АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / СОХТИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР АСРИ БИРИНҶИИ ОСИЁИ МИЁНА

СОХТИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР АСРИ БИРИНҶИИ ОСИЁИ МИЁНА

Масъалаи сохти ҷамъиятии аҳди биринҷӣ мавриди баҳсу мунозираҳои бениҳояти мутахассисон қарор гирифтааст. Роҷеъ ба ин масъала бисёр ақида ва фарзияҳои ба ҳам мухолиф мавҷуданд.

asri_birinji-jamiyat

Бештар мулоҳиза ва андешаҳое, ки дар сари таҳқиқи таърихи қабилаҳои маданияти Анав пайдо шудаанд, ҷолиби диққат мебошанд. Ба фикри В.М.Массон, ба вуҷуд омадани хонаҳои бисёрманзила ба пайдоиши ҷамоати сероила алоқаманд аст. Дар ҳудуди ҳазораҳои IV–III пеш аз милод ба оилаҳои падаршоҳӣ табдил ёфтани ҷамоатҳои сероилаи модаршоҳӣ ба вуқӯъ меояд. Ниҳоят, чунон ки классикони марксизм-ленинизм таълим медиҳанд, аз сохти модаршоҳӣ ба сохти падаршоҳӣ гузаштан сабабҳои иқтисодӣ дошта, хусусан бо тараққиёти чорводорӣ, ки кори мардон буд, марбут аст. «Тамоми маҳсулоти барзиёде, ки акнун касбу кор медод, ба дасти мард медаромад; зан дар истеъмоли ин маҳсулот иштирок мекард, аммо ба ягон ҳиссаи он соҳиб набуд. «Одами ёбоӣ», ҷанговар ва шикорчӣ, дар хона баъд аз зан мавқеи дувумро ишғол менамуд, чӯпони «ҳалимтар» бо сарвати худ калонгарӣ карда, ба ҷои якум гузашту занро ба мавқеи дувум фуровард… кори хонагии зан акнун назар ба касбу кори мард аҳамияташро гум кард»[1].

Дар охирҳои аҳди биринҷӣ тафриқаи мулкӣ ва иҷтимоӣ қувват мегирад. Мақбараҳои калоне мисли Тоғистон сохта мешаванд. ҳаёти шаҳриёнаи ибтидоӣ падид меояд. Оё ин маънии гузаштан ба ҷамъияти синфиро дошт ё на? ҳоло ба ин суол ҷавоби аниқ ёфтан душвор аст, вале ба ин ки аввалин падидаҳои он маҳз дар ҳамон давр ба зуҳур омада буданд, ҳеҷ шубҳае нест.

[1] К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асарҳо, ҷилди 21, с. 162.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …