АСОСӢ / ГУНОГУН / Сарнавишти талхи нависанда Сотим Улуғзода

Сарнавишти талхи нависанда Сотим Улуғзода

Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон бо баргузории ҳамоише аз 100-умин солгарди мавлуди Сотим Улуғзода, нависандаи маъруф дар ин кишвар, таҷлил кард.

sotim-ulugzoda-ubayd-rajabДар ин ҳамоиш, ки рӯзи панҷшанбеи 29 сентябр дар толори Иттиҳодияи нависандагон доир шуд, шоъирону нависандагон, пажӯҳишгарон ва дӯстдорони фарҳангу адабиёт ҷойгоҳи Улуғзодаро дар таърих ва фарҳанги Тоҷикистон ба баррасӣ гирифтанд.

Пруфессур Худойназар Асозода, пажӯҳишгари адабиёти шӯравии Тоҷикистон ва аз муҳаққиқони осори Сотим Улуғзода, таъкид кард, ки ба далели фирори писараш Азиз ба Бритониё Улуғзода аз ҳизби кумунист ихроҷ шуда ва аз маҳофили адабӣ ронда шуда буд.

«Рондашуда»

Дар соли 1967 Азиз, писари устод Улуғзода, фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Маскав, ба номи Ломоносов, зимни як дидори расмӣ аз Ҳинд аз сафоратхонаи Бритониё дар он кишвар дархости паноҳандагии сиёсӣ карда ва ба он ҷо рафт.

Оқои Асозода гуфт аъзои ҷаласаи (пленуми) Ҳизби кумунисти Тоҷикистон дар 4 декабри соли 1967 аз Улуғзода, ки он замон аз нависандагони саршинос ва пуртарафдор маҳсуб мешуд, тақозо карданд, ки ин кирдори писарашро маҳкум карда ва аз фарзандаш рӯ битобад ё ба истилоҳ ӯро “оқ” кунад.

Вай афзуд: «Чун Устод Улуғзода фарзандашро дӯст медошт ва ин кирдори ӯро “хиёнат ба ватан” намедонист, ин тақозоро напазируфт ва аз ҳизби куммунист ронда шуд.»

Нависанда Барот Абдураҳмонов гуфт, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ аз узвияти ҳизби кумунист ихроҷ шудан ба маънии аз ҳамаи симатҳо барканор шудан ва дар маҷмӯъ, «аз ҷомеъа ронда шудан» буд.

Оқои Абдураҳмонов гуфт: «Ҳамаи кутуби Сотим Улуғзода аз фурӯшгоҳҳо ва китобхонаҳо барчида шуданд, тадриси осори ӯ дар мактабҳои мутавассита ва муассисоти омӯзиши олӣ мамнӯъ шуд. чопхонаҳои давлатӣ ва нашрияҳо аз чопи осори ӯ худдорӣ мекарданд.»

Ӯ таъкид кард, ки ҳамалоти лафзию равонии фарҳангиён ва чопи номаҳои дастаҷамъии онҳо дар нашрияҳои расмӣ, ки Улуғзода ва писараш Азизро маҳкум мекарданд, «ин нависандаи забардастро аз системи шӯравӣ дилсард сохт.»

Саттор Турсун, нависандаи дигар, аз ин вазъият ба унвони «фоҷиъаи Сотим Улуғзода» ном бурд ва онро ба сарнавишти Абулқосими Фирдавсӣ, шоъири бузурги клосик, шабеҳ хонд. Вай гуфт ин ҳар ду аз дарди фарзанд гирифтори мусибату озор шуда ва дар ватани худ овораю хор шуданд.

Ӯрун Кӯҳзод, нависандаи маъруф, ба ин мавзӯъ ишора карданд, ки шахсияти Аҳмади Дониш, шоъир ва донишманди рӯшангарои қарни 19, ки Сотим Улуғзода дар намоишномааш “Алломаи Адҳам ва дигарон” тасвир карда, бештар баёнгари аҳволи худи нависанда дар давраи таъқибу озораш аст.

Оқои Кӯҳзод гуфт: «Фиғони Аҳмади Дониш дар намоишгоҳ, ки мегуфт “Ман дар ин мулк танҳоям!” баёнгари чеҳра ё тимсоли Устод Улуғзода буд, ки дар гӯшаи танҳоӣ монда буд.» Сенориёи филми «Қисмати шоъир» ба қалами Устод Улуғзода таъаллуқ дорад

Саттор Турсун низ гуфт, ки ҳатто дар остонаи ҷашни ҳазораи Абӯалӣ ибни Сино дар соли 1980 коргардонҳои Тоҷикистон филмномаи “Ибни Сино”-и Улуғзодаро напазируфтанд, аммо истудиюи “Ӯзбекфилм” бар асоси ин асар як филми ҳунарӣ сохт.

Гуфта мешавад дар муддати беш аз даҳ сол Сотим Улуғзода дар гӯшаи фаромӯшӣ монда ва танҳо дар авоили даҳаи 1980 чопи осораш дар Тоҷикистон аз сар гирифта шуд.

Роҳ ба сӯйи худогоҳии миллӣ

Ба гуфтаи Пруфессур Худойназар Асозода, мутолеъаи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ, шоъир, нависанда ва муҳаққиқи маъруф, дарзеҳнияти Улуғзода таъсири қавие доштааст.

Вай гуфт: «Пас аз мутолиъаи ин китоб ва дидор бо Айнӣ дар авоили соли 1929 дар Тошканд дар ниҳоди Сотим Улуғзода худшиносии миллӣ пайдо шуд ва ӯ то охири умри бобаракати худ ба зинда кардани чеҳраҳои саршиноси таърихию адабӣ ва инъикоси ҳаводиси таърихӣ пардохтааст.»

Оқои Асозода румонҳои “Фирдавсӣ”, “Восеъ”, намоишномаҳои “Қисмати шоъир”, “Ибни Сино”, “Алломаи Адҳам” ва китобҳои “Темурмалик” ва “Ривояти суғдӣ”-ро намунаҳое аз осори Улуғзода хонд, ки хонандаро ба худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ҳидоят мекунанд.

Ӯ гуфт: “Устод Улуғзода дар китоби “Ривояти суғдӣ” аз қавли Виркан, қаҳрамоне суғдӣ, ки алайҳи ишғолгарони араб мубориза мекард, ҳамаи нокомӣ ва шикастро ношӣ аз парокандагии миллӣ хондааст. Аммо ин ҳушдор дар ҳаводиси даҳаи 1990 дар Тоҷикистон ба назари эътибор гирифта нашуд ва тоҷик ба ҷони тоҷик дарафтод.»

Оқои Кӯҳзод мегӯяд, ки Улуғзода беш аз 10 сол дар гӯшаи танҳоӣ монда буд

Нависанда Саттор Турсун низ таъкид кард, ки Улуғзода дар китоби “Темурмалик” ваҳдати миллиро аз авомили аслии ҳимоят аз марзу буми кишвар ва пайкор алайҳи ишғолгарони хориҷӣ хондааст.

Мирзо Шакурзода, нависанда ва пажӯҳишгар, мӯътақид аст, ки танҳо дар авохири умри Сотим Улуғзода аз осори ӯ қадршиносӣ шуда ва мақомот дар остонаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ӯ ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ ва унвони ифтихории “Нависандаи халқии Тоҷикистон”-ро эъто кардаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Шакурзода, дар соли 1997 румони “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода дар Эрон ба унвони “Румони сол” шинохта шуда ва ба дарёфти чиҳил сиҳӣ сиккаи тило (муъодили 4 ҳазор дулори омрикоӣ) ноил шудааст. Ин охирин ҷоизае буда, ки дар замони зиндагии нависанда эъто шудааст.

Зимнан, румони “Фирдавсӣ” дар Эрон ду маротиба, дар чопхонае хусусӣ ва дар интишороти давлатии “Суруш” мунташир шудааст. Китоби “Субҳи ҷавонии мо” низ дар Эрон чоп шудааст.

Марг дар ғурбат

Дар пайи оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 ва ба вахомат гароидани вазъияти амниятӣ дар шаҳри Душанбе Сотим Улуғзода, ки 81 сол дошт ва бемор буд, маҷбур ба тарки ватан шуд.

Вай аз он замон то охири умр дар шаҳри Маскав зиндагӣ кард ва ду рӯз қабл аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон дар Маскав, яъне 25 июни соли 1997, бо зиндагӣ падруд гуфт.

Бо мусоъидати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷанозаи Сотим Улуғзода ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд ва дар қабристони нависандагону донишмандон ва аҳли ҳунари Тоҷикистон дар минтақаи Лучоб, дар шимоли шаҳри Душанбе, ба хок супорида шуд.

Дар ҳамин ҳол, Абдулҳамид Самадов, муъовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, гуфт, ки ба далели зиёд будани маросими ҷашнӣ дар соли ҷорӣ давлат тасмим гирифтааст дар авоили соли оянда аз 100-умин солгарди Сотим Улуғзода дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил кунад.

Оқои Самадов мегӯяд, ки дар назар аст то рӯзҳои ҷашни солгарди нависанда мактубҳои Сотим Улуғзода ва хотироти адибону донишмандони тоҷик дар бораи ӯ ҷамъоварӣ ва чоп шаванд.

Дар ниҳоят, пруфессур Худоӣ Шарифов, адабиётшинос ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки муҷассамаи Сотим Улуғзода дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе гузошта шавад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

ocherk

ҲАМОСА

Асарҳои бадеӣ аз рӯйи сохт ва тарзи тасвир ба се гурӯҳи калон ё се ҷинс …