Сагпистон

Сагпистон

Сагпистон (Папая ба забони руссӣ)ин самари дарахтест ду навъ мебошад: яке калон ба андозаи олу ва дар дарунаш тухми зичи луобнок дорад, тухмаш аз гӯшти самараш ҷудо мебошад: навъи дувумаш аз он майдатар аст, тухмҳояш ба гӯшти мевааш часпидагӣ, вале луоби ин камтар аст, аммо ширинтар аз навъи калон-калони он. Самарҳои ҳар ду навъ ҳам дар хӯша мебошанд. Дар вақти пухта расидан зард ва баъд аз хушк шудан сиёҳранг мегарданд. Беҳтаринаш расида ва навъи сергӯшти он аст. Дарахташ дар бузургӣ то ба ду қомати одам ва зиёда аз он ҳам мехезад. Ранги танаи он сафед, шохҳояш сабз, баргаш гирдак ва андак шахшӯл аст.

Мизоҷаш дар гарму сардӣ мӯътадил, вале дар дараҷаи якум тар аст. Хислатҳои шифобахши он: самарии онро дар даҳан нигоҳ дошта, обашро фурӯ баранд ё як шабонарӯз дар об тар карда, он обро бинӯшанд ва ё дар об ҷӯшонида, он обро биёшоманд, узвҳои даруни сина ва ҳалқро му-лоим мекунад, инчунин варамҳои ин узвҳоро таҳлил медиҳад; дағалии овозро ислоҳ медиҳад, сурфаи гарми хушкро шифо мебахшад ва гирифтагии овозро мекушояд; шиддат ва тезии баланди сафро ва ташнагиро сокин мекунад; сӯзиши пешобро, ки сабабаш тезии сафро бошад, ба ибро меоварад, кирмҳои меъдаро ихроҷ мекунад, исҳоли одамони гарммизоҷро мебандад, моддаҳои савдо ва балғами шӯрро дафь менамояд; хислати давоҳои исҳоловар, табҳои гарми сафровӣ ва хуниро, яъне табҳоеро, ки аз зиёд гаштан ва ҷӯшонидани моддаҳои сафро ва хун ҳодис шуда бошанд -ҳамаашро ба ибро меоварад. Агар аз нӯшидани шароби тез ё аз давоҳои тезтаъм рӯдаҳо харошида шуда бошанд, шифо мебахшад.

Сагпистон

Ғизо аз хӯрдани сагпистон кам ҳосил мешавад, дар узвҳои бадан рутубатҳои балғамӣ пайдо мекунад ва он чӣ дар рӯдаҳо бошанд, лагжонида фуруд меоварад. Агар сагпистонро дар об ҷӯшонда, бо он оби нимгарм ҳуқна кунанд, сатҳи даруни рӯдаҳоро мешӯяд.

Сагпистонро дар дӯшоб пухта гузошта банданд, пучакҳоро мекафонад. Миқдори як бор хӯрдан аз сагпистон дар як рӯз аз 40 дона то 45 грамм аст. Вале истеъмоли сагпистон ба дарун меъдаро заиф мегардонад ва ба ҷигар ҳам зарар дорад. Агар ба одамони сардмизоҷ зиён кунад, барги гули сурх ва ба одамони дорои мизоҷи дигар зарар кунад, челон бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.    г:?;

Ба ҷойи сагпистон растании гулихайриро истифода баранд, раво мебошад. Чун 4-5 адад барги навбаромадаи онро реза карда, шаб дар об тар намуда, субҳ молида ва он обро соф карда бинӯшанд, барои беҷо ва беихтиёр равон шудани манӣ, захми сӯрохи закар, ки сӯзок низ меноманд, даво мешавад. Пӯсти хушки дарахти онро сӯхта бипошанд, дарди сӯхтагии оташро таскин медиҳад ва захмашро низ шифо мебахшад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …