АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / САРВ дар Канзи Шифо (Китоб)
Сарв

САРВ дар Канзи Шифо (Китоб)

Сарв — ин дарахти бисёр мавзун, хушқомати баланд аст. Ба забони руси онро «Кипарис» меноманд. Баргаш реза, хазон намешавад, яъне ҳамешасабз аст. Андозаи самараш хурдтар аз чормағз, санавбаршакл, яъне шаклаш ба дили ҳайвонот монанд аст, мағз надорад; дар вақти хомӣ сабз ва баъди расидан андак зардтоб ва сахт мегардад. Тухми самараш сафеди зардча, ки ба наск монанд аст, вале аз он нозуктар.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк аст. Мизоҷи самараш дар дараҷаи севум сард ва хушк аст. Мизоҷи шилмаш гарм, таъмаш тунд ва тез, қариб ба шилми санавбар аст. Хислатҳои шифобахши он: баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, душвории шошиданро ислоҳ мекунад ва захмҳои рӯдаҳоро шифо мебахшад; аз хичак равон шудани моддаҳои нодаркорро манъ мекунад.

9 грамм барги хушкашро ос карда бо 2,5 грамм шилми бодоми талх бихӯранд, хичакро қувват мебахшад; инчунин, дар вақти хоб ба ҷогаҳ шошидан ва душвории пешоб карданро дармон мегардад. Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, барои дарди дандон ва захми милки дандон дору мббошад, инчунин, ин узвҳоро мустаҳкам мекунад. Онро кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, сурфаи кӯҳнаро дафъ мекунад ва меъдаро қувват мебахшад.

Самарашро хуб кӯфта, бо шароби хушбӯй биёшоманд, хунравиро аз дарун манъ мекунад, иллати ростнафасро, ки соҳибаш хоб карда нафас гирифта наметавонад, шифо мебахшад, намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба меъда рехта шаванд, инчунин, захми рӯдаҳоро дафъ месозад. Ин самари онро кӯфта, ба ҷойи даридаи шикам, ки ҷурра (дабба) меноманд, гузошта банданд, даббаро таҳлил медиҳад ва даридаи шикамро ба ҳам оварда сиҳат мекунад.

Хӯрдани маҳсулоти сарв ба шуш зарар дорад. Дар ин ҳолат катиро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Аррамайдаи чӯбашро бо шилми бодоми талх якҷо карда гузошта банданд, хичакро қавӣ мегардонад, ҳангоми хоб ба ҷогаҳ шошиданро ба ибро меоварад. Баргашро сӯхта, дар об шуста гузошта банданд, барои сӯхтагии оташ даво мешавад, вале агар онро ношуста гузошта банданд ё бипошанд, реш ва захмҳои тарро шифо мебахшад.

sarv-2
Сурат-расми «Сарви баланд»

 Баргашро пухта ба дабба (чурра) гузошта банданд, шифо мебахшад; ба ҷароҳатҳо бибанданд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад; ба узвҳои нотавонгашта гузошта банданд, онҳоро ба қуввати аслиашон меоварад; ба ҷое, ки хун мерафта бошад, гузошта банданд, хуни онро мебандад, ба захмҳо банданд, онҳоро хушк менамояд; инчунин, агар гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва мондагиро барҳам мезанад. Баргашро соида, бо орди ҷавва об хамир карда гузошта банданд, варами гарми чашмро таҳлил медиҳад; сурхбод, доначаҳои сӯзони пӯст ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Шилми онро ос карда, дар бинӣ бирезанд, майнаро аз рутубатҳои зиёдатӣ пок месозад; агар дар бинӣ бипошанд, бавосири даруни бинӣ, яъне гӯшти зоиди дар даруни он рӯидаро дур менамояд. Агар оби самари тару тозаи онро дар офтоб хушк карда, дар бинӣ гузоранд, низ бавосири биниро дафъ мекунад; инчунин, бар мақъад бипошанд, бавосири он мавзеъро шифо мебахшад. Ва агар бо гулнор ҳамроҳ карда бипошанд, решҳои тари сар ва дигар решҳои баданро хушк мегардонад, инчунин, решҳои решнокро пок месозад.

Самарашро бихоянд, обравии даҳанро ислоҳ мекунад. Барг ва самарашро кӯфта, бо мумравғани зайтунӣ сиришта гузошта банданд, меъдаро қувват медиҳад. Яке аз хислатҳои сарв он аст, ки агар барг ва самари онро дар хона нигоҳ доранд, ба даруни хона пашша намедарояд ва агар дохил гардад, онро мекушад.

Акнун дар бораи самараш муфассал баҳс намоем. Ин манъкунандаи хунравиҳо мебошад, асабҳоро қавӣ мегардонад, рутубатҳои нодаркор ва зарарнокро дар ҳар як ҷойи бадан, ки бошад, хушк мекунад; меъда, ҷигар, сипурз ва рӯдаҳоро қувват мебахшад, зеҳнро тез мекунад, даханро хушбӯ менамояд. Агар онро кӯфта, бо асал ва гулоб сиришта бимоланд, барои дарди нимсар, дарди сари аз хунукӣ ба амал омада даво мебошад. Ва кӯфтаи онро бо шароб биёшоманд, мании зудояндаро дер меомадагӣ мегардонад, дарунро мебандад; барои иллатҳои фаромӯшхотирӣ, сурфаи кӯҳна ва душвор пешоб кардан дармон мешавад.

Кӯфтаи онро бо решаи тару тозаи сиреш хамир карда, гузошта банданд, ҷойи даридаи шикамро дар бемориҳои ҷурра сиҳат мекунад. Чун самари онро кӯфта, бо анҷир хамир карда, монанди шамъчаи борик сохта, дар бинӣ гузоранд, гӯшти зоиди дар даруни бинӣ пайдошударо мехӯрад. Самари онро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, мақъади (кӯтани) баромадаро ба ҷояш мебарад ва он дигар барнамеояд, инчунин, равон шудани рутубати бисёрро аз бачадон манъ месозад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз самари сарв то 2 грамм аст. Вале хӯрдани самари сарв боиси зардии рухсора мегардад ва дар маҷроҳои бадан гиреҳ пайдо мекунад. Ин зиёнаш асал ё равғани бодом бихӯранд, ислоҳ меёбад. Агар самари сарв ёфт нашавад, ба ҷойи он решаи анор ва якуним вазни он самари арчаро истеъмол кунанд, равост.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …