи Сақутар, ки наздики мулки Яман аст, мерӯяд. Ва дар он ҷазира давоҳои кундур, мукл ва дамм-ул-ахвайн бисёр мерӯянд. Сабири он ҷо зард ва заъфаронии тира, зудшикан ва аълосифат мебошад. 2. Сабири ҳиндӣ, ки зарди камранг ва моил ба сиёҳӣ аст. Ин дар бобати давогӣ аз сабири сакутарӣ сусттар аст. 3. Сабири самиконӣ, ки ба номи деҳаи Самикони мулки Наҷористон машҳур аст ва инчунин онро сабири форсӣ ҳам меноманд. Ин аз ҳама заифтарин қисмҳои сабир аст, сиёҳранги тира, шабеҳ ба дурда, дершикан, бадбӯ, сабук ва дар амалҳои табобат хеле камтаъсир мебошад. Инро фақат аз берун истеъмол менамоянд.

Қуввати сабир баъд аз ҷудо кардан аз танааш то чор сол боқӣ мемонад ва агар аз чор сол гузарад, то ҳафтум сол торафт сусттар мегардад. Пеш аз истеъмол бояд, ки онро бисёр ва хуб бисоянд, то ки ҳангоми хӯрдан ба патҳои меъда бичаспаду хуб амал кунад.

Аммо инро ҷавонони сафровимизоҷ, одамони гарммизоҷ, касоне, ки узвҳои даруни сина ва шикамашон сусту заиф бошанд, инчунин мосориқо ва ҷигарашон суст бошанд, иллатҳои мақъад ва бавосирдоштагон ва шахсоне, ки дар баданашон хун бисёр ва рагҳояшон .танг бошад, инчунин дар ҳавоҳои бисёр гарм ва бисёр хунук истеъмол нафармоянд. Инчунин ҳангоме ки дар меъда таом мавҷуд бошад, набояд бихӯранд, ки мабодо ба таом омехта гашта, онро мурдор гардонад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Вале талхии таъм ва қабзиятнокии он ба мураккаб-ул-қувват будани он далолат мекунад.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳҳои ҷигар ва дигар гиреҳҳоро дар бадан мекушояд, бодҳои шикамро таҳлил медиҳад; ҳар як моддаи нодаркори дар меъда, сар, буғумҳо ва ғайра ҷамъшударо башаст бо исҳол дафъ мекунад, вале дар дигар ҷоҳо бошад, таъсираш суст аст. Моддаҳоро аз ҷоҳои чуқури бадан мекашад, меъда ва рагҳоро аз римҳо пок месозад; савдо, балғами ғафси шаффоф ва сафровиро пазонида ихроҷ менамояд: зардпарвинро бо исҳолкунандагии худ шифо мебахшад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, ин беҳтарин давоест барои меъда ва поккунандаю қувватбахши он; қуввати бинишро зиёда мегардонад ва дигар ҳисҳоро некӯ ва сара менамояд; молихулиё, бемориҳои рӯҳӣ ва аксари иллатҳои майнаро, ки вобаста ба меъда бошанд, дафъ мекунад, зеро ки меъда бо онҳо комилан ширкат дорад; хоб меоварад.

Агар инро гузошта банданд, решҳои тарро бидуни дард хушк мегардонад, носурҳои чуқурро ба ҳам часпонида сиҳат мебахшад, захмҳои беҳнашавандаро сиҳат мекунад, хусусан, ки дар мақъад бошанд ва намегузорад, ки моддаи онҳо бадҳол гардад. Агар пеш аз баромадани ришта, яъне дар аввали намоён шудани аломатҳои он се рӯз пайи ҳам рӯзи аввал 1,75 грамм, рӯзи дувум 3,5 грамм ва рӯзи севум 5,25 грамм аз он бихӯранд ва миқдореро аз он ба он ҷо ҳам бигузоранд, то ки моддаи онро пароканда ва нест гардонад, шифо мебахшад.

6, 75 грамм сабирро бо оби нимгарм бихӯранд, башиддат исҳоли меъда меоварад ва меъдаро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад; ҳамин миқдор сабирро бо шаҳдоб биёшоманд, балғам ва сафроро ба воситаи исҳол фуруд меоварад. Гоҳо ҳодис мешавад чун субҳ ва шом чанд ҳаб (таблетка) бо давоҳои ислоҳкунандаи он шилми санавбар ва асали соф ҳар дуро даромехта ва ҳамаро бо оби гарм фурӯ баранд, дарунро меравонад ва таомро дар меъда вайрон намегардонад, инчунин дардҳои меъдаро дар як рӯз бартараф месозад; агар онро бо мустако (мастика) бихӯранд, майнаро аз моддаҳои бегона пок мегардонад; агар бо занбӯруғи сафеди танаи дарахт бихӯранд, барои буғумҳои бадан ва дамкӯтаҳӣ дору мешавад ва узвҳои даруни синаро аз моддаҳои бегона пок менамояд. 3,5 грамм сабирро бо оби хунук бихӯранд, иллати хун қай кардан ва зардпарвинро сиҳат мебахшад; агар ин миқдори онро бо гули сурх ва мустако бихӯранд, ҳамаи бемориҳои меъдаро шифо мебахшад; бо талхшувоқ бихӯранд, барои ҳамаи бемориҳои савдовӣ, дафъ кардани кирмҳои меъда ва рӯдаҳо, бемориҳои сипурзу гурда ва басанда гардонидани ташнагӣ, ки аз ҷамъ шудани сафрои балғамнок бошад ва инчунин барои барқарор намудани иштиҳои гумшуда дору мебошад, инчунин тафсидани забончаи ҳалқро, ки аз пайдо шудани сафро дар меъда ҳодис шуда бошад, ба ибро меоварад; ва агар бо давоҳои исҳоловар ҳамроҳ карда бихӯранд, намегузорад, ки зарари онҳо ба меъда бирасад.

СабирЧун сабирро бо талхшувоқ даромехта, ба кӯдаки ширмак бихӯронанд ва агар ба он хӯронидан бинобар талхӣ душвор бошад, ба модари тифл бихӯронанд, таъсираш ба воситаи шири модар ба кӯдак гузашта, кирми шиками кӯдакро дафъ мекунад. Агар се рӯз пайи ҳам ба микдори 4,5 грамм сабирро бихӯранд ва се рӯз тарк намоянд ва боз се рӯз биёшоманд, гиреҳҳои ғадудмонандеро, ки кӯҳна шуда бошанд, ба таҳлил мебарад, яъне гудохта нест мегардонад.

Мнкдори як бор хӯрдан аз сабир дар як рӯз 4,5 грамм аст; 5,25 граммн он исҳол меоварад ва 10,5 грамми онро бихӯранд, баданро аз ахлоти мурдор пок мегардонад. Аммо сабирро аз ҳад зиёд ва бардавом бихӯранд, ба исҳоли хунин гирифтор менамояд. Вале сабирро ёфтан душвор гардад, баробари вазни он талхшувоқ ва ё ним вазни он заъфарон истеъмол намоянд, раво мебошад.

Вале истеъмоли сабир ба дарун, ба рӯдаҳо, меъда, ҷигар ва ҷигари заиф, инчунин ба мақъад зарар дорад, зеро ки сустиовар ва кушояндаи рагҳои мақъад мебошад ва рӯдаҳоро мумкин аст, бихарошад. Давояш: агар ба рӯдаҳо зиён кунад, катиро бояд хӯрд; агар меъда ва ҷигарро суст гардонад, мустако ва гулисурх бояд истеъмол фармоянд; чун ба мақъад зарар оварад, он мавзеъро бо равғани гули сурх ё равғани бунафша чарб намоянд ё чарбии бузро бимоланд, ислоҳ мепазирад.

Сабирро бо асал ва ҳалилаи зард биёшоманд, қуввати таъсири онро зиёда мегардонад, зеро ҳар дуи инҳо қувватбахши сабир мебошад. Аммо сабири пастсифатро бе зарурат истеъмол кардан ҷойиз нест, зеро ки вай то се рӯз дар меъда мемонад ва ҳеҷ поён намефурояд, инчунин ғамгин мекунад ва ба изтироб меоварад. Сабирро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад; шилпуқӣ, хориш ва қӯтури пилкҳои чашмро дафъ мекунад, пилкҳои ғафсташтаро ба эътидол меоварад, захмҳои чуқури чашмро пур мегардонад ва онро фарбеҳ месозад, хуни ба тарафи чашм барангехташавандаро қатъ менамояд.

Сабирро бо равғани гулисурх сиришта бимоланд, реши чашм, қӯтур ва дардҳои онро, ки аз ҷониби бинӣ бошанд, дафъ мекунад ва рӯтубатҳои зиёдатии чашмро хушк мегардонад. Ин таркибро ба пешонӣ ва чаккаҳои сар бимоланд, майнаро аз моддаҳои зарарноки сафровӣ пок менамояд ва дарди сарро таскин медиқад. Сабирро бо намак ва танакори арманӣ (яъне танакори сурх) даромехта, бар пеши сар бимоланд, назлаҳои сардро манъ мекунад, майнаро гарм ва рутубати зиёдатии онро хушк месозад; агар бо оби барги зуф ва сирко сиришта бимоланд, решҳои тари сари кӯдаконро шифо мебахшад; ва агар танҳо бо оби барги зуф даромехта бимоланд, захмҳои гӯш ва биниро ба ибро меоварад; бо равғани кадуи ширин якҷо карда бимоланд, барои ҷароҳатҳои бинӣ даво мешавад; бо мӯрд (мирт) ва шароб сиришта бимоланд, мӯйи сар ва ришро сиёҳ, инчунин шахуши он мавзеъҳоро дафъ мекунад ва муйро, ки аз качалӣ (каляра) рехта бошад, аз нав мерӯёнад; бо асал сиришта бимоланд, узвҳои зарба ва латхӯрдаро, ки хун дар он ҷо мурда ва кабуд гашта бошад, шифо мебахшад, доғҳои пӯстро дафъ мекунад, дарди сар ва назлаҳоро ба ибро меоварад, варамҳои хунукро таҳлил медиҳад; барои доначаҳои мӯрчагазак, вабои сурх, милкаки нохун, решҳои ҳабиса, дардҳои пушт ва буғумҳо даво мешавад; бавосирро нафъ мебахшад; бо шароб ва асал даромехта бимоланд, барои узвҳои латхӯрда, офати мушакҳои ду тарафи забон, хунравии милки дандон, варамҳои даруни даҳан ва сурохҳои бинӣ, решҳои душвор беҳшаванда, хусусан, ки дар рӯйи бинӣ, закар ва мақъад бошанд, дору мешавад. Бо оби кашнизи тар ва сирко даромехта бимоланд, сурхбод, шаро (аллергия)- ро, бо шароби ширин сиришта бимоланд, донаҳои бавосир ва барҷаставу овехтаи донаҳои бавосирро дафъ месозад ва омадани хунро аз онҳо қатъ мегардонад, кафидани мақъадро ба ибро меоварад; бо оби пиёзи гандано сиришта бимоланд, донаҳои бавосирро меафтонад, аммо бояд ки баъд аз афтодани донаи бавосир он мавзеъро бо омехтаи аз соидани равғани гулисурх ба сурб (қӯрғошим) бимоланд.

Сабирро бо оби гандано ва пӯсти мор пухта, батакрор бимоланд, донаи бавосирро меафтонад ва дар ин амал назир надорад. Агар сабирро соида батанҳоӣ бо асал даромехта бимоланд, ҷасади мурдаро аз вайрон шудан ва бадбӯ гаштан нигоҳ медорад. Сабирро соида, бо сирко даромехта, бо ин таркиб сарро бишӯянд, сабӯсаки сар ва ширинчаро дафъ мекунад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.

Сабирро сӯхта, дудашро ба воситаи найча ва ё бо қиф батакрор бикашанд, дамкӯтаҳиро дафъ мекунад. Бо соидаи сабир ҳукна кунанд, барои бавосир фоида дорад. Сабирро хушк карда, кӯфта бипошанд, захмҳоро хушк карда сиҳат менамояд; барои захмҳои закар ва фарҷи занон ва узвҳои дигари асабонӣ даво мешавад; агар бо кӯфтаи устухони пӯсида баробарвазн даромехта бипошанд, решҳои хӯранда, бавосир, решҳои ҳабисаро нест мекунад. Барги онро аз миёнаш чок карда, ба он кӯфтаи зардчӯба ва афюни маҳинсоидаро пошида, ба варами каши рон, ки хаёрак меноманд, гарм карда банданд, онро таҳлил медиҳад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …