Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд онро дар об андохта шустушӯй медиҳанд. Сурмаи шустагӣ барои даво латифтар ва форамтар мегардад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва дар севум хушк аст. Ба қавли Абӯалӣ ибни Сино, мизоҷи ин дар дараҷаи якум хунук ва дар дувум хушк аст. Вале ҳаким Муҳаммад бинни Ҳасан гуфтааст, ки сард ва хушк дар дараҷаи чаҳорум мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: сурмаро ба дарун банудрат истеъмол мекунанд. Зеро агар бихӯранд, овозро мегирад, ба узвҳои даруни сина ва шуш, инчунин ба буғумхо зарар дорад. Агар инро бисёртар бихӯранд, қотил аст.
Сурмаро ба чашм кашанд, саломатии чашмро нигоҳ медорад, асабҳои ин узвро қавӣ мегардонад, биноии пиронро меафзояд, инчунин ҳарорат, рутубат ва хирми чашмро дафъ мекунад, захмашро шифо мебахшад. Барои дарди сар, хунравӣ аз ҳар ҷойи бадан, ки бошад, барои пок намудани рими решҳо ва нест кардани гӯшти ҳароми онҳо, қатъ кардани ҷараёни ҳайз ва ба ҳам оварда сиҳат кардани реши мақъад, ба ҳам часпонидани даҳани ҷароҳатҳо ва куштани шапуш даво мешавад.
Инро бо андак мушки соида даромехта, ба чашм кашанд, биноии чашм ва асабҳои онро қувват мебахшад, хирмашро ҳам нест мекунад. Агар бо марворид, саргини калтакалос ва наботи сафед даромехта, ба чашм кашанд, пардаи бар он афтодаеро, ки чашмро торик мегардонад ва инчунин гули чашмро дафъ менамояд. Агар инро бо татуми соида якҷо карда ба чашм кашанд, обравӣ ва кӯтури чашмро ислоҳ месозад. Чун икдимиё ва сурма — ҳардуро баробарвазн гирифта, нарм ва маҳин соида, бо асали кафкгирифгаи рақиқ (суюқ) даромехта, ба чашм кашанд, дарди сарро ба ибро меоварад, ба шарте ки агар сар аз тарафи росг дард мекарда бошад, ба чашми рост ва агар тарафи чапи сар дардманд бошад, ба чашми чап мекашанд, вале агар дард дар ҳар ду ҷониб бошад — ба ҳардуи чашм,
Акнун дар омади гап, мафҳумеро муайян намоем. Иклимиё — ин моддаест, ки дар вақти гудохтани тилло ва нуқра ҳамчун чирк ва рими фулуззоти дигар ба рӯйи нуқра ва тиллои гудохташуда бармеояд.
Агар сурмаро бо оби кашнизи тар ҳамроҳ карда, хусусан ба он каме кофур низ илова намуда, дар аввали бемории нағзак (гулак) ва сурхича (қизомуқ) ба чашм кашанд, намегузорад, ки обилаи онҳо дар даруни чашм пайдо шаванд, низ ҳарорат ва рутубати чашмро дафъ мекунад, захмашро низ шифо мебахшад. Анорро бо пӯсташ кӯфта, обашро фишурда гирифта, сурмаро бо ҳамин оби анор ё бо оби татум даромехта, ба чашм кашанд, ҳамаи бемориҳои номбаршудаи чашмро шифо мебахшад. Инчунин сурмаро бо оби чизҳои номбурда даромехта, ба беруни чашм ва таги он, ба параҳои бинӣ, лаб, гӯш, тага ҳалқум ва ба сина бимоланд, намегузорад, ки донаҳои обила дар он ҷоҳо пайдо гарданд ва шарташ чунин аст, ки батакрор бояд молид. Ва агар донаҳои нағзак пайдо шуда бошанд, сурмаро бо оби барги кашнизи тар, андак кофур ва каме гулоб даромехта бимоланд, он донаҳоро дафъ мекунад.
Сурмаро ба пешонӣ ва нисфи сар гузошта банданд, хуни биниро, ки аз пардаҳои мағзи сар меомада бошад, қатъ мекунад.
Агар сурмаро батанҳоӣ ба захмҳои қарнияи чашм бипошанд, онҳоро хушк мекунад ва сиҳат мебахшад, инчунин ба захмҳои ҷоҳои дигар ҳам даво мешавад. Аммо баъд аз сиҳат ёфтани захм дар он ҷо доғи сурма боқӣ мемонад. (Қарния — ин сиёҳии чашм аст, дар баъзеҳо қарния кабуд ё гӯсфандӣ ҳам мешавад).
Сурмаро занҳо аз таг бардоранд, сахтии бачадонро, ки дар тибби ҳозира ноболиғии бачадон (неразвитость матки) меноманд, мулоим мекунад ва ҷараёни хуни ҳайзро қатъ месозад.
Нозукии хосеро дар хусуси сурма маълум намоем, ки барои сурмаро пок ва форам кардан онро месӯзонанд. Ҳангоми сӯхтан дар таркибаш қисмҳои гӯгирд ва нефт, ки ҷой гирифта бошанд, дафъ мегарданд. Сӯхтани сурма ба ин тариқ аст. Санги сурмаро мисли донаҳои нахӯд ва писта реза-реза мекунанду ба чарбии буз печонида, ба оташ мегузоранд, то он ки аз он аланга зоҳир гардад, вале набояд бисёр сӯзад. Баъд онро дар шароб ё дар гулоб, ё дар шири хар андохта, хунук месозанду сонӣ ос мекунанд. Баъди ҳамаи ин амал онро мешӯянд. Баъди ҳамаи ин коркардҳо сурма барои истеъмол тайёр мегардад.
Тариқи дигари сӯхтанаш ин тавр аст. Санги сурмаро чун гуфтаи боло реза-реза карда, бо равғани гов хамир сохта, дар оташ месӯзонанд, то шӯълавар гардаду дудаш бартараф равад.
Акнун сурмаро баъд аз сӯхтан шустан даркор, ки шустанаш чунин аст. Онро маҳин кӯфта, дар зарфе об бар рӯйи он мерезанду барҳам мезананд, яъне мекованд. Баъд ҳамон тавр мегузоранд, то таҳшин гардад. Ва оби онро, ки қисмҳои гӯгирдӣ омехта аст, дур менамоянд. Боз як бор ин амалро такрор мекунанд. Чун аз он, ки қисмҳои гӯгирдиаш нест шуданд, хотирҷамъ шаванд, пас онро мартабаи дигар дар об ос мекунанду баъд дар пиёла андохта мекованд. Он чӣ сурмаи омехта ба об аст, дар пиёлаи дигар рехта, он чӣ таҳнишин аст, бори дигар соида, чун пешина шуста ва бар рӯйи таҳшинаш боз об рехта, аз нав мекованд. Баъд аз кофтан чизҳои ба об омехта гаштаро бар болои оби пешина рехта, ба таҳшин боз об дохил карда, чун пешина ос кардан мегиранд, то он вақт ки дар таҳти пиёла ба ғайр аз моддаи сангӣ ва регӣ ҳеҷ чиз боқӣ намонад. Баъд онҳоро партофта, обҳоро, ки сурма доштанд, то таҳшин гаштан мегузоранд. Баъди таҳшин шудан обҳоро рехта дур карда, таҳшинро дар зарфе андохта, аз болои он ягон матоъи нафис мепартоянду ҳамон тавр мегузоранд, то он ки хушк шавад. Ин хушкшуда сурмаи тайёр аст.