АСОСӢ / Маориф / СУЖЕТ ЧИСТ?

СУЖЕТ ЧИСТ?

Воқеа ё силсилаи воқеаҳои ба ҳам алоқаманд, ки мазмуни асари бадеиро ташкил медиҳад, сужет (калимаи фаронсави sujet) но- мида мешавад. Яъне, алоқа, мухолифат, ҳусни таваҷҷуҳ, нафрат ва дигар муносибатҳои байниҳамдигарии ода- мон ва дигар мавҷудоти олам сужети асари бадеиро фароҳам ме- оваранд.

sujet

Сужет аз рӯйи таркиб сода ва мураккаб мешавад. Сужети сода дар асоси як воқеа ё чанд воқеаи хурди ба ҳам алоқаманд офарида мешавад. Сужети сода аксаран дар латифа, тамсил, баллада ва ҳикоя барин жанрҳои хурди ҳамосИ ё намоишномаҳо мушоҳида мешавад, аммо сужети мураккаб бошад, аз чандин воқеа, баъзан аз чанд силсилаи воқеаҳо фароҳам меояд.

Сужет танҳо дар асарҳои ҳамоси (роман, қисса, ҳикоя, досто- ни ҳамосИ, афсона, ёддошт, сафарнома ва ғайра) ва намоишномаҳо (фоҷиа, мазҳака, драма ва ғайра) мушоҳида мешавад. Асарҳои лирикИ (ғазал, қасида, қитъа, рубоИ, дубайтИ, мусаммат, мустазод ва ғайра) сужет надоранд, зеро дар асарҳои лирикИ воқеаву ҳодисаҳо не, балки фикру ҳиссиёти адиб оид ба зиндагИ ифода меёбад.

Рафти воқеа хатти сужети асарро ташкил Унсурҳои медиҳад ва барои муайян кардани қисматҳои сужет хатти сужет унсурҳои асосӣ ва унсурҳои иловагӣ

муқаррар шудааст. Сужет панҷ унсури асосИ ва ду унсури иловагИ дорад.

Унсурҳои асосӣ:

  1. Ибтидо ё саршавИ.
  2. Гиреҳ.
  3. Рабт ё худ инкишоф.
  4. Нуқтаи олй ё худ авҷи олии ҳодиса.
  5. Қатъ ё худ гиреҳкушо.

Унсурҳои иловагӣ:

  1. Оғоз.
  2. Анҷом.

Ибтидо: Дар ин қисмат хонанда ба замону макони воқеа ва персонажҳои асосии асар шинос ме- шавад ва заминаи пайдоиши зиддиятро дарк мекунад. Ин унсур дар романи «Ман гунаҳ- горам»-и Ҷ. Икромӣ чунин ифода ёфтааст: нависанда нахуст хо- нандаро ба баҳори деҳаи Лолазор шинос мекунад. Баъд таваҷҷуҳи ӯро ба хонавода ва зиндагии хушбахтонаи директори мактаби деҳа Анвар Салимов ҷалб менамояд. Анвар ҳамроҳи зан ва ду фарзандаш баъди истироҳат ба хонаашон бармегашт. Ӯ дар наз- ди бинои шӯрои деҳа котиби деҳшӯро Мухтор Махсумов ва кор- манди шуъбаи маорифи вилоят Зайнаб Кабироваро мебинад. Хо- нанда аз боби аввал минбаъд миёни Анвар ва Мухтору Зайнаб давом ёфтани воқеаро ба хубӣ дарк менамояд.

Гиреҳ дар байни ду қувва пайдо шудани зиддиятро ифода мекунад. Дар романи «Ман гунаҳгорам» гиреҳ дар байни Анвар ва Мух- тор пайдо мешавад. Мухтор ба Зайнаб муно- сибати наздик дошт. Вақте ки Зайнаб рӯзҳои дар Лолазор будан дар хонаи Анвар ҷой мегирад, Мухтор аз ин рашк бурда Анварро рақиби худ мешуморад.

Қимати гиреҳ дар он аст, ки аз ҳамин лаҳза сар карда, хисла- ти персонажҳо ба инкишофёбӣ шурӯъ менамояд. Гиреҳ дар ҳамаи асарҳои ҳамосӣ ва драмаҳо дида мешавад.

Рабт: Дар ин қисмати сужет зиддияти қувваҳои мутақобила пайдарпай инкишоф меёбад. Ҳамаи персонажҳои асосию ёридиҳанда бо- суръат ба ҳаракат меоянд ва самтҳои асосии фаъолияти персонажҳо ба таври возеҳ ошкор мегардад. Дар ро- мани «Ман гунаҳгорам» Анвар дар зиндагӣ бемасъулиятӣ зоҳир намуда ба Зайнаб ошиқ мешавад ва ин як лаҳзаи кӯтоҳандешӣ барои ӯ басо гарон меафтад.

Авҷ: Дар ин қисмати сужет воқеа ба ҳадди ниҳоии худ мерасад. Қувваҳои муқобил ошко- ро ба мубориза бармехезанд ва яке дигареро ба мағлубият маҷбур мекунад. Дар ин ҳолат симои ҳақиқии образҳо ва муносибатҳои иҷтимоию ахлоқии онҳо пурра ошкор мегардад.

Дар романи «Ман гунаҳгорам» ишқи нобаҳангоми директо- ри мактаб натиҷаи манфӣ медиҳад. Анвар ҳолати бади руҳй до-

рад ва дар ҳамин вазъият маоши муаллимонро дар роҳ гум карда, ба мақомоти тафтишотӣ меафтад. Халтаи пулро Мухтору Зайнаб меёбанд. Муносибат бо халтаи пул боиси тамоман ошкор гарди- дани хислату ҷавҳари инсонии ин ду персонаж мегардад: Мухтор дар фикри пурра мағлуб кардани рақиби худ мешавад, аммо Зай- наб симои манфури Мухторро хеле хуб дарк карда, аз ӯ тарки алоқа мекунад.

Қатъ: Дар ин қисмати сужет яке аз қувваҳо пирӯз гардида, воқеа анҷом меёбад. Яъне, гиреҳе, ки дар аввал ба миён омада буд, кушода меша- вад. Дар қисмати қатъи сужети романи маз- кур воқеа ғайричашмдошт тағйир ёфта, ба таври мусбат ҳал ме- шавад: Зайнаб аз Мухтор дилмонда шуд ва дар вақти набудани ӯ халтаи пулро бурда ба мактаб месупорад. Бо ҳамин воқеа ба ман- фиати қувваҳои некӣ ва адлу адолат ҳал мегардад.

Оғоз ва анҷом чун унсурҳои иловагии су- жет ба силсилаи воқеаҳои ба ҳам алоқаманд дохил намешаванд. Баъзан барои дарки дурус- ти воқеаҳои асосӣ нависанда шарҳу эзоҳро лозим медонад. Ҷ.Икромӣ дар оғози романи «Ман гунаҳгорам» сабаби худро гунаҳгор шумурдани образи асосӣ — Анварро шарҳ медиҳад. Нависандагон қисмати оғозро кам истифода мекунанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Чаро асарҳои лирикӣ сужет надоранд ?
  2. Сужети сода аз сужети мураккаб чӣ фарқ дорад?
  3. Унсурҳои асосӣ ва иловагии сужетро ном баред.
  4. Унсурҳои асосии сужетро дар мисоли романи «Ман гунаҳгорам» нишон диҳед.
  5. Оғоз ва анҷом дар кадом маврид истифода мешавад?

Инчунин хонед инро

bonk

«ИСЁНИ ХИРАД» ВА АШЪОРИ БАЧАГОНА

Достони «Исёни хирад» ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва файласуфи асри XI тоҷик Носири …