АСОСӢ / Маориф / Садриддин Айнӣ ҳамҷун шоир

Садриддин Айнӣ ҳамҷун шоир

Дар давраи аввали эҷодиёти Садриддин Айнӣ, ки аз солҳои 90-уми асри XIX то солҳои 20-уми садаи ХХ-ро дар бар мегирад, назм мавқеи калон дорад. Садриддин ҳанӯз айёми дар мактаби деҳа хонданаш машқи шеър мекард ва аз солҳои 1892-1893 бо тахаллусҳои «Сифлӣ», «Муҳтоҷӣ» ва «Ҷунунӣ» шеър менавишт. Вале ҳеҷ кадом тахаллусҳои номбурда ба шоири ҷавон маъқул намешавад ва баъдтар тахаллуси «Айнӣ»-ро инти- хоб менамояд, ки дорои 48 маъно мебошад. Ғазали «Гули сурх», ки соли 1895 эҷод гардидааст, аввалин шеъри бо тахаллуси Айнӣ1 суруда ба шумор меравад:

Рози дил мегуфтам, ар як марҳаме медоштам,

sadriddin_ayniШикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам… Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо, Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам. Чун тарозу кай шудӣ саргаштагӣ бар ман насиб? Айнӣ, ар фикре на аз бешу каме медоштам.

Шоир анъанаи адабиёти классикии тоҷикро идома дода, бештар ба жанрҳои лирикии ғазал, қитъа, мусаммат, қасида, маснавӣ ва рубоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Дар ғазалҳояш ишқу муҳаббат, манзараҳои нотакрори табиат ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ самимона ва ҳунармандона васф гардидаанд:

Ёрро аз лутф бар ҳолам назар будӣ, чӣ будӣ? Ё маро ҷуз ошиқӣ кори дигар будӣ, чӣ будӣ? Васл бо ин кӯтаҳӣ, ҳиҷрон ба ин дуру дарозӣ, Шоми ғам чун субҳи шодӣ мухтасар будӣ, чӣ будӣ? Ёр мехонад ба сӯйи хеш арбоби ғаноро2, Айнии бечораро ҳам мушти зар будӣ, чӣ будӣ?

С.Айнӣ бархе аз шеърҳояшро дар тазмин ва татаббӯи ашъо- ри Саъдию Ҳофиз, Камоли Хуҷандию Камоли Исфаҳонӣ, Ҷомию Ҳилолӣ, Бедилу Соиб эҷод намуда, маҳорати сухансанҷии худ- ро такмил додааст. Аз ин ҷиҳат, мухаммасҳои тазминии шоир ҷолиби диққатанд. Айнӣ ғазалҳои маъруфи шоирони номбурда- ро интихоб карда, дар радифи онҳо мисраъҳое меофарад, ки аз лиҳози тасвир дар як поя қарор доранд. Як банд аз мухаммас бар ғазали Ҳофиз:

__________ Сӯхт ҳиҷрон хирмани бунёди ман,

  • Айнӣ — чашма, чашм, аслӣ, баробарӣ ва ғайра.
  • Арбоби ғано — шахсони доро ва бой.

Гашт вайрон хонаи ободи ман,

Нест фориғ хотири ношоди ман,

«Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман, Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод!»

Баробари ба воқеаҳои сиёсй ва иҷтимоии давр майл намуда- ни С. Айнӣ мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори шоир низ тағйир ёфт. Адиб ба чунин хулоса омад, ки дар замони ӯ танҳо ба мавзӯи ишқу муҳаббат маҳдуд шудани шоирон басанда нест. Шеър ҳам бояд ба тасвири масъалаҳои мубрами рӯз кор гирифта, ба дардҳои иҷтимоии ҷомеа бархӯрад.

Шеърҳои «Мактаб», «Саҳаргоҳон», «Заминро бояд нафу- рӯшед», «Бомдоди баҳорон», ки солҳои 1911-1917 эҷод гардидаанд, бо содагӣ, самимият ва хусусияти пандуахлоқии худ фарқ меку- нанд. Ин шеърҳо заминаи мустаҳками воқеӣ дошта, таҷассумгари ақидаҳои маърифатпарварӣ ва равшангароии шоир мебо- шанд. Масалан, дар ибтидои асри XX дар Бухоро муносибатҳои капиталистӣ қувват гирифта, он боиси заминро бо нархи арзон фурӯхта ба шаҳр ҳиҷрат кардани заҳматкашони деҳот гардид. Шеъри «Заминро бояд нафурӯшед» ҳушдорест, ки заҳматкашонро аз оқибати фоҷиабори заминфурӯшӣ огоҳ месозад:

Эй қуввати ҷисму қути[1] ҷонам, Осоиши ҷони нотавонам! Бишнав зи ман ин хуҷаста[2] гуфтор, Мафрӯш замини хеш зинҳор. Ин хоки сияҳ, ки мушкбез аст, Мафрӯш, ки модари азиз аст!

Ифоданокӣ ва қувваи тасвир ба воситаи санъатҳои бадеии ташбеҳ, тавсиф ва такрор хеле хуб таъмин гардидаанд. Чунин ҷозибанокӣ ва таъсирбахшӣ дар дигар шеърҳои номбурда низ мушоҳида мешавад.

Дар шеърҳои «Фоҷиаи шиа ва суннӣ», «Ҳасрат», «Нидо ба ҷавонон», «Марсия дар кушта шудани бародарам Ҳоҷӣ Сироҷ дар зиндони амир» ва достони тамсилии «Парвона ва кирмак»
шоир ба мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоӣ рӯ овардааст. «Фоҷиаи шиа ва суннӣ» ба муносибати задухӯрде, ки 23 январи соли 1910 ми- ёни шиимазҳабон ва суннимазҳабон дар Бухоро рух дода буд, эҷод гардидааст. Дар шеър сабабгори асосии ин фоҷиа будани ҳукуматдорони мансабталош таъкид ёфта, мардум ба ҳушёрӣ ва хештаншиносӣ даъват мегардад:

То ба чандин рехтан хуни бародар ҷойи об, То куҷоҳо кӯфтан бар фарқи модар ҷойи мор? Худкушӣ баҳри чӣ? Аз бегонагон орем шарм. Дӯстозорӣ чаро? Аз душманон дорем ор!

Дар ашъори давраи аввали эҷодиёти Айнӣ тарзу услубҳои гуногуни тасвир истифода шудааст. Шоир дар баёни фикр гоҳ аз оҳангҳои лирикӣ, гоҳ аз тарзи ифодаи публитсистӣ ва гоҳ аз тасвирҳои тамсилӣ бомаҳорат истифода кардааст. Дар достони «Парвона ва кирмак» андешаҳои сиёсиву иҷтимоии шоир дар пардаи тамсил баён ёфтааст. Образи кирмак (заҳматкашони ба замин сарукордошта) ба образи парвона (заминдорон ва заминҷаллобони мағруру худписанд) муқобил гузошта шудааст. Оқибат тифлон (ҷавонони ватандӯсту халқпарвар) ба боғ даро- мада, аз парвона пару бол мекананд ва кирмак шукр мекунад, ки мағруру худписанд нест. Тамсил чунин ҷамъбаст шудааст:

Он, ки дар ин маърака худрой шуд, Худсару худбину худорой шуд. Оқибаташ ҳол бад-ин сон шавад, Маъракаи бозии тифлон шавад.

Фаъолияти шоирии адиб баъди инқилоби Октябр ҳам давом намуд. Шоир дар ин айём баробари жанрҳои суннатӣ аз шаклҳои нави шеърӣ низ бомаҳорат истифода кардааст.

«Суруди озодӣ» ё «Марши ҳуррият» (1918) ном шеъри Айнӣ аз нуҳ банди чаҳормисраӣ иборат буда, ба оҳанги «Марселеза»[3] эҷод гардидааст. Ин суруд дар ду вазн (1. Баҳри рамал — фоилун, фои- лун, фоилотун; 2.Баҳри мутадорик — фоилун, фоилун, фоилун) эҷод гардида, ҳам аз ҷиҳати мундариҷа ва ҳам аз ҷиҳати вазну қофия шеъри навоварона мебошад:

Эй ситамдидагон, эй асирон!

Вақти озодии мо расид.

Муждагонӣ диҳед, эй фақирон! Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид…

Устод Айнӣ то охири умр аз эҷоди асарҳои назмӣ даст нака- шид. Шеъру достонҳои «Инқилоб» (1919), «Ба шарафи инқилоби Октябр» (1920), «Ахгари инқилоб» (1921), «Овози тоҷик» (1924), «Шоистаи ҳурмат» (1932), «Даҳ сол» (1932), «Тоҷикистон» (1935), «Ба Пушкин» (1937), «Ҷанги одаму об» (1937), «Марши интиқом» (1941), «Суруди зафар» (1943), «Қасидаи ҷанг ва зафар» (1945) ва ғайра бо хусусияти публитсистӣ ва рӯҳи муассири худ муносиба- ти шоирро ба воқеаҳои муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Шӯравӣ барҷаста ифода мекунанд.

С.Айнӣ барои асарҳои насрии худ низ порчаҳои назмӣ таъ- лиф кардааст. Қисми зиёди ашъори шоир дар маҷмӯаҳои «Ахгари инқилоб» (1923), «Ёдгорӣ» (1935) ва ҷилди 8-уми Куллиёт (1981) фароҳам омадаанд. Вале дар давраи дуюми эҷодиёти адиб шеър мавқеи маҳдуд дорад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Тахаллусҳои адабии шоирро номбар карда, порчаеро аз ғазали «Гули сурх» қироат намоед.
  2. Айнӣ дар давраи аввали эҷодиёти худ ба кадом жанрҳо таваҷҷуҳ зоҳир намудааст?
  3. Ғазал дар эҷодиёти С.Айнӣ чӣ мавқеъ дорад?
  4. Ашъори шоир ба кадом мавзӯъҳо бахшида шудаанд?
  5. Моҳияти пандуахлоқии ашъори С.Айниро шарҳ диҳед.
  6. Шеъри «Суруди озодӣ» дар кадом оҳанг эҷод гардидааст?

[1]   Қут — таом, хӯрок.

[2]   Хуҷаста — хуб, хуш, муборак.

[3] Марселеза — суруди инқилобии фаронсавӣ, гимни давлатии Фаронса мебо- шад. Муаллифи матн ва мусиқии он Руже де Лил (1760 — 1836) аст.

Инчунин хонед инро

bonk

«ИСЁНИ ХИРАД» ВА АШЪОРИ БАЧАГОНА

Достони «Исёни хирад» ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва файласуфи асри XI тоҷик Носири …