АСОСӢ / ГУНОГУН / Шафтолу
Шафтолу -самара ва мевааш

Шафтолу

Шафтолу — ин самари маълум аст, ду навъ мебошад: 1. Пӯсташ нозук, рангоранг, сафед, сург, сабз, пашмакдор, ки пӯсташ ба осонӣ ҷудо мегардад – инро  шафтолуи ширин меноманд. 2. Агар пӯсташ ба гӯшти он ва гӯшташ ба донаки он часпида бошад, онро шафтолуи кордӣ мехонанд, беҳтарини он ширин, бузург, шодоб ва нарм, ки гӯё оби сахтгашта бошад – дар ин талхӣ ва тунҷӣ махсус нагашта, беҷирм ва хушбӯ мебошад. Ҳамаи дигар қисмҳои дарахти ин талх аст: гул, барг, шилм ва тухми он. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: самараи пухтагии шафтолуро бихӯранд, дарунро мелоим мекунад, туғёни бухорҳои гарм, хушк ва ташнагиро таскин медиҳад, фишори баланди хун ва ғалабаи моддаи сафроро паст мегардонад, майнаи гармро хунук месозад, мизоҷи баданро  агар аз сӯхтани савдо хушк шуда бошад, тар мегардонад, табҳоеро, ки аз зиёд гаштани фақат сафро бошанд, инчунин таберо, ки аз ҷӯшиши хун содир шудааст, шифо мебахшад; бадбӯйии даҳанро дафъ мекунад, ба одамони гарммизоҷ қуввати боҳ мебахшад, иштиҳоро мекушояд. Чун оби шафтолуи пухтагиро гирифта шаб бигузоранд, то дурдааш таҳшин гардаду обаш соф шавад. Пагоҳӣ ба дили наҳор 150 грамм аз оби софаш бо шакар ё бо шакари янтоқ биёшоманд, моддаи сафроро бо исҳол дафъ мекунад; инчунин ахлоти сӯхтаро ҳам аз бадан хориҷ мегардонад.

Меваи шафтолу ба одамони тармизоҷ ва асабҳо зара дорад, дар меъда зуд бадбӯ мегардад, табҳои дурударозро пайдо мекунад. Дар ин маврид асал ё мураббои занҷабил бихӯранд, ислоҳи зара менамояд.

Шафтолуи кордӣ гаронтар ва дерҳазм, хислати қабзиятнокӣ дорад, боднок аст ва иллати кулинҷро, ки дар два варами рӯдаҳои ғафс мебошад, ба амал меоварад, хусусан хоми он дар ин бобат бадтар аст.

Шафтолуи талхро бардавом бихӯранд, хеле дерҳазм мешавад, қабзият меоварад, вале агар ҳазм ёбад, ғизоияташ бисёр ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба меъда рехта шаванд. 50 грамм оби барги онро бинӯшанд ва гулашро бо шакар бардавом бихӯранд, ҳамаи кирмҳои меъдаро, ҳатто кирми кадудонаро мекушад. Агар ин обро бар ноф бимоланд, кирми шикамро дафъ мекунад.

Гулашро кӯфта, бо оби карами тоҷикӣ хамир сохта гузошта банданд, озахҳоро хушк карда мерезонад. Табиб Ибни Ризвон муайян намудааст, ки ним грамм гули онро занҳои ҳомила бихӯранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад. Равғани мағзи шафтолуро нимгарм бичаконанд, дарди гӯш ва кариро дафъ менамояд, гиреҳҳои пардаҳои гӯшро мекушояд; агар бихӯранд, дарди бавосирро басанда мегардонад.

Мағзашро бихоянд, дандони кундшударо ислоҳ мекунад. 3,5 грамм устухони, яъне пӯчоқи донаки онро маҳин ос карда бихӯранд, исҳолро мебандад. Чун донаки онро дар оташ сӯхта, баъд мағзи онро ҷудо карда кӯфта, ба донача ва қӯтур, ки бар бадани кӯдакон пайдо шаванд, инчунин ба пушти гӯши онҳо бармеоянд, бимоланд, зуд шифо мебахшад.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …