Сияхак Сиёхак

Сияҳак

Сияҳак (Сиёҳак ё Часпак) — Инро мумкин аст гуфтан, ки мушунги ғайрихӯрокӣ мебошад. Ин гиёҳест, ки дар миёни гандумзор ва наск мерӯяд, гулаш кабуд. Пояаш ба растании дигар такя намуда месабзад. Ғилофи тухмаш монанди ғилофи тухми мош аст, донааш ҳам қариб ба андозаи мош, вале сиёҳ ва сахт мебошад. Дар тиб ҳамон донааш ба кор меравад. Ба забони русси онро «Подмаренник» меноманд.

Хислатҳои шифобахши Сияхак: ин ба шиддат таҳлилдиҳанда ва гардонандаи варамҳои хеле сахти шадид, инчунин мулоимкунандаи онҳост. Чун тухми онро рад карда, бо сиркои об омехта хамир карда, ҳашт соат дар офтоб бигузоранд ва баъд бо оби холис сиришта, ба варамҳои бисёр сахт ва дарднок гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад ва дардашонро ҳам дафъ мекунад.

Огоҳ кунем, ки сиёҳак ғизои бадфиол аст, агар бихӯранд, бод ва қулинҷи бодиро пайдо мекунад. Дар ин ҳолат сиркоро бо ширинӣ даромехта биёшоманд, зарараш ислоҳ меёбад. Бинобар бад будани истеъмолаш ба дарун, мизоҷи инро нагуфтем.

Сияхак

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …