АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!

Ин хитобаи сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва, ба таъбири имрӯзиён, «манқурт» мешавад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Охир орӣ аз хотираи гузашта, фориғ аз ғами фардо чӣ хел худро инсон мешуморӣ?

DSC_6218-1

Агар ин фоҷиа давлат, миллат ва қавмеро фаро гирад, чӣ мешавад?

Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш қисме аз давлату миллатҳои абарқудрат пора-пора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардидаанд. Дар аҳди бостон чунин мисолҳо фаровонанд.

Сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.

Таърихи саршор аз лаҳзаҳои пирӯзӣ, часпу талош барои ташаккули тафаккури милливу ривоҷу равнақи давлатдорӣ, илму фарҳанг ва … гулгун аз хуни мардони муборизу фидокор … Аммо пӯшида нест, ки солҳои тӯлонӣ мо аз омӯзиши мероси таърихии халқи худ як андоза дур мондем. Дар мактабу донишгоҳҳо ба фарзандони мо ба ҷои таърихи халқи тоҷик бештар таърихи халқҳои дигарро меомӯзонданд. Ва ин муносибати носолим рахнае гузошт дар таърихомӯзӣ ва таърихдонии мардуми мо. Шояд як сабаби аз асли хеш каме дур мондан ва паст рафтани маънавият, коҳидани ахлоқи ҷомеаи мо аз ҳамин иборат буд.

Ва, хушбахтона, ду фарзанди нобиғаи миллати тоҷик — устод Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров ҳамин норасоиро эҳсос карданд ва ҷиддан аз пайи ислоҳи он шуданд. Аллома Айнӣ бо рисола ва мақолоти зиёдаш дар хусуси зиндагӣ ва эҷодиёти шахсиятҳои илму фарҳанг ва сиёсату давлатдорӣ мардумро бо гузаштаи пурифтихор ва фарзандони некноми миллат ошно сохт, онҳоро бо таърихи ибратомӯзу пурифтихори худ пайваст. Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд.

bobojon_gafurov
Сурати Бобочон Гаффуров

Ҳамчунин Бобоҷон Ғафуров бо ҳидояти ин пири хирад ба кори пуршарафе камар баст. Вай дар солҳои басо мушкил ба тадқиқ ва таълифи китобе аз таърихи халқи тоҷик шурӯъ намуд. Ковишу ҷустуҷӯйҳои пайвастаи ӯ дар ин роҳ самараи дилхоҳ доданд. Ва нахустин асари илмии Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» панҷоҳ сол муқаддам — соли 1947 аз чоп баромад. Вай чун фарзанди дилсӯзи миллат баробари фаъолияти давлатдориву сиёсӣ ин корро ба анҷом расонд ва барои ҳамзабонону ҳаммиллатонаш равзане кушод аз олами таърих. Ин таҷрибаи аввалини таърихнависии тоҷик дар замони шӯравӣ буд ва онро муҳаққиқони намоён, шарқшиносони машҳури дунё хуш пазируфтанд.

Хонандаи тоҷик тавассути ин асар аз мақоми худшиносӣ ба омӯхтани таърихи гузаштаи худ рӯ овард. Ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо буданд? Аз куҷо ба зиндагӣ шурӯъ карданд? Чӣ тавр давлат сохтанду давлатдорӣ карданд? Бо чӣ роҳу дастуре ба илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд? Дар таърихи башарият чӣ мақому поя доранд?»- посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд.

Ман ин асари аҷоиб ва пурмӯҳтаворо ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ мутолиа карда, гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболидам, баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷаҳолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шӯҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангӣ дилам реш мегашту ба андеша меафтодам. Пайваста фикр мекардам, миллате, ки як замон соҳиби тамаддуни олӣ буд, имрӯз аз коҳидани маънавияти ҷомеа меноладу азоб мекашад?!

Пӯшида нест, ки баъди инқилоб мардуми мо ба таври сунъӣ аз омӯхтани таърихи чандинҳазорсолаи худ бенасиб гашт ва маънавияту ахлоқаш аз нарасидани ин ғизо коҳид. Асари Бобоҷон Ғафуров, ки чун обу ҳаво барои худогоҳӣ ва рушди тафаккури таърихии мардум зарур буд, дар тӯли панҷоҳ сол танҳо як маротиба нашр шуд. Албатта, ин боиси таассуф аст. Аз рӯи инсоф мебоист ин асар борҳо аз чоп мебаромад ва дастраси ҳар як фарди тоҷик мегардид.

Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад.

Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ- хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира,- сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад.

Академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳамин хотир умри худро ба таҳқиқ ва эҷоди таърихи миллаташ бахшид ва, хушбахтона, ба мурод расид. Вай бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт. Бояд таъкид бикунам, ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар эҷоди ин асар, ба таъбири устод Айнӣ, яке аз «…шартҳои муҳими таърихнависӣ — муҳокимаронии бетарафона»-ро риоя кардааст.

Ин асар аввал ба забони русӣ дар Москва чоп шуд ва ҳамчунин аз ҷониби олимони машҳури собиқ шӯравӣ ва хориҷӣ баҳои арзанда гирифт. Асар танҳо ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи тоҷикон, саҳми беназири онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ маҳдуд намешавад. Инчунин, дар он таърихи мардуми ҳамзабонамон ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Аз ин хотир баъди он ки «Тоҷикон» ба хати русиасоси тоҷикӣ дар Душанбе ба табъ расид, дарҳол диққати муаррихони Афғонистонро ҷалб намуд. Ва дар ин кишвари дӯсту бародар асари мазкур бо ҳуруфи форсӣ аз чоп баромад, сипас дар мамолики дигар низ пай дар пай чопи он сурат гирифт.

Қимати илмии «Тоҷикон», алҳақ, бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳояш натанҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик ва мардуми ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкардаи халқҳои ӯзбеку қирғиз ва қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурқимати илмиаш чун беҳтарин омӯзгор ба мо ва насли оянда сабақ меомӯзад.

Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем. Дар ин роҳи пуршараф чопи осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров барои барафрӯхтани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мадад хоҳад расонд.

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …