Шакари янтоқ

Шакари янтоқ —  Ин шабнамест, ки бар гиёҳи шутурхор, яъне янтоқ дар ноҳияҳои Хуросон, сарзаминҳои мобайни дарёҳои Ому ва Сир, Гурҷистон, Туркманистон ва Ҳамадон менишинад ва монанди резаҳои набот шах мегардад. Таъмаш ширин аст. Беҳтарини он нав ва аз баргу хори гиёҳаш ҷудо кардашудаи он аст. Шохҳои шакарбори онро бурида ҷамъ намуда, ба суфра ва дастархонҳо метаконанд, то он ки шакараш ҷудо гардад. Баъд аз хору баргу хошок пок сохта истеъмол мекунанд. Агар ба шоху баргу хори янтоқчаспида монад ва дар вақти таконидан ҷудо нагардад, он гоҳ онро ба об андохта меҷӯшонанду полида, аз хасу хошок пок намуда, бо ҷӯши бисёр ғафс мегардонанд ва дар офтоб мехушконанд.

yantoq

  Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Хислати поккунандагиаш аз шакар зиёдтар мебошад.

  Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он дарунро мулоим мекунад, хилти (моддаи) сафроро ба осонӣ хориҷ менамояд; барои сурфа, дарди узвҳои даруни сина, беҷо (беҳузур) шудани дил ва табҳои гарм даво мебошад, ташнагиро мешиканад; агар инро бо оби панир биёшоманд, ахлоти сӯхтаро аз бадан дафъ мекунад; бо оби ҷав бо мудовамат бихӯранд, ахлоти гарми тезро аз бадан ихроҷ менамояд. Агар инро бо шири навдӯшида бихӯранд ва бо он мудовамат намоянд, боҳро (пушти камарро) бармеангезад ба ин тариқ, ки 25 грамми онро бо 150 грамм шири говмеш (буйвол) биёшоманд.

  Ин шакари янтоқро бо оби зира биёшоманд, қарокури шикамро, ки бо таби сабук бошад, дафъ мекунад.

  Вале инро барои бемориҳои таби сахт, нағзак (гулак), сурхича (қизамуқ), исҳоли хунин, бавосир, хун пешоб кардан истеъмол намекунанд, — ҳамин тавр Абӯалӣ ибни Сино муайян кардааст.

  Миқдори як бор хӯрдан аз шакари янтоқ дар як рӯз аз 15 то 30 грамм аст.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …