Ширинбия

Ширинбия

Ширинбия — ин гиёҳ ба ҳама маълум аст; дар тиб решаи аз пӯст ҷудо кардашудааш истеъмол мешавад. Таъми решааш ширин, баъзеаш камтар талхӣ низ дорад. Беҳтаринаш он аст, ки шириниаш бисёр ва талхию қабзкунандагиаш хеле кам бошад. Қувваташ то даҳ сол боқӣ мемонад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро ба дарун истеъмол намоянд, ахлоти ғафси часпак ва мураккабро пазонида, барои хориҷ шудан тайёр мекунад ва агар хусусан онро як шабонарӯз дар об тар намуда, намолида, он обро оҳиста рехта бинӯшанд, дар ин бобат таъсири хуб мебахшад: узвҳои даруни сина ва ҳалқро мулоим мекунад, вале ташнагӣ аз бисёрии рутубат бошад, чандон нафъ надорад; ҳамаи рутубатҳои нодаркор ва зарарнокро аз бадан дафъ месозад, узвҳои ботинии баданро мешӯяд, асабҳоро қавӣ мегардонад, бодҳоро таҳлил медиҳад, яъне онҳоро пароканда мекунад, пешоб ва ҳайзро равон мегардонад; барои иллатҳои дамкӯтаҳӣ, дағалии узвҳои даруни сина ва сӯзиши онҳо, дуруштии ҳалқ дору мешавад; овозро некӯ мегардонад; тангии нафас (астма), иллатҳои шуш, ҷигар, хичакро ба ибро меоварад, тафси меъда ва сӯзиши пешобро таскин медиҳад; бемориҳои мағзи сар ва асабонӣ, иллатҳои сипурз, бавосир, табҳои кӯҳна ва ҳамаи намудҳои сурфаро шифо мебахшад. Вале агар сурфа аз ахлоти ғафси шаффоф бошад, фоидааш кам аст.

Ҳар рӯз 1,75 грамм аз решаи бепӯсти ширинбия бо як грамм шакар ва арпабодиён бихӯранд, ҳамаи маҷроҳои баданро пок ва ранги рухсорро некӯ мегардонад; бодҳо, табҳои кӯҳна ва аксари бемориҳо — монанди дарди сар, дарди нимсар ва торикии чашмро шифо мебахшад, чашмро равшан мекунад. Ин даворо аз аввали моҳи ҳамал сар карда, то аввали моҳи саратон биёщоманд, шифобахшиаш қатъист.

ШиринбияШайхурраис дар бобати табобати қулинҷ (колит)-и сардмизоҷ навиштааст, ки 14 грамм решаи бепӯсти ширинбияро бо оби панир биёшоманд, қулинҷро шифо мебахшад ва агар танҳо худашро бихӯранд ҳам, ҳамон таъсирро дорад.

Ин решаро дар об чӯш дода, он обро нӯшида қай кунанд, рутубатҳои нодаркор ва зарарнокро аз бадан хориҷ мекунад ва агар батамом дафъ нагарданд ва миқдоре аз он бимонад, ба воситаи исҳол ё пещоб дафъ мегардонад.

Решаи ширинбияро дар давоҳои исҳоловари дар об ҷӯшонидашуда дохил намудан, инчунин дар доруҳои ҷигар ҳамроҳ кардан хеле сабук, яъне ба мизоҷ гуворо мебошад ва ҷиҳатҳои зарарнокии он давоҳоро дафъ мекунад -ин бинобар часпандагӣ доштанаш мебошад.

Решаи ширинбияи бепӯстро хушк намуда, соида, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад, чашмро қувват мебахшад ва зардии онро мебарад. Инро кӯфта, бо асал ва ё бо муми занбӯри асал сиришта гузошта банданд, барои милкаки нохун даво мешавад; агар бо оби холис хамир сохта, батакрори амал гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.

Барги тару тозаи онро кӯфта гузошта банданд, бадбӯии зери бағал ва миёни ангуштони пойро дафъ мекунад.

Мизоҷи чӯби ширинбияро ҳакимон Ибни Мосавия ва Амин-уд-давла гармтар ва хушктар аз қисмҳои дигари он донистаанд. Мизоҷи тухмашро табиб Муҳаммад ибни Аҳмад қавитар аз қисмҳои дигари он донистааст.

Мегӯянд, ки ҳангоми истеъмол кардан ба дарун, решаи ширинбия ба гурда ва сипурз зарар дорад. Давои ислоҳи зиёнаш барои гурда катиро ва агар ба сипурз газанде расонад, гули сурх истеъмол кардан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз решаи бепӯсти ширинбия то 17,5 грамм аст. Решаи бепӯсти ширинбияро реза карда, дар об то қувваташ ба об гузаштан биҷӯшонанд. Баъд онро соф намоянд, то он ки дар он таҳшин намонад, баъд аз ин боз то ғафс гаштанаш онро биҷӯшонанд — ин рубби ширинбия номида мешавад.

Мизоҷи рубби ширинбия дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он дар ҳама ҷиҳат беҳтар ва қавитар аз решааш мебошад. Агар инро ба дарун истеъмол намоянд, зарари давоҳои исҳоловар ва сӯзандагии онҳоро дафъ мекунад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …