Сарсабил — Дар дашт, боғистон ва кӯҳсорҳои Осиёи Марказӣ ду навъи сарсабили шифобахш мерӯяд. Як навъро шохҳояш борик, баргаш монанди баргҳои морчӯба риштавор борик-борик, навъи дигараш бо ҳамон сифат, вале шохҳояш хор дорад. Сохт ва намуди решаи ҳар дуяш ҳам қариб ба ҳамдигар шабоҳат дорад, яъне сиёҳ аст; самараш ба андозаи нахӯд ва гирдак (кулӯла), дар хомӣ сабз ва бирасад, сурх мегардад, гулаш зардтоби хушбӯй мебошад. Қувваташ то бист сол боқӣ мемонад.
Мизоҷи гулаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва дар ҳамон дараҷа хушк аст ва агар кӯҳна шавад, хушкиаш меафзояд. Мизоҷи решааш дар охири дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Қисмҳои дигари ин гиёҳ дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: сарсабил таҳлилдиҳанда, рақиқ (суюқ)-кунандаи моддаҳои ғафс, арақовар, пешоброн, ҷорикунандаи ҳайз ва барои аксари бемориҳои сарди тармизоҷи майна, узвҳои даруни сина, меъда, ҷигар, гурда, хичак, бачадон, дардҳои пайвандҳо ва монанди инҳо дору мешавад.
Гулашро бибӯянд, барои дарди сар ва дарди нимсари аз хунукӣ баамаломада шифо мебахшад. Гулашро дар об ҷӯшонида, он обро бо сиркои ангурӣ даромехта, дар даҳан гардонанд, дарди дандонро, ки аз хунукӣ сар зада бошад, таскин медиҳад. 12,5 грамм шох ё решаи онро дар 300 грамм об то нисфи об мондан биҷӯшонанд, баъд соф карда, бо шакар ва монанди он чизҳо бинӯшанд, барои иллатҳои фолиҷ, нотавон ва бемадоргаштаи узвҳо, ки кӯҳна шуда бошад, зиқ-ун-нафас ва сурфаи кӯҳна дармон мешавад.
0,35 грамм решаи онро кӯфта, бо равғани бунафша сиришта, дар бинӣ бирезанд, дарди нимсарро, ки сабабаш сардӣ бошад ва инчунин дарди буғумҳоро шифо мебахшад. Ҳар рӯз аз кӯфтаи хушки сарсабил 4,5 грамм бо набот то як ҳафта ва зиёда аз он бихӯранд, дарди буғумҳоро, ки кӯҳна шуда бошад, шифо мебахшад.
Кӯфтаи онро бо гулоб сиришта гузошта банданд, барои фолиҷ ва таскин додани дардҳои гуногуни буғумҳо, ирқуннасо, ниқрис, варамҳои гуногун ва ғайраҳо шифо мебахшад. Кӯфтаи онро занҳо аз таг бардоранд, пешоби бастаро меронад, бачаро аз шиками ҳомила меафтонад. Миқдори як бор хӯрдан аз сарсабил дар як рӯз аз 4,5 то 9 грамм аст.
Вале хӯрдани сарсабил ба одамони гарммизоҷ, ҷавонон, дар фаслҳои гармо, бемориҳои гарми монанди: табҳои гарм ва сафровӣ, фишори баланди хун доштагон, сурхича, нағзак (гулак) ва амсоли инҳо зарар дорад. Агар 10,5 грамм барг ва шохи онро дар об ҷӯш дода, он обро бо мустақо бихӯранд, моддаи савдоро бе ҳеҷ гуна азият аз бадан бо исҳол дафъ мекунад.
Камтареро аз барги он бо равғани зайтун биёшоманд, қайи сахт меоварад, барои газидани саги девона, махав, инчунин барои ҳамаи бемориҳои савдовӣ, масалан, васвос, тарс, девонагӣ, молихулиё ва ғайра давои қавӣ мебошад, вале дар айни ҳол хатарнок ҳам ҳаст.
Барги онро кӯфта гузошта банданд, реш ва захмҳои ҳабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад. Решааш бисёр тез, захмовар ва сӯзонанда аст. Агар инро кӯфта бимоланд ва молиш диҳанд, доғи сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад. Ва агар инро бо сирко даромехта бимоланд, ирқуннасо (радикулит)-ро шафо мебахшад ва ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш ба ҳадде бимоланд, ки хунолуд гардад, дар як-ду дафъа мӯй мерӯёнад. 1,75 грамми онро, ки миқдори муътадили хӯрдани он аст аз решааш, биёшоманд, сахт исҳол меоварад, балғам ва савдоро аз бадан дафъ мекунад; агар ин миқдорро бо оби тугмачагули тарӯ тоза бинӯшанд, низ қайи башиддат меоварад.
4,5 грамм решаи онро батанҳоӣ бихӯранд, қай кунонида, ғамгин сохта ва рӯдаҳоро ба дард оварда мекушад. Агар касе аз решаи он ин миқдор хӯрда бошад, давояш равғани бодоми ширин хӯрдан аст. Огоҳ кунем, ки фоидаи сарсабил барои бемориҳои балғамӣ равшан аст — ин бинобар қайфиятҳои гармӣ ва хушкӣ доштанаш, ки зидди қайфияти балғам аст, аммо бар зидди хилти савдо, азбаски мизоҷи савдо хушк мебошад, ошомидани ин гӯё зарар мекардааст, вале ин тавр нест. Бинобар он, ки моддаи ғафсро таҳлил медиҳад, вале ин бар зидди бемориҳои савдовӣ фоидабахш мебошад, зеро ки хилти савдо ҳам ғафс аст.
Аз сарсабил равған ҳам тартиб медиҳанд ба ин тариқ. Як миқдор сарсабили хушкро дар шаш баробари вазни он оби ширин як шабонарӯз тар намуда, баъд то чоряки об мондан меҷӯшонанд. Сонӣ он обро соф карда, дар зарфе бо ду баробари вазни он равғани кунҷиди нав ё равғани зайтун дохил намуда, бо оташи мулоим оҳиста меҷӯшонанд, то ки об бухор шуда раваду равған бимонад. Аломати тамом шудани об аз ҷӯш мондани сатҳи равған аст. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад. Молидан ва хӯрдани ин равған барои иллатҳои аз сардӣ сарзада, дамкӯтаҳӣ, сурфаи кӯҳна, фолиҷ, каҷ шудани рӯй ва ғайра шифо мебахшад.