АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ТАДҚИҚИ ИЛМИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МИЁНА

ТАДҚИҚИ ИЛМИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МИЁНА

Чунон ки гуфта шуд, ҳукуматдорони подшоҳӣ аз натиҷаҳои умумии музокироти намояндагиҳои дипломатии худ дар Бухоро, Хева ва Хӯқанд қонеъ нагардида буданд. Кӯшишҳои истифода бурдани робитаҳои иқтисодӣ барои аз ҷиҳати сиёсӣ барқарор кардани нуфузи томи Петербург дар Осиёи Миёна бо сабабҳои гуногун бароре накард. Вале мо наметавонем дар баҳо додан ба муносибатҳои сиёсии империяи Россия бо давлатҳои Осиёи Миёна аз чунин мавқеи маҳдуд ва махсус наздик шавем. ҳатто агарчи сафари дипломатҳо на ҳамеша боиси расидан ба мақсадҳои пешгузоштаи онҳо мегардид, лекин одатан ба афзоиши беш аз пеши мубодилаи молҳо дар байни давлатҳои номбурда таъсире мекард.

Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мусофирати сафирон, намояндагиҳо, тоҷирон ва сайёҳони ҷудогонаи рус ба Осиёи Миёна аз дигар ҷиҳат аҳамияти хеле калон дошт. Аксари касоне, ки ба ин тарафҳо сафар мекарданд, одамони фозил ва донишманд буданд ва баъзеи онҳо забонҳои шарқро медонистанд[1]. Дар байни онҳо мутахассисони дараҷаи аввали география ва геология, геодезия ва астрономия, табиатшиносон, шарқшиносон ва забоншиносони пуртаҷриба ҳам буданд.

Дар таҳқиқи натиҷаҳои саёҳат ва таҳлили маводу иттилооти гуногуне, ки тоҷирони Россия ва Осиёи Миёна меоварданд, гули сарисабади илму фанни ватанӣ, аз он ҷумла шарқшиносон ва ҷуғрофидонони маъруфи асри Х1Х-и рус иштирок менамуданд.

Инак, мӯъҷизае ба амал омад: дар зарфи камтар аз 50 соли асри ХIХ Осиёи Миёна аз сарзамини ношинос (incognita) ба кишваре табдил ёфт, ки илм дар бораи он бисёр маълумоти дақиқ ба даст овард.

Ба қавли чуғрофидони машҳури рус И.В.Мушкетов, экспедитсияҳои нимаи аввали асри ХIХ дар тадқиқи ҷуғрофии Осиёи Миёна аҳамияти калонеро молик мебошанд: «…Онҳо материалҳои комилан илмӣ медиҳанд, ки ҳоҷат ба тафсир нест; илова бар мадракҳои каму беш дақиқи нақшабардорӣ, хизмати асосии ин тадқиқот иборат аз он аст, ки онҳо моро бо хусусиятҳои табииву таърихии ҳавзаи Туркистон шинос менамояд»[2].

Дар вақти ин сафару саёҳатҳо роҷеъ ба халқҳои Осиёи Миёна, таърих ва маданияти онҳо низ мадракҳои фаровон ва гуногун (агарчи қисми зиёди онҳо он қадар мураттаб набуданд) ҷамъоварӣ карда шуданд. Мумкин аст гуфт, ки таҳқиқи этнографии мардумони Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри ХIХ шурӯъ гардида буд. Аз мадракҳои дар нашрияҳои мухталиф ва каммашҳур пароканда ва ё дар ҷузвдонҳои архив нигоҳ дошташуда дар бораи тарзи зиндагӣ, маданияти моддӣ ва баъзе ҷиҳатҳои маданияти маънавии халқҳои Осиёи Миёна: тоҷикон, ӯзбекон, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва қарақалпоқҳо метавон тасаввур пайдо намуд. Афсӯс, ки қисми муҳими ин мадракҳо дар тадқиқоти этнографии муосир хеле кам ё ҳатто тамоман истифода нашудаанд.

olimon

Омӯзиши забони халқҳои Осиёи Миёна бо эҳтиёҷоти амалӣ алоқаманд буд. Дар айни замон ба тадқиқи илмии ин забонҳо низ ибтидо гузошта шуд. Дар қисмати забони тоҷикӣ чунин хидматро яке аз шарқшиносони намоёни рус В.В.Григорйев адо кардааст.

Дар ҳисоботи сайёҳон ёдгориҳои ҷудогонаи санъати меъмории Осиёи Миёна бисёр зикр шуда ва ё мухтасаран тасвир ёфта, лавҳаи баъзе аз онҳо сабт гардидаанд, инчунин тавсифи биноҳои иқоматӣ оварда мешавад. Аз ин қабил навиштаҷоти кӯтоҳ метавон маълумоти пурарзиш барои таърихи санъати меъмории Осиёи Миёна ба даст овард.

Қариб ҳар як сайёҳ вазъу тартиби идории давлатҳои хониро каму беш батафсил баён карда, тавсифи ин ва ё он ҷиҳати ҳаёти иқтисодии онҳоро низ овардааст. Асари Н.В.Хаников «Тавсифи давлати хонии Бухоро» (1843) аз беҳтарин таълифотест, ки дар ин мавзӯъ ба вуҷуд омадаанд. Вақте ки Н.В.Хаников ба Осиёи Миёна сафар кард, синни ӯ ҳанӯз ба 22 нарасида буд. Ў баъди хатми литсейи Сарскоселск аз тариқи худомӯзӣ шарқшинос гардид. Истеъдоди фитрӣ, кунҷковӣ ва мушоҳидакорӣ ба ҷавони донишдӯст имкон доданд, асаре таълиф намояд, ки бо хусусиятҳои барозандаи худ – тасвири ҳамаҷониба ва амиқи аморати Бухоро – касро то кунун ба ваҷд меорад.

Дар китоби Н.В.Хаников ва асарҳои дигар муаллифон доир ба таърихи маҳалҳо, шаҳрҳо ва давлатҳои ҷудогонаи Осиёи Миёна мадракҳои муҳим зикр ёфтаанд. Дар айни замон, сайёҳон аз ин сарзамин дастнависи асарҳои гуногуни таърихӣ ва адабии ба забонҳои арабӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таълифёфтаро низ бо худ мебурданд, ки баъдтар чанде аз онҳо нашр гардид. Масалан, дастнависи «Таърихи Муқимхонӣ», ки сафорати рус соли 1821  аз Бухоро бурда буд, интихобан (матни аслӣ, тарҷумаи фаронсавӣ) бо шарҳи О.И.Сенковский ба табъ расонида шуд. Ба қавли В.В.Бартолд, ин асар дар нашри яке аз «саромадони шарқшиносии рус» профессор Сенковский барои европоиён муддати дарозе ҳамчун ягона манбаи таҳқиқи аморати Бухоро хизмат намуд[3]. Дар соли 1834 академик Х.Д.Френ барои кӯмаки сайёҳони рус феҳристи асарҳои муаллифони шарқро, «ки ба ҷустуҷӯи дастнависи аслӣ ва ё нусхаҳои он машғул шудан лозим меомад», интишор дод. Ин феҳрист, ки чанд бор нашр гардид, дар ҷамъоварии дастнависҳои шарқӣ роли муҳим бозид. Донишманди ҷавон Н.В.Хаников низ аз Бухоро дастнависҳои зиёдеро пайдо карда, ба Россия бурд. Соли 1858 дар ҳайъати намояндагии дипломатии Н.П.Игнатйев шарқшиноси машҳури рус П.И.Лерх ба Хева ва Бухоро омада, маҷмӯи тамоми дастнависҳоро ҷамъ намуд. Дар як вақт сиккаҳои гуногуни зарби Осиёи Миёна низ бурда мешуданд.

Тадқиқи таърих ва маданияти Осиёи Миёна яке аз муҳимтарин равияҳои шарқшиносии рус гардид. Намояндаи маъруфи ин равия академик Х.Д.Френ мадракҳои пурарзиши сиккашиносиро таҳқиқ ва нашр намуд, матни туркии асари Абулғозӣ «Шаҷараи туркон ва муғулон»-ро ба табъ расонид. И.Н.Березин «Шайбонинома» ва Н.И.Илминский «Бобурнома»-ро чоп карданд. В.В.Григорйев, В.В.Веляминов-Зернов, Я.В.Хаников бисёр манбаъҳои пурбаҳои русӣ ва маҳаллиро роҷеъ ба таърихи Осиёи Миёна бо шарҳу тафсири худ интишор намуданд. В.В.Веляминов-Зернов, В.В.Григорев, В.Г.Тизенгаузен ва дигарон муддати зиёде ба таҳқиқи сиккаҳои Осиёи Миёна машғул шуданд. Тавассути асарҳои ин олимон нахустин бор тарҳи давраҳои ҷудогонаи таърихи асримиёнагӣ ва нави Осиёи Миёна дар пеши назар ҷилвагар гардид. Н.Я.Бичурин (Иакинф) дар омӯзиши таърихи бостони Осиёи Миёна саҳми бебаҳое гузошт. Хулласи калом, дар нимаи аввал ва миёнаҳои асри ХIХ як зумра донишмандони рус дар соҳаи таҳқиқи таърихи Осиёи Миёна корҳои пурсамаре анҷом доданд[4]. Тоҷикон, ӯзбекон, қирғизҳо, туркманҳо ҳамеша ин олимони забардасти русро, ки на фақат дар гузоштани асоси тадқиқи илмии Осиёи Миёна, балки дар устувор намудани дӯстии халқҳои Осиёи Миёна ва халқи рус иқдомоти шоистае кардаанд, бо ҳисси эҳтиром ва сипосгузорӣ ёд мекунанд.

* * *

Даврае, ки мо мавриди тадқиқ қарор додаем, яке аз сахттарин давраҳои таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад. Дар ҳамин давра байни давлатҳои мухталиф тақсим шудани халқи тоҷик анҷом меёбад. Бо таъсиси давлати Афғонистон қисми зиёди тоҷикон, ки аслан дар хоки Афғонистони кунунӣ иқомат доштанд, ба таври сунъӣ аз тоҷикони сокини Осиёи Миёна ҷудо карда шуданд [5]. Аксарияти тоҷикони Осиёи Миёна дар шаҳрҳои гуногуни аморати Бухоро ва давлати хонии Хӯқанд, дар водии Фарғона, воҳаи Бухоро ва ғ., дар мулкҳои ниммустақили кӯҳистонии сарзамини Тоҷикистони ҳозира (Қаротегин, Дарвоз, Вахон, Шуғнон ва ғ.), миқдори ками онҳо дар шаҳрҳои хонияи Хева ва давлатҳои хонии қазоқ  (Авлиёато, Чимкент ва ғ.), дар Туркистон – дар давлати хоҷагони Қошғар (Қошғар, Хутан ва ғ.) сукунат доштанд. Дар шимоли ҳиндустон ва Хуросони ба Эрон гузашта низ бисёр маҳалҳои тоҷикнишин мавҷуд буданд.

ҳамин тариқа, дар миёнаҳои асри ХIХ вилоятҳое, ки тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна маскун буданд, ба ҳар мамлакат ва давлатҳои хонӣ пароканда гардиданд.

Ба сабаби сар задани бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Миёна шароити иҷтимоӣ боз ҳам бадтар шуд.[6] Дар миёна ва чоряки севуми асри ХVIII бӯҳрон ба нуқтаи баланди худ расид. ҳарчанд баъзе тадбирҳои марказиятдиҳӣ ва як андоза беҳтар кардани вазъи обёрӣ, ки дар ибтидо ва нимаи аввали асри ХIХ дар се давлат – аморати Бухоро, давлатҳои хонии Хӯқанд ва Хева ба амал омад, қадре зуҳуроти шадиди ин бӯҳронро фурӯ нишонда бошад ҳам, онро тамоман аз байн бурда наметавонист.

Нуфузи ниҳоят зиёди дар байни оммаи забун ва гумроҳ пайдокардаи рӯҳониёни ислом, хусусан шайхони дарвешӣ ба завол ёфтан ва пӯсидани низоми феодалӣ мусоидат мекард. Чунон ки И.С.Брагинский ҳаққонӣ гуфтааст: «…вазъи фавқулоддаи сахти хоҷагӣ ва маданӣ ва ҳоли табоҳи оммаи заҳматкаш дар миёнаи асри ХIХ на фақат зуҳури аз қаър заволёбии муддати асрҳо дар Осиёи Миёна давомдошта мебошад, балки дар айни замон зуҳури ба худ хоси зиддиятҳои байни қувваҳои истеҳсолкунандаи бо вуҷуди ҳар гуна душвориҳо пешрафта ва муносибатҳои истеҳсолии ишкелзанандаи давраи таназзули феодализм аст, ки ба харобшавии қувваҳои истеҳсолкунанда оварда мерасонид»[7].

Асри ХVIII дар Осиёи Миёна давраи дар натиҷаи бӯҳрони сахти иҷтимоӣ ва хоҷагӣ ақиб рафтани қувваҳои истеҳсолкунанда мебошад. Дар асри ХIХ ба ҷунбуҷӯш даромадани тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мушоҳида мешавад, ки дар ин бобат робитаҳои иқтисодии Осиёи Миёнаву Россия роли муҳим бозидаанд. Дараҷаи баланди тараққиёти касбу ҳунар, алалхусус дар шаҳрҳо, инчунин равнақи тиҷорат нишон медиҳад, ки дар системаи форматсияи феодалии Осиёи Миёнаи асри ХIХ истеҳсоли мол ва гардиши пул мавқеи калонеро ишғол менамуд [8]. Дар айни замон қисми асосии аҳолии давлатҳои Осиёи Миёна, махсусан аҳолии кӯчӣ ва муқимии деҳот ҳамоно дар шароити хоҷагии соф натуралӣ ва ё нимнатуралӣ зиндагӣ мекард. Тамоми системаи истеҳсолот ва муносибатҳои иҷтимоӣ асосан феодалӣ буд. Баъзе падидаҳои муносибати буржуазӣ (чунин тамоюлот ба назар мерасид) дар ин шароит ягон қадар ҳам инкишоф ёфта наметавонист. Дар боло роҷеъ ба комёбиҳои соҳаи истеҳсолот ва тиҷорат сухан ронда шуд. Аммо бино ба гуфтаҳои Ф.Энгелс, ки комилан ба Осиёи Миёна ҳам татбиқшаванда аст: «ҳамаи ин муваффақиятҳои истеҳсолоту муомилот, дар воқеъ, аз рӯи мафҳуми имрӯза характери хеле маҳдуд доштанд. Истеҳсолот дар ҳамон шакли карахти сирф устохонаи ҳунармандӣ боқӣ монда, бинобарин, худаш ҳам хусусияти феодалиашро ҳанӯз нигоҳ медошт…» муваффақиятҳои тиҷорат низ маҳдуд буданд[9]. Масалан, дар Осиёи Миёна тамоюли пайдоиши бозорҳои вилоятӣ ба зуҳур меояд, вале ин ҳам ба куллӣ сурат намеёбад.

В.И.Ленин хотирнишон карда буд: «Фақат дар давраи нави таърихи рус (тахминан аз асри 17) ҳамаи ингуна вилоятҳо, қаламравҳо ва княжествоҳо ҳақиқатан ба сурати воқеӣ дар як воҳид пайваста шуданд… Сабаби он ин буд, ки мубодила дар байни вилоятҳо рӯз ба рӯз қувват мегирифт, муомилаи молӣ ҳам оҳиста-оҳиста меафзуд, бозорҳои хурд-хурди маҳаллӣ дар як бозори умумии Россия ба ҳам меомаданд. Азбаски роҳбарон ва соҳибони ин протсесс капиталистони савдогар буданд, эҷоди ин алоқаҳои миллӣ танҳо эҷоди алоқаҳои буржуазӣ буд, на чизи дигар»[10].

Дар миёнаҳои асри ХIХ ин протсесс дар Осиёи Миёна аз ташкили бозорҳои маҳаллӣ ва қисман вилоятӣ дуртар нарафт. Дар чунин шароите, ки хоҷагии натуралӣ бартарӣ дошт ва парокандагии иқтисодию сиёсӣ ҳукмфармоӣ мекард, ба вуҷуд омадани бозори умумӣ дар Осиёи Миёна аз имкон берун буд; давлатҳои хонӣ мавҷудияти худро ҳамчун давлати феодалӣ нигоҳ медоштанд. Вазъияти давлатҳои хонии Осиёи Миёнаро дар нимаи аввали асри ХIХ метавон бо гуфтаҳои Ф.Энгелс тавсиф намуд: «Вале дар ҳама ҷо, ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар деҳот, миқдори чунин унсурони аҳолӣ, ки пеш аз ҳама барҳам додани ҷангҳои бемаънии пайдарпай, бас кардани низоъу нифоқи байни феодалон ва ҷангҳои муттасили дохилӣ, ки ҳатто дар мавридҳои ба мамлакат ворид шудани душмани аҷнабӣ ҳам қатъ намегардид, хотима ёфтани ин ҳолати дар зарфи тамоми давраи асри миёна ҳамеша давом кардаи харобиовариҳои доимӣ ва комилан бемақсадро талаб менамуданд, зиёдтар мешуд»[11].

5. МАДАНИЯТИ МОДДӢ ВА МАЪНАВӢ

Нооромиҳои замона ва ҷангҳои феодалӣ, зулму ситами бераҳмона ва харобиҳои мамлакат тараққиёти маданиятро бозмедоштанд. Албатта, даҳои офаринандагии халқҳои Осиёи Миёна поён намеёфт, вале он дар даврае, ки ҷамъият ба вазъияти таназзули иқтисодӣ ва то ҳадди охир фишор овардану инкор кардани шахсияти инсон афтода, тамоми ҷанбаҳои зиндагиро таассуби динӣ фаро гирифта буд, комилан ба зуҳур омада ҳам наметавонист.

Бинокорӣ ва меъморӣ

Дараҷаи тараққиёти санъати меъмории Осиёи Миёна алалхусус дар бобати сохтмони биноҳои бошукӯҳ дар давраи мавриди тадқиқ назар ба асри гузашта хеле поин рафт. «Дар нимаи асри ХVIII бинокориҳои азими Бухоро аз ҳаракат бозмонд, гӯё ки мавҷудияти худро қатъ карда бошад: дар шаҳри валангор биное сохта намешуд. ҳатто дар лаҳзаҳое, ки аз охирҳои  аср  кори  сохтмон дубора ба роҳ даромад, тараққиёти он ҳамоно дар савияи нисбатан паст ҷараён меёфт»[12]. Баъзе офаридаҳои меъмории барҷаста, аз қабили бинои мадрасаи халифа Ниёзқул, ки бештар бо номи Чорманор машҳур аст ва силсилаи иморати халифа Худойдод, бо вуҷуди камхарҷии сохтмон ва соддагии сабки меъморӣ, аз он ки сохт ва намуди онҳо бо манзараи табиати маҳалли воқеъгаштаи худ мувофиқати комил пайдо кардааст, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамоянд.

Дар Самарқанд якчанд биноҳои калон сохта ва ё сохтмони нимкорамондаи иморатҳои кӯҳна анҷом дода шуданд. Масалан, дар миёна ва нимаи дувуми асри ХIХ дар таҳкурсии кӯҳна бинои масҷиди ҳазрати Хизр сохта, сипас борҳо таъмир ва такмил карда шуд (ин бино намуди ҳозираи худро дар натиҷаи азнавсозии соли 1915 пайдо кардааст). Биноҳое, ки аз охири асри ХVIII то миёнаҳои асри ХIХ дар Хева ва баъзе дигар шаҳрҳои хонии Хева бо вусъати тамом сохта шудаанд, аз ҷиҳати меъморию таърихӣ гуногунранг ва ҷолибтаранд. Дар ин ҷо қасрҳо, корвонсаройҳо, дарвозаҳои шаҳр, мадрасаву масҷидҳо, мақбара ва манораҳо ба вуҷуд омада буданд. Чунончи, қабулгоҳи соли 1855 дар рӯи ҳавлии Кӯҳнаарк (Хева) сохташуда айвоне дорад, ки бо зарофати сутунҳояш аз тамоми айвонҳои Осиёи Миёна зеботар мебошад. Қасри дуошёнаи Тошҳавлӣ (1832–1841) яксаду шасту се хона, се ҳавлии калон ва панҷ ҳавлии хурдро дарбар мегирад. Ин иморати хеле калон ва мураккаб бо як маҳорати фавқулодда тартиб ва танзим ёфтааст.

Дар хонии Хӯқанд низ бинокорӣ вусъати зиёде пайдо карда буд. Дар шаҳрҳои гуногуни ин мамлакат бисёр иморатҳои мӯҳташам: қасрҳо, корвонсаройҳо, ҳаммомҳо, қалъаву манораҳо, инчунин масҷиду мадраса ва мақбараҳо сохта шудаанд.

Соли 1841 яке аз сайёҳони рус навишта буд: «Қасри хони ҳозира бинои дуошёнаи хиштӣ ва хеле зебоест, ки дар маркази шаҳр воқеъ гардида, атрофаш бо боғҳову иморатҳои ба он тааллуқдошта ва деворҳои баланди гилӣ иҳота гардидааст». Дар нимаи дувуми асри ХIХ қасри нави «ба таври худ хушнамуд»  (таъбири А.П.Федченко)[13]  сохта  мешавад, ки  корҳои  асосии сохтмони он дар солҳои 1870-1871 анҷом ёфтааст. Тарҳи ин қаср мисли архитектоникаи рӯи он ҷолиб нест. Рӯи иморат бо кошинҳои гуногунранг зинат ёфта, дар ороиши он кандакории гаҷӣ истифода шудааст. Бо вуҷуди ороишоти зиёде иморати қаср шакли муназзам ва мӯҳташам надорад. Дар ин ҷо устодони сафолсози Андиҷон, Чуст, Конибодом, Намангон, Ўротеппа, Риштон хуб маҳорат нишон додаанд. Мақбараи Модарихон ва Дахмаи Шоҳон (Хӯқанд) тақлидкорона сохта шудаанд, рӯйкаши ин биноҳо аз ҳад зиёд рангоранг буда, дар онҳо таносуб риоя нашудааст. Масҷиди Хонақоҳ дар Марғелон ва масҷиди Чинорлики 1 дар Хӯқанд бо айвонҳои пурнақшунигори худ хеле назаррабо мебошанд. Мақбараи Хоҷамини Қабрии Намангон (нимаи дувуми асри ХVIII) дар санъати меъмории асрҳои ХVIII–Х1Х-и на фақат Хӯқанд, балки тамоми Осиёи Миёна мақоми хосае дорад. Вай, сарфи назар аз баъзе ҷиҳатҳои илтиқотӣ, асосан анъанаи меъмории классикии давраи асри миёнаи Фарғонаро давом медиҳад. Шаклҳои дақиқи меъморӣ ва ороишоти муҷаллал ин обидаро аз тамоми бинокориҳои онвақта фарқ мекунонад.

Дар ҳамин давра дар Хуҷанд, Ўротеппа, ҳисор, Панҷакент ва дигар шаҳрҳо низ иморатҳои зиёд сохта шуданд. Масалан, масҷиди Чорбоғи Хуҷанд бо айвони баланд ва нақшунигори зебои сақфи даромадгоҳи худ аз ҳамин қабил ёдгориҳои меъморӣ ба шумор меравад. Вале дар байни бештар аз дусад масҷид ва бисту панҷ мадрасаи Хуҷанд фақат чандтои онҳо аз ҷиҳати меъморӣ мавриди таваҷҷӯҳ мебошанд. Аз ёдгориҳои меъмории Ўротеппа бинои мадрасаи Рустамбек, ки мутаассифона то замони мо боқӣ намондааст, қобили қайд аст. Намои кошинкории он бо суратҳои дар пештоқи иморат кашидашудаи ҳайвоноти асп ё палангмонанди ба муқобили якдигар ҳаракаткунанда зеби махсусе пайдо карда буд. Бинои мадраса дуошёна буда, 49 ҳуҷра дошт, дар ду гӯшаи рӯи он ду манор мавҷуд буд. Аз сохтмонҳои калони онвақтаи Ўротеппа мадрасаи Намозгоҳ, айвони тиллокории пойгаҳи қароргоҳи ҳоким дар болои Муғтеппа, ҳаммом ва корвонсаройро, ки аз хишти пухта бино ёфта буданд, метавон зикр кард.

Дар ҳамин давра иморатҳои Регистони ҳисор, Мадрасаи Нав, мадрасаи Миролим-додхоҳи Панҷакент сохта шудаанд. Тадқиқи ҳамаи ин ёдгориҳои меъморӣ ба чунин хулосае меорад, ки дар сохтмонҳои бошукӯҳи онвақта савияи техникӣ ва меъморию бадеӣ хеле паст гардида будааст.

Аммо дар бинокориҳои оммавӣ манзара тамоман дигар аст. Дар ин ҷо на қатъи анъана ва на таназзул мушоҳида намешавад. Баръакс, маҳз дар ин давра навъҳои маҳаллии манзилҳои Осиёи Миёна комилан ташаккул меёбад. Зимнан дар тарҳ, ороиш ва масоҳат ду навъи бино–манзили одамони давлатманд ва манзили одамони бенаво аз ҳам тафовути ҷиддӣ пайдо мекунанд. Чор тарафи манзилгоҳ бо деворҳои баланд иҳота карда мешуд. Ба тақозои иқлим дар ҳар манзилгоҳ саҳни ҳавлӣ аҳамияти калоне дошт, зеро сокинони он аксари рӯзҳои солро дар зери сояи дарахтон ва гирди ҳавзи рӯи ҳавлӣ мегузаронданд. ҳавлӣ аз ду қисмат иборат буд: ҳавлии дарун ва ҳавлии берун. Дар ҳавлии дарун хонаҳои зист, саисхона ва ғ. ҷой мегирифтанд. Гоҳо ҳавлии махсуси хоҷагӣ ва қитъаи боғ ҳам ҷудо карда мешуд. ҳамчунин дарвозахона бо дари кандакоришуда низ ба қисми таркибии манзилгоҳ дохил мегардид. Аксаран дар пеши хонаҳо айвон месохтанд. Биноҳо на фақат якошёна, балки дуошёна ва гоҳо сеошёна ҳам буданд.

Дар бинокориҳои деҳот ҳавлӣ ва қитъаи боғ бо деворҳои баланди гилӣ иҳота гардида, работ ва ё қӯрғон аксар вақт зеварбандӣ карда мешуд. Беҳтарин намунаҳои чунин манзилҳо дар Самарқанд боқӣ мондаанд [14]. Хонаву айвонҳо чунон сохта мешуданд, ки касро дар тобистон аз гармо ва дар зимистон аз сармо муҳофизат мекарданд. Хонаи зист ғайр аз дари асосӣ дарича ва тобадон ҳам дошт, ки барои равшаноӣ ва тоза кардани ҳавои хона хизмат мекард. Дар даруни хона барои хӯрокпазӣ оташдону мӯрӣ ва барои гарм шудан дар фасли зимистон сандалӣ мавҷуд буд.

Барои ороиши қисмати дохилии сохтмон тамоми навъҳои ҳунари амалии мардум, аз қабили кандакории чӯб, гаҷкорӣ, нақшу нигор ва ғ. истифода бурда мешуд, ки он бо ҷиҳози хона ҳамоҳангии том пайдо мекард. Аммо ин ҳама ба манзили одамони доро мутааллиқ буд. Масалан, шахси давлатманди Хуҷанд Камол Ҷалилов ва ҳайдар ном бои Ўротеппа ҳамин гуна ҳавлӣ доштанд. Мардикороне, ки барои онҳо хизмат мекарданд, дар кулбаҳои ҳақир, баъзан дар заминкану таҳхонаҳо мезистанд. Дар сурате ки он ҳама биноҳои мӯҳташам ва он ҳама осори ҳунари амалӣ, ки дар боло зикр гардид, бо ранҷи дасти онҳо ва бародарони ҳамқисматашон ба вуҷуд омадаанд. Дар шеъре, ки ба як бинокори гулдасти Фарғона бахшида шудааст, гуфта мешавад, ки ӯ ҳам тарҳандоз, ҳам меъмор, ҳам наҷҷор, ҳам наққош буд. Этнографҳо ва мутахассисони таърихи меъморӣ, алалхусус А.К.Писарчик, В.Л.Воронина, Л.И.Ремпел ва П.Ш.Зоҳидов мактаби меъмории Хоразм, Бухоро ва Фарғонаро бо тамоми навъҳои маҳаллиаш, инчунин манзилҳои аз онҳо тамоман фарқкунандаи тоҷикони кӯҳистонро мавриди тадқиқи ҳамаҷониба ва хеле дақиқ қарор додаанд [15].

Заргарон ва мисгарон низ осори бисёр нафиси ҳунарӣ офаридаанд. Асарҳои шоистаи таҳсини кандакорону ҳаккокон, бофандагону дӯзандагон, кулолон ва соири ҳунармандони забардаст аз он башорат медиҳанд, ки санъат ва ҳунари халқ дар ин давра ҳам мавҷудияти худро давом дода, комёбиҳои муҳимро ноил гардидааст. Тафриқаи моливу иҷтимоӣ, чунон ки дар боби манзил мушоҳида гардид, ба маданияти моддӣ низ нақши хеле равшани худро гузоштааст.

ҳаёти илмӣ ва адабӣ

Дар шароите, ки мамлакат аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле ақиб монда, нуфуз ва эътибори рӯҳониёни иртиҷоии ислом беҳад пурқувват мегардид, дар бораи тараққиёти бомуваффақияти ҳаёти илмӣ ҷои ҳарф задан ҳам набуд. Дар ин давра на фақат ягон қадар асарҳои муҳим ба вуҷуд наомаданд, балки омӯхтани дастовардҳои илмии замонҳои гузашта низ қариб тамоман ба дараҷаи нестӣ расид.

Хусусан замони ҳукмронии амир Шоҳмурод ва ворисони ӯ дар ин бобат тиратарин давраҳост. Дар ин вақт фақат омӯхтани илми фиқҳ, тафсири «китобҳои муқаддас» ва шарҳи китобҳои дарсии динии асри миёна хеле ривоҷ ёфт. Ба ин сабаб муддати таҳсили мадраса ниҳоят дароз шуда, боиси аз донишҳои замон маҳрум мондани ҳатто боистеъдодтарин фарзандони халқ гардид.

Омӯхтани адабиёти бадеӣ, илмӣ баён, хаттотӣ, риёзиёт, ҳайъат дар прог­раммаи мадрасаҳо аслан ба назар гирифта намешуд. Хостгорон метавонистанд бо ин соҳаҳо ба тариқӣ худомӯзӣ машғул шаванд.

Забони тоҷикӣ дар ин давра ҳамоно аҳамияти аввалияи худро дар дастгоҳи давлатӣ нигоҳ дошта, монанди собиқ ҳам дар риштаи адабиёт ва ҳам дар корҳои идоравӣ мавқеи асосиро ишғол мекард. Дар мактабҳо таълиму тадрис бо ин забон ба амал меомад.[16]. Вале дар мадрасаҳо қариб тамоми дарсҳо ба забони арабӣ гузашта, забони тоҷикӣ фақат барои шарҳ ва тарҷумаи баъзе дарсҳо хидмат менамуд.

Мо сарчашмаҳои хаттии оид ба адабиёти асри ХУШ-ро дар даст надорем. Мувофиқи девонҳои ҷудогонаи то замони мо расидаи шоирони он давр, адабиёти Мовароуннаҳр дар аҳди зикршуда ба таназзули сахт рӯ ниҳода буд. Дар охири асри ХVIII – ибтидои асри ХIХ алалхусус, дар Хӯқанд ҳаёти адабӣ дубора ба ҷӯшу хурӯш медарояд. Шоирони зуллисонайн (амир Умархон, Макнуна, Гулханӣ ва дигарон) ба вуҷуд меоянд, ки асарҳояшонро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ иншо мекарданд. Оҳангҳои иҷтимоӣ дар шеърҳои онвақта хеле заиф гардида, таъсири тасаввуфи ғайрифаъол қувват мегирад. Дар миёнаи асри ХVIII ҷараёни тозае ба зуҳур меояд, ки дар таърихи адабиёти тоҷик бо номи бедилизм машҳур аст. Намояндагони ин ҷараён дар Осиёи Миёна беш аз ҳама ба тасаввуфи Бедил тақлид намуда, ба мароми умумии фалсафӣ ва иҷтимоии ӯ вуқуфи комил пайдо намекарданд.

Шоир ва файласуф Мирзо Абдулқодири Бедил (1644–1721) яке аз охирин намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷикзабони асримиёнагии ҳиндустон ба шумор меравад. Ў дар сарзамини ҳинд ба дунё омада ва умр ба сар бурдааст. Бедил дар асарҳои худ бар асоси назарияи ваҳдати вуҷуд баъзе фикрҳои бидъатомезро, ки бар хилофи дини ислом буданд, ифода карда ва бар зидди нифоқ ва адовати мазҳабии байни ҳиндуён ва мусулмонон сар бардоштааст. Ў ақидаҳои худро баъзан ошкоро ва гоҳо дар зери таъбирҳои тасаввуфӣ баён намудааст. Асарҳои Бедил бо сабки махсус навишта шудаанд. Ғояҳои ин шоир ва мутафаккири бузург назар ба дигар ҷойҳо бештар дар Осиёи Миёна, дар байни тоҷикон ва ӯзбекон тарафдорони худро пайдо намуд. Лекин, мутаассифона, қисми зиёди пайравони Бедил асосан услуби мураккаби бадеии ӯро дар шакл тақлид карда, ба мазмунҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мероси адабии вай аҳамият надодаанд. Шояд ба сабаби ақиб мондани ҳаёти мадании Бухоро ва дар ин маҳал хеле қувват гирифтани таъсири таассуби динӣ бошад, ки аксаран ҷиҳатҳои тасаввуфии шеърҳои Бедил диққати пайравони ӯро ба худ кашидаанд. Ин ҳолатро ҳам дар байни шоирони тоҷикзабони дарбори Умархон (дар Хӯқанд) ва ҳам дар эҷодиёти дигар шоироне, ки дар Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва соири шаҳрҳо нашъунамо ёфтаанд, метавон мушоҳида кард [17].

Бо вуҷуди ин, ҷараёни бедилизм ғайр аз муқаллидони кӯҳнапараст намояндагони пешқадами худро низ соҳиб буд. Дар байни пайравони Бедил одамоне ҳам буданд, ки баъдҳо, дар асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ эҷодиёти худро то андозае ба ҳаёти иҷтимоии халқ наздиктар намуда, ғояҳои нисбат ба он замон мутараққиро таблиғ мекарданд. Нақибхони Туғрал, Асирии Хуҷандӣ ва Ҷавҳарии Истаравшанӣ аз зумраи чунин шоирон маҳсуб меёфтанд.

Умуман, равияи демократӣ ба назми ин давра низ роҳ пайдо менамуд. Чунончи, Мирзо Муҳаммадсодиқи Муншӣ, ки дар эҷодиёти ӯ оҳангҳои озодфикрӣ ва танқиди зулму истибдоди ҳукмронон эҳсос мешавад, намояндаи ҳамин равия мебошад. Тамоюли танқиди сохти мавҷударо дар эҷодиёти баъзе шоирони дигари Бухороӣ аз қабили Ирсии ҳисорӣ, Хиҷлати Бухороӣ, Раҳими Самарқандӣ ва ғайра низ метавон мушоҳида намуд. Дар доираи адабии Хӯқанд мисли Гулханӣ, Муҷрим, Кошиф, Маъдан, ҳозиқ ва Махмур шоироне буданд, ки бо мароми эҷодиашон аз дигар муосирони худ тафовут доштанд. Шоира Дилшод, ки монанди бисёр адибони он замон асарҳояшро ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ офаридааст, нисбат ба ҷабру ситам ва бедодгариҳои ҳокимони феодалӣ ва мулозимони онҳо ҳисси нафрат ва эътироз баён менамояд.

Дар ин давра асарҳои оид ба таърих асосан шакли воқеанигориро ба худ гирифта буданд. Лекин дар ҳар сурат як идда сарчашмаҳои таърихӣ ҳам ба вуҷуд омаданд, ки дар масъалаи омӯхтани ҳаёти асрҳои ХVIII–ХIХ арзиши зиёде доранд. Яке аз ин гуна сарчашмаҳо асари Муҳаммадвафои Карминагӣ «Тӯҳфаи хонӣ» ё худ «Таърихи Раҳимхонӣ» аст. Ин китоб воқеаҳои дар байни солҳои 1721–1767 рӯйдодаро дар бар мегирад. Дигар аз асарҳои муҳими ин давра китоби Муҳаммад Яъқуб «Гулшану-л-мулук» мебошад, ки дар солҳои сивуми асри ХIХ навишта шуда, замони ҳукмронии манғитҳоро то аҳди амир Насрулло тавсиф медиҳад. Таърихи хонҳои Хӯқанд дар «Мунтахабу-т-таворих» ном асари Муҳаммад ҳакимхон, ки воқеаҳои аз замони ҳукмронии Норбӯта (тақрибан с. 1770) то айёми салтанати Муҳаммадалихонро нақл менамояд, шарҳу баён ёфтааст. Асари Мулло Аттор «Ҷаҳоннамо», ки соли 1810 таълиф ёфта буд, асосан ба муносибати байни аморати Бухоро ва давлати хонии Хӯқанд бахшида шудааст. Илова бар ин, доир ба таърихи давлати хонии Хӯқанд асарҳои дигар, аз қабили «Таърихи Шоҳрухӣ»-и Мулло Ниёз Муҳаммад ва «Таърихи муҳоҷирон»-и Дилшод низ таълиф ёфтаанд. Доир ба таърихи аморати Бухоро ғайр аз асари Аҳмад Махдуми Дониш «Таърихчаи Бухоро» ҳамчунин таърихи Мулло ҳамулӣ (охири асри ХVIII нимаи аввали асри ХIХ) қобили қайд мебошад.

[1] Беҳтарин шарҳи иҷмолии саёҳат ва экспедитсияҳои русҳо ба Осиёи Миёна дар солҳои 1715–1886 таълифоти зерин аст: Жуковский С.В., 1915; Маслова О.В., 1955, 1956, 1962, 1971.

[2] Мушкетов И.В., 1915, с. 126. Барои тафсили муваффаrиятҳои наrшабардории Осиёи Миёна –ниг.: Федчина В.Н., 1967, е. 78–103.

[3] Бартольд В.В., 1977, с. 430.

[4] {анӯз асари мукаммале, ки саҳми дар таҳrиrи Осиёи Миёна гузоштаи илми русро дар нимаи аввал ва миёнаҳои асри ХIХ бо ҷузъиёташ нишон медода бошад, ба вуҷуд наомадааст: Баёни мухтасараи нисбатан боэътибор – Бартольд В.В., 1925; Крачковский И.Ю., 1958.

[5] Мо дар боло роҷеъ ба кӯшишҳои амирони Афuонистон барои истило намудани заминҳои соҳили чапи дарёи Аму, ки пештар ба давлатҳои Осиёи Миёна тааллуr доштанд, сухан ронда будем. Амалиёти ҷиддии ишuолгарии феодалони афuон дар солҳои 50-уми асри ХIХ, пас аз он ки мулкҳои вилояти Балх ба сифати музофоти Туркистони Афuон ба ҳайъати давлати Афuонистон ҳамроҳ карда шуданд, шурӯъ гардид. Бо вуҷуди муrовимати далеронаи тоҷикон ва ӯзбекон ҳукумати Афuонистон аз он сабаб ба ин истило муваффаr шуд, ки дар ин ҷо парокандагии феодалӣ ҳукмфармо буд, ҳокимони маҳаллӣ бо ҳам хусумат варзида, ҷангу пархош мекарданд, аморати Бухоро, ки ин мулкҳо пештар тобеи он буданд, худ дар натиҷаи низоъҳои феодалӣ заиф гардида, ба ин мулкҳо кӯмаки ҷиддии ҳарбӣ расонида наметавонист.

[6] Брагинский И.С., Раҷабов С.А., Ромодин В.А., 1953, с. 23–26.

[7] Брагинский И.С., 1955, с. 434.

[8] Ин бар хилофи аrидаи баъзе муаллифон (масалан, ниг.: Неъматов Н.Н., 1959, с. 71–73) ба калонтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна, мисли Бухоро низ комилан тааллуr дорад.

[9] Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 21, с. 407.

[10] Ленин В.И. Асарҳо, ҷ. 1, с. 163–164.

[11] Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 21, с. 409.

[12] Пугаченкова Г.А., Ремпель Л.И., 1965, с. 376.

[13] Федченко А. П., 1875, с. 44.

[14] Писарчик А. К., 1975, с. 140.

[15] Дар асарҳои ҷамъбасткунандаи Пугаченкова Г.А., Ремпель Л.И., 1958– 1965; Ремпель Л.И., 1961, Сухарева О.А., 1958; 1962; 1966; инчунин дар таълифоти дигар этног­рафҳо мадракҳои хеле муҳим ва ҷолиби диrrат оварда шудаанд. Дар ин бобат дигар асарҳои тадrиrотии махсус низ мавҷуданд, аз ҷумла: Денике Б.П., 1928, Лавров В.А., 1964 Ремпель Л.И., 1936; 1937; 1960; 1969; Писарчик А.К., 1937; 1954; 1956; 1970; Андреев М.С., Писарчик А.К., 1958, Полупанов С., 1937, Кисляков Н.А., 1939; Uуломов Я.U., 1941, Бачинский Н.М., 1947; Веймарн В.В., 1948, Воронина В. Л., 1949; 1951 а; 1951 б; 1953; 1956; 1959 а; Бретаницкий Л.С., 1950; Абдурасулов Р.Р., 1960; Ноткин И.И., 1961; Зоҳидов П.Ш., 1965; 1969; Мухторов А., 1965; Рӯзиев М., 1967 ва u. Мо имкон надорем дар сари натиҷаҳои ин тадrиrотҳо rадре бошад ҳам, муфассалтар таваrrуф намоем.

[16] Дар мактабҳои тоҷикии аморати Бухоро хондани асарҳои шоири бузурги ӯзбек Навоӣ расм гардида буд, ки дар бобати ба забони ҳамдигар ошноӣ пайдо кардани ду халrи бародар – тоҷикону ӯзбекон аҳамияти калоне дошт.

[17] Айнӣ С., 1954; Айнӣ Х.С., 1956; Бедил, 1955.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …