АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Сафол — зарфи шифобахш?

Сафол — зарфи шифобахш?

Сафол — Ин зарфест маълум, ки аз гили пухта ва маҳсули кулол мебошад.  Мизоҷаш бисёр хушк асг ва бо андак гармӣ.

  Хислатҳои шифобахши он; ҳамаи навъҳои онро кӯфта гузошта банданд, варамҳои мулоимро тахдил медиҳад, захмҳои узвҳои хушкмизоҷро, ки монанди: ғузруф (тағояк) ва барои даридаии пӯсти бадан даво мешавад. Сафоли навро кӯфта, бо марҳамҳо даромехта гузошта банданд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад; бо сирко хамир сохта гузошта банданд, хориш, ҷӯшишҳо, пучак, решҳои сар, кӯтур ва ниқрис (подагра)-ро шифо мебахшад; бо мумравған сиришта гузошта банданд, варамҳои кӯҳнаро таҳлил медиҳад, ханозер (хукгардан) ва ғуддаҳоро дафъ мекунад,

safol-

  Сафоли чиниро маҳин кӯфта, ба чашм кашанд, гули чашми табақаи қарнияро дафъ менамояд. Агар ин кӯфтаро ба дандон бимоланд, онро аз доғҳои гуногун пок мекунад, милки дандонро мустаҳкам мегардонад ва омадани хунро аз он қатъ месозад.

  Сафол ба узвҳои мағзи сар зарар дорад -дар ин маврид равғани бунафша ва равғани нилуфар зиёни онро ислоҳ мекунад.

  Сафолеро, ки дар он муддати дароз намак нигоҳ дошта бошанд ё сафолпораҳоеро, ки аз даруни намак ёфта бошанд, инчунин сангрезаҳоеро, ки аз даруни намак ёфта бошанд, ос карда бимоланд ё гузошта банданд, варамҳои нарми сардро, ки дар ҳар узве ба ҳам расида бошанд, хушк мекунад, инчунин онро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм бикашанд, обравии чашмро ислоҳ мекунад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …